Мутобиқи моддаи 691 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунанд:
1. Оинномаи Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум» тасдиқ карда шавад.
2. Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2001, №67 «Оиди лоиҳаи Оиннома ва сметаи хароҷотҳои рӯзномаи «Садои мардум» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №4, мод. 251) аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 21 декабри соли 2021, №95