Фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба поён мерасад. Кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон дар ин давра дар самтҳои асосии фаъолият, аз қабили қонунгузорӣ, намояндагӣ, робитаҳои байнипарламентӣ ва мулоқот бо интихобкунандагон корҳои шоистаю муҳимро ба анҷом расониданд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садриддин Шарипов зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома доир ба саҳми аъзои кумита дар такмили қонунгузории кишвар ва ба ин васила ширкати фаъоли онҳо дар таъмини ҳадафҳои стратегии мамлакат чунин изҳори андеша намуд:
- Ҳар шахсе, ки ба боварию эътимоди мардум сазовор гардида, вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудааст, пеш аз ҳама, дар назди худ савол мегузорад: Оё барои ҳазорон нафаре, ки ба ӯ бовар намуда, вакил интихоб карданд, тавонист хизмати шоиста анҷом диҳад? Зеро вакили мардум будан масъулияти бузургест.
Дар давраи фаъолияти панҷсола аъзои кумитаи мо бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи 37 қонун, аз ҷумла, 4 қонуни мукаммал ва 7 тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаро таҳия намуданд. Дар баробари қонунҳои ба кумита воридгардида 68 созишномаро мавриди баррасӣ қарор дода, ба онҳо пешниҳодоти хешро манзур сохтанд. Аз ҷумла, бо мақсади мусоидат ба иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- таъмини истиқлолияти энергетикӣ кумита лоиҳаҳои тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» ва «Дар бораи бехатарии иншооти гидротехникӣ»-ро таҳия ва пешниҳод намуд, ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон пазируфта шуданд. Ҳамчунин, созишномаҳои сармоягузорӣ дар бораи таҷдиду азнавсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Бойғозӣ», «Сарбанд», «Қайроққум», Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе» ва Созишномаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ», ки мавриди таҳлилу баррасии кумита қарор гирифта буданд, дар иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагон қабул гардиданд.
Бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат дар давоми даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетикии кишвар 1520 мегаватт зиёд карда, беш аз 1300 километр хатҳои баландшиддати барқ ба истифода дода шуд. Ҳамаи мо шоҳиди чӣ тавр ҷомаи амал пӯшидани орзуи чандинсолаи халқи тоҷик — ба кор андохтани ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» гардидем. Натиҷаи амалисозии чунин лоиҳаҳои энергетикӣ буд, ки давоми ду — се соли охир маҳдудияти таъминоти барқ ба аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ пурра бартараф гардид.
Аъзои кумита, ҳамчунин дар таҳкими заминаҳои ҳуқуқии рушди соҳаи саноат саҳми назаррас гузоштанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», ки аз ҷониби гурӯҳи вакилон пешниҳод ва аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардид, вазифа ва принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ, хусусият ва механизмҳои амалӣ намудани дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноатро муқаррар месозад.
Татбиқи қонуни мазкур ба рушди босубот ва инноватсионии саноат, таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ва дар асоси он ҳал намудани вазифаҳои иҷтимоии давлат мусоидат хоҳад кард. Бо қабули он масъалаҳои гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ташкили ҷойҳои нави кор, таъсис ва рушди инфрасохтори саноатӣ ва иҷтимоӣ, афзун гардонидани истеҳсол ва содироти маҳсулоте, ки ҳиссаи калони арзиши изофа дорад, амалӣ ва ба зиёдшавии назарраси ҳиссаи соҳаи саноат дар ҳаҷми умумии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ боис мегардад.
Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2018) ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудани саноатикунонии босуръати кишвар як воситаи дигари заминагузор дар рушди ин соҳаи муҳим гардид. Аз ҷониби Маҷлиси намояндагон дар тӯли солҳои охир беш аз 20 созишномаи сармоягузорӣ, аз қабили сохтмон ва ба истифодадиҳии корхонаҳои саноатии «Муосир», «Сиёма», фабрикаи қаннодии «Амирӣ», корхонаҳои истеҳсоли семент дар ҷануб ва шимоли кишвар, кони нуқра дар ноҳияи Мурғоб, конҳои тиллои «Дуобаи шарқӣ» ва «Кумарғи боло» ба тасвиб расид, ки ба таъмини мустақилияти иқтисодӣ, рушди устувори саноат, барқарор намудани ҷойгоҳи саноат ҳамчун истеҳсол ва содиркунандаи маҳсулоти тайёр, бештар аз худ намудани манбаъҳои мавҷудаи ашёи хом, кишоварзӣ ва захираҳои табиӣ, тағйир додани самти фаъолияти корхонаҳо ва бо роҳи диверсификатсия мутобиқгардонии онҳо ба истеҳсоли маҳсулоти ба талаботи иқтисоди бозорӣ рақобатнок равона шудаанд. Саноати имрӯзаи кишварро зиёда аз 90 самт ва намудҳои истеҳсолот, ки ба соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, саноати сабук, мошинсозӣ, коркарди металл ва химия, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ тааллуқ доранд, муаррифӣ мекунанд.
Муҳокимаҳои парламентӣ дар мавзӯъҳои «Лоиҳаи барқарорсозӣ ва сохтмони хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ», «Рафти саноатикунонии кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ», «Таъмини рушди соҳаи саноати коркард ва истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» ва ғайра, ки кумитаи мо баргузор намуд, ба рушди самтҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ мусоидат карданд.
Дар баробари ин, созишномаю лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, қарзӣ ва грантии дар кумита баррасӣ ва ба муҳокимаи Маҷлиси намояндагон пешниҳодшуда дар масъалаи расидан ба ҳадафи дигари стратегӣ — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ нақши муҳим гузоштанд. Дар ин давра аз ҳисоби татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ беш аз 2830 км роҳҳои автомобилгард (аз ҷумла, 2177,6 км бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар доираи 47 лоиҳаи амалишуда ба маблағи беш аз 1,5 млрд. доллари ИМА), панҷ нақби автомобилгузар ва 405 адад пули мошингузар бо дарозии умумии 14218 метр сохта, азнавсозӣ ва таҷдид шуданд. Ҳамчунин, бо ташаббуси ширкатҳо, соҳибкорони ватанӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ дар давоми се соли охир дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъмиру шағалпӯшии 5454, 6 км роҳ, барқарорсозии 220 адад пул бо дарозии 3295 метр ба сомон расид.
Дар маҷмӯъ, бояд бигӯям, ки мо — аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия аз фаъолияти хеш дар мақоми олии қонунгузори кишвар эҳсоси қаноатмандӣ дорем. Зеро аз имконоти мавҷуда, донишу малакаамон барои рушди қонунгузорӣ ба таври самаранок истифода кардем. Муҳандисону мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар кумитаи соҳавии парламенти касбӣ ҷамъ омада, вазифаи базиммадоштаашонро сарбаландона ба ҷой оварданд.
Лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот», «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншооти гидротехникӣ», «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он», «Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок», «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», «Кодекси шаҳрсозӣ» ва ғайра, ки бевосита аз ҷониби аъзои кумита бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гардидаанду имрӯз ба ҳукми қонун даромада, мавриди амал қарор гирифтаанд, шаҳодати фаъолияти пурсамари аъзои кумита мебошанд. Қобили қайд аст, ки зимни таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо хоҳишу дархостҳои интихобкунандагон, ки аз суҳбату мулоқот бо онҳо бармеомаданд, ҳатман ба назар гирифта мешуданд. Ҳамчунин, вакилон аз таҷрибаи қонунофарии давлатҳои дигар, ба монанди Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон дар фаъолияташон пурсамар истифода намуданд.
Албатта, ҷомеа ҳамеша дар ҳоли рушд аст. Вобаста ба ин, зарурати аз нав таҳия намудани қонунҳои амалкунанда, ворид кардани тағйиру иловаҳо ба онҳо ба миён меояд. Ба пиндори мо, онҳоеро, ки ваколати вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро ба зимма мегиранд, зарур аст лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи электроэнергетика» ва «Кодекси манзил»- ро дар таҳрири нав таҳия ва қабул намоянд, зеро таҳаввулоти дар ҷомеаи имрӯза баамаломада инро тақозо дорад.
Солҳои вакилӣ дар мақоми олии қонунгузори мамлакат барои мо фаромӯшношуданӣ хоҳад буд, зеро бо таҳия ва қабули қонунҳои дархӯри замон қадре ҳам бошад, дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва самтҳои дигари ҳаёти ҷомеа ҳисса гузоштем. Бо рӯи сурху сари баланд, бо қаноатмандӣ аз фаъолияти анҷомдода, минбаъд низ ба хизмат ба нафъи давлат ва мардуми хеш омода ва устувор хоҳем монд.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»