Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Ҷавононе, ки хизмати ҳарбӣ мекунанд, бе имтиҳон ба макотиби олӣ дохил хоҳанд шуд

№45 (4307), 46-47 (4308-4309) 13.04.2021

DSC_8200Ҳафтуми апрели соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 59 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Холмурод Раҳмон, муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Эмомалӣ, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуғаффор, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Шараф Аҳмадҷон, муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рофизода Мирзоамон Ҳамдам, раиси Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон Шарипов Азизбек Фатоевич ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа ҳафт ­масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар хусуси Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ, маблағгузории иловагии дуюм

2. Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик­гидроэлектромонтаж» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо».

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем.

Оид ба масъала «Дар хусуси Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ, маблағгузории иловагии дуюм» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад. Марҳамат.

Қаҳҳорзода

Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ, маблағгузории иловагии дуюм, 15 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст.

Барои татбиқи лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ 31,6 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла аз Бонки Осиёии Рушд 19,1 млн. доллари амрикоӣ маблағҳои қарзӣ ва 5,8 млн. доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ, инчунин аз Фонди паст намудани сатҳи камбизоатии Ҷопон 3,0 млн. доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ ва аз ҳисоби саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3,6 млн. доллари амрикоӣ ҷалб ва ҷудо гардида буд.

Созишномаҳои зикршуда 15 ноябри соли 2016 ба имзо расида, аз ҷониби парлумони кишвар 21 июни соли 2017 тасдиқ карда шудаанд.

Аз оғози татбиқи лоиҳа то ҳоло аз маблағҳои ҷалбшуда 12,1 млн. доллари амрикоӣ ва ё 38 фоизи он аз худ гардидааст.

Дар доираи татбиқи лоиҳа корҳои навсозӣ ва барқароркунии инфрасохтори обёрӣ, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, сохтмони ҳавзи обтаҳшинкунӣ, барқарорсозии агрегатҳои пойгоҳҳои обкашӣ дар канали Чубек пешбинӣ карда шудааст.

Мутобиқи маълумоти мақомоти дахлдор, бо мақсади барқарорсозии инфрасохтори обёрӣ ва заҳбурҳо дар ноҳияҳои Фархор, Восеъ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ то ба ҳол корҳои тоза намудани каналҳо дар масофаи 48,5 километр, бетонпӯш кардани қисми нишебии каналҳо дар ҳаҷми 1,2 ҳазор метри кубӣ, барқарорсозии се қубури калон ва 83 дарвозаи гидротехникӣ анҷом дода шудаанд.

Ҳаҷми маблағи созишнома 15 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, он аз ҳисоби маблағҳои грантии Фонди махсуси Бонки Осиёии Рушд амалӣ карда мешавад.

Маблағи ҷалбшуда барои сохт­мони иншооти обтаҳшинкунӣ дар сарбанди канали Чубек бо дарозии 778 метр ва паҳноии 242 метр дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, бо дарназардошти иншооти ёрирасон, дар масоҳати 37 гектар ва мукаммал намудани маълумоти гидрогеологӣ равона карда мешавад.

Татбиқи пурраи лоиҳа то охири моҳи июни соли 2024 ба нақша гирифта шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба маълумоти пешниҳодшуда, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Дӯстмуродзода Сурайё дода мешавад. Марҳамат.

ДӮСТМУРОДЗОДА Сурайё:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ, маблағгузории иловагии дуюм аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Ҳадафи асосии он сохтмон ва ба истифода супурдани иншооти гидротехникии мураккаби обтаҳшинкунӣ бо усули нави давравӣ дар сарбанди низоми обёрии канали Чубек тарафи рости дарёи Панҷи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар масоҳати 37 гектар мебошад, ки дар миқёси давлатҳои Осиёи Миёна аввалин маротиба татбиқ мегардад.

Амалӣ гаштани лоиҳа иқтидори обгузаронии каналро аз 80 м3 то 100 м3 дар як сония баланд гардонда, таҳшингоҳ то 270.000 м3 обовардҳои регу лойро таҳшин намуда, то 140.000 м3 сангҳои хурдҳаҷм бо усули гидравликӣ ва механикӣ шуста шуда, ба дарёи Панҷ партофта мешаванд, ки дар маҷмӯъ 68 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, сифатан баланд гаштани оби таҳшингашта, ки барои обёрӣ ба воситаи дастгоҳи пойгоҳҳои обӣ то заминҳо расонида мешаванд, фарсудашавии дастгоҳи пойгоҳҳои обиро ба маротиб коҳиш медиҳад ва дар натиҷа, устувории низоми идоракунии захираҳои обӣ таъмин мегардад.

Ҳамчунин, хароҷот барои аз регу лой тоза намудани каналу заҳбурҳо, ки аз ҳисоби буҷет маб­лағгузорӣ карда мешуданд, сарфа мешаванд.

Барои нигоҳдории иншооти ҳавзи обтаҳшинкунӣ иншооти ёрирасон сохта шуда, барои амнияти хатарҳои иқлимӣ ба масофаи 3 км корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба иҷро расонида мешаванд.

Нисбат ба созишнома бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 29 марти соли 2021, № 584 мутобиқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расмиёти дахлдор бо иштироки намояндагони кумитаҳо, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия ва директори лоиҳаи мазкур татбиқ карда шудааст.

Кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон низ онро ҷонибдорӣ намуданд. Зеро ба талаботи моддаҳои 10 ва 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин созишномаи зикршударо ба баррасии шумо пешниҳод намуда, хоҳишманд аст, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба татбиқи Лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ, маблағгузории иловагии дуюм» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Шараф Аҳмадҷон дода мешавад. Марҳамат.

ШЕРАЛИЗОДА Шараф:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Масоҳати умумии макони тат­биқшавии лоиҳа 7 гектарро, бо дарназардошти инфрасохтори роҳ ва майдонҳои кушода, ташкил дода, масоҳати зери сохтмони корхона ба 4 гектар баробар мебошад.

Дар дохили корхона биноҳои маъмурӣ ва коргоҳҳо, аз ҷумла коргоҳи коркард ва истеҳсоли конструксияҳои оҳании гуногун, коргоҳи истеҳсоли таҷҳизотҳои барқӣ, хатҳои истеҳсоли обгармкунакҳои офтобӣ, лифтҳо, ҳисобкунакҳои барқӣ ва хомӯшкунакҳои автоматӣ сохта мешаванд.

Айни замон корҳои заминӣ ва бетонхобкунии таҳкурсиҳои коргоҳи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ ба охир расидааст. Дар маҷмӯъ, корҳои сохтмонӣ ҷиҳати мавриди истифода қарор додани корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ то моҳи сентябри соли 2022 пурра ба анҷом мерасанд.

Дар раванди татбиқшавии лоиҳа ба иқтисодиёти кишвар 5 млн. доллари ИМА ворид гардида, баъд аз пурра ба фаъолият даромадани корхона 200 ҷойи кори доимӣ ташкил карда мешавад.

Вобаста ба дархости фармоишгар ашёи хом аз Федератсияи Россия, давлатҳои Аврупо ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид карда мешавад. Дар самти коркарди конструксияҳо бошад, воридоти ашёи хом аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар назар аст.

Аз шумораи умумии кормандон қариб 95 фоизро сокинони маҳаллӣ ташкил намуда, барои баланд бардоштани сатҳи тахассуснокӣ ва малакаи касбии мутахассисон дар назди корхона маркази омӯзишӣ ташкил карда мешавад.

Аз ҷониби дигар зимни таъсиси корхонаи нави саноатӣ технологияи муосир ҷалб карда мешавад, ки ба маҳсулнокии меҳнат замина гузошта, боис ба афзоиши ҳаҷми содирот мегардад.

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 31 декабри соли 2020, №700) 19 феврали соли 2021 маросими баимзорасии Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор шуд.

Иқдоми пешгирифта ба гузариши иқтисодиёти миллӣ аз кишвари аграрӣ – саноатӣ ба индустриалӣ – аграрӣ мусоидат намуда, ба ҳадафи миллии чоруми эълоннамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии кишвар мувофиқ мебошад.

Молу маҳсулоти корхона воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронида шуда, дар иншооти гидроэнергетикӣ, гражданӣ, саноатӣ — истеҳсолӣ ва таъмини эҳтиёҷоти низоми энергетикии ҷумҳурӣ истифода карда мешаванд.

Аз ин рӯ, хоҳишмандам, ки тасдиқи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе» — ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Ғаффорзода Абдуҳалим Розиқ дода мешавад. Марҳамат.

Ғаффорзода

Абдуҳалим Розиқ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 29 марти соли 2021 таҳти №585 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигар ва Раё­сати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Мақсад аз тасдиқи созишнома бо сармоягузории умумии 5,0 млн. доллари амрикоӣ сохта ба истифода додани корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе мебошад. Иқдоми пешгирифта ба раванди гузариши иқтисоди миллӣ аз кишвари аграрӣ — саноатӣ ба индустриалӣ — аграрӣ мусоидат намуда, ба ҳадафи миллии чоруми эълоннамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии кишвар мувофиқ мебошад.

Молу маҳсулоти корхона воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронида шуда, дар иншооти гидроэнергетикӣ, шаҳрвандӣ, саноатӣ — истеҳсолӣ ва таъмини эҳтиёҷоти низоми энергетикии ҷумҳуриамон истифода мегарданд.

Корхона аз коргоҳҳои коркард ва истеҳсоли конструксияҳои оҳании гуногун, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, руҳандуднамоӣ, обгармкунакҳои офтобӣ, лифтҳо, ҳисобкунакҳои барқӣ, хомӯшкунакҳои автоматӣ ва биноҳои маъмурӣ иборат мешавад.

Барои сохтмони он аз маҳаллаи Арбобхотуни ноҳияи Сино, ки дар қисмати ғарбии шаҳри Душанбе ҷойгир аст, ба масоҳати ҳафт гектар қитъаи замин ҷудо гардида, масоҳати умумии зери сохтмон 40 000 м2 - ро ташкил медиҳад. Баъд аз пурра ба фаъолият даромадани он 200 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Татбиқи лоиҳа пурра аз ҳисоби маблағҳои сармоягузор сурат гирифта, қабули он хароҷоти иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб намекунад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани созишномаро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 1 апрели соли 2021 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳо, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузор созишномаро мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқ намудани онро мувофиқи мақсад шуморид. Зеро ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 8-21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ», моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ», санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқ намудани онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Хусрав Нозирӣ дода мешавад. Марҳамат.

Хусрав НОЗИРӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Зарурати қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»-ро манфиатҳои миллӣ ва созгор намудани санади зикршуда бо қонунҳои кишвар тақозо мекунанд.

Асос барои таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур муқаррароти Конвенсияи Вена дар бораи робитаҳои дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961, Конвенсияи Вена дар бораи робитаҳои консулӣ аз 24 апрели соли 1963 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» аз 25 апрели соли 2007 мебошад. Тибқи ҳар ду конвенсияи зикршуда, намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалие, ки мақоми дипломатӣ доранд, аз масунияту имтиёзҳо бархӯрдор буда, дар кишвари пазиранда аккредитатсия мешаванд.

Мутобиқи муқаррароти қисми 5-и моддаи 39-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» аз 25 апрели соли 2007 ҳайати шахсии созмонҳои ҷамъиятӣ (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматӣ) — и кишварҳои хориҷӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ аккредитатсия мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки конвенсияҳои Вена дар мавриди созмонҳои ҷамъиятӣ (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматӣ)-и кишварҳои хориҷӣ татбиқ намешавад. Аз ин рӯ, ҳайати шахсии ин гуна созмонҳо дар Вазорати корҳои хориҷӣ на аккредитатсия, балки ба қайд гирифта мешаванд.

Бинобар ин, Вазорати корҳои хориҷӣ даровардани тағйироту иловаҳои дахлдорро ба қонунҳои амалкунандаи кишвар бобати ба қайд гирифтани кормандони созмонҳои ҷамъиятӣ (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматӣ) — и кишварҳои хориҷӣ ва ба қайд гирифтани намояндагиву филиалҳои он созмонҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон амри лозим мешуморад.

Тағйироти воридшуда ба матни қонун бо қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Фаттоҳзода Саидмурод Самад дода мешавад. Марҳамат.

Саидмурод ФАТТОҲЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Он аз ду модда иборат аст. Мутобиқи қисмҳои 1 ва 2-юми моддаи 1-уми  он зарурати аз моддаҳои  3, 13, 22, 23, 25, 35 ва 37   хориҷ кардани калимаи «Сарқонун» ва дар моддаҳои 12, 17, 35 ва 39-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» иваз кардани калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» пешбинӣ гардидааст. Мутобиқи қисми 3-юми ин модда, инчунин, зарурати дар қисми 5 моддаи 39-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» иваз кардани калимаҳои «аккредитатсия карда» ба калимаҳои «ба қайд гирифта» пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни зикршуда бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2021 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, инчунин, дигар кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, мавриди омӯзиш қарор гирифта, ҷонибдорӣ ёфт.

Дар маҷмӯъ, ҷиҳати такмили қонун  3 таклифу пешниҳод манзур шуданд, ки таклифҳои пешниҳодшуда ба лоиҳаи қонун чандон мувофиқат надоштанд.

Кумитаи масъул 30 марти соли 2021 бо иштироки намояндагони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди баррасӣ қарор дода, онро дастгирӣ намуданд.

Зеро он ба моддаҳои 8, 10, 28-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз буҷети давлатӣ маб­лағи иловагиро талаб намекунад.

Вакилони арҷманд, аз шумо эҳтиромона хоҳишмандам, ки лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Тағойзода Сумангул Саид дода мешавад. Марҳамат.

Сумангул ТАҒОЙЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни мазкур ба талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон С. Тағойзода ва Гулбаҳор Ашурзода пешниҳод гардидааст.

Вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида, дар маҷмӯъ, ба 21 моддаи қонуни амалкунанда бо роҳи илова ва дар таҳрири нав ифода намудани сархатҳо ва қисмҳои махсус тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки қисме аз онҳо дорои характери муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Инчунин, тибқи тағйироти пешниҳодгардида, ба моддаи 1 қонуни амалкунанда сархатҳои якум, ҳаштум ва дувоздаҳум, ки фарогири мафҳумҳо оид ба «бекорӣ», «кори мувофиқ» ва «мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ» мебошанд, дар таҳрири нав  баён карда шуда, ҳамчунин, ба моддаи мазкур сархати нав, яъне, сархати нуҳум бо мазмуни зерин «кори фосилавӣ (дистансионӣ)» илова карда шудааст, ки он танзимкунандаи муносибатҳо вобаста ба амалӣ намудани раванди меҳнат берун аз маҳалли ҷойгиршавии корфармо бо истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди кор мебошад.

Аз ин рӯ, вобаста ба тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида, минбаъд кормандоне, ки ба таври фосилавӣ фаъолиятро иҷро мекунанд, тибқи талаботи қисми 4 моддаи 3 қонуни амалкунанда ба гурӯҳи аҳолии шуғлнок ё ба он баробаркардашуда мансуб дониста мешаванд, ки хусусиятҳои танзими меҳнати ин гурӯҳи кормандонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат муайян менамояд.

Лоиҳаи қонун расмиёти ҳуқуқиро мутобиқ ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумитаҳо ва раёсатҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон пурра гузашт, ки ҷиҳати такмили он, дар маҷмӯъ, 65 пешниҳод манзур гардид, ки аз онҳо 39 таклиф қабул, 2 таклиф қисман қабул  ва  24 таклифи дигар қабул нашуд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба талаботи моддаҳои 35 ва 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мутобиқ буда, амалишавии он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Аз ин рӯ, Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, бо дарназардошти пешниҳодҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуғаффор дода мешавад. Марҳамат.

Абдуғаффор РАҲМОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» мутобиқ ба талаботи Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида мазмун ва мундариҷаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» — ро такмил дода, онро ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мутобиқ менамояд.

Як қисми тағйиру иловаҳо ба моддаҳои дахлдор, аз ҷумла, илова намудани сархати нав дар моддаи 1 барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳангоми машғул шудан ба кори фосилавӣ мусоидат менамояд.

Таҷрибаи давлатҳои мутараққии ҷаҳон нишон медиҳад, ки шуғли фосилавӣ феълан ба сегменти муҳими бозори меҳнат табдил ёфтааст ва дар ин соҳа теъдоди зиёди шаҳрвандон машғул буда, мустақилона бо кор таъмин мегарданд.

Ҳамчунин, таҷриба нишон дод, ки дар давраи паҳншавии пандемияи COVID -19 шакли нави муносибатҳои меҳнатӣ — кори фосилавӣ яке аз фишангҳои муҳим барои таъмини фаъолияти меҳнатӣ буда, гузариш ба ин низом  имконият фароҳам овард, ки ташкилоту муассиса ва корхонаҳо, новобаста ба худмасканшавии шаҳрвандон, фаъолиятро идома диҳанд.

Айни замон бо дастгирии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи «Модели шуғли фосилавии ҷавонони осебпазир дар Тоҷикистон» татбиқ гашта истодааст, ки тавассути он 11 нафар ҷавони осебпазир дорои шаҳодатнома гардида, фаъолият дар ин самт идома дорад.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида мафҳумҳои «бекорӣ», «кори мувофиқ» ва «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ» — ро ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ менамояд.

Дигар тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда дар лоиҳаи қонун хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, бо мақсади бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, риояи имло, мушаххас ва саҳеҳ гардонидани мафҳумҳо, мутобиқгардонии меъёрҳои моддаҳои зикршуда ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нигаронида шудаанд.

Аз ин хотир, Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат  ба шуғли аҳолӣ» таклифу пешниҳод ва эрод надорад. Аз ин рӯ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён» шурӯъ менамоем.

Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Шодизода Парвиз Шодибой дода мешавад. Марҳамат.

Парвиз ШОДИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён» бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён» ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнат, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Тағойзода, П. Шодизода ва С. Холмаҳмадзода пешниҳод гардидааст.

Бо мақсади бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, риояи имло, истифодаи истилоҳу ибораҳо, бо дарназардошти услуби ягона, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқи ҳуқуқӣ, мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳо ва мутобиқгардонии онҳо ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаддимаи қонуни амалкунанда дар таҳрири нав баён гардида, ба моддаҳои 1 — 6, 8, 9, 14 ва 15 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Аз ҷумла, моддаи 2 қонуни амалкунанда дар таҳрири нав баён гардида, дар он мафҳумҳои «корфармоён», «иттиҳодияҳои корфармоён» ва «созишнома» шарҳ дода шуда, қисми дуюми моддаи 9 ва сархати 11 қисми якуми моддаи 14 ба моддаҳои 9 ва 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» мутобиқ карда шуданд. Ҳамчунин, бо мақсади дуруст номгузорӣ намудани иттиҳодияи корфармоён моддаи 91 илова карда шуд.

Лоиҳаи қонун бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2020 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ирсол гардид.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуда, ҳамчунин, ҷиҳати такмил, дар маҷмӯъ, 28 таклиф пешниҳод карданд, ки аз онҳо 17 таклиф қабул, 1 таклиф қисман қабул ва 10 таклиф қабул нагардид.

30 марти соли 2021 лоиҳаи қонун дар ҷаласаи васеъ баррасӣ гардида,  бо дарназардошти таклифҳои пешниҳодгардида, такмил дода шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён» мувофиқ ба раванди рушди низоми қонунгузории кишвар, мутобиқ ба талаботи қисми 1 моддаи 28 ва моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон буда, ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ гардидани  он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба раиси Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон Шарипов Азизбек Фатоевич  дода мешавад. Марҳамат.

Азизбек ШАРИПОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Мукаммал гардонидани Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён» базаи ҳуқуқии   корфармоёнро  мустаҳкам   гардонида, идоракунии ислоҳоти самарабахши хоҷагии халқро осон ва ба  баланд гардидани сифати коргузорӣ ва зиёдшавии ҳаҷми молу маҳсулоти босифати дохилӣ мусоидат менамояд.

Аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  иттиҳодияҳои корфармоён» аз 17 майи соли 2004 муҳлати  зиёд  нагузашта бошад ҳам, тағйиру иловаҳои бамаврид ва зарурӣ пешниҳод гардиданд. Аксар корфармоён дар рафти баррасии лоиҳа фаъолона иштирок карда,  тағйиру иловаҳоро  дастгирӣ намуданд.

Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло бештар аз 756 ташкилоту муассисаро муттаҳид намуда, дар танзими муносибатҳои иҷтимоӣ, меҳнатӣ, ноилшавӣ ба ризояти ҷамъиятӣ, суботи иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кордиҳандагон, амалӣ намудани барномаҳои рушд, паст кардани сатҳи камбизоатӣ заҳмат ба харҷ дода истодааст.

Дар давраи сипаришуда Кодекси одоби иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барҳам додани меҳнати бачаҳо дар соҳаи кишоварзӣ, Кодекси одоби иттиҳодияҳои корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди  мубориза  бар  зидди вируси  норасоии  масунияти   одамро тартиб  дода,  дар  ҷаласаи  Шӯрои иттиҳодияи корфармоёни  Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуда, омӯзиши   корфармоёнро  дар як  қатор  ноҳияҳо  ба анҷом  расонид.

Дар ҳамкорӣ  ва  дастгирии  бевоситаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни мамлакат дар ташкили сохтор, беҳтар кардани робитаҳо оид ба кор, омӯзонидану бозомӯзии кадрҳои корфармоён ва таъсиси марказҳои маслиҳатдиҳӣ,  ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои корфармоён, таъсиси ҷойҳои  нави   корӣ, паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ ба  муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд.

Якҷо бо шарикони иҷтимоӣ   баҳри таҳия   намудани  Шартномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023,  «Барномаи меҳнати арзанда барои  солҳои 2021-2024»  миёни  шарикони сетарафа — Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ФИКМТ  ва ТБМ, баррасӣ гардида, қабули баъзе аз лоиҳаи қарору шартномаҳои сетарафа фаъолона  ҷараён дорад.

Ҳоло шоҳиди  фишори пандемияи COVID-19 дар дунё,  ки боиси ташвишу зиёдшавии мушкилоту монеаҳо гардидаанд, мебошем. Иттиҳодияи корфармоён роҳнамоеро дар ҳамкорӣ бо Раёсати Ташкилоти байналмилалии меҳнат оид ба фаъолияти корфармоён тартиб  дода, барои корхонаҳое, ки ҳайати кормандонро  ба «реҷаи фосилавии корӣ» дар соли 2020 ҳамчун роҳи алтернативии ташкили меҳнат дар шароити пандемияи COVID-19 гузаронидаанд, таҳия намуда истодааст. Ин роҳнамои корфармоён аз Фармони Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  фармонҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва дастурамалҳое, ки аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурус­тӣ (ТУТ) нашр гардидаанд, сарчашма мегирад. Роҳнамои «Ташкили меҳнат дар шароити хурӯҷи пандемияи COVID-19 барои корфармоён», ба таври васеъ истифода мешавад. Он ҷиҳати расондани кумак ба корфармоён ва ташкилотҳо дар ҷумҳурӣ барои мутобиқ шудан бо ҳолате, ки бар асари пандемия ба вуҷуд омадааст, таҳия мешавад.

Ин дастурамали умумӣ бо мақсади дар миёни ташкилотҳои тиҷоратӣ паҳн кардан таҳия шуда истодааст. Масъалаҳои илова кардани маълумот дар бораи иттилооти аз лиҳози амал судманд,  бо  коргарон таъмин  намудани  ҷойҳои кори холӣ, баҳрагирии самаранок барои корхонаҳои аъзои  Иттиҳодияи   корфармоён  заруранд.

Ҳадаф кумак расондан ба корхонаҳо дар давраи буҳроне, ки дар натиҷаи пандемияи COVID-19 ба амал омадааст, мебошад. Ин, пеш аз ҳама, барои таҳияи Нақшаи таъмини фаъолияти муттасили корхона дар назар дошта   мешавад ва имкон медиҳад, ки сатҳи хавф ва дараҷаи осебпазирии корхона арзёбӣ карда шуда, дар корхона низоми муассири идоракунии хавфҳо ва татбиқи чораҳои фаврӣ дар ҳолати фавқулода таҳия гардад.

Инчунин, имкон медиҳад, ки сохтори хавфҳои ба корхона таъсиррасон ва сатҳи осебпазирии корхона нисбат ба  пандемияи  COVID-19 дар робита бо ҳайат, равандҳо, даромад ва шарикӣ муайян шаванд.

Иттиҳодияи корфармоён қувваю ғайратро ба маъракаҳои фаҳмондадиҳии истифода аз  имкониятҳо барои рафъи баъзе аз монеаҳо ҷиҳати таъмини рушди устувори соҳибкорӣ,  кам кардани идоракунии заифӣ дар истеҳсолот, таъмини саривақтии пардохти ҳатмии музди меҳнат, иҷрои муқаррароту шартномаҳо, мушкилии  андозҳо,  камбудиҳо дар таъмини қувваи барқ, тартиб додани барнома оид ба омӯзиши ҳуқуқ ва уҳдадориҳои   корфармоёни навтаъсис дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат» сарф   намуда  истодаанд.

Аз ин рӯ, хоҳишмандам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» шурӯъ мекунем.

Аз рӯи масъала сухан ба муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

Эмомалӣ СОБИРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» аз ҷониби Вазорати мудофиа бо ҷалби гурӯҳи кори байниидоравӣ баҳри иҷрои талаботи банди 4 — и Нақшаи чорабиниҳо оид ба супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ки дар чорабинии тантанавӣ  ба муносибати ҷашни Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 2020 баён доштанд, таҳия карда шудааст.

Тағйиру иловаи ба қонун воридшаванда ҳавасмандгардонии сарбозонро баъди адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок дар бар гирифта, имтиёзҳои муайянро ба ин гурӯҳи шаҳрвандон, аз ҷумла дар навбати аввал ҳангоми қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар бидуни озмун шомил гардидани онҳоро, пешбинӣ менамояд.

Қабули лоиҳаи қонун аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Бинобар ин, аз шумо — вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Абдуллоев Мироҷ Санонович дода мешавад. Марҳамат.

Мироҷ АБДУЛЛОЕВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон се таклиф пешниҳод гардид, ки дар маҷмӯъ ба инобат гирифта шуданд.

Кумитаи масъул масъаларо 29 марти соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи мудофиа» ва «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маб­лағи иловагиро талаб намекунад.

Бинобар ин, аз шумо — вакилони гиромӣ, эҳтиромона  хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ  намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рофизода Мирзоамон Ҳамдам дода мешавад. Марҳамат.

Мирзоамон РОФИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намуданд, ки доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷиноятии мамлакат чораҷӯӣ намуда, фаъолиятро баҳри пешгирии воридоти маводи нашъаовари сунъӣ тақвият бахшанд.

Дар робита ба ин, Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2020, №АП — 1325 тасдиқ шуда, ҷиҳати иҷрои банди 90 нақшаи зикршуда бо фармони прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳисоби кормандони Прокуратураи генералӣ ва дигар вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ гурӯҳи кории байниидоравӣ созмон дода шуд.

Омӯзишу таҳлилҳои гурӯҳи корӣ собит намуд, ки солҳои охир воридшавии намудҳои нави воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ба ҷумҳурӣ аз кишварҳои хориҷӣ тамоюли зиёдшавӣ дошта, баъзе аз онҳо дар «Номгӯй ва миқдори воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар муомилоти ғайриқонунӣ буда», ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон замима гардидааст, ворид карда нашудаанд.

Ин ҳолат яке аз мушкилоти асосии пурзӯргардонии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор буда, дар ҳолатҳои алоҳида ҷиҳати ба ҷавобгарии қонунӣ кашидани шахсоне, ки ба муомилоти ғайриқонунии намудҳои нави воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, ки дар «Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» нестанд, монеаи бартарафнашаванда гардидааст. Ин омил яке аз сабабҳои паҳншавии нашъамандӣ дар байни аҳолӣ гардида, ба генофонди миллат, солимии аҳолӣ ва амнияти кишвар таъсири манфӣ мерасонад.

Бинобар ин, бо мақсади пешгирии муомилоти ғайриқонунии намудҳои нави воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ворид намудани мафҳуми «ҳаммонанди (аналоги) воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст.

Аз ин лиҳоз, гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Прокуратураи генералӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», инчунин, лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моддаҳои 200, 201, 202, 203, 205, 289) ва «Номгӯй ва миқдори воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар муомилоти ғайриқонунӣ буда»-ро таҳия намуда ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намуданд.

Ҳангоми омода намудани он қонунгузории ҷиноятӣ, таҷрибаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар кишварҳои пешрафта мавриди омӯзишу таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шуда, муайян гашт, ки ворид намудани мафҳуми «ҳаммонанди (аналоги) воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ» ва амалияи татбиқи қонуни мазкур омили муҳими пешгирӣ ва пурзӯргардонии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии намудҳои нави воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ мебошад.

Лоиҳаи қонуни баррасишаванда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат мутобиқ мебошад.Аз ин рӯ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Икромов Фазлиддин Маҳмазоитович дода мешавад. Марҳамат.

Фазлиддин ИКРОМОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои ­нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади пешгирӣ намудани муомилоти ғайриқонунии намудҳои нави воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, инчунин, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсоне, ки чунин кирдорҳоро содир намудаанд, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ таклиф пешниҳод гардид, ки дар маҷмӯъ, ба инобат гирифта шуданд.

Лоиҳаи қонун 29 марти соли 2021 дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳо, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ ёфт.Зеро ба моддаи 20 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Бинобар ин, аз шумо — вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» ба овоз  монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд.

Ба шумо барои иштироки фаъолона миннатдорӣ баён карда, ҷаласаро пӯшида эълон ­менамоям.

Самариддин АСОЕВ,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ