Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022, ба ифтихори бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», инчунин ҷиҳати мусоидат ба ҳалли масъалаҳои экологӣ Озмуни ҷумҳуриявии асари беҳтарин дар мавзӯи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии асари беҳтарин дар мавзӯи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3).
3. Озмун дар як давр, аз 1 сентябри соли 2023 то 1 майи соли 2024 баргузор ва то 1 июни соли 2024 ҷамъбаст карда шуда, маросими қадрдонии ғолибон ва иштирокдорони фаъол дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист ва Рӯзи обуҳавошиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон» — 5 июни соли 2024 ташкил карда шавад.
4. Шартҳои баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, тавассути сомонаи расмии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон www.parlament.ti. рӯзномаи «Садои мардум» (ҳамзамон тавассути сомонааш www.sadoimardum.ti’). шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма интишор карда шаванд.
5. Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби шарикони рушд ҷиҳати қадрдонии ғолибон ва иштирокдорони фаъоли озмун тадбирҳои зарурӣ андешанд.
6. Иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Зокирзода
ш. Душанбе, 16 июни соли 2023, № 1730