Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Аз интихоби муовини Раиси Маҷлиси миллӣ то таъину бозхонди судяҳо

№154-155 (4574-4575) 16.12.2022

DSC_1138 копияШонздаҳуми декабри соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Барои бақайдгирӣ тариқи системаи овоздиҳии электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.

Дар иҷлосия 30 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ иштирок доранд. Инчунин, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар толор ҳозир мебошанд.

Оид ба оғози кори иҷлосия чӣ гуна таклиф ҳаст?

Таклиф шуд, ки иҷлосия корашро оғоз намояд.

Таклифро ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро тариқи овоздиҳии электронӣ муайян созед. Марҳамат.

Ташаккур, таклиф қабул шуд.

Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Барои ташкили ҷараёни кори иҷлосия лозим аст, ки мутобиқи банди 102-юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби кори Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро муайян ва тасдиқ намоем.

Бо назардошти масъалаҳои дар рӯзнома пешбинишуда пешниҳод менамоям, ки барои маърӯзачиён то 5 дақиқа, барои музокираҳо то 3 дақиқа ва барои дархосту таклифҳо то 2 дақиқа вақт муайян карда шавад.

Пешниҳои дигар ҳаст? Нест.

Пешниҳодро ба овоз мемонам. Марҳамат.

Ташаккур, пешниҳод қабул гардид.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи банди 102-юми Дас­тури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки Котиботи иҷлосияро интихоб намоем. Оид ба ин масъала сухан ба аъзои Маҷлиси миллӣ Зарифхӯҷа Шоҳиён дода мешавад. Марҳамат.

(Зарифхӯҷа Шоҳиён пешниҳод менамояд, ки ҳайати Котибот иборат аз се нафар интихоб карда шавад).

РАИС: Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Таклиф шуд, ки Котиботи Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум иборат аз се нафар интихоб карда шавад.

Таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Шумораи ҳайати Котиботро ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян созед. Марҳамат.

Ташаккур, таклиф қабул гардид.

Марҳамат, Зарифхӯҷа Шоҳиён ҳайати Котиботро пешниҳод намоед.

 Зарифхӯҷа ШОҲИЁН - Ба ҳайати Котиботи иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аъзои зерини Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуданд:

Раҷабзода Ҳусния – раиси Котибот

Шоиддинов Фазлиддин ва Ҷабборӣ Бурҳониддин — аъзои Котибот.

РАИС: — Оид ба ҳайати Котибот таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян намоед. Марҳамат.

Ташаккур, қарор қабул гардид.

Аз ҳайати Котибот хоҳиш карда мешавад, ки ба ҷойҳои худ гузашта, ба кор шурӯъ намоянд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро тасдиқ намоем.

Лоиҳаи рӯзномаи иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум бо қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва барои баррасӣ ба шумо пешниҳод шудааст.

Оид ба масъалаҳои он таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян намоед.

Қарор дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум қабул гардида, ба он масъалаҳои зерин ворид гардиданд:

1. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Мирзонабот А.Х.»

2. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия интихоб намудани Исматзода А.У.»

3. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

4. Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан»

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

 16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйи­рот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи олами ҳайвонот»

 17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тарбияи ватан­дӯстии шаҳрвандон»

18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

 19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон»

 20. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ»

 21. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо»

 22. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ»

 23. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ»

 24. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ»

 25. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи қарзи давлатӣ ва қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда»

26. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

27. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

28. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 29. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ»

 30. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»

31. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)»

 32. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

33. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»

34. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ»

 35. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи деҳаи Ҷиргатоли деҳоти Ҷиргатол ба деҳаи Сариосиёб ва деҳоти Ҷиргатол ба деҳоти Наврӯзи ноҳияи Лахш»

 36. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Идрисзода Б.А.»

 37. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Азизӣ Ш.О.»

 38. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қодирзода Т.Қ.»

 39. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Мирзозода П.Т.»

40. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сме­таи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон барои соли 2023 ва басти вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем.

Тавре иттилоъ доред, 26 ­августи соли 2022 ҷаласаҳои якҷояи Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда доир гардид.

Номзадҳо Мирзонабот Алишер, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ва Исматзода Азизулло, раиси ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 бо гирифтани аксари овози вакилони интихобкунанда аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуданд.

Бо Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2022 ваколатҳои аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Мирзонабот Алишер ва Исматзода Азизуллоро ба муносибати аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон самимона табрик гуфта, дар амалӣ намудани фаъолияти намояндагӣ ва қонунгузорӣ комёбиҳо таманно менамоям.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи қисми ҳафтуми моддаи 49 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 31 Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва банди 10 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллӣ баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ дар вазъияти ботантана ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунад.

Сухан барои ба халқи Тоҷикистон савганд ёд кардан ба узви тозаинтихоби Маҷлиси миллӣ Мирзонабот Алишер дода мешавад. Марҳамат.

(Мирзонабот Алишер аз минбар ба халқи Тоҷикистон савганд ёд карда, пас аз он ба зери матни савганд имзо гузошта, онро ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон месупорад.)

РАИС: - Сухан барои ба халқи Тоҷикистон савганд ёд кардан ба узви тозаинтихоби Маҷлиси миллӣ Исматзода Азизулло дода мешавад. Марҳамат.

(Исматзода Азизулло аз минбар ба халқи Тоҷикистон савганд ёд карда, пас аз он ба зери матни савганд имзо гузошта, онро ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон месупорад.)

CTX_4333РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Бо назардошти тағйироти мазкур дар ҳайати Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаи 53 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи масъалаи якуми рӯзнома лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб намудани Мирзонабот А.Х.»-ро пешниҳод менамоям.

Нисбат ба масъалаи мазкур ягон савол доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян намоед. Марҳамат.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Мирзонабот А.Х.» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: - Мирзонабот Алишерро ба муносибати муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданашон самимона муборакбод намуда, ба ӯ комёбиву бурдбориҳо орзу менамоям.

Марҳамат, Раёсат, ба ҷои худ гузаред.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ҳамзамон бо ин, аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия интихоб намудани Исматзода А.У.»-ро пешниҳод менамоям.

Доир ба масъалаи мазкур таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия интихоб намудани Исматзода А.У.» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: - Ба шумо низ, Исматзода Азизулло барори кору пешравиҳо хоҳонам.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи сеюми рӯзнома — Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ Р. Аҳмадзода, Д. Раҳмон, Р. Фарҳод ва вакилони Маҷлиси намояндагон Т. Азимзода ва Ф. Икромӣ дар заминаи «Нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020-2025» дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17-уми апрели соли 2020 ва супориши Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 16-уми апрели соли 2021 таҳти №6 пешниҳод гардида, онро 12-уми октябри соли 2022 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади қонун аз такмили меъёрҳои алоҳидаи Қонуни конститутсионии амалкунанда, мушаххасгардонии самтҳои алоҳидаи назорати прокурорӣ иборат буда, бо ин васила, дар маҷмӯъ, 11 тағйиру илова ворид карда шудааст.

Чунончи, қисми якуми моддаи 5, бо тариқи илова намудани калимаҳои дахлдор тасҳеҳ гардида, тибқи он, ба самтҳои асосии фаъо­лияти мақомоти прокуратура дар баробари назорати риояи қонунҳо ҳангоми иҷрои ҳалномаҳои судӣ, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои иҷро, ки қонун муайян кардааст, дохил гардида, ҳамзамон ба ин қисми модда, қисми якуми моддаҳои 23 ва 24 пас аз калимаи «бонкҳо» тибқи қонунгузорӣ оид ба фаъолияти бонкӣ калимаҳои «ва дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ» илова карда шудаанд.

Инчунин, ба қисми якуми моддаи 7 ва қисми сеюми моддаи 9 калимаҳои «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» илова гардида, бо онҳо мазмунан манъи дахолати мақомоти мазкур ба фаъолияти прокуратура ва ҳуқуқи иштироки прокурор дар баррасии пешниҳод ва эътирозҳояш дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, пешбинӣ карда шудааст.

Дар қисми якуми моддаи 39 (Эътироз овардан ба ҳукм, фармон, ҳалнома, таъинот ва қарори суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд) сархатҳои дуюм ва сеюми он бо назардошти қонунгузории мурофиавӣ дар таҳрири нав ифода гардида, тибқи онҳо ваколати прокуророн оид ба овардани эътироз ба ҳукм, фармон, ҳалнома, таъинот ва қарори суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, такмил гардида, бинобар қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар қисми ҳафтуми моддаи 61 калимаҳои «уҳдадории умумии» ба калимаи «уҳдадории» иваз карда шудааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои такмили фаъолияти мақомоти прокуратура дар ҳама самти назорати прокурорӣ мусоидат менамояд

Аз ин рӯ, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи чоруми рӯзнома — «Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 23-юми ноябри соли 2022 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст.

Кодекс дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26-уми апрели соли 2013 ва дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2019 таҳия гардида, муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиеро, ки ба баробарӣ, мухторияти ирода ва мустақилияти молумулкии иштирокдоронашон асос ёфтаанд, танзим намуда, аз 3 қисм, 9 фасл, 76 боб ва 1351 модда иборат мебошад.

Дар қисми 1 (фаслҳои 1-4), меъёрҳо вобаста ба муқаррароти умумӣ, аз ҷумла қонунгузории маданӣ, субъект ва объектҳои ҳуқуқи маданӣ, аҳд, намояндагӣ, муҳлати даъво, ҳуқуқи ашё, моликият, шакл­ҳои он, моликияти умумӣ, пешбурди хоҷагӣ, идораи оперативӣ, сервитут, ҳуқуқи уҳдадорӣ, асосҳои ба вуҷуд омадан, тарафҳо ва намудҳои уҳдадорӣ, таъмини иҷрои уҳдадорӣ, ҷавобгарӣ барои иҷро накардани он, қатъи уҳдадориро муайян карда, муносибатҳои марбут ба институти шартномаро танзим кардааст.

Дар ду боби алоҳидаи қисми мазкур маротиби аввал ба таври мушаххас меъёрҳои алоҳида вобаста ба ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ ба монанди мавҷудияти табиӣ ва иҷтимоии шахсони воқеӣ муқаррар карда шудаанд.

Қисми 2, ки танҳо фасли 5-ро дар бар гирифтааст, ба таври мушаххас муқарраротро вобаста ба намудҳои алоҳидаи уҳдадорӣ, ки 58 намуди шартномаро, аз ҷумла харидуфурӯш, мубодила, ҳадя, рента ва таъминоти якумра бо саробонӣ, иҷора, шартномаи истифодаи ройгон, паймонкорӣ, корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ, хизматрасонии музднок, ҳамлу нақл, экспедитсияи нақлиётӣ, қарз ва кредит, факторинг, суратҳисоби бонкӣ, ҳисоббаробаркунӣ, нигаҳдорӣ, эскроу, суғурта, аз ҷумла намудҳои он, супориш, комиссия, идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулк, консессияи тиҷоратӣ, фаъолияти якҷоя (ширкати одӣ), консессия, амалҳо ба манфиати ғайр бе супориш, эълони оммавии мукофот, озмуни оммавӣ, гузаронидани бозиҳо ва шартҳо, фаро гирифта, ҳамзамон меъёрҳои марбут ба уҳдадориҳоро бинобар расонидани зарар пешбинӣ кардааст.

Дар фасли мазкур шартномаҳои агентӣ, эскроу, аз ҷумла суратҳисоби бонкии эскроу, сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ ва чанде дигар маротибаи аввал дарҷ гардидаанд.

Таҳлил собит сохт, ки нисбат ба кодекси амалкунанда шумораи намудҳои шартномаҳо аз 46 то 58 адад расонида шудаанд.

Меъёрҳои дар қисми 3 ҷойгирифта, ки фаслҳои 6-9-умро фарогир аст, масъаларо роҷеъ ба моликияти зеҳнӣ, ҳуқуқи мерос, ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ ва муқаррароти хотимавӣ таҳким бахшидааст. Дар умум, шумораи моддаҳои кодекси мазкур нисбат ба кодекси амалкунанда 117 адад зиёд мебошад.

Кодекс ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои рушди муносибатҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ, таҳкими иқтисоди бозоргонӣ ва ҷомеаи рақамӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва тараққиёти муомилоти озоди мол, иҷрои кор, хизматрасонӣ ва воситаҳои молиявӣ, мусоидат менамояд.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш дорам, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан» шурӯъ мекунем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан» аз тарафи узви Маҷлиси миллӣ З. Шоҳиён ва вакилони Маҷлиси намояндагон Ф. Идизода, Ш. Ҳакимзода, Ғ. Азиззода, М. Шодиён, З. Файзуллозода ва З. Сафарзода пешниҳод гардида, онро 2-юми ноябри соли 2022 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст.

Он дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд» пешниҳод гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии ҷовидон гардонидани хотираи шаҳрвандонеро, ки ҳангоми ҳифзи Ватан, муҳофизати сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ҳалок шудаанд, муайян намуда, аз 6 боб (бо фарогирии 24 модда) иборат аст.

Дар бобҳои 1-2 (моддаҳои 1-13), меъёрҳои вобаста ба муқаррароти умумӣ, бо шарҳи 8 мафҳуми асосӣ, қонунгузории соҳа, сиёсати давлатӣ дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан пешбинӣ гардида, ҳамзамон роҳҳои ҷовидон гардонидани хотираи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ҳангоми ҳифзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок шудаанд, ҷовидон гардонидани хотираи қисмҳо, ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мавзеъҳои амалиёти ҷангӣ, вазифаҳои шаҳрвандон баҳри ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон, шаклҳои асосии ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан ва ба қайд гирифтани оромгоҳ муқаррар ва тартиби дафн кардан (аз нав ба хок супоридан), нигоҳубин, ободонӣ ва муҳофизати оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан муайян карда шудаанд.

Меъёрҳои бобҳои 3-5, ки моддаҳои 14-21-умро фаро гирифтаанд, ба таври мушаххас ташкил ва тартиби иҷрои корҳои ҷустуҷӯӣ, корбарӣ бо ҷасадҳои ҳалокшудагон ва ашёе, ки дар рафти корҳои ҷустуҷӯӣ ёфт шудаанд, инчунин мақомоти давлатии анҷомдиҳандаи кори ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан пешбинӣ карда, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои вазорату кумитаҳои дахлдор, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро дар самти ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан, аз ҷумла таъминоти молиявӣ ва моддию техникии тадбирҳои ҷовидон гардонидани хотираи онҳоро муқаррар намудаанд.

Боби 6 (моддаҳои 22-24) масъалаи ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор гирифтани онро мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор дода, муқаррар кардааст, ки аз рӯзи интишори расмии он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми апрели соли 1995 «Дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд» аз эътибор соқит дониста мешавад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои пос доштани хотираи шаҳрвандонеро, ки баҳри ҳифзи Ватан ҷон нисор карданд ва тарбияи насли наврас мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъала «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани ­тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) пешниҳод гардида, онро 3-юми октябри соли 2022 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст.

Мақсади қонун муайян кардани мафҳумҳои «даромад (яъне фоида аз фарқи байни маблағи сарфшуда ва дохилшуда) ё зарар, аз ҷумла ба миқдори калон ва махсусан калон», ки ба моддаҳои 258 (Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии соҳибкорӣ) ва 259 (Соҳибкории ғайриқонунӣ) кодекс рабт доранд, иборат буда, ба ин васила бо илова кардани эзоҳ ба моддаи 259 муқаррар шудааст, ки таҳти мафҳумҳои мазкур даромади андозааш мувофиқан аз як ва аз ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд, фаҳмида мешавад.

Тибқи қонун, эзоҳи ба моддаи 2591 (Истеҳсол, ба даст овардан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ё ба муомилот баровардани мол ва маҳсулоти тамғаношуда) ҷойдошта дар таҳрири нав ифода карда шуда, тибқи он агар арзиши мол ва маҳсулоти тамғаношуда аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад — миқдори калон ва аз ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад — миқдори махсусан калон эътироф карда мешавад.

Ҳамчунин, ба қисми 6 моддаи 49 пас аз рақамҳои «177» (Бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон) ва «178» (Бадқасдона саркашӣ намудани фарзандон аз таъминоти волидайни ғайри қобили меҳнат) калима ва рақами «қисми 1» илова карда шудааст, ки мазмунан дар ҳолати аз тарафи гунаҳгор то баровардани ҳукми суд пурра ҷуброн кардани зарари моддӣ, нисбати ӯ ҷазои ҷарима ва ё дигар ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда таъин карда мешавад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои ҳимояи фаъолияти соҳибкорӣ ва масъулияти мутақобилаи волидайну фарзандон мусоидат менамояд.

Кумита нисбати қонун эрод надорад ва эҳтиромона хоҳиш дорам, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъала «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 12-уми октябри соли 2022 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст.

Мақсади қонун аз такмили ҷавобгарии ҷиноятӣ барои шикори ғайриқонунии бабри барфӣ иборат буда, ба ин васила ба кодекс моддаи 2321 илова гардида, тибқи қисми 1) он шикор ё қасдан нобуд кардани бабри барфӣ боиси ҷазо додан бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сох­тан аз озодӣ ба муҳлати то се сол мегардад.

Мутобиқи қисми 2) моддаи мазкур агар ҳамин кирдорро шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ, гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил дар ҳудуди мамнуъгоҳ, парваришгоҳ ё дар минтақаи офати экологӣ ё минтақаи вазъияти фавқулодаи экологӣ содир карда бошад, нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз якуним то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол татбиқ карда мешавад.

Ҳамчунин, ба қисми 1) моддаи 57 (Мусодираи молу мулк) пас аз рақами «232,» рақами «2321» илова гардида, тибқи он мусодираи молу мулке, ки дар натиҷаи содир намудани ҷинояти мазкур ба даст оварда шудаанд, пешбинӣ шудааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои пешгирии шикори ғайриқонунии бабри барфӣ ва зиёд шудани шумораи он мусоидат мекунад. Хоҳишмандам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи масъала «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» пешниҳод гардида, онро 3-юми октябри соли 2022 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст.

Мақсади қонун мутобиқ гардонидани он ба талаботи дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар робита ба ин аз қисми 3 моддаи 34 рақам ва калимаи «,138 қисми 1», ки ба Кодекси ҷиноятӣ иртибот дорад, хориҷ карда шудааст. Ҳамчунин, моддаи 140, ки асос ва сабабҳои оғоз кардани парвандаи ҷиноятиро муқаррар кардааст, дар таҳрири нав ифода ва дар қатори 5 сабаби маъмул иттилоот дар шабакаи интернет низ ҳамчун сабаби оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ пазируфта шудаст. Дар робита ба ин, дар қисми 1 моддаи 144 калимаҳои «Иттилооти воситаҳои ахбори омма» ба калимаҳои «Иттилоот дар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла дар шабакаи интернет» иваз карда шуданд.

Бо илова кардани рақами «3341» ба қисми 2 моддаи 161 (Тобеияти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ) минбаъд тафтиши пешакии парванда оид ба ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ, ки Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, аз ҷониби муфаттишони мақомоти прокуратура гузаронида мешавад.

Ҳамчунин, қисми 1 моддаи 306 дар таҳрири нав ифода ёфта, тибқи он доираи ҳуқуқҳои мурофиавии тарафҳо доир ба доштан ё надоштани дархост бобати хориҷ кардани далелҳое, ки бо вайрон кардани талаботи кодекси мазкур пешниҳод шудаанд, васеъ гардидаанд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои пешбурди саривақтии тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, иштироки матлуби тарафҳо дар мурофиа мусоидат менамояд. Бинобар ин, эҳтиромона хоҳиш дорам, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 12-уми октябри соли 2022 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади қонун ба ҳам мутобиқ кардани меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ буда, дар робита ба ин, қисми 11 моддаи 161 (Тобеияти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ) кодекс дар таҳрири нав ифода гардида, тибқи он парвандаҳои вобаста ба ҷиноятҳое, ки моддаҳои 200, 201, 202, 2021, 2022, 203, 204, 205, 206, 2061 ва 289 (нисбати қочоқи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди онҳо ва ё прекурсорҳои онҳо, моддаҳои сахттаъсир ва заҳрнок) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, тафтиши пешакӣ, инчунин, аз ҷониби муфаттишони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Ҳамчунин, ба моддаи 401 қисми 4 илова гардида, минбаъд пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод кардан, дар бораи иваз кардани қисми адокарданашудаи ҷазо бо ҷазои нисбатан сабуктар, доир ба гузаронидани маҳкумшуда аз як намуди муассисаи ислоҳӣ ба намуди дигари муассисаи ислоҳӣ дар муҳлати як моҳ аз рӯзи ворид шудани онҳо баррасӣ карда мешаванд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои таҳкими тафтишоти пешакӣ ва аз ҷониби судҳо сари вақт баррасӣ кардани пешниҳодҳои нисбат ба маҳкумшудагон алоқаманд мусоидат менамояд. Хоҳишмандам, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

 Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» дар заминаи татбиқи тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ аз 28 майи соли 2021 дар мавзӯи «Асос­ҳои ташкиливу ҳуқуқии таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ Р. Аҳмадзода, М. Набизода, вакили Маҷлиси намояндагон М. Файзулло, инчунин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагон Т. Азимзода, М. Абдуллоев пешниҳод гардида, онро 12-уми октябри соли 2022 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст.

Мақсади қонун аз бартараф кардани мухолифат, носаҳеҳиву норасоӣ ва мусоидат барои дарки амиқ, риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи меъёрҳои кодекси амалкунанда, мутобиқ кардани он ба талаботи қонунҳои амалкунанда, мусоидат ба ҳимояи рақобат ва ҳифзи ҳайвоноти нодир иборат буда, ба ин васила ба моддаи 17, ки мафҳуми ҳуқуқвайронкунии маъмуриро пешбинӣ кардааст, қисмҳои 6 ва 7, ки мазмунан мафҳуми суиқасди содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷавобгарии маъмуриро барои он баён дорад, илова карда шудаанд.

Инчунин, қисми 3 моддаи 40 кодекси амалкунанда дар таҳрири нав ифода ёфта, тибқи он ҷазои маъмуриро дар намуди боздошти маъмурии амали иҷозатномаи машғул шудан бо намуди муайяни фаъолият мақомоти иҷозатномадиҳанда ё судя таъйин менамояд.

Тибқи тағйиру иловаҳо матни моддаи 207 (Нобуд кардани ҳайвоноту набототи нодир) қисми 1 ҳисобида ва ба он қисми 2 илова шуда, минбаъд кирдорҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, ки нисбат ба бабри барфӣ содир шуда бошанд, боиси таъин кардани ҷарима ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мегардад.

Ҳамчунин, моддаи 337 кодекси амалкунанда, ки истифодаи ғайриқонунии нишонаи мол, нишонаи хизматрасонӣ, номи маҳалли истеҳсоли мол ва номи фирмавиро пешбинӣ кардааст, бо такмили санксияҳои он ва ному қисми 1 моддаи 472 (Ғайриқонунӣ додани ашёҳои мамнуъ ба шахсони дар муассисаҳои ислоҳӣ нигоҳдошташаванда) бо дар таҳрири нав ифода ёфтан, такмил дода шуда, дар ин асос аз кодекс моддаи 638, ки ҷавобгарии маъмуриро барои истифодаи ғайриқонунии нишонаи мол муқаррар намудааст, хориҷ карда шудааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои аз байн бурдани носаҳеҳӣ, ҳимояи рақобат ва пешгирии нобуд кардани бабри барфӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъала «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйи­роту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйи­роту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи «Нақшаи амали Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2020-2025» дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17-уми апрели соли 2020 ва татбиқи тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ аз 28-уми майи соли 2021 дар мавзӯи «Асосҳои ташкиливу ҳуқуқии таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ Д. Раҳмон, М. Шукурзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Ф. Обидзода пешниҳод гардида, онро 12-уми октябри соли 2022 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст.

Мақсади қонун бартараф намудани норасоиву носаҳеҳии меъёрҳои алоҳидаи кодекс, ноил шудан ба мутобиқати дохилӣ ва мутобиқгардонии меъёрҳои моддиву мурофиавӣ буда, бо ин васила ба моддаи 86, ки меъёрро вобаста ба тафтишоти маъмурӣ пешбинӣ намудааст, қисми 5 илова гардида, мувофиқи он дар қарор оид ба тамдид намудани муҳлати тафтишоти маъмурӣ бояд сана ва маҳалли тартиб дода шудани қарор, мансаб, насаб, ном ва номи падари шахси қарорро тартибдода, асосҳо ва муҳлати тамдид намудани тафтишоти маъмурӣ нишон дода шаванд.

Ҳамчунин, қисмҳои 1 моддаҳои 114 ва 128 кодекс ба хотири роҳ надодан ба такроршавии ваколатҳои мақомоти дахлдори давлатӣ дар таҳрири нав ифода ёфта, тибқи онҳо минбаъд мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 624-627, 628 қисми 1, 630-635, 641, 643, 645, 646 ва мақомоти зиддиинҳисорӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар қисми 2 моддаи 377, моддаҳои 542-554, 555-558 ва 636 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи талаботи кодекс, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва давлат, инчунин татбиқи дурусти ваколат аз ҷониби мақомоти давлатии марбута, мусоидат менамояд. Бо арзи эҳтиром хоҳиш дорам, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 12-уми октябри соли 2022 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст.

Мақсади қонун мутобиқ намудани он ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо», инчунин ташаккулу истифодаи ҳуҷҷатгузории электронии судӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ, шабакаву системаҳои автоматиконидашудаи иттилоот буда, бо ин васила ба кодекс як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Чунончи, бо тасҳеҳи моддаи 4 (Ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ), қисмҳои 5 ва 7 моддаи 11 (Ошкоро будани муҳокимаи судӣ) пешбинӣ шудаанд, ки аризаи даъвогӣ (ариза), шикоят, эътироз, дархост, пешниҳод ва дигар ҳуҷҷатҳои замимашаванда метавонанд ба судҳо дар шакли электронӣ пешниҳод гардида, бо имзои электронии рақамии тасдиқшуда дар сомонаи судҳо ҷойгир карда шаванд ва дар маҷлиси пӯшидаи судӣ ба истифодаи воситаҳои сабти аудио ва видео иҷозат дода намешавад. Ҳамзамон, тибқи қисми 6 ба моддаи 14 (Санадҳои судӣ) иловашаванда, санадҳои судӣ, ба истиснои санадҳои судии дорои маълумоти сирри давлатӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда ва (ё) агар парванда дар мурофиаи пӯшида баррасӣ гардида бошад, метавонанд дар шакли электронӣ бо имзои электронии рақамии судя ё ҳайати суд тасдиқ гардида, нусхаи он иловатан дар шакли коғазӣ чоп карда шавад.

Бинобар ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба моддаи 4, мувофиқан ба қисми 3 моддаи 121 (Номаълум будани маҳалли истиқомати ҷавобгар), қисми 1 моддаи 134 (Шакл ва мазмуни аризаи даъвогӣ), моддаи 142 (Асосҳои таъмини даъво) ва қисми 3 моддаи 149 (Тадбирҳои таъминоти пешакӣ ва ҷуброн намудани зарари вобаста ба таъмини даъво) иловаҳое пешбинӣ шудаанд, ки тибқи онҳо, аризаи даъвогӣ ва ариза мумкин аст бо ҷойгиронии онҳо дар сомонаи суд пешниҳод карда шаванд.

Бо тасҳеҳот ба моддаҳои 116 (Муҳтавои хабарнома ва даъвати судӣ) ва 118 (Супурдани хабарнома ё даъвати судӣ) муқаррар гардидааст, ки хабарнома ё даъвати судӣ ба шахсони иштирокчии парванда ва иштирокчиёни дигари мурофиаи судӣ бо ҷойгир намудани он дар сомонаи суд ирсол гардида, ҳамзамон суд онҳоро оид ба вақт ва маҳали маҷлиси судӣ ва амалҳои алоҳидаи мурофиавӣ ба воситаи ирсоли телефонограмма, телеграмма, алоқаи факсимилӣ, почтаи электронӣ ва воситаҳои дигари алоқа хабардор менамояд.

Бо қонун ба моддаи 37 (Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони иштирокчии парванда) илова ворид гардида, тибқи он, шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ доранд ба суд ҳуҷҷатҳоро дар шакли электронӣ, аз ҷумла бо имзои электронии рақамӣ тасдиқшуда, пешниҳод намоянд. Ба ҳамин монанд, тибқи иловаҳо, ба қисми 1 моддаи 201 (Тартиб додани ҳалнома), қисми 1 моддаи 218 (Нусхаҳои ҳалнома ва супоридани онҳо), моддаи 232 (Ба шахсони иштирокчии парванда супоридани нусхаи таъинот), 328 (Муҳтавои шикоят ва эътирози кассатсионӣ), 367 (Муҳтавои шикоят ё эътирози назоратӣ) ва 383 (Пешниҳоди ариза дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъинот вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида) ҳалнома, инчунин таъиноте, ки дар шакли электронӣ тартиб дода шудааст, вобаста ба имконоти суд дар шакли хаттӣ ва ё электронӣ, дар муҳлати на дертар аз панҷ рӯзи пас аз қабул гардидан ба шахсони иштирокчии парванда ва шахсони дигари манфиатдор бо ҷойгир намудани онҳо дар сомонаи суд дар реҷаи дастрасии маҳдуд ирсол карда шуда, зимнан шикоят ва эътирози кассатсиониву назоратӣ, инчунин ариза дар бораи аз нав дида баромадани санади судии эътибори қонунӣ пайдокарда аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида низ метавонанд дар шакли электронӣ тавассути ҷойгир намудани онҳо дар сомонаи суд пешниҳод карда шаванд.

Ҳамзамон, ҷумлаи дуюми ба қисми 2 моддаи 57 (Далелҳо ва воситаҳои исбот), қисми 3 ба моддаи 74 (Далелҳои хаттӣ) пешниҳодшуда, мувофиқан ба сифати далел истифода намудани сабти видеоии баёнот ва аз ҷониби суд талаб намудани нусхаи аслии ҳуҷҷатҳои дар шакли электронӣ манзургардидаро муқаррар намуда, бо моддаи 1581 илова гардида, масъалаи баррасии парванда дар маҷлиси судӣ аз тариқи реҷаи мустақим (онлайн) мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор гирифтааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои такмили фаъолияти мақомоти судӣ ва баррасии саривақтии судии парвандаҳои гражданӣ мусоидат менамояд. Хоҳишмандам, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи рӯзнома «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 12-уми октябри соли 2022 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст.

Мақсади қонун бартараф намудани норасоиву носаҳеҳии меъёрҳои алоҳидаи кодекс, ҳамчунин мутобиқ намудани он ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо», ташаккулу истифодаи ҳуҷҷатгузории электронии судӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ, шабакаву системаҳои автоматиконидашудаи иттилоот буда, бо ин васила, ба кодекс як қатор тағйиру иловаҳо ворид гардидаанд, ки дар баробари хусусияти муайянкунандаву мутобиқкунанда, бештар хусусияти танзимкунанда доранд. Чунончи, сархати сеюми қисми 3 моддаи 4, ки мафҳуми шикоятро дарҷ намудааст, дар таҳрири нав ифода ёфта, бо иловаҳои дахлдор ба моддаҳои 4, 40, 74, 91, 98, 1234, 124,130, 239, 241, 271 ва 289 ҳолатҳои ба тариқи электронӣ пешниҳод кардани аризаҳои даъвогӣ (аризаҳо), инчунин масъалаҳои марбут ба пешниҳоди дархостҳо, шикоятҳои кассатсиониву назоратӣ, изҳори назар ва дигар муқаррароти марбут ба ҳуҷҷатҳои мурофиавии судӣ, талабот нисбат ба чунин ҳуҷҷатҳо ва ҷойгир намудани онҳо дар сомонаи судҳои иқтисодӣ пешбинӣ шудаанд.

Бо иловаҳо ба моддаи 11 тартиби дар маҷлиси ошкорои судӣ сабт намудани қайдҳо, истифодаи воситаҳои сабти аудио, видео, наворбардории кино, аксбардорӣ ва пахши онҳо тавассути телевизиону шабакаи интернет муқаррар гардида, ҳамзамон барои истифодаи онҳо дар мурофиаи пӯшидаи судӣ иҷозат надодаанд.

Тибқи тасҳеҳот, ба моддаҳои 15, 167, 174 ва 175 санадҳои суди иқтисодӣ метавонанд бо риояи талаботи пешбинигардида дар шакли электронӣ таҳия гардида, дар сомона ҷойгир карда шуда, бо тартиби муайян ба шахсони иштирокчии парванда супорида мешаванд ва ё ба онҳо нусхаи санадҳои зикршуда ирсол мегарданд. Бояд зикр намуд, ки талабот нисбат ба ҷойгир намудани шакли электронии санадҳои судҳои иқтисодие, ки дорои маълумоти сирри давлатӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошанд ва (ё) парванда дар мурофиаи пӯшидаи судӣ баррасӣ гардида бошад, татбиқ намегардад.

Мутобиқи қисми 1 моддаи 18, ки дар таҳрири нав ифода ёфтааст ҳайати суд барои баррасии парванда, аз ҷумла парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ, тавассути истифодаи низоми автоматикунонидашудаи иттилоотӣ муайян карда мешавад. Ҳангоми ғайриимкон будани истифодаи низоми мазкур, ҳайат аз тарафи раиси суди иқтисодии дахлдор муайян карда мешавад. Иловаи сархати сеюм ба қисми 2 ва қисми 4 ба моддаи мазкур иловашуда, бозхонд ва (ё) озод намудани судяро ҳамчун асос барои иваз намудани судя ё ин ки яке аз судяҳо дар баррасии судӣ парвандаҳоро пешбинӣ намуда, ҳамзамон анҷом додани амалҳои мурофиавӣ дар ҳолатҳои таъхирнопазир, аз ҷумла мавқуф гузоштани муҳокимаи судӣ аз ҷониби як судя ба ҷои судяи дигар, иваз кардани судя ҳисобида намешавад.

Дар қисми 3 моддаи 21 ва қисми 1 моддаи 40 баъзе калимаҳо иваз ва ба қисми 2 моддаи 63 ҷумлаи дуюм илова карда шудааст, ки тибқи онҳо, барои ба сифати далел истифода намудани сабти видеоии баёноти шахсони иштироккунандаи парванда ва шахсони дигар, ки дар баррасии парванда дар судҳои иқтисодӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаи 1521 ҳамин кодекс гирифта шудаанд, иҷозат дода мешавад.

Сархати якуми қисми 2 моддаи 120 дар таҳрири нав ифода ёфта, минбаъд бояд дар санад дар баробари ном ва суроға, инчунин сомона, рақами телефон ва суроғаи почтаи электронии суди иқтисодӣ дарҷ гардида, тибқи илова, ба қисми 1 моддаи 121 хабардор намудани иштирокчиёни мурофиа бо роҳи дар сомона ҷой додан ва ирсоли телефонограмма, телеграмма, алоқаи факсималӣ ё почтаи электронӣ ва (ё) воситаҳои дигари алоқа амалӣ карда мешавад.

Бо ифода намудани моддаҳои 122, 123 ва 184 дар таҳрири нав муносибатҳои вобаста ба таври дахлдор хабардор намудани иштирокчиёни парванда, тағйирёбии суроға ҳангоми баррасии парванда ва тартиби фиристодани таъиноти судӣ мавриди такмили танзими ҳуқуқӣ қарор гирифтаанд.

Инчунин, ба кодекс моддаи 1521, ки муқарраротро оид ба иштирок дар маҷлиси судӣ тариқи реҷаи мустақим (онлайн) пешбинӣ менамояд, илова гардидааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои такмили фаъолияти суди иқтисодӣ ва баррасии саривақтии судии парвандаҳо мусоидат менамояд. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» мегузарем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 12-уми октябри соли 2022 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Бо қонун ба моддаи 2-юми қонуни амалкунанда, ки рӯзҳои идро пешбинӣ намудааст, сархати чордаҳум илова гардида, тибқи он, минбаъд 5 апрел — Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамчун ид муайян гардидааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои баланд бардоштани ифтихори касбии кормандони мақомоти иҷро, мусоидат менамояд. Хоҳишмандам, ки он қабул карда шавад.

 Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» мегузарем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 23-юми ноябри соли 2022 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст.

Бо қонун ба моддаи 2 қонуни амалкунанда, ки рӯзҳои идро муқаррар намудааст, сархати бисту чорум илова гардида, тибқи он, минбаъд 6 май — Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ҳамчун ид муайян шудааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои баланд бардоштани ифтихори касбии кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, мусоидат менамояд. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъала «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Ҳакимзода Қурбон дода мешавад. Марҳамат.

ҲАКИМЗОДА Қурбон:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагон 3-юми октябри соли 2022 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади таъмини истифодаи оқилонаи захираҳои олами ҳайвонот, мутобиқгардонӣ ба дигаргуниҳои муносибатҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва ба танзим даровардани меъёрҳои истифодаи олами ҳайвонот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардадааст.

Ҳамин тариқ, тағйироти ба моддаи 1 воридшуда, мафҳумҳои «коллексияи зоологӣ» ва «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мукаммал гардонида, иловаҳои ба қисми 1 моддаи 4 воридгардида бошад, тақсимоти олами ҳайвонотро аз рӯи намуд ва таъиноти мақсадноки худ мушаххас намудааст.

Мутобиқи тағйиру иловаҳои ба моддаи 7 воридгардида қабули барномаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба муҳофизат ва истифодаи оқилона, барқароркунӣ, афзун гардонидани маҳсулнокӣ ва таъмини устувории олами ҳайвонот ба салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ ворид карда шудааст.

Моддаи 11 қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода ёфтааст, ки мутобиқи он, минбаъд назорати ҷамъиятӣ бо мақсади ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдор ва иштирок дар муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот аз тарафи шахсони воқеӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ амалӣ мешавад.

Тартиби шикори ҳайвонот ва парандаҳои ваҳшӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ, ки мақоми шикорчиро доранд, дар моддаи 16 қонуни амалкунанда мушаххас гардидааст.

Илова бар ин, дар моддаи 30 танзими чорабиниҳо оид ба муайян кардани намудҳо, парвариши ҳайвонот ва саршумори объектҳои олами ҳайвонот ба таври мушаххас ифода ёфтааст.

Бо такя ба моддаи 39 қонуни амалкунанда, минбаъд амалҳое, ки боиси ҳалокат, камшавии саршумор ё халалдор гаштани муҳити зисти намудҳои ҳайвоноти нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта мегарданд, манъ мешаванд.

Мутобиқи қисми 26 қонуни мазкур, моддаи 41 қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода ёфтааст, ки тибқи он, минбаъд тартиби истифодаи намудҳои ҳайвоноти нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордош­та, танҳо дар доираи иҷозатномаи мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешаванд.

Ҳамзамон, дар қонуни мазкур як қатор тағйиру иловаҳои дахлдор низ ворид шудаанд, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд. Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад.

ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳия ва пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми ноябри соли 2022 қабул кардааст.

Мақсади қонун муайян намудани ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррар намудани асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии он, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолият дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон буда, 5 боб ва 21 моддаро дар бар мегирад.

Боби 1 фарогири муқаррароти умумӣ буда, аз 2 модда иборат мебошад, ки дар он мафҳумҳои асосӣ ба таври васеъ шарҳ дода шудаанд.

Боби 2 ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бахшида шуда, дар 9 моддаи он мақсад ва вазифаҳои тарбияи ватандӯстӣ, принсипҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, субъектони тарбияи ватандӯстӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар ин соҳа ва низоми тарбияи ватандӯстӣ инъикос гардидаанд.

Боби 3, 7 моддаро дар бар гирифта, таъмини иттилоотӣ — таҳлилии низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, таъмини илмӣ ва таълимию методӣ, меъёрию ҳуқуқии фаъолият дар ин соҳа, таъмини ташкилию методӣ, идоракунии низоми тарбияи ватандӯстӣ, таъмини молиявӣ — иқтисодӣ, тарбияи ватандӯстӣ, омода намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барои низоми тарбияи ватандӯстиро муайян менамояд.

 Бобҳои 4 ва 5 танзими давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи сиёсати давлатӣ оид ба тарбияи ватандӯс­тии шаҳрвандон ва муқаррароти хотимавӣ, аз ҷумла ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонун ва тартиби мавриди амал қарор додани онро муайян мекунанд.

Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан дар вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо кардани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, таассуби динӣ, бегонапарастӣ, дахолати неруҳои бадхоҳ ба корҳои дохилии кишварҳои ҷаҳон, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, аз ҳарвақта бештар муассир буда, вусъат бахшидани кори тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва танзими ҳуқуқии он хеле зарур ва саривақтӣ мебошад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф­кардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдории онро хоҳиш менамоям.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъала «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мегузарем. Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад.

ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон М.Мирзозода, Ф.Наҷмиддиниён, Б.Аҳмадзода, Б.Зиёӣ ва К.Исмоилзода пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми октябри соли 2022 қабул намудааст.

Қонуни мазкур хусусияти таҳририю такмилдиҳӣ дошта, баҳри мутобиқ намудани қонуни амалкунанда ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва такмили он қабул гардидааст.

Тағйиру иловаҳо дар қисмҳои 1 ва қисми 3 моддаи 15 қонуни амалкунандаро бо муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», яъне техникаи қонунгузорӣ мутобиқ гардонида, муқаррароти қисмҳои 2 ва 3-и қонун ба волидайн ҳуқуқу уҳдадориҳо муайян мекунанд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф­кардаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мутобиқ аст. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» мегузарем. Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.

ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 – юми октябри соли 2022 қабул намудааст.

Мақсади ворид намудани иловаҳо ба қонуни мазкур такмил додани он ва бархӯрдор намудани кормандони мақомоти назорати маводи нашъаовар аз муқаррароти қонуни амалкунанда мебошад. Бо ин мақсад, дар моддаҳои 20, 38 ва қисми сеюми моддаи 43 калимаҳои «мақомоти назорати маводи нашъа­овар» илова гардидааст.

Қонун ба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф­кардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» мегузарем. Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.

ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон П.Шодизода, С.Холмаҳмадзода ва М.Ҷавҳарӣ таҳия ва пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-уми октябри соли 2022 қабул намудааст.

 Мақсади қонун такмил ва мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ягонагардонии истилоҳоти ҳуқуқӣ ва бартараф намудани камбудиҳои имлоию техникӣ мебошад.

Муқаддимаи қонун, бандҳои ҳафтум ва ҳаштуми моддаи 2, номи моддаи 16, қисми якуми моддаи 18, қисми сеюми моддаи 21 дар таҳрири нав ифода гардида, ба моддаи 19 қисми 6 илова карда, мафҳум ва меъёрҳо мушаххас гардонида шудаанд. Ҳамчунин, тағйироте, ки хусусияти мутобиқгардонии меъёрҳоро доранд, ба моддаҳои 2, 10, 13, 14, 15, 17, 18, 19, 20, 22 ворид шудаанд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эъти­рофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

РАИС: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» мегузарем.

Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад.

ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон С. Холмаҳмадзода, П. Шодизода, Р. Бобоҷониён ва П. Маликзод таҳия ва пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми ноябри соли 2022 қабул кардааст.

Мақсад такмили қонуни амалкунанда ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи дигар санадҳои қонунгузорӣ мебошад.

Муқаддимаи қонун, сархатҳои якум ва шашуми моддаи 1 дар таҳрири нав ифода гардида, номи боби 1 иваз карда шудааст. Инчунин, дар  моддаҳои 1 ва 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ гардида, дар ном, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 3 калимаҳои «поймолкунии ҳуқуқ» ба калимаҳои «табъизи ҷинсӣ»  иваз  карда шудаанд.

Инчунин, ба қонуни амалкунанда моддаи 31 илова гардида, дар он принсипҳои асосии таъмини кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо баён гардидааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мутобиқ буда, бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо»  ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» мегузарем. Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.

ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Н. Содиқӣ, Л. Абдухолиқзода, Ғ. Шарифзода, Ф. Наҷмиддиниён, Г. Шарофзода ва Р. Даринг таҳия ва пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми октябри соли 2022 қабул кардааст. Мақсади ворид намудани тағйироту илова ба қонуни амалкунанда такмил ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи дигар санадҳои қонунгузорӣ мебошад.

Дар таҳрири нав ифода гардидани муқаддимаи қонун ва номи моддаи 17 онро мукаммал гардонида, тағйироту илова ба сархати нуҳуми моддаи 11, моддаи 2, 10 ва моддаи 24 бо мақсади мутобиқ намудани қонуни мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардидаанд.

 Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эъти­рофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мутобиқ буда, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: Ба баррасии масъалаи бисту сеюми рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъа­ла ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-уми октябри соли 2022 қабул намудааст.

Қонун  бо мақсади танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти савдои электронӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштирокчиёни савдои электронӣ ва таъмини фаъолияти онҳо қабул гардида, аз 7 боб ва 23 модда иборат мебошад. Дар доираи он муносибатҳои идоракунии давлатӣ дар савдои элект­ронӣ танзим шуда, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, тартиби барасмиятдарории аҳд дар савдои электронӣ, ташкили мубодилаи паёми электронӣ ҳангоми барасмиятдарорӣ ва анҷом додани аҳди электронӣ, таъмини бехатарӣ дар савдои электронӣ ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани талаботи қонуни мазкур муайян карда мешавад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эъти­роф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС:  — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» мегузарем. Сухан ба Ҷумъа­зода Шарифҷон дода мешавад.

ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон:

- Муҳтарам Раис, Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 — уми октябри соли 2022 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар раванди истеҳсолот қабул гардида, фарогири 7 боб ва 19 модда мебошад.

Зарурати қабули қонуни мазкур дар он аст, ки то ҳол масъалаҳои муҳими тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникии номбаргардида ба воситаи қонунҳои амалкунандаи соҳаи илм, фаъолияти инноватсионӣ ва парк­ҳои технологӣ танзим нашудаанд. Аз ин лиҳоз, дар қонуни таҳиягардида масъалаҳои асосии пайвасти илм ба истеҳсолот ва ҳалли масъалаҳои мавҷуда дар асоси таҷрибаи кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон ба назар гирифта шудааст.

Қонун принсипҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, ваколати мақоми ваколатдор дар соҳаи илм, мақомоти соҳавӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, субъектҳо ва воситаҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, тадбирҳои давлатии ҳавас­мандгардонӣ, шаклҳои дастгирии давлатӣ, пешниҳоди грантҳо барои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, ҳуқуқҳои субъектҳо, муаллифон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ташкилотҳои илмӣ, инчунин, натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ва мониторинги тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти мазкурро муайян менамояд. Хоҳишмандам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъала — «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзи давлатӣ ва қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда» шурӯъ менамоем. Сухан ба  Ҷумъа­зода Шарифҷон дода мешавад.

ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон:

- Муҳтарам Раис,  муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Дар бораи қарзи давлатӣ ва қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 – юми ноябри соли 2022 қабул намудааст. Қонун бо мақсади танзими муносибатҳое, ки дар раванди қарзгирӣ ва идоракунии қарзи давлатӣ, қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда ва азнавқарздиҳии қарзҳо ба миён меояд, қабул гардида, аз 7 боб ва 39 модда иборат мебошад.

Омӯзиши вазъи қонунгузории кишварҳои ҳамсоя собит сохт, ки меросхӯр ҳуқуқ дорад аз лаҳзаи гирифтани шаҳодатномаи дахлдор оид ба ҳуқуқи мерос аз ҳуқуқи пасандозгузори фавтида барои гирифтани ҷубронпулӣ истифода намояд. Тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе, ки ҳуқуқи пасандоздорро барои пасандозҳо баъди фаро расидани ҳолати суғуртавӣ соҳиб шудааст, ба гирифтани ҷубронпулӣ ҳуқуқ надорад.

Меъёри мазкур барои пардохти ҷубронпулӣ ба меросхӯрони қонунии пасандоздорони фавтида мушкилӣ ба миён овардааст, ки дар натиҷа муроҷиатҳои зиёди онҳо беқаноат гузошта шудаанд. Аз ин лиҳоз, қабули қонуни мазкур, ҳуқуқи шахси воқеӣ – меросхӯрро баъд аз фарорасии ҳолати суғуртавӣ барои гирифтани ҷубронпулии Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ таъмин намуда, ба пурра ва сари вақт пардохт кардани ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳо нигаронида шудааст.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эъти­роф кардааст, мутобиқ мебошад. Хоҳиш­­­ менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзи давлатӣ ва қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 — юми октябри соли 2022 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмили қонунгузории соҳаи гумрук, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, татбиқи якхелаи фаъолияти марбут ба ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ва ба ин васила мутобиқ намудани муқаррароти Кодекси гумрук ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Бо ин мақсад, моддаи 345 кодекси амалкунанда дар таҳрири нав таҳия шудааст, ки он номгӯи воридоти молҳои аз боҷи гумрукӣ озодшавандаро бе муҳлати амал муқаррар менамояд.

Бо такя ба сархатҳои дуюм ва сеюми банди 15 моддаи 345,  минбаъд воридоти қисмҳои эҳтиётӣ, маҳсулоти такмилии техника, мошинолоти кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ, инчунин, маҳсулоти такмилии автомобилҳои сабукрав, боркашу борбардор аз ҷониби корхонаҳои васлу насбкунанда ва истеҳсолкунанда аз боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Қисмҳои 9, 10 ва 11-и иловагардида ба моддаи 394 кодекси мазкур ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ҷиҳати дар давраи муҳлати даъво амалӣ сохтани ҳуқуқҳо оид ба мустақилона аз нав бозҳисобӣ, ислоҳ кардани боҷҳои гумрукӣ ва андозҳои пардохтшударо кафолат медиҳад.

Илова ба ин, ба як қатор моддаҳои кодекси амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мегузарем. Сухан ба  Ҷумъа­зода Шарифҷон дода мешавад.

ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 – уми ноябри соли 2022 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади таъмини амнияти миллӣ, риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи меъёрҳои кодекси мазкур ва ҳимояи ҳуқуқи мусофирон қабул гардидааст.

Бо ҳамин мақсад, ба моддаи 38-и кодекси амалкунанда қисми 11-ум илова ворид карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд мақоми махсуси ваколатдори соҳаи авиатсияи гражданӣ бо иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон метавонад бо мақоми ваколатдори давлати дигар шартнома дар бораи додани баъзе уҳдадорӣ ва вазифаҳои давлати бақайдгиранда вобаста ба ҳавопаймое, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ба имзо расонад ва дар ин бора Шӯрои ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданиро хабардор намояд.

Моддаи иловашудаи нави 751 минбаъд муносибатҳо марбут ба пешниҳоди маълумоти шахсии даст­расиашон умумии мусофирони ҳавопаймо ва дигар маълумот дар бораи ҳамлу нақли мусофиронро ба танзим медарорад.

Иловаи воридгардида ба қисми якуми моддаи 99 тартиби муайян намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор ва такмили ҳуқуқи мусофирон дар бобати пардохти хизматрасонӣ ва пардохти ҳамлу нақли ҳавоии мусофирон дар асоси тарифҳо барои ҳамлу нақли дохилӣ пешбинишударо инъикос менамояд.

Тағйиру иловаҳои воридгардида ба моддаҳои 100 ва 101 кодекси амалкунанда, минбаъд амали шартномаи ҳамлу нақли ҳавоии мусофир ва шартҳои баргардонидан ё барнагардонидани маблағи барои ҳамлу нақли ҳавоӣ пардохташударо ба танзим медарорад.

Ҳамчунин, ба як қатор моддаҳои кодекси амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Хоҳиш­ менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7-уми декабри соли 2022  қабул намудааст. Қонун бо мақсади баланд бардоштани устувории хатсайрҳои ҳавопаймоӣ ва идоракунии беҳтари паркҳои ҳавопаймоӣ қабул гардидааст.

Дар қисми 2 моддаи 189 банди нави 8 илова гардидааст, ки мутобиқи он минбаъд даромадҳои ғайрирезидент аз лизинги амалиётӣ (иҷора) барои киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо, чархбол) ва муҳаррикҳо, агрегатҳои асосӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, хизматрасонӣ ва таъмири киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо, чархбол) тибқи шартномаҳои дахлдор бо ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ аз пардохти андоз аз  даромади шахсони ҳуқуқӣ озод мешаванд.

Мутобиқи сархатҳои иловашудаи нави 16 ва 17 ба қисми 4 моддаи 251, воридоти сӯзишворӣ, моддаҳои кимиёвӣ ва равғанҳои молиданӣ барои киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо ва чархбол), ҳамзамон воридоти (воридоти муваққатии) киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо ва чархбол), муҳаррикҳо, агрегатҳои асосӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо ва чархбол) бевосита аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод мешаванд.

Бо такя ба қисми 7 иловашудаи моддаи зикршуда, минбаъд хизматрасониҳои лизинги амалиётии (иҷора) ғайрирезидент ба ширкати ватании ҳавопаймоӣ вобаста ба киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо ва чархбол), муҳаррикҳо, агрегатҳои асосӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.

Қисми 8 иловашуда ба моддаи зикршуда амалиёте, ки аз ҷониби ғайрирезидент барои ширкатҳои ватании ҳавопаймоӣ вобаста ба хизматрасонӣ ва таъмири киштиҳои ҳавоӣ, муҳаррикҳо, агрегатҳои асосӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ анҷом дода мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.

Дар моддаи 286 кодекси амалкунанда сархати нуҳум илова карда шудааст, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ роҷеъ ба воридоти сӯзишворӣ, моддаҳои кимиёвӣ ва рағанҳои молиданӣ имтиёзҳо дода мешавад.

Мавриди зикр аст, ки муҳлати татбиқи имтиёзҳои зикршуда панҷ солро фаро гирифта, то соли 2027 пешбинӣ гардидаанд. Ҳамчунин, ба як қатор моддаҳои кодекси амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд, ки онҳо хусусияти мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд. Хоҳишмандем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъала «Дар бораи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ»  мегузарем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми ноябри соли 2022 қабул намудааст. Қонун бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон — мерос­хӯрони қонунии пасандоздорон қабул гардидааст.

Бо ин мақсад, дар моддаи 22 қонуни амалкунанда қисмҳои 14 ва 15 илова карда шудаанд, ки минбаъд масъалаҳои марбут ба фарорасии ҳолати суғуртавӣ, ҳуқуқи талаб кардани пасандоз ва гирифтани ҷуб­ронпулӣ, инчунин, ҳуқуқи меросхӯр ба гирифтани ҷубронпулии суғуртавии ба пасандоздор пардохтнашударо ба танзим медароранд.

 Илова бар ин, дар қисми 1 моддаи 25 тағйирот ворид гардидааст, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дорад. Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда,  хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ба овоз монда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» шурӯъ менамоем. Сухан ба Ҷумъа­зода Шарифҷон дода мешавад.

 

ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон:

- Муҳтарам Раис, Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18-уми ноябри соли 2022 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати гузаштан ба пахши рақамӣ, ҳифзи мундариҷаи миллӣ ва иҷрои уҳдадориҳо роҷеъ ба узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони умумиҷаҳонии савдо қабул гардидааст.

Ба моддаҳои 6, 10, 13, 14 ва 17 қонуни амалкунанда тағйироту илова ворид карда шудааст, ки моҳияти он бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, риояи имлои забони тоҷикӣ ва мутобиқгардонии меъёрҳои моддаҳои зикргардида ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, мутобиқ аст. Хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» шурӯъ менамоем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад.

ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми декабри соли 2022 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади мутобиқ гардонидани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба танзим даровардани ҷанбаъҳои фаъолияти гаравхонаҳо ва муқаррар намудани меъёрҳои он дар кишвар қабул гардидааст.

Бо назардошти он ки қаблан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати батанзимдарории фаъолияти гаравхонаҳо ба таври мушаххас дар санади меъёрии ҳуқуқии соҳа мақомоти ваколатдор муайян нагардида буд, ба қонуни амалкунанда моддаҳои 31 ва 32 илова гардидааст, ки минбаъд салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатиро дар соҳаи танзими фаъо­лияти гаравхонаҳо мушаххасан инъикос менамояд.

Ҳамчунин, ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйи­роту иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд. Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, мутобиқ буда,  хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲИМӢ Фарҳод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунэҷодкунӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-уми нояб­ри соли 2022 қабул намудааст.

Он бо мақсади содагардонии расмиёти дохилидавлатии таҳия ва тасдиқи созишномаҳои қарзию грантӣ ва дигар кумакҳои молиявӣ таҳия ва қабул гардидааст. Бо ин мақсад, ба моддаи 5 қонуни амалкунанда қисми алоҳида ворид карда шудааст, ки мутобиқи он тартиби баргузории гуфтушунидҳо, баимзорасонӣ ва барои тасдиқ (ратификатсия) пешниҳод намудани шартномаҳои байналмилалиро вобаста ба кумаки беруна Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Илова бар ин, дар қонуни амалкунанда як қатор тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонуни мазкур ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ аст. Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­ мекунам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» мегузарем.  Сухан ба  Раҳимӣ Фарҳод  дода мешавад. Марҳамат.

РАҲИМӢ Фарҳод:

- Муҳтарам Раис, Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» аз ҷониби як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 -уми ноябри соли 2022 қабул намудааст. Мақсад аз қабул намудани қонун бо ҳам мутобиқ ва мукаммал намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда буда, мутобиқи он ба моддаи 7 қонуни амалкунанда қисми 2 илова карда шудааст.

Қонуни мазкур ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, хоҳиш­­­мандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад.

РАҲИМӢ Фарҳод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавоӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 – уми ноябри соли 2022 қабул намудааст.

Мақсад аз қабули қонун  фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати гузаштан ба пахши рақамӣ, инчунин мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва дигар санадҳои меъёрии амалкунанда мебошад. Аз ин рӯ, матни моддаи 33 дар таҳрири нав ифода карда шуда, амалишавии ҳамкориҳои байналмилалии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавоиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, муайян менамояд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи деҳаи Ҷиргатоли деҳоти Ҷиргатол ба деҳаи Сариосиёб ва деҳоти Ҷиргатол ба деҳоти Наврӯзи ноҳияи Лахш» шурӯъ менамоем. Сухан ба  Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲИМӢ Фарҳод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2022 «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Лахш оид ба иваз намудани номи деҳаи Ҷиргатоли деҳоти Ҷиргатол ба деҳаи Сариосиёб ва деҳоти Ҷиргатол ба деҳоти Наврӯз» ҷонибдорӣ шудааст.

Зарурати иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини но­ҳияи Лахш мутобиқатнамоӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Номи Ҷиргатол асосан аз калимаҳои ба забони тоҷикӣ хоснабуда сарчашма гирифта, сокинони деҳот пешниҳод намуданд, ки номи деҳа ва деҳот тағйир дода шуда, ба хотири гиромидошт ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги тоҷикон номгузорӣ карда шавад. Маводи зарурӣ тибқи номгӯи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Лахш пешниҳод шудааст.

Хоҳиш мекунам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи деҳаи Ҷиргатоли деҳоти Ҷиргатол ба деҳаи Сариосиёб ва деҳоти Ҷиргатол ба деҳоти Наврӯзи ноҳияи Лахш» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Идрисзода Б.А.» шурӯъ менамоем. Аз рӯи ин масъала сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод «Дар бораи судяи Суди конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Идрисзода Б.А.» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Идрисзода Б.А.» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Мутобиқи моддаи 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мешавад, пас аз интихоб шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад.

Ҳоло сухан барои савганд ёд кардан ба судяи навинтихоби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Балаҷон дода мешавад. Марҳамат.

(Идрисзода Балаҷон ҳамчун судяи Суди конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кард).

РАИС: — Дар фаъолияти шумо ҷиҳати таъмини волоияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми са­над­ҳои меъёрии ҳу­­қуқӣ, инчунин ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бурдбориҳо таманно менамоем.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Азизӣ Ш.О.» мегузарем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Азизӣ Ш.О» ирсол мегардад

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Азизӣ Ш.О.» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қодирзода Т.Қ.» мегузарем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қодирзода Т.Қ.» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қодирзода Т.Қ.» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Мирзозода П.Т.» шурӯъ менамоем. Сухан ба  Ализода Зариф дода мешавад.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Мирзозода П.Т.» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Мирзозода П.Т.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сме­таи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон барои соли 2023 ва бас­ти вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс дода мешавад. Марҳамат.

Идрисзода Илёс:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сме­таи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон барои соли 2023 ва басти вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» пешниҳод гардидааст.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023-юм 5,5 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки он асосан барои пардохти музди меҳнат, хароҷоти мол ва хизматрасониҳо, инчунин, кумакпулиҳои иҷтимоӣ равона гардидааст.

Сохтор ва рӯйхати вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, ки бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2019 тасдиқ карда шудааст, бетағйир монда, басти вазифаҳо аз 52 воҳиди корӣ иборат мебошад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҷонибдорӣ ва тасдиқи қарори мазкурро эҳтиромона хоҳиш менамоям.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сме­таи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон барои соли 2023 ва басти вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи талаботи банди 103 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи иҷлосия оид ба рафти кори иҷлосия, муроҷиатҳо ва ҳуҷҷатҳои ба унвони иҷлосияи Маҷлиси миллӣ воридшуда маълумот манзур менамояд. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Котибот Раҷабзода Ҳусния дода мешавад. Марҳамат.

РАҶАБЗОДА Ҳусния: 

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Унвонии  Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муроҷиат, ариза, дархост ворид нашудааст.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум баррасӣ шуданд ва нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Доир ба рафти иҷлосия таклифу пешниҳодҳо бошанд, марҳамат иброз намоед. Нест.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Чанд рӯз пеш рӯйдоди фараҳбахш барои халқу кишвари мо ба вуқӯъ пайваст. 14-уми декабри соли 2022 ташаббуси навбатии Тоҷикистонро дар соҳаи об Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид якдилона бо қабули қатъномаи махсус тасдиқ кард. Бар асоси қатънома, соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардид. Ин панҷумин ташаббуси байналмилалии ҷониби Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ба масъалаи ҷаҳонии обу иқлим бахшида шудааст. Ба ин муносибат ҳар кадоми шумо ва халқи азизи кишварро табрику таҳният мегӯям.

Соли 2022, ки ба охир расида истодааст, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарафманди он яке аз солҳои фархундаву бобарор ба ҳисоб меравад.

Мо дар фазои сулҳу осоиш ва шукргузорӣ аз ваҳдату истиқлоли комил ҷашнҳои 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 31-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намудем.

Соли сипаришаванда дар натиҷаи чораҳои амалинамудаи Давлату Ҳукумати мамлакат рушди босуботи иқтисоди миллӣ таъмин гардида, дар ҳаёти ҷомеа ва соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт пешравиҳои назаррас ба амал омаданд.

Эътимоди комил дорам, ки мову шумо – аъзои Маҷлиси миллӣ, дар соли 2023 низ якҷо бо кулли сокинони заҳматпешаи кишвар тамоми саъю кӯшиш ва имкониятҳои худро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумамон ва пешрафту тараққиёти давлати соҳибистиқлоли худ сафарбар менамоем.

Мехоҳам ҳамаи шумо ва кулли сокинони кишварро бо фарорасии соли нави мелодии 2023 сидқан табрик гуфта, барои ҳар яки онҳо рӯзгори босаодат, иқболи баланд, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон ояндаи ободу осуда орзу намоям.

Бо ҳамин, Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Хӯҷаназари АМИНИЁН,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ