Расо 23 сол муқаддам дар пойтахти онвақтаи Ҷумҳурии Қазоқистон-шаҳри Алмаато оид ба созмон додани Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) Созишнома ба имзо расида буд. Моҳи майи соли 1995 сарони давлатҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Молдова, Федератсияи Россия ва Ӯзбекистон дар шаҳри Минск ба Конвенсия оид ба Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ, ки ҳуҷҷати асосӣ буда, фаъолияти Ассамблеяро ба танзим дароварда, ба он мақоми байнидавлатӣ медиҳад, имзо гузоштанд. Соли 1999 ба созишномаи зикргардида Радаи олии Украина ҳамроҳ шуд.
Аз соли 2006 Луи Ҷиргаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба сифати нозир дар АБП ИДМ иштирок мекунад.
Дар фаъолияти Ассамблея масъалаҳои рушди қонунгузории моделӣ (намунавӣ), назорати интихобот ва референдумҳо, ташкили конфронсу конгрессҳо самти афзалиятнок маҳсуб меёбад. АБП ИДМ майдони самараноки мубоҳиса ва ҳамкории парламентҳои ИДМ, маркази мубодилаи таҷриба, рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун ба ҳисоб рафта, ба таҳкими қонунгузорӣ, алоқаҳои байниҳамдигарӣ ва ғайра мусоидат мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ин Ассамблея дар пиёда сохтани ҳадафҳои он саҳми назаррас дорад. Тавре Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар гузориши хеш «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» (27 феврали соли 2015) зикр намуд: «Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ имрӯз дар раванди робитаҳои байнипарламентӣ ва хориҷӣ мақоми шоиста дорад. Фаъолияти байнипарламентӣ василаи муҳимест, ки дар шинохти чеҳраи сиёсии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, густариши робитаҳои байнипарламентӣ, фаъолона ширкат варзидан дар ҳалли масъалаҳои байнидавлативу байнипарламентӣ, муаррифӣ ва муайян намудани мавқеи Парламенти тоҷик дар ҳалли масоили гуногуни мавҷуда яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Маҷлиси намояндагон маҳсуб меёбад.
Қобили зикр аст, ки фаъолияти байнипарламентии Маҷлиси намояндагон дар ҷараёни даъвати чорум серпаҳлу ва муассиру судманд ҷараён гирифт ва Парламенти Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи бисёр созмонҳову ассамблеяҳои байнипарламентӣ ҷиҳати таҳкими робита бо ин созмонҳо нақши муҳим ба ҷой овард. Бо қаноатмандӣ метавон зикр намуд, ки равобити хориҷии мо бо аксари созмонҳои байнипарламентӣ ва парламентҳои кишварҳои дунё дар шакли муносибатҳои доимӣ ва дар сатҳи баланди дипломатияи парламентӣ ба роҳ монда шуд».
Шукурҷон Зуҳуров ҳамзамон таъкид дошт, ки чанде аз вакилони Маҷлиси намояндагон барои фаъолияти хуби байнипарлумониашон бо ордену медалҳои тиллою нуқра ва ифтихорномаҳои Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё сарфароз гардиданд.
Дар зарфи 23 соли фаъолият АБП ИДМ корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, дар ин муддат 443 қарор қабул кард, ки ба такмили қонунгузориҳо ва сифати таҳия ва қабули лоиҳаи қонунҳо равона гардидааст.
25-26 сентябри соли 2014 дар шаҳри Санкт-Петербург АБП ИДМ ва Шӯрои федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия Конфронси панҷуми байналмилалиро таҳти унвони «Бехатарӣ дар роҳҳо- бехатарии ҳаёт» баргузор карданд. Моҳи октябри соли 2014 Форуми байнипарлумонии ҷавонон доир гардид. Дар назар аст, ки тирамоҳи соли ҷорӣ Форуми занҳои АвруОсиё баргузор шавад.
АБП ИДМ бахшида ба 70- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақшаи калони чорабиниҳоро тарҳрезӣ кардааст. Дар робита ба ин, Шӯрои АБП ИДМ ба ҳамаи парламентҳои давлатҳои ИДМ Муроҷиатнома қабул карда, аз онҳо даъват кард, ки пеши роҳи кӯшишҳои таҳрифи таърихро, ки миллатгароҳоро мехоҳанд қаҳрамон нишон диҳанду хотираи ҷанговарон ва қурбониёни ҷанги дуюми ҷаҳонро таҳкир намоянд, бигиранд. Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузории аксияи АБП ИДМ таҳти унвони «Эстафетаи хотира» ба нақша гирифта шудааст, ки барномаи он хеле пурмазмуну ҷолиб аст.
Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»