Якуми ноябри соли равон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагон Сурайё Дӯстмуродзода ва Ғиёсиддин Ашурзода вакилони Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманнон Абдуразоқов ва Абдуваҳоб Мирзоевро аёдат карданд.
Ба вакилони Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ паёми роҳбарияти Маҷлиси намояндагон расонида ва барои хидматҳои чандинсола дар соҳаҳои гуногун ба нафъи халқу Ватан ва тарбияи кадрҳои болаёқату хештаншинос изҳори сипос карда шуд.
Абдуманнон Абдуразоқов ва Абдуваҳоб Мирзоев алҳол бо шукургузорӣ аз фазои сулҳу суботи Ватан давлати пирӣ меронанд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон