Асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар

№30 (4613) 27.02.2023

ДОНИШПайдост, ки сарҳади давлатӣ, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии ҳар давлати дунё тавассути артиши он ҳифз карда мешавад. Замони дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ қарор доштани Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо назардошти ҳаммарз будан бо Давлати Исломии Афғонистон, ки дар он кишвар низои мусаллаҳона хислати интернатсионалӣ пайдо карда буд, ҳамчунин, ҳамсарҳад будан бо Ҷумҳурии Халқии Хитой, артиши тавонои шӯравӣ дар ҷумҳурӣ амал карда, марз ва амнияти Ватанамонро ҳифз менамуд. Пас аз пароканда шудани Иттиҳоди Шӯравӣ, тибқи меъёрҳои Конвенсияи Вена дар бораи ҳуқуққабулкунии давлат дар муносибат бо моликияти давлатӣ, бойгонии давлатӣ ва қарзҳои давлатӣ аз 8-уми апрели соли 1983 артиши дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъбудаи собиқ шӯравӣ бояд ба ихтиёри кишвари мо мегузашт. Мутаассифона, аз вазъи номураккаби ҷамъиятиву сиёсӣ истифода бурда, Қувваҳои Мусаллаҳи дар ҳудуди ҷумҳурӣ қарордоштаи ИҶШС ба давлати дигар гузаштанд.

Солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби роҳбарияти ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ барои ташкили сохторҳои низомии мамлакат якчанд санад қабул гардид. Чунончи, Фармони Президенти Тоҷикистон аз 24-уми декабри соли 1991 «Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ», Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ташкил намудани Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 4-уми январи соли 1992, Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Горди халқӣ» аз 10-уми июни соли 1992 ва Фармони Президенти Тоҷикис­тон «Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17-уми сентябри соли 1992.

Ҳарчанд фармонҳои зикргардида барои ташкили мақомоти низомии мамлакат равона гардида бошанд ҳам, бинобар сабабҳои маълум онҳо барои ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ мусоидат карда натавонистанд.

Зимнан Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зербинои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти халқи мамлакат ба ҳисоб меравад. Набудани артиши миллӣ, вазъи мураккаби ҷамъиятиву сиёсӣ, халалдор гардидани фаъолияти мақомоти давлатӣ, дахолати мусаллаҳона ба фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ аз дохил ва хориҷи мамлакат тақозо менамуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат таъсис дода шавад. Бо ҳамин мақсад 5-уми декабри соли 1992 Бригадаи таъиноти махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, вале барои таъмини қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ фаъолияти он нокифоя буд. Бо мақсади дифоъ аз соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии мамлакат, бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18-уми декабри соли 1992 Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки қарори мазкур заминаи ҳуқуқии ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба ҳисоб меравад.

Лозим ба ёдоварист, ки солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти федералии амнияти Федератсияи Россия ҳифз карда мешуданд. Ҷиҳати таҳти назорати худ қарор додани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми декабри соли 1992 таҳти № 981 дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби 1200 нафар аъзои Фронти халқӣ Бригадаи таъиноти махсуси марзбонон таъсис ёфт. Бо Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми декабри соли 1992 Раёсати ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъсис ва Бригадаи таъиноти махсус ба сохтори раёсати мазкур ворид карда шуд.

Артиши миллӣ бе мавҷудияти базаи моддиву техникӣ, кадрҳои афсарӣ таъсис дода шуд. Бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда 23-юми феврали соли 1993 дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе гузашти низомии воҳидҳои навтаъсиси Артиши миллӣ баргузор гардида, минбаъд он рӯз ҳамчун рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад.

Дар солҳои аввали ташкили артиш сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбии Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, собиқ ҷанговарони Фронти халқӣ ва шаҳрвандони мамлакат, ки дорои маълумоти ҳарбӣ ва ё дар эҳтиёт қарор доштанд, пурра гардида, асосан дар он солҳо Артиши миллӣ бар зидди неруҳои мусаллаҳи мухолифин амалиёти ҳарбӣ мебурданд.

Барои танзими муносибатҳо ва ташкили мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти ҳифзи сарҳади давлатӣ, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи феврали соли 1997 Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дертар ниҳоди мазкур ба Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

Ба ҳама маълум аст, ки дилхоҳ муносибати ҷамъиятӣ тавассути қонун ба танзим дароварда мешавад. Бо мақсади танзими муносибатҳо дар самти ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби парлумони мамлакат як қатор қонунҳо қабул шуданд. Чунончи, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28-уми декабри соли 1993 таҳти № 916, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» аз 1-уми декабри соли 1994 таҳти №1106, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» аз 4-уми ноябри соли 1995 таҳти №208, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 13-уми декабри соли 1996 таҳти № 316, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1-уми августи соли 1997 таҳти №481, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2-юми декабри соли 2002 таҳти №78, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1-уми марти соли 2005 таҳти №481, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 29-уми январи соли 2021 таҳти №1753, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» аз 1-уми марти соли 2005 таҳти № 90, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савгандёкунии тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15-уми ноябри соли 2006 таҳти №205, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ» аз 16-уми апрели соли 2012 таҳти №799, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳолати ҷангӣ» аз 20-уми июни соли 2019 таҳти №1608.

Дар баробари қонунҳо, бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми октябри соли 2005 таҳти № 103 «Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид.

Дар замони истиқлолияти давлатӣ бо мақсади назорати иҷрои аниқ ва риояи якхелаи қонунҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокуратураҳои ҳарбии гарнизони Бохтар, Кӯлоб, Суғд, Хоруғ ва минтақаи Рашт ташкил карда шуд, ки фаъолияти онҳо аз ҷониби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» аз 25-уми июли соли 2005 таҳти №107, ҳамчунин «Низомнома дар бораи мақомоти прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба танзим дароварда мешавад. Ҳамзамон, бо мақсади татбиқи адолати судӣ нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ дар сохтори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон коллегияи ҳарбӣ ва дар гарнизонҳо бошад, Суди ҳарбии гарнизонҳои Душанбе, Хоруғ, Суғд, Хатлон таъсис дода шуданд. Тибқи боби 5 моддаи 58 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26-уми июли соли 2014 судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми қисмҳои ҳарбӣ адолати судиро амалӣ менамоянд.

Бо вуҷуди аз сифр оғоз намудани фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат он тавонист тартибу низомро дар мамлакат барқарор созад ва зимни таҳдиди мусаллаҳонаи хориҷӣ бо мақсади барҳам задани тамомияти арзии мамлакат тавонист бо риояи меъёрҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид худро аз ҳамлагарон ҳифз намояд.

Ҳамин тариқ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 30 сол аз уҳдаи ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии мамлакат ва ҳифзи музаффариятҳои истиқлолияти давлатӣ баромада, ба як артиши таҷрибадор табдил ёфт. Ҳоло бо шарофати меҳнати шабонарӯзии афсарону сарбозони шуҷоъ ҳаёти осоишта дар мамлакат таъмин мебошад.

Файзалӣ ИДИЗОДА,

раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ