Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созанда, тобовару устувор ва пешбарандаи ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, пайваста ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон чораҳои муассир меандешанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон, муҳайё сохтани шароит барои мустақилона ва бо ҳисси масъулият ширкат кардани онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар, дастгирии моддӣ, молиявӣ ва иҷтимоӣ, инчунин ташаббусҳои аҳамияти иҷтимоидоштаашон мунтазам шароити мусоид фароҳам меорад. Дар иртибот ба ин, дар кишварамон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили барномаҳо, консепсияҳо, қарорҳо ва стратегияҳо қабул карда шуданд.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида ҷалби ҷавононро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат бахшида, ширкати фаъолонаи онҳоро дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона таъмин намуданд.
Тавре дар Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст, танҳо кишварҳое ба дастовардҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ноил мегарданд, ки ба ҷавонон таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд ва он ҷомеае рушди устуворро таъмин месозад, ки системаи маъмулии ақидаро нисбат ба насли ҷавон, ба системаи муносибати байниҳамдигарии наслҳо ва моҳияти он, барои рушди сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ такмил медиҳад.
Солҳои охир дар кишварҳои ҷаҳон ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир ва онҳоро ба мансабҳои давлатӣ ва роҳбарикунанда пешбарӣ менамоянд. Масалан, Президенти Чеченистон Рамзан Қодиров ҳанӯз дар синни 27 — 29 — солагӣ дар вазифаҳои муовини якуми Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Чеченистон ва Раиси Ҳукумати Чеченистон фаъолият кардааст. Ӯ дар синни 30 — солагӣ Президенти Чеченистон интихоб шуд. Ҷавонтарин вазир, арбоби давлатӣ ва сиёсӣ Себастян Куртс, шаҳрванди Ҷумҳурии Австрия мебошад. Себастян Куртс, ки айни ҳол 31 сол дорад, 4 сол қабл, яъне дар синни 27-солагӣ вазири корҳои хориҷии давлати Австрия таъин шуда буд. Ҳамзамон, ӯ роҳбари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо мебошад. Сиёсатмадори ҷавони олмонӣ Михаэл Саломо дар синни 25 — солагӣ мири шаҳри Хасмерсхайми давлати Олмон интихоб гардид. Марек Матерек аз давлати Полша низ дар синни 25 — солагӣ мири шаҳри Староховитс интихоб гардидааст. Чунин мансабдорони ҷавони воломақом дар ҷаҳон хеле зиёданд.
Собиқ Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун изҳор намудааст, ки «Ҷавонон бояд дар маркази нақшаҳои миллии рушд қарор гирифта, дар таҳияи сиёсат ва барномаҳо иштироки фаъол дошта бошанд».
Воқеан ҳам ҷавонон неруи созанда, навовар ва пешбарандаи ҷомеаанд. ҷавонони соҳибдилу ботадбир метавонанд ташаккулдиҳандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварҳои ҷаҳон бошанд. Аз ин рӯ, бо дарназардошти инкишофи босуръати ҷаҳони муосир ҷалби бештари ҷавонон дар идоракунии давлатӣ, ба вижа, роҳбарӣ, мувофиқи мақсад аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷавонони кордон ва бомаърифату таҷрибадор дар вазорату идораҳои давлатӣ дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин қишри фаъоли ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Дар ин робита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми нахустинашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (27 апрели соли 2000) қайд намуда буданд: «Дар айни ҳол ҳузури ҷавононро дар кори парламент хотирнишон кардан бамаврид аст. Зеро ҷавонон вориси ояндаи роҳу равиши ҷомеаи демократӣ ва мақомоти олии қонунгузори мамлакат мебошанд».
Ҳамчунин, Сарвари давлат зимни суханронӣ дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 5 январи соли 2017 изҳор доштанд: «Боиси қаноатмандӣ аст, ки дар парламенти ҳозира сафи бонувону ҷавонон зиёд гардидааст».
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон, хусусан занону духтарон, дар вазифаҳои пурмасъулу роҳбарикунанда - вакили Маҷлиси намояндагон, мудирон, муовинони мудирони шуъбаҳо, мушовирони калони кумитаҳо ва комиссияҳо адои вазифа менамоянд.
Ба хотири ин ҳама боварию эътимод буд, ки ҷавонони Маҷлиси намояндагон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2017, №812 «Дар бораи эълон намудани соли 2017 — «Соли ҷавонон»-ро бо хушнудӣ пазируфтанд. Иқдоми мазкур ба ҷавонони мамлакат неруи тоза бахшида, эҳсоси ватандориву ифтихори миллии онҳоро бештар намуд. Ҳар кадоми онҳо имрӯз омодаанд, ки дар ҳифзи Ватан ва таъмини амнияти он, дифоъ аз соҳибистиқлолии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва ҷиҳати боз ҳам шукуфоии меҳани азизамон нақши сазовор гузоранд.
Фирӯз Сайнозимзода,
мушовири калони Кумитаи
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон