Шаҳри Душанбе — ҳамчун маркази маъмурии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» маркази маъмурию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию таълимӣ ва таърихию фарҳангии мамлакат мебошад, ки мақоми махсуси давлатӣ дошта, дар он қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.
Мутобиқи қонунгузории кишвар вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда шуда, дар заминаи он шароити мусоид барои иҷрои вазифаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда, имкониятҳои рақобатпазирии пойтахт дар байни пойтахтҳои давлатҳои дигари ҷаҳон баланд бардошта шуда, бунёди шаҳр бо рушди устувор ва рушди пойтахт ҳамчун маркази равобити байналмилалӣ самти афзалиятноки амалисозии функсияҳои асосии пойтахт маҳсуб меёбад. Инчунин, фароҳам овардани шароити мусоид барои амалигардонии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, ҳамчунин, намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои умумидавлатӣ ва байналмилалӣ ва амалигардонии дигар функсияҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, вазифаҳои муҳимтарини мақомоти давлатӣ дар амалисозии функсияҳои пойтахт мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барномаҳои мақсадноки рушди шаҳри Душанбе, амалӣ намудани нақшаҳои сохтмон, таъмиру таҷдид ва нигоҳдории объектҳо, нигоҳдорӣ ва рушди воситаҳои алоқа, роҳҳои автомобилгард, низоми нақлиёт дар ҳудуди шаҳр, рушди объектҳои хоҷагии коммуналию манзилӣ, ки баҳри қонеъ гардонидани ниёзҳои коммуналию маишии аҳолии шаҳри Душанбе нигаронида шудааст, тарҳрезӣ намуда, чорабиниҳои мухталифро оид ба ҳифзи табиат, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор, инчунин, ташкили чорабиниҳо барои бартараф кардани оқибати офатҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулода, пешгирӣ намудани онҳо ва расонидани кумак ба зарардидагон ба таври доимӣ ташкил ва бо сифати баланд амалӣ менамояд. Хусусан, рушди босуръати пойтахти азизамон — шаҳри Душанбе дар даҳсолаи охир бозгӯи татбиқи босифати санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар мебошанд. Дар ин давра вобаста ба таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва рушди тамоми соҳаҳо як қатор барномаҳои давлатӣ вобаста ба имкони таҳким ва тақвияти соҳаҳо аз лиҳози пурра ба танзими ҳуқуқӣ фаро гирифтани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва такмили заминаҳои моддию техникӣ ва инфрасохторӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки натиҷагирии фаъолияти сохторҳои гуногуни давлатӣ аз қабули саривақтӣ ва муҳимияти онҳо шаҳодат медиҳад.
Имрӯз шаҳри Душанбе мизбони тамоми чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад. Фаъолияти шаҳрсозӣ, меъморӣ, бунёди боғҳои фарҳангию фароғатӣ, гулгашту мавзеъҳои истироҳатӣ, варзишгоҳҳо ва майдончаҳои замонавӣ, марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва паркҳои технологӣ, қомат афрохтани биноҳои истиқоматии бисёрошёна, боғчаву мактабҳо бо тамоми шароити инноватсионӣ ва китобхонаву муассисаҳои фарҳангӣ симои ягонаи меъмории пойтахтро ба вуҷуд оварда, барои меҳмонону сокинони пойтахт имкони сайри бофароғат ва худташаккулёбии ҳамаҷонибаро фароҳам кардааст.
Ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои рушди пойтахт яке аз тадбирҳои дурбинонаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, давоми солҳои охир рушди босуръат шаҳри Душанберо дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун пойтахти фарҳангӣ, сайёҳӣ ва амнтарин шаҳр муаррифӣ намудааст.
Таҳлили вазъи татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки асосҳои ҳуқуқии мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мустаҳкам намудааст, муайян намуд, ки функсияҳои пойтахт, хусусиятҳои идоракунии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар пойтахт, фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар пойтахт, таъмини бехатарӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ, таъминоти моддиву молиявӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти рушди пойтахт маҳз бо шарофати заҳмату талошҳо ва иқдомҳои беназири Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар сатҳи сифатан нав амалӣ гардида, Душанбе ба шаҳри зебою дилоро, ободу озода, гулпӯшу сабз ва ба як гӯшаи сайёҳии ҷаҳон табдил ёфтааст.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 шанбеи сеюми моҳи апрел дар мамлакат Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин рӯз дар шаҳри Душанбе силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ барои фароғати меҳмонону сокинон дар фазои идонаи мутантан дар заминаи сулҳу субот ва ваҳдату якдилии мардум баргузор карда мешавад, ки ин ҳама ба шарофати Истиқлоли давлатӣ аст.
Дилноза АҲМАДЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон