Аз Иҷлосияи XVI то имрӯз

№139-142 (4559-4562) 14.11.2022

30Таърих миллатеро ёд надорад, ки бе набарду муборизаҳои дохиливу берунӣ давлату давлатдориро бунёд карда бошад. Миллати тоҷик низ борҳо чунин роҳи ноҳамвору сангинро тай кардааст.

Дар таърих тоҷик аз дасти ғосибону тангназарон бисёр ҷафо кашидааст. Дар қатори дигар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ Тоҷикистони азизи моро низ дар даҳсолаи охири асри XX бо ҷаҳду талоши фарзандони содиқу ҷонфидояш ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ насиб гардид. Дар андак вақт ободкориҳои зиёд амалӣ шуд. Чашми танги душманонамон боз сих зад. Аз нав нақша кашиданду ҷанги шармандавори шаҳрвандиро ба сарамон бор карданд. Неруҳои ҷоҳталаб, унсурҳои бадкешу бадхоҳ, ашхоси ҷудоиандоз аз зудбоварӣ ва шояд аз содагии мо истифода карда, ҷумҳурии соҳибистиқлоли моро ба коми оташ, ба доми ҷанги бародаркуш кашиданд. Онҳо ба он муваффақ шуданд, ки дастгоҳи идоракунии давлат заифу нотавон шуда, пора-пора гашт, неруҳои сиёсӣ ба манфиати хусусӣ дода шуданд. Яъсу ноумедӣ мардумро фаро гирифт. Давлати ҷавону навтаъсис миёни ҳастӣ ва нестӣ қарор гирифта буд. Сиёсат ба яроқ мусаллаҳ гардид. Ҳазорҳо ҷавонони аз сад гул як гули умедашон ношукуфта қурбон шуданд. Ҳазорҳо хоҳарони нозанин ҷуфти худро гум карданд, ҳазорҳо хонаҳо вайрону валангор шуда, ҳазорҳо кӯдакон аз навозиши волидон бенасиб монданд. Фиғони модари бечораи тоҷик то ба фалак расид.

Аз ин даргириҳо ягон гӯшаи Ватанамон дар канор намонд. То имрӯз фоҷиаҳои мудҳиши он солҳоро касе фаромӯш накардааст.

Устоди зиндаёд Усмон Шарифзода бо ҳазорон дарду ҳасрат он рӯзҳоро ёд оварда, менигорад:

Дар дил ҳазору як алам, ин ҷо алам, он ҷо алам,

Ҳар ҷо алам, сад ҷо алам, ҳар ҷо, ки мемонам қадам…

Бар гӯши дил, бар гӯши ҷон ояд навои «во балам»,

Ғарқоби хун, ғарқоби хун обу гилам, обу гилам.

Аз оташи дарду алам сӯзад ҳама лавҳу қалам,

Месӯзаде ҷону дилам, эй во дилам, эй во балам…

Дар он шароити ниҳоят ҳассосу мушкилу даҳшатбор 16-уми ноябри соли 1992 ­муяссар шуд, ки дар Қасри Арбоб Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ даъвати дувоздаҳум баргузор гардад. Умеди мардуми ҷафокашидаи тоҷик аз иҷлосия хеле калон буд ва бо фазлу раҳмати Худо ақлу хирад ғалаба кард. Умеди мардум барбод нарафт. Иҷлосия барои хотима додани ҷанги бунёдсӯзи шаҳрвандӣ, барқарор кардани хоҷагии харобгаштаи кишвар таҳкурсии устувор гузошт.

Яке аз дастовардҳои нодир ва пураҳамияти иҷлосияи таърихӣ он аст, ки халқи тоҷик ва давлати ҷавони мо Сарвари содиқу сазовори худро ёфт. Фарзанди фарзонаву ҷонфидои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Бо ҷаҳду талошҳои Сарвари тозаинтихоби кишвар Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои таърихӣ қабул ва пеши ҷараёни фоҷиаи сиёсиву иқтисодӣ гирифта шудаву бори дигар Тоҷикистони мо оҳиста-оҳиста аз вартаи фалокату фано наҷот ёфт. Ҳукумати конститутсионӣ барқарор ва пояҳои давлатдории миллӣ рӯз то рӯз устувор гашт. Ҷаҳон дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷик ва Тоҷикистонро шинохт, ба садояш гӯш андохт ва садои меҳру некхоҳиву озодандешиву адолатҷӯӣ ва ваҳдату якдилиро шунид.

Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби Нишони давлатӣ, Парчам, Суруди Миллӣ ва Конститутсия гардид. Низоми қонунгузории кишвар рӯз аз рӯз беҳтар гардида, маърифати ҳуқуқии сокинони кишвар боло рафт. Парлумони касбӣ таъсис ёфт. Қонунҳои миллӣ, ки ҳимоякунандаи манфиатҳои халқи азизамон мебошанд, рӯи кор омаданд.

Бо ба даст омадани сулҳу субот зиндагӣ маҷрои нав гирифт. Ба тавассути роҳбарии хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, меҳнати ҳалолу бунёдкоронаи мардуми шарифи Тоҷикистон хоҷагии халқи кишвар рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Мардуми кишвар бо як дилгармӣ ва умеду боварии зиёд ба ояндаи нек тамоми қувва ва неруи ақлониву зеҳнӣ ва ҷисмонии худро баҳри ободии диёру Ватан равона карданд. Тӯли 30 соли охир дар кишвар дигаргуниҳои куллӣ, ободкориву созандагиҳо ва пешравиҳои назаррас рӯй доданд. Истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ба даст оварда шуд. Тоҷикистони азиз аз бунбас­ти коммуникатсионӣ раҳо ёфт. Сокинони кишвар акнун метавонанд дар ҳама фасли сол ба дилхоҳ минтақаи Ватани азизамон озодона ба сафар бароянд. Ҳазорҳо коргоҳу заводу фабрикаҳо, нақбу пулҳо, иншооти дигари иҷтимоиву хизмат­расонӣ сохта, ба истифода супурда шуданд. Дарёи саркаши Вахш ба қувваю иродаи бузурги инсон таслим шуд, аниқтараш онро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таслим намуданд. Ба ин абёти устод Бозор Собир нигаред:

Вахшоб даҳанкалонӣ мекард умре,

Кафкаш ба лабон дамида ҳамчун сармаст.

Эмомалӣ худ нишаста дар булдозер,

Чоки даҳани калони дарёро баст.

29Бояд гуфт, ки аз иродаи оҳанин ва қалби поку шарофати ин шахсияти воло ду агрегати НБО «Роғун» имрӯз фаъолият доранд. Бешак, бунёдгузори НБО «Роғун» муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Тоҷикистони азиз имрӯз роҳи саноатикунонии босуръати кишварро пеш гирифтааст. Дар саросари кишвар садҳо коргоҳу корхонаҳои саноатӣ қомат афрохта, ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта истодаанд.

Пешравиҳои соҳаи илму маорифи кишвар дилгармкунандаву назаррасанд. Оромиву осудагӣ, сулҳу субот ва якдигарфаҳмии комил ба болоравии сатҳи иқтисодиёт ва татбиқи бештари сиёсати иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Ҳамин буд, ки маблағгузории соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ва дигар манбаъҳои маб­лағгузорӣ сол ба сол афзоиш ёфтан гирифт ва аз 41 млн. сомонии соли 2000 дар соли 2021 ба 5 миллиарду 597 миллиону 83 ҳазор сомонӣ расонида шуда, дар соли 2022 боз ҳам афзун ёфта, ба 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ расид, ки 19 фоизи ҳаҷми хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Умуман, дар 30 соли баъди баргузории иҷлосияи тақдирсози миллат бунёд кардану таъсис додани 32 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва 3246 мактаб, аз ҷумла 156 муассисаи таълимии типи нав ва 300 муассисаи томактабӣ, далели равшани иқдомоти созандаи Ҳукумати мамлакат мебошад.

Мусаллам аст, ки ин ҳама пешравиҳо, рушду бунёдкориҳо, созандагиву ободкориҳо аз файзи дастону дили поки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Вақт нишон дод, ки Сарвари давлати Тоҷикистонро қавлу амал як аст. Ҳамватанон хуб дар хотир доранд, ки  он кас дар нахустин даъваташон ба сокинони кишвар таъкид дошта буданд: «…Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Имрӯз, бо гузашти 30 сол ҳама шоҳиди онем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷаҳду талошу ҷонбозиҳояшон баҳри якпорчагии марзу бум ва озодиву ободии Ватан, садоқати бепоён ба муқаддасоти он, дили поку беолоиш доштанашон, ғамхору дилсӯз ва дилогоҳи халқ буданашон маҳбуби миллат гаштанд.

Мардуми сарбаланди тоҷик бо шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ, аз тинҷию амонӣ, ваҳдату якдилӣ таҳти роҳбарии одилонаву оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери Парчами парафшони Ватан, дар ҳимояи ­Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки баланди масъулиятшиносӣ баҳри ободии Ватан софдилона меҳнат намуда, сӯи комёбиҳои нав ба нав қадамҳои устувор мегузорад.   

Саодатшо МАТРОБИЁН,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 номзади илмҳои филологӣ, дотсент

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон