Панҷуми ноябри соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои давлатӣ муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» дар 9 моҳи соли 2020» баргузор гардид.
Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки ҳадафи асосии Ҳукумати Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Дар ин раванд иҷрои босифати Буҷети давлатӣ яке аз афзалиятҳои асосии мақомоти дахлдор ба ҳисоб меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олӣ эълон намудааст.
- Дар ин раванд стратегияи идоракунии молияи давлатӣ бо дарназардошти афзалиятҳои кишвар, иҷрои сифатноки қисми даромад ва хароҷоти буҷет, шаффофияти он, инчунин, пешниҳоди нақшаҳои дурнамои ислоҳот татбиқ мешавад. Мақсади асосии баргузории муҳокимаи парламентӣ низ аз он иборат аст, ки камбудӣ ва норасоиҳо, сабабҳое, ки садди иҷрои сифатноки буҷети давлатӣ гардидаанд, баррасӣ ва роҳҳои бартараф намудани онҳо муайян шаванд, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.
Сипас, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзуллоев иброз намуд, ки мутобиқи маълумоти расмии оморӣ моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 55,6 млрд. сомонӣ ва суръати рушди он, новобаста аз таъсири пандемия, ба 4,2 фоиз баробар гардид. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми номиналии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 2768,6 млн. сомонӣ зиёд гардида, суръати рушди воқеии он 3,0 фоиз коҳиш ёфт.
- Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо ифодаи реалӣ 10,7 фоиз, кишоварзӣ — 8,1 ва гардиши савдои хориҷӣ 8,3 афзоиш ёфт. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар ин давра ба 3420,3 млн. доллари амрикоӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба давраи қиёсшаванда 261,1 млн. доллари амрикоӣ (8,3 фоиз) зиёд мебошад. Музди меҳнати миёнаи ҳармоҳаи номиналии як корманд 1341,36 сомонӣ, афзоиши номиналии он 1,0 фоизро ташкил додааст, — гуфт Машраб Файзуллоев.
Сатҳи таваррум (индекси нархҳои истеъмолӣ) аз аввали соли ҷорӣ ба 5,1 фоиз (ҳамин давраи соли 2019-ум 6,5 фоиз) баробар гардида, ба сатҳи он тағйирёбии нарху тарофаи маҳсулоти озуқаворӣ 0,1 фоиз, ғайриозуқаворӣ — 0,5 ва арзиши хизматрасонии пулакӣ 0,6 фоиз таъсир расонидааст.
Дар иртибот ба таъсири манфии пандемия ба соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва дурнамои ҳамкориҳо бо созмонҳои молиявӣ ва шарикони рушд дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» аз 4 июли соли 2020 таҳти №1692 ба нақшаи нишондиҳандаҳои даромади умумии буҷети давлатӣ соли ҷорӣ тағйироти дахлдор ворид карда шуд. Инчунин, аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ, воридоти андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ, буҷети давлатӣ, тибқи нақша, ба андозаи 92,1 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 8143,3 млн. сомонӣ, ба буҷети давлатӣ 7497,0 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 646,0 млн. сомонӣ кам мебошад.
Дар маҷмӯъ, буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳама сарчашмаи воридот дар 9 моҳи соли ҷорӣ 97,8 фоиз таъмин шуда, ба буҷет 16,5 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин нисбат ба нақша 379,7 млн. сомонӣ кам мебошад. Иҷрои нақшаи даромади ҷории буҷети давлатӣ дар сатҳи 97,2 фоиз таъмин шуда, воридоти маблағҳо 12,8 млрд. сомониро ташкил дод, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба нақша 370,1 млн. сомонӣ кам мебошад.
Иҷро нагардидани қисми даромади буҷет ба иҷрои босифати он таъсири манфӣ расонид. Чунончӣ, иҷрои қисми даромади ҷории буҷети давлатӣ аз рӯи 9 сарчашмаи даромад дар ҳаҷми 675,0 млн. сомонӣ, аз ҷумла андоз аз даромад 33,9 млн. сомонӣ, аз фоида — 138,3, аз фурӯш — 5,3, аз арзиши иловашудаи дохилӣ — 345,8, аз воситаҳои нақлиёт — 12,4, андозҳо барои захираҳои табиӣ — 8,3, андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ — 53,6, низомҳои махсуси андозбандӣ — 25,6 ва воридоти ғайриандозӣ 51,8 млн. сомонӣ таъмин нагардид.
- Ҳамин тариқ, омӯзиш ва таҳлили иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ нишон медиҳад, ки вобаста ба таъсири пандемия қисми даромади он иҷро нагардида, иҷрои қисми хароҷоти он низ дар сатҳи паст қарор дорад. Тафтишу санҷишҳои сохторҳои дахлдор аз он шаҳодат медиҳанд, ки маблағҳои буҷетӣ самаранок истифода нашудаанд. Бинобар ин, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда чораҳои судманд андешанд, — афзуд Машраб Файзуллоев.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зикр намуд, ки дар 9 моҳи соли равон ба буҷети ҷумҳурӣ 7,5 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки аз нақшаи пешбинишуда 7,9 дарсад кам мебошад. Аз ҳисоби фаъолияти иқтисоди берунӣ тавассути Хадамоти гумрук ба буҷети давлатӣ 3,9 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки 108,1 дарсади нақшаро ташкил дода, аз нақшаи пешбинишуда 289,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
- Дар 9 моҳи сипаришуда нақшаи даромад аз рӯи нуҳ сарчашма ба маблағи 675 миллион сомонӣ таъмин нагардид. Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 100,3 фоиз таъмин гардида, ба буҷетҳои дахлдор 4,2 миллиард сомонӣ ворид шуд, ки аз нақша 13,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт Ф. Қаҳҳорзода.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар хусуси чораҳои зиддибуҳронии Ҳукумати мамлакат, ки 19 марти соли равон қабул гардид, ёдовар шуда, иброз намуд, ки онҳо, пеш аз ҳама, коҳиш додани омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллӣ, додани сабукиҳои андозӣ, қарзӣ ва гумрукӣ ба истеҳсолкунандагони ватанӣ, дастгирии қишри осебпазири аҳолӣ ва ғайраро дар бар мегиранд.
Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода зикр намуд, ки сарфи назар аз чораҳои зиёди аз ҷониби мақомоти андоз якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ андешида, бинобар сабаби вазъияти баамаломада ва вобаста ба ин нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ ва пастравии даромаднокии корхонаҳои калони саноатӣ, коҳишёбии захираҳои молиявии андозсупорандагон ва қобилияти харидории шаҳрвандон, кам шудани ҳаҷми иҷрои корӣ ва хизматрасониҳо, гардиши савдои чакана, ихтисор шудани ҷойҳои кории мавҷуда дар баъзе аз корхонаҳо, сол аз сол зиёд шудани имтиёзоти андозӣ ва дигар омилҳои таъсиррасон, ҷамъоварии андоз тадриҷан мураккаб гардида истодааст. Аз ин ҷост, ки иҷрои нақша таъмин нашуд.
Инчунин, дар натиҷаи дар сатҳи зарурӣ афзоиш наёфтани музди меҳнат ва кам гардидани шумораи коргарон дар баъзе аз корхонаю ташкилот аз ҳисоби андози даромад ва андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷетӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 101,0 млн. сомонӣ ва 113,0 млн. сомонӣ кам ворид шуд.
- Дар давраи зикршуда ҳолатҳои аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор сари вақт ба мақомоти андоз пешниҳод нашудани эъломияҳои андоз нисбат ба солҳои қаблӣ 10 — 12 фоиз зиёд гардид, ки ин низ боис ба коҳиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ шуд. Барои пешгирии афзоиши шумораи чунин андозсупорандагон аз ҷониби Кумитаи андоз бо субъектҳои мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назоратии иловагӣ рафта истодааст, — гуфт Нусратулло Давлатзода.
Дар баробари ин, бинобар моҳҳои май — августи соли 2020 татбиқ гардидани имтиёзҳо ва таътили андозӣ нисбат ба субъектҳои соҳаҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, хизматрасонии ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия, соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда ва андозҳо аз молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ буҷети давлатӣ зиёда аз 200,0 млн. сомониро аз даст дод.
Н. Давлатзода ёдовар шуд, ки нисбат ба корхонаҳои калонтарин (КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», ШСХК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Тоҷиктелеком», ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ- саноатии Тоҷикистону Хитой», Бонки миллии Тоҷикистон, «Амонатбонк», ҶСК НБО «Сангтӯда-1»), ширкатҳои мобилӣ ва пардохти бонуси обунавӣ ба маблағи 1,8 млрд. сомонӣ муқаррар гардида буд. Аммо ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби корхонаҳои мазкур (ба истиснои «Амонатбонк» — иҷро 121,8 фоиз) 689,0 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 392,0 млн. сомонӣ кам мебошад.
Аз ҳисоби дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ низ дар 9 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 170,0 млн. сомонӣ кам маблағ ворид гардид.
Бинобар сабаби аз тарафи баъзе аз субъектҳои хоҷагидор сари вақт ва дар ҳаҷми пурра пардохт нагардидани андозҳои ҳисобшуда, бақияи қарзи андоз афзоиш ёфта, то 1 октябри соли 2020 — ум 1 миллиарду 21,0 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба 1 январи соли 2020 -ум 440,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Қарзи андоз асосан аз ҳисоби ҶСК НОБ «Сангтӯда-1» 115,6 млн. сомонӣ, ҶСК НБО «Роғун» — 43,2, КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» — 15,0, ҶСК «Тоҷиктелеком» ва корхонаҳои тобеи он — 25,4, фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ 71,5 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Дар фарҷом пас аз шунидани маърӯзаҳо саволу ҷавоб ва музокира сурат гирифта, бо дарназардошти таклифу эродҳо тавсияҳо қабул шуданд.
Самариддин АСОЗОДА,
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ