Дар бораи даъвати ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум
Мутобиқи моддаҳои 9 ва 42 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор мекунам:
Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 26 январи соли 2021 соати 900 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Зокирзода
ш. Душанбе, 11 январи соли 2021, № 2