Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар низоми давлатдории муосир ҳамчун ҳуҷҷати барномавии дорои афзалиятҳои муҳими сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию фарҳангист, аз ҷониби мардум ҳамчун дастурамали корномаҳои бузургу созанда истиқбол шуд.
Дар он таҳлили вазъи сиёсии ҷаҳони муосир, ҳамгироии Тоҷикистон бо кишварҳои олам масъалаи меҳварӣ буд.
Дар маҳфилҳои гуногуни сиёсӣ, конфронсу нишастҳои сатҳи баланд эътироф мекунанд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз минбарҳои баланд ҷомеаи ҷаҳонро ба муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгаройӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир даъват намуда, аз пайомадҳои фоҷеабори он ҳушдор дода буданд. Сарвари давлат замоне аз даҳшат ва таҳдиди терроризм ба ҳаёти аҳли башар ҳушдор доданд, ки ҳаводиси 11 сентябри соли 2001 дар Амрико ҷаҳонро ба ларза наоварда, баъзе кишварҳои Ховари Миёна ба хоку хун оғӯшта нагашта, воқеаҳои хунини Париж рух надода буд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба хатари суиистифодаи дини мубини ислом аз ҷониби гурӯҳу ҷараёнҳои мухталиф ишора карда, таъкид доштанд, ки таълимоти исломӣ аз барномаҳои ҷараёнҳои ифротӣ фарсахҳо дур аст: «Террорист ватан, миллат ва мазҳаб надорад».
Тавре Пешвои миллат зикр намуданд, қарор аст, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгаройӣ ва тундгароии хушунатомез дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ки мавқеи оштинопазири Тоҷикистонро дар мубориза бо терроризму ифротгаройӣ бори дигар нишон медиҳад.
Дар баробари хатарҳои экстремистӣ ва террористиву ифротгаройӣ муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир низ нигаронкунанда аст.
Ҳар сол шоҳиди ҳолатҳои аз ҷониби марзбонони шуҷои Ватан пешгирии марзшиканӣ аз сӯи қочоқбарон мегардем. ҳатто ҷавонони зиёди ватандӯст ва афсарону сарбозони далер дар ин роҳ ҷон мебозанд. Соли 2017 марзбонони тоҷик дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти қудратии кишвар аз қочоқчиён 1 740 килограмму 335 грамм маводи нашъадор дарёфт ва мусодира намуданд, ки аз муборизаи қотеона бо ин зуҳуроти номатлуб шаҳодат медиҳад.
Таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат ба вазъи сиёсии Афғонистон ва таъкиди хоса ба ёриҳои беғаразона барои таъмини оромишу субот дар минтақа баёнгари он аст, ки кишвари мо фарҳанги ҳамгиройиро барои ҳалли муаммои ин сарзамин идома дода, дар ҷодаи расидан ба фазои солиму таҳкими сулҳу ваҳдат изҳори омодагӣ менамояд.
Яке аз нуктаҳои меҳварии Паём эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мебошад. Дар меҳвари ин иқдоми наҷиб, пеш аз ҳама, ҳадафҳои олии давлатдорӣ, истифодаи босамар аз имкониятҳои мавҷуда ба хотири таъмини рушди устувор ва рӯзгори босаодати мардум қарор мегирад. Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои имкониятҳои фаровони сайёҳӣ ба шумор меравад ва истифодаи босамари он ба нафъи давлату миллат аст. Ин тадбирҳои муҳим, дар навбати аввал, ба он хотир андешида мешаванд, ки ба таъбири Пешвои миллат «Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».
Рушди ҳунарҳои мардумӣ низ метавонад яке аз воситаҳои муҳими таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ гардад ва метавонад барои ташаккули фарҳанги миллӣ ва арзишҳои маънавӣ тавассути ривоҷи ҳунарҳои халқӣ мусоидат намуда, беҳтарин дастовардҳои ҳунари миллӣ муаррифӣ шавад.
Дар маҷмӯъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат роҳнамо ба фардои боз ҳам дурахшон буда, мардуми шарафманди тоҷикро вориди боз як марҳилаи сифатан нави рушд ва касби нуфузи бештар дар сатҳи байналмилалӣ хоҳад кард.
Умриҷон ҶУРАЕВ,
муовини мудири шуъбаи ҳуқуқи
Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон