Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи тасдиқи Оинномаи Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум»

№153 (4415) 24.12.2021

Мутобиқи моддаи 691 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунанд:

1. Оинномаи Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум» тасдиқ карда шавад.

2. Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2001, №67 «Оиди лоиҳаи Оиннома ва сметаи хароҷотҳои рӯзномаи «Садои мардум» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №4, мод. 251) аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ

ш. Душанбе, 21 декабри соли 2021, №95