Исмоилзода Зуфар Муртазохон — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Ғончӣ, №24» 7 — 15-уми январ дар шаҳраки Ғончӣ ва деҳоти «Ростровут», Исмоили Сомонӣ, «Муҷум», «Яхтан», «Далёни боло»-и ноҳияи Деваштич, деҳоти «Қалъаи баланд», «Пошкент» ва «Зарҳал»-и шаҳри Истаравшан бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуд.
Ӯ нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (26 декабри соли 2019) шарҳ дода, аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат оид ба пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқ ёдовар шуд. Интихобкунандагон бо баёни дастгирӣ аз созандагию ободкорӣ дар мамлакат дархостҳои хешро ба вакили Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуданд. Сокинони ноҳияи Деваштич ҷоннок намудани кор дар самти кашидани хатти оби Даҳкатсой — Даҳанасой, сохтмони толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21 — и деҳаи Хуштоири деҳоти «Яхтан», ҷудо намудани фонди замин барои гирифтани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, истаравшаниҳо масъалаҳои ободии деҳот, беҳбуд бахшидани таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокию полезӣ, фаъол намудани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонро тақозо намуданд.
Исмоилзода Зуфар Муртазохон таассуроти хешро аз суҳбат бо интихобкунандагон чунин баён намуд:
- Мулоқотҳо бо интихобкунандагон, ки намояндагони тамоми қишри ҷомеа иштирок доштанд, хеле самимӣ доир гардиданд. Мардум дар баромадҳояшон дастгирии ҳамаҷонибаи худро аз сиёсати дохиливу хориҷии Сарвари давлат, омодагӣ дар татбиқи самараноки дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, ки аз Паёмашон бармеоянд, ҷашнгирии сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва вобаста ба ин боз ҳам ободу зебо сохтани Ватани азизамон баён ва махсус қайд намуданд, ки дар паёмҳои Сарвари давлат мавқеи асосиро ғамхорӣ дар ҳаққи халқ ва таъмини мардум бо зиндагии орому ободу шоиста ишғол менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём гуфтанд, ки «Мо ҳар як амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолу озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон — Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад». Имрӯз мардуми кишвар ин нуктаро хуб дарк кардаанд ва аз паи ободии Ватан мебошанд.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофиддин Сироҷов ва гурӯҳи кории таблиғотӣ дар ҳайати муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокир Аминзода, муовини сардори Раёсати дуюми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Назарализода ва корманди ҳамин идора Арастулло Ибодуллозода дар шаҳри Ҳисор бо интихобкунандагон мулоқот баргузор карданд.
Шарофиддин Сироҷов изҳор намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки соли 2018 барои мардуми кишвар воқеан соли таърихӣ буд. Аз ҷониби СММ бо ҳамраъйии 190 кишвари ҷаҳон эътироф ва қабул гардидани пешниҳоди чоруми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» ва дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об (22 марти соли 2018) расман оғоз гардидани ин ташаббус аз он шаҳодат медиҳад, ки обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ рӯз то рӯз боло меравад.
Барқарор гардидани муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мавриди истифода қарор гирифтани агрегати якуми НБО-и «Роғун» аз муваффақиятҳои дигари дар ин сол бадастомада мебошанд.
Аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» имкон медиҳад, ки дар деҳоти Тоҷикистон ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо намуда, сатҳи зиндагии мардум боз ҳам боло равад, — гуфт Шарофиддин Сироҷов.
Зокир Аминзода низ баъзе аз нуктаҳои Паёмро шарҳ дода, аз иқдомҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ёдовар шуд. Ӯ изҳор дошт, ки омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмини волоияти қонун мебошад.
- Сарвари давлат аз афзоиши хатари терроризму экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳори нигаронӣ намуданд, ки шиддати он, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст. Вақтҳои охир аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шудани гурӯҳҳои ҷиноятие, ки мехоҳанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост. Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад, — афзуд Зокир Аминзода.
Икром Назарализода доир ба хусусиятҳои фарқкунандаи Паёми Пешвои миллат сухан ронда, нақши онро дар идоракунии давлат ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ хеле муҳим маънидод кард.
- Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бар зидди амалҳои коррупсионӣ шарти муҳими фароҳам овардани фазои якдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад, — гуфт ӯ ва афзуд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст, сатҳи ин зуҳуроти номатлубро дар ҷомеа коҳиш диҳад. Бахусус содиршавии ҷиноятҳое, ки бевосита ба харидуфурӯши замин дахл дорад, солҳои охир хеле зиёд мушоҳида мегардад. Бинобар ин, Пешвои миллат супориш доданд, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.
Суҳбату мулоқот, ҳамчунин, дар шаҳраки Шарора, деҳоти «Дурбат», «Хонақоҳи Кӯҳӣ», «Деҳқонобод», «Ҳисор», «Навобод» ва муассисаи тиббию таълимии шаҳри Ҳисор баргузор шуданд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»