Номи Султон Валиев ба бисёре аз сокинони мамлакат ошност. Ӯ марди некниҳод, сахӣ ва фарзанди сарсупурдаю ҷонфидои Ватан буда, дар давраҳои басо мушкил (солҳои 1995 — 2000) вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати якум) интихоб гардид. Ҳамчунин, замоне ки дар ҷомеа ба қавле, силоҳ ҳукмрон буду ҷони хизматчиёни давлатӣ ҳар лаҳза таҳти хатар қарор дошт, ба ҳайси директори генералии Иттиҳодияи «Ғалла»-и вилояти Хатлон ифои вазифа намуда, рисолати бардӯшдоштаро сарбаландона иҷро кард.
- Агар Эмомалӣ Раҳмон намешуд, Тоҷикистон аз байн мерафт, миллат дар дунё овораю парешон мегашт, — мегӯяд Султон Валиев. — Ҳар гоҳ заҳмату талошҳои фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи истиқрори сулҳу субот ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ медидам, дар пайравӣ аз Раҳбари ҷонфидо кӯшиш мекардам, то заррае ҳам бошад, барои тинҷию ободии Ватан саҳм гузошта, қарзи фарзандиро дар назди Ватану миллат адо кунам.
Албатта, он шабу рӯзҳо вакили халқ будан осон набуд. Вале, бесомониҳои давр садди роҳи Султон Валиев намегашт, баръакс бо иродаи қавӣ баҳри ҳифзи якпорчагии Ватани маҳбуб фаъолият менамуд. Ӯ, ҳамчун вакил, дар таҳия ва тағйиру иловаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарҳади давлатӣ» нақш дорад. Илова ба ин, дар таҳияи лоиҳаи чандин қонуни дигар бо вакилон ҳаммуаллиф мебошад.
Султон Валиев 5 марти соли 1952 дар ноҳияи Ховалинг дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Падараш бобои Валибой аз зумраи мардони обрӯманди ноҳия маҳсуб шуда, сокинон ӯро ҳамчун фарди саховатпеша, хирадманд ва нексиришт эҳтиром мекарданд. Нафароне, ки аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ баҳри зиёрати мазори Султон Увайси Қаранӣ ба ноҳия ташриф меоварданд, ҳатман аз хони бобои Валибой нону намак мечашиданд. Дари хонааш ҳамеша ба рӯи меҳмонон кушода буду дастархонаш ороста. Ин амали падарро фарзандонаш ҳанӯз идома медиҳанд.
Султон Валиев талош варзид, ки номи неки падарро баландтар бардошта, зинда нигоҳ дорад. Саъй кард, то дар ҷомеа мавқеъ пайдо кунад.
Ӯ корро аз муаллими қатории мактаби миёна оғоз намуд. Бо мурури замон, ҷавони кордону болаёқат, дар чанде аз идораю муассисаҳои давлатии ноҳия ба ҳайси роҳбар таъин шуд. Сипас, директори автобазаи № 14-и ноҳия интихоб гардид. Ӯ дар давоми фаъолият таҷрибаи касбиашро ғанӣ мегардонд.
Султон Валиев соли 2001 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати якум) интихоб шуд. Баъдан, бо фармони Президенти мамлакат, раиси ноҳияи Ховалинг таъин гардид. Ба ҳайси муовини аввали вазири кишоварзии ҷумҳурӣ низ фаъолият дошт. Сипас, раиси ноҳияи Восеъ интихоб гардид. Ҳамчунин, ӯ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. То синни нафақа ба ҳайси муовини роҳбари Дастгоҳи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ хизматҳои шоёни Султон Валиевро қадр карда, ӯро бо ордени «Шараф» дараҷаи I, медали «Бистсолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сипосномаю ифтихорномаҳо сарфароз гардонид.
Алҳол дар ҳалқаи пайвандон даврони пирӣ меронад. Аммо аз худ қноатманд нест. Чунон ки дар хотимаи суҳбат гуфт:
- Бо вуҷуди хизматҳое, ки ба нафъи миллату давлат кардаам, ҳанӯз ҳам аз худ қаноатманд нестам. Агар бори дигар ҷавон мешудам, зери сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз пештара бештар талоши саҳмгузорӣ дар бунёдкорию созандагиҳо мекардам. Фарзандонамро, ки хизматчии давлатианд, ҳамвора ба ин корҳо роҳнамоӣ мекунам. Бигзор онҳо низ дар пешбурди сиёсати Давлату Ҳукумат содиқ бошанду ҳадафашон танҳо хизмат ба халқу Ватан!
Ёқуби Содиқ,
«Садои мардум»