Аз кумитаҳои Маҷлиси миллӣ

№№11 (4907) 24.01.2025

DSC_778922-юми январи соли 2025 дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният ҷаласа баргузор гардид.

Аъзои кумита 14 масъала, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти органикӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», «Оид ба ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри тиҷоратӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба Шурои Маҷлиси миллӣ пешниҳод намуданд.

23-юми январи соли 2025 ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия баргузор гардид.

DSC_7805Аъзои кумита қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри тиҷоратӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»  ва «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба Шурои Маҷлиси миллӣ пешниҳод карданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

 «Садои мардум»