Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Аз ҷонибдории қонунҳо то ҳисоботи прокурори генералӣ

№37-38 (4620-4621) 15.03.2023

CTX_2925Понздаҳуми марти соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ ­Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид. 

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Барои бақайдгирӣ аз тариқи системаи овоздиҳии электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.

Дар иҷлосия 29 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ иштирок доранд. Инчунин, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар толор ҳозир мебошанд.

Оид ба оғози кори иҷлосия чӣ гуна таклиф ҳаст?

Таклиф шуд, ки иҷлосия корашро оғоз намояд.

Таклифро ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро аз тариқи овоздиҳии электронӣ муайян созед. Марҳамат.

Ташаккур, таклиф қабул шуд.

Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Барои ташкили ҷараёни кори иҷлосия лозим аст, ки мутобиқи банди 102-юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби кори Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро муайян ва тасдиқ намоем.

Бо назардошти масъалаҳои дар рӯзнома пешбинишуда пешниҳод менамоям, ки барои маърӯзачиён то 30 дақиқа, музокираҳо то 5 дақиқа ва барои дархосту таклифҳо то 3 дақиқа вақт муайян карда шавад.

Пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Пешниҳодро ба овоз мемонам. Марҳамат.

Ташаккур, пешниҳод қабул гардид.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи банди 102-юми Дас­тури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки Котиботи иҷлосияро интихоб намоем. Оид ба ин масъала сухан ба узви Маҷлиси миллӣ Одиназода Бозоралӣ дода мешавад. Марҳамат.

(Одиназода Бозоралӣ пешниҳод менамояд, ки ҳайати Котибот иборат аз се нафар интихоб карда шавад).

РАИС: Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Таклиф шуд, ки Котиботи Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум иборат аз се нафар интихоб карда шавад.

Таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Шумораи ҳайати Котиботро ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян созед. Марҳамат.

Ташаккур, таклиф қабул гардид.

Марҳамат, Одиназода Бозоралӣ ҳайати Котиботро пешниҳод намоед.

Бозоралӣ ОДИНАЗОДА: - Ба ҳайати Котиботи Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аъзои зерини Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуданд:

Абдураҳмонзода Саидбурҳон – раиси Котибот

Қонунзода Шодигул ва Исматзода Азизулло — аъзои Котибот.

РАИС: - Оид ба ҳайати Котибот таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян намоед. Марҳамат.

Ташаккур, қарор қабул гардид.

Аз ҳайати Котибот хоҳиш карда мешавад, ки ба ҷойҳои худ гузашта, ба кор шурӯъ намоянд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро тасдиқ намоем.

Лоиҳаи рӯзномаи Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум бо қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва барои баррасӣ ба шумо пешниҳод шудааст.

Оид ба масъалаҳои он таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян намоед.

Қарор дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум қабул гардида, ба он масъалаҳои зерин ворид гардиданд:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом»

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи хариди давлатӣ»

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат»

10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»

11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»

12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»

13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ»

14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ»

15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»

16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»

17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ»

18. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳали аҳолинишини деҳоти ба номи Ҷомии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ва номгузории он»

19. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Саидзода М.М.»

20. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қуватзода Т.Д.»

21. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҷалилзода Х.Р.»

22. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳикматуллозода А.»

23. Ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022»

24. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қ.»

25. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­ли­­си Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология бозхонд намудани Ҳакимзода Қ.».

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи масъалаи якуми рӯзнома — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

Дилшод РАҲМОН: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки аз тарафи гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро 7 – уми декабри соли 2022 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, баррасӣ намуд.

Мақсади қонуни мазкур муқаррар намудани заминаҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, тартибу ҳолатҳои татбиқи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне масунияти судӣ, масуният нисбат ба чораҳои таъмини даъво ва иҷрои ҳалномаи суд буда, он 6 боб ва 21 моддаро дар бар гирифтааст.

Бобҳои 1-2 бо фарогирии (моддаҳои 1-7) меъёрҳо роҷеъ ба муқаррароти умумӣ бо шарҳи 9 мафҳуми асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мазкур, масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ, имтиёз ва масунияте, ки қонуни мазкур маҳдуд намекунад, имконияти татбиқи принсипи мутақобила, ки дар асоси хулосаи Вазорати корҳои хориҷӣ сурат мегирад, ҳолатҳои розигии давлати хориҷӣ барои амалисозии юрисдиксия аз ҷониби суди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бозхонди розигӣ ҳангоми ҷой доштани созишномаи бо тарафи баҳс басташуда, инчунин даст кашидан аз масунияти судӣ, яъне аз ҷониби давлати хориҷӣ пешниҳод намудани даъво, ворид шудан ба сифати иштирокчии парванда ё иҷрои амалҳои дигар оид ба моҳияти баҳс пешбинӣ шудаанд.

Дар боби 3 (моддаҳои 8-13) муқаррарот доир ба татбиқ нагардидани масунияти судӣ нисбат ба баҳсҳои алоқаманд бо иштироки давлати хориҷӣ дар аҳдҳои ҳуқуқии маданӣ, амалисозии фаъолияти соҳибкорӣ ё фаъолияти дигари иқтисодӣ (ба шарте агар баҳс ба амалисозии ваколатҳои мустақили ҳокимият аз ҷониби давлати хориҷӣ алоқаманд набошад), нисбат ба баҳсҳои вобаста ба иштирок дар ширкатҳо, ассотсиатсияҳо ва шахсони ҳуқуқии дигар (агар дар созишнома ё ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ё мувофиқаи хаттии тарафҳо тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад), нисбат ба баҳсҳои вобаста ба ҳуқуқи моликият (ба истиснои панҷ ҳолат), истифодаи воситаҳои нақлиёти обӣ, ҷуброни зарар ва баҳсҳои меҳнатӣ (ба истиснои панҷ ҳолат) оварда шудаанд.

Мавзӯи боби 4 (моддаҳои 14-15) аз масунияти давлати хориҷӣ нисбат ба чораҳои таъмини даъво ва иҷрои ҳалномаи суд иборат буда, тибқи он масуният аз рӯи муқаррароти мазкур дар се ҳолат истисно гардида, моддаи 15 доираи 5 намуд молу мулкро номбар кардааст, ки вобаста ба чораҳои таъмини даъво ва иҷрои ҳалномаи суд ба масуният фаро гирифта мешаванд.

Меъёрҳои бобҳои 5-6 (моддаҳои 16-21) муқарраротро роҷеъ ба мурофиаи судӣ оид ба парвандаҳо бо иштироки давлати хориҷӣ, ки тибқи қонунгузорӣ ва шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон анҷом дода мешавад, тартиби ба давлати хориҷӣ супоридани огоҳнома оид ба муҳокимаи судӣ, шартҳои қабули ҳалномаи ғоибона, имконияти татбиқ намудани қонуни мазкур нисбат ба муносибатҳои ҳуқуқии то мавриди амал қарор дода шудани он пайдошуда, инчунин масъалаҳои ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва мавриди амал қарор гирифтани онро пешбинӣ кардаанд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои бо тартиби муайян истифода намудани масунияти юрисдиксионӣ мусоидат карда, он имтиёз ва масуниятҳоеро, ки санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ нисбат ба намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, миссияҳои махсус, намояндагиҳо дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин ба роҳбарони давлатҳо, ҳукуматҳо ё роҳбарони мақомоти корҳои хориҷии давлатҳои хориҷӣ муқаррар кардаанд, маҳдуд намекунад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, бо эҳтиром хоҳиш дорам, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» оғоз мекунем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад.

Дилшод РАҲМОН: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», ки дар заминаи иҷрои Нақшаи тасдиқнамудаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4- уми апрели соли 2019 ва тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ) аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 18- уми январи соли 2023 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, баланд бардоштани самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маб­лағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом буда, асосҳои ҳуқуқию ташкилии пешгирӣ ва муқовиматро бо фарогирии 9 боб ва 43 модда муайян намудааст.

Дар бобҳои 1-2 (моддаҳои 1-5) шарҳи 31 мафҳуми асосӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маб­лағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, инчунин доираи амали қонун нисбат ба шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатӣ, инчунин, таъсиси комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ — ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти мазкур ифода гардида, тартиби пешбурди маълумоти оморӣ, ки фарогири 7 гурӯҳи иттилоот мебошад, муайян карда шудаанд.

Моддаҳои 6-22, ки дар боби 3 оварда шудаанд, бо мақсади пешгирӣ, ошкор намудан ва роҳ надодан ба амалҳое, ки бо қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маб­лағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом алоқаманд мебошанд, 15 субъекти ҳисоботдиҳандаро бо муайян намудани уҳдадориҳо ва чораҳои аз ҷониби онҳо амалишаванда, аз ҷумла нисбат ба муштариён, се шарт барои татбиқи чораҳои содашудаи санҷиши дахлдори муштарӣ, истифодаи қатъии санҷиши муштариён ва амалиёте, ки хавфи баланди қонунигардониро доранд, ошкор намудани шахсони мансабдори оммавӣ аз байни муштариён ва молик-бенефитсиарҳо ва нисбат ба онҳо татбиқ намудани низоми идоракунии хавфҳо, нисбат ба шахсони аз кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд татбиқ намудани чораҳои қатъии санҷиши дахлдор ва чораҳои дигари ба хавфҳо мувофиқ ва дар муҳлати на камтар аз панҷ сол баъд аз анҷом ёфтани муносибатҳои корӣ бо муштарӣ, баста шудани суратҳисоб ё анҷом додани аҳди якдафъаина нигоҳдории маълумоту ҳуҷҷатҳоро муайян намудаанд. Зимнан, тартиби ташаккул ва интишори феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд, инчунин чораҳои нисбат ба онҳо татбиқшаванда аз ҷониби мақоми ваколатдор муайян мешавад.

Ҳамзамон, дар боби мазкур муқаррарот вобаста ба уҳдадории субъектҳои ҳисоботдиҳанда дар бораи фавран ба мақоми ваколатдор хабар додан оид ба ҳама гуна амалиёту аҳди шубҳанок ё кӯшиши анҷом додани чунин аҳд, гузаронидани амалиёти ҳатман назоратшаванда ва тартиби пешниҳоди иттилоот дар бораи онҳо, боздоштани амалиёт, инчунин чор асоси ғайрифаъол намудани амалиёт (аҳд) ва молу мулк (воситаҳо)-и шахсон ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати таҳримҳо ворид шудаанд, пешбинӣ гардида, ҳолатҳои додани иттилоот ба муштариён дар бораи чораҳои татбиқгардида манъ шудааст.

Бобҳои 4 — 6 (моддаҳои 23-34) муносибатҳои вобаста ба барномаҳои назорати дохилӣ дар субъектҳои ҳисоботдиҳанда, филиалҳои хориҷӣ ва корхонаҳо (ҷамъи­ятҳо)-и фаръии онҳо, аз ҷумла гурӯҳҳои молиявӣ ва гурӯҳҳои ба онҳо монанди субъектҳои ҳисоботдиҳандаро бо муайян намудани талаботи дахлдор, муросилоти бонкӣ ва чораҳои нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ ва созмонҳои ҳуқуқии хориҷӣ, сохторҳои ғайритиҷоратӣ, пешгирии интиқоли ғайриқонунии пули нақд ва воситаҳои гардони манзурӣ татбиқшавандаро танзим намуда, вазъи ҳуқуқии мақомоти назоратӣ (Бонки миллӣ, Вазорати адлия, Хадамоти алоқа ва ғайра), вазифаҳо ва ҳуқуқҳои онҳо, муносибати ба хавф нигарондашуда дар фаъолияти назоратӣ, додани дастур, амрнома ва фармоиш (фармон)-ро дар сурати иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро кардан, қатъ намудани амали ғайриқонунӣ, боздоштан ё қатъи амали иҷозатнома ё ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ муқаррар гардида, дар боби 7 (моддаҳои 35-37) вазифа ва ҳуқуқу уҳдадориҳои мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, пешбинӣ шудааст.

Бобҳои 8 ва 9 (моддаҳои 38-43) муносибатҳои роҷеъ ба шаклҳои ҳамкории байналмилалиро дар самти мавзӯи қонун танзим намуда, дар доираи муқаррароти хотимавӣ тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкур ва аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» аз 25- уми марти соли 2011- ро муайян кардаанст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои ҳимояи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсият, ҷамъият ва давлат, таъмини амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи масъалаи нав­батӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад.

Дилшод РАҲМОН: Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйи­роту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 21- уми декабри соли 2022 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Тибқи қонуни мазкур, қисми 1 моддаи 72 (Манъ кардани воситаи нақлиёт) кодекс бо мақсади мушаххас намудани ваколати Бозрасии ҳарбии автомобилии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба пешбурд ва баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба риоя накардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ бо истифодаи нақлиёти ҳарбӣ такмил дода шуда, минбаъд кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳамаи воситаҳои нақлиёт ва кормандони Бозрасии ҳарбии автомобилӣ бошад, танҳо воситаҳои нақлиёти ҳарбиро метавонанд манъ намоянд. Дар робита бо ин, ба қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкури кодекс пас аз калимаҳои «бақайдгирии давлатӣ» калимаҳои «ё ҳарбӣ» илова шудаанд, ки ба аломати бақайдгирии давлатии нақлиёт рабт дорад.

Инчунин, бо дар таҳрири нав ифода ёфтани моддаи 132-и кодекс, номи модда аз комиссариатҳои ҳарбӣ ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз гардида, тибқи тасҳеҳи диспозитсияи он минбаъд вазорати мазкур дар доираи ваколатҳояш парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 310, 311 қисми 1, 314, 315, 317-326, 330, 331, 333 қисми 2, 335, 336 қисмҳои 1 ва 3, 338, 339 қисми 1, 340-344 ва 346 ва моддаҳои 683-6911 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд, баррасӣ менамояд.

Дар робита ба ин, ҳуқуқи баррасии парвандаҳо ва таъини ҷазои маъмурӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёти ҳарбӣ содиргардидаро, ки дар моддаҳои 310, 311 қисми 1, 314, 315, 317-326, 330, 331, 333 қисми 2, 335, 336 қисмҳои 1 ва 3, 338, 339 қисми 1, 340-344 ва 346 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, сардори Раёсат (шуъба, шуъбачае, ки ба ҳайати Раёсати Бозрасии ҳарбии автомобилии Вазорати мудофиа дохил мешаванд), сардорони Бозрасии ҳарбии автомобилии гарнизонҳо ва комиссарони ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муовинони онҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 683-6911 кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, доранд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои аз ҷониби мақомоти давлатии марбута татбиқ намудани ваколатҳои дар кодекси мазкур муқарраршуда ва интизоми ҳаракат дар роҳ мусоидат менамояд. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, бо эҳтиром хоҳиш дорам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба Раҳмон Дилшод дода мешавад.

Дилшод РАҲМОН: Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 — уми декабри соли 2021 пешниҳод гардида, онро 21- уми декабри соли 2022 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади қонуни мазкур мусоидат ба рушди соҳибкорӣ тавассути сода гардонидани бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ буда, бо ин васила ба моддаи 4 қонуни амалкунанда ворид намудани як қатор тағйиру иловаҳо пешбинӣ шудааст, ки тибқи он ба аризадиҳанда имкон дода шудааст, ки ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирии давлатӣ дар шакли коғазӣ ё электронӣ манзур намояд ва мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати дар шакли электронӣ анҷом додани бақайд­гирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ маълумоти заруриро тавассути низоми ҳамгироии иттилоотии андоз дар реҷаи мустақим пешниҳод менамоянд. Тартиб ва шакли пешниҳоди маълумот аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ муайян мешаванд.

Инчунин, бо мақсади боз ҳам сарфа намудани вақти субъект­ҳои соҳибкорӣ тасҳеҳоти муҳлати бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ аз панҷ рӯзи корӣ ба 24 соат, додани нусхаи Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ аз ду рӯзи корӣ ба 24 соат, пешниҳоди қарори муассис барои бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ва бақайдгирии давлатии барҳамдиҳӣ мувофиқан аз се рӯзи корӣ ба 10 рӯз ва аз панҷ рӯзи корӣ ба 24 соат, бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ аз се рӯзи корӣ ба 24 соат, пешниҳоди нусхаи гувоҳномаи иқомати шахси воқеии хориҷӣ, ки ба ӯ барои сукунат ва амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, аз шаш моҳ ба се моҳ, додани нусхаи Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ аз ду рӯзи корӣ ба 24 соат, бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ, аз ҷумла дар асоси қарори суд ё санади эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд дар бораи маҳрум намудан аз ҳуқуқи машғул шудан ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ мувофиқан аз се ва ду рӯзи корӣ ба 24 соат, ворид намудани тағйирот ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ва додани иқтибос, инчунин пешниҳоди қарори муассисон, мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ дар бораи тағйир ёфтани маълумот мувофиқан аз ду рӯзи корӣ ба 24 соат ва аз панҷ ба даҳ рӯзи корӣ, бақайдгирии давлатии таъсисёбии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ аз панҷ рӯзи корӣ ба 24 соат, додани нусхаи Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ аз ду рӯзи корӣ ба 24 соат, бақайдгирии давлатии қатъ гардидани фаъолияти филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ва пешниҳоди қарор дар бораи қатъ гардидани фаъолияти филиал ё намояндагӣ мувофиқан аз панҷ рӯзи корӣ ба 24 соат ва аз ду рӯзи корӣ ба даҳ рӯзи корӣ тағйир дода шудаанд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва сода гардидани пешбурди тиҷорат мусоидат менамояд. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, бо эҳтиром хоҳиш дорам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.

Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 — уми декабри соли 2022 қабул намудааст. Он асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ ва молиявии суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии тиббии шаҳрвандонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Бо мақсади бартараф намудани якчанд мушкилиҳои асосии татбиқи суғуртаи ҳатмии тиббӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла норасоии маблағ барои пардохт намудани ҳаҷми хизмат­расонии тиббӣ ба гурӯҳҳои имтиёзнок ва бекорон аз ҷониби буҷети давлатӣ, дар сатҳи дахлдор қарор надоштани шуғли аҳолӣ, мутобиқ намудани низоми тандурустӣ ба талаботи қонун ва пурзӯр намудани иқтидори кадрӣ, муҳлати амали он тамдид гардида, дар моддаи 22 қонуни мазкур рақами «2022» ба рақами «2025» иваз шудааст. Тибқи тағйири мазкур, мавриди амал қарор гирифтани қонуни зикршуда ба якуми январи соли 2025 гузаронида шудааст.

Қонуни пешниҳод­гардида ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷод­кунӣ мувофиқ буда, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи масъалаи мазкур ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад.

Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якуми марти соли 2023 қабул намудааст. Қонуни мазкур бо мақсади такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила дар сатҳи дахлдор танзим намудани масъалаи муомилоти ҳама намуди маҳсулоти тамоку, пурзӯр намудани чораҳои дахлдор барои таъмини солимии аҳолӣ, алалхусус ҷавонон ва ноболиғон, пешниҳод гардидааст.

Ба моддаи 1 қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки хусусияти мутобиқкунанда ва муайянкунанда дошта, дар лоиҳа мафҳумҳои нав истифода шудаанд, ки имкон медиҳад, маҳсулоти тамоку ва дорои никотин дақиқтар ва якхела ҳаммонанд карда шаванд.

Тағйироти мавриди назар ба моддаҳои 4, 5 ва 6 хусусияти танзимкунанда дошта, ҷиҳати мушаххас намудани фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин, инчунин як қатор маҳдудиятро барои истифодаи онҳо пешбинӣ менамояд. Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъа­зода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 — уми феврали соли 2023 қабул намудааст. Қонуни мазкур бо мақсади истифодаи самаранокии маблағҳои давлатӣ ва мутобиқ намудани он ба меъёр ва стандартҳои байналмилалӣ, ки аз уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо бармеояд, таҳия гардида, ба танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ марбут ба хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, ташаккули низоми ягонаи хариди давлатӣ ва шаффофияти расмиёти хариди давлатӣ равона шудааст. Қонун аз 10 боб ва 76 модда иборат буда, боби 1 мафҳумҳои асосӣ, доираи амали қонуни мазкур, инчунин қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хариди давлатӣ ва принсипҳои хариди давлатиро дар бар мегирад.

Дар боби 2 иштирокчиёни хариди давлатӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хариди давлатӣ, талабот нисбат ба корхонаҳои давлатӣ, ҷамъияти саҳомӣ ва субъектҳои хоҷагидори дигар ва тартиби харид барои намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас гардидаанд. Масъалаҳои ғайримарказикунонии хариди давлатӣ, мақоми ташкилоти харидори соҳибтахассус, таъминоти ташкилии хариди давлатӣ, хариди давлатии мутамарказ ва муштарак, хариди давлатии электронӣ ва таҳкими иқтидори захираҳои кадрӣ дар соҳаи хариди давлатӣ дар боби 3 дарҷ ёфтааст.

Боби 4 банақшагирии харид, машварати пешакӣ бо бозор, ҳисоби арзиши тахминии харид, тавсифоти техникии мавзӯи харид, усулҳо ва расмиёти хариди давлатӣ, инчунин харидҳо бо мақсади рушди устувор ва иҷтимоиро инъи­кос менамояд.

Дар боби 5 масъалаҳо роҷеъ ба забони расмиёти хариди давлатӣ, муомила бо маълумоти дорои сирри давлатӣ, меъёрҳои иҷозатдиҳӣ барои иштирок, талаботи тахассусӣ, интихоби пешакии тахассусӣ, тартиб додани рӯйхати мухтасар, рӯйхати истифодаи бисёркарата, иштироки гурӯҳи таҳвилгарон, муросилот дар расмиёти харид ва истифодаи воситаҳои элект­ронӣ, муҳлати манзур намудани пешниҳодҳои озмунӣ ва дархост, таъминоти пешниҳоди озмунӣ, шарҳу эзоҳ ва тағйиру иловаҳо дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ, пешниҳодҳои озмунӣ бо нархи ғайритабиӣ, паст ё рад кардани пешниҳодҳои озмунӣ, бекор кардани расмиёти харид ва вобастакунӣ, инчунин эътибор пайдо кардани шартномаи харид пурра дарҷ гардидааст.

Боби 6 қонуни мазкур дархости пешниҳодҳои озмунӣ дар мавриди озмуни кушод, ҳуҷҷатҳои озмунӣ, таҳия ва пешкаш намудани пешниҳодҳо, муҳлати амал, тағйир додан ва бозхондани пешниҳод, кушодани пешниҳод, мутобиқати назаррас ва арзёбии пешниҳоди озмунӣ ва вобастакунонии шартнома, истифодаи озмуни думарҳилавӣ, расмиёти гузаронидани озмуни думарҳилавӣ, истифодаи дархос­ти нархнома, дархости пешниҳод барои хизматрасонии машваратӣ, музокироти рақобатӣ, хариди мус­тақим, расмиёти хариди мустақим, истифодаи созишномаҳои қолабӣ, навъҳои созишномаҳои қолабӣ, баимзорасонӣ ва амали созишномаҳои қолабӣ, истифодаи музоядаҳои электронии баръакс, баррасии ибтидоии пешниҳоди озмунӣ ва арзёбии пешниҳоди озмунӣ, инчунин вобастакунии шартнома инъикос ёфтааст.

Бобҳои 7 ва 8 ҳуқуқ ба шикоят, комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо, танзими шикоят, шикоят бо тартиби судӣ ва масъулият барои маъмурикунонӣ ва назорати иҷрои шартномаи харид, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба шартномаи харид, тасҳеҳи нархҳо, паймонкории фаръӣ ва гузашт, эътироз аз рӯи шартномаи харид, азназаргузаронии мол, кор ва хизматрасонӣ, ҳамзамон бекор кардани шартномаи харидро ба танзим медарорад.

Бобҳои 9 ва 10 қонуни мазкур бархӯрди манфиатҳо, ошкор намудани бархӯрди манфиатҳо, хориҷ намудан аз иштирок дар хариди давлатӣ ва муқаррароти хотимавиро дар бар мегирад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мегузарем. Марҳамат Ҷумъа­зода Шарифҷон.

Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйи­рот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 — уми январи соли 2023 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти он ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар қабул гардида, бо назардошти ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ва иваз шудани номи «Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ба «Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон» дар моддаҳои далхлдори Кодекси андоз, тағйироти зарурӣ ворид шудаанд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ­эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш мекунам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» оғоз менамоем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад.

Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 — уми декабри соли 2022 қабул намудааст. Қонун бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди рақобат ва фаъолияти самарабахши бозорҳои мол таҳия ва пешниҳод шудааст.

Бо ин мақсад, ба моддаи 15 қонуни амалкунанда қисми нави 6 илова шудааст, ки мутобиқи он минбаъд ҳисобкунии арзиши аслии мол (кор, хизматрасонӣ) тибқи Қоидаҳои намунавии ҳисобкунии арзиши аслии мол (кор, хизматрасонӣ), ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, амалӣ мегардад. Қонун ба меъёрҳои конс­титутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи масъалаи нав­батӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйи­роту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад.

Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 – уми декабри соли 2022 қабул намудааст. Қонуни мазкур бо мақсади кам кардани такроршавии вазифаҳои ба ҳам монанд ва аз байн бурдани такроршавии ваколатҳои санҷишии мақомоти санҷишӣ қабул гардидааст. Гузаронидани назорат ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби мақомоту сохторҳои давлатии дорои ваколатҳои назоратӣ ва санҷишибуда, ки дар моддаи 10 қонуни мазкур пешбинӣ нашудааст ва дар ҳолати мавҷуд будани парвандаи ҷиноятӣ, мутобиқи таҳрири нави қисми 3 моддаи 4 манъ шудааст.

Илова бар ин, дар қисми 1 моддаи 10 қонуни амалкунанда тағйироту иловаҳои дахлдор ворид шудааст, ки тибқи он ваколати санҷишии мақомоти давлатӣ дар соҳаҳои ҷангал, шикор ва ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ, забон ва истилоҳот, идораи замин ва геодезӣ, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқ ба он, назорати техникаи кишоварзӣ, ҳамзамон суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, такмил дода шудааст. Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» оғоз мекунем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад.

 Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 — уми декабри соли 2022 қабул намудааст. Қонун идомаи ислоҳоти соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳии ҷумҳурӣ буда, бо ин мақсад моддаи 11 қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода шудааст, ки тибқи он, реҷаи кори ташкилоту объектҳои савдо, хизматрасонии маишӣ ва намудҳои дигари хизматрасонии аз ҷиҳати танзим муҳиме, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар воҳидҳои маъмурию ҳудудии дахлдор бе муроҷиат ва ҷалби субъектҳои хоҷагидор муқаррар мешавад.

Илова бар ин, пешниҳод мегардад, ки реҷаи кории ташкилоту объектҳои савдо, хизматрасонии маишӣ ва дигар намуди хизматрасоние, ки дар қисми якуми моддаи мазкур дарҷ нагардидаанд, аз ҷониби онҳо мустақилона муайян карда шавад. Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи масъалаи нав­батии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» шурӯъ мекунем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад.

Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 — уми декабри соли 2022 қабул намудааст.

Қабули қонуни мазкур идомаи ислоҳот дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ буда, бо ин мақсад, дар сархати ҳаштуми моддаи 8 қонуни амалкунанда тағйирот ворид карда шудааст, ки тибқи он, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи танзими савдо ва хизматрасонии маишӣ реҷаи кории объектҳои савдо, хизмат­расонии маишӣ ва дигар намуди хизматрасонии аз ҷиҳати танзим муҳимеро, ки номгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шудааст, метавонад мустақилона муқаррар намояд. Илова бар ин, қисми 3 моддаи 11 дар таҳрири нав ифода шудааст, ки мутобиқи он минбаъд мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонанд дар воҳидҳои ҳудудии дахлдор реҷаи кории бозорҳои давлатиро мустақилона муқаррар намоянд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» оғоз мекунем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад.

Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 — уми январи соли 2023 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади ба суғурта фаро гирифтани суратҳисобҳои амонатию пасандозии шахсони воқеӣ ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ равона гардид. Бо ҳамин мақсад, номи қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода гардида, дар матни моддаи 1-и он шарҳу мафҳумҳо ба монанди «амонат», «низоми суғуртаи амонату пасандозҳо» ва «бонк-агент» илова шудааст.

Тағйиру иловаҳои дар қисмҳои дахлдори моддаҳои 4 ва 5 воридгардида мақоми ҳуқуқии Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ва мақсадҳои онро мукаммал намудааст. Тарҳи нави моддаи 7 манбаъҳои маблағи хазинаро васеъ, ваколати Шӯрои нозирони хазинаро мушаххас намудааст.

Ҳамкории хазина бо Бонки миллии Тоҷикистон оид ба кушодани суратҳисобҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар моддаи 9 пурра дарҷ гардидааст.

Моддаи 10 дар таҳрири нав ифода шудааст, ки он манбаъҳои сармоягузории хазинаро васеъ намуда, моддаи 13 дар таҳрири нав ваколатҳои онро вобаста ба Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар худ инъикос кардааст.

Мутобиқи сархати нави иловашуда дар моддаи 14, ташкилоти қарзии узви хазина уҳдадор аст, ки ба пасандоздорон пешниҳоди маълумотро оид ба низоми суғуртаи амонату пасандозҳо бо тартибе, ки хазина муқаррар кардааст, таъмин намоянд. Моддаи 15 дар таҳрири нав ташкилоти қарзии дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ таъсисёфта (ба истиснои табдилдиҳӣ) ва бонки мутавасситро аз пардохти ҳаққи узвият озод намуда, таҳрири нави қисми 1 моддаи 16 ташкилоти қарзиро вазифадор кардааст, ки ҳар семоҳа 0,1 фоиз барои амонату пасандозҳо бо пули миллӣ ва 0,3 фоиз барои амонату пасандозҳо бо асъори хориҷӣ аз рӯйи бақияи миёнаи семоҳаи гузаштаи онҳо, ки дар ташкилоти қарзӣ мавҷуданд ва бояд суғурта шаванд, пардохтҳои тақвимии бебозгаштро бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ пардохт намояд.

Қисми 4-уми моддаи 16 дар таҳрири нав ифода шуда, мутобиқи он ҳар як ташкилоти қарзӣ уҳдадор аст ҳар семоҳа, бо шарти дар ин муддат дар ташкилоти қарзӣ ҷой доштани ҳолати суғуртавӣ, то рӯзи бозхонди иҷозатнома пардохтҳои тақвимии ҳисобшударо ба хазина пардохт намояд.

Тағйиру иловаҳои ба моддаи 20 воридгардида, ҳолатҳои ба ҷавобгарӣ кашидан барои насупоридани пардохтҳоро ба хазина пурра дарҷ намудааст.

Моддаи 211 дар таҳрири нав доираи объекти ҳатмии суғуртаро ва объектҳое, ки ба рӯйхати ҳатмии суғурта дохил намешаванд, муайян намудааст.

Мутобиқи таҳрири қисмҳои дахлдори моддаи 22, андозаи ҷуб­ронпулӣ барои амонату пасандоз­ҳои суғурташуда бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ на бештар аз 35000 сомонӣ муқаррар шуда, баробарии амонату пасандозҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ таъмин гардидааст.

Такмили қисми 3 моддаи 25 муҳлати оғоз гардидани пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздоронро муайян намудааст, ки он на дертар аз 14 рӯзи пас аз ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавиро дар бар мегирад.

Дар сархати дуюми қисми 2 моддаи 26 ҳолатҳои муҳлати пешниҳоди дархост барои гирифтани ҷубронпулӣ мушаххас пешбинӣ гардида, дар қисми 1 моддаи 31 тағйи­рот ворид шудааст, ки тибқи он, ҳуқуқи хазина барои соҳиб шудани ҳуқуқи қарздеҳ нисбат ба ташкилоти қарзӣ пас аз пардохти ҷубронпулии суғурта мушаххас мегардад.

Тағйиру иловаҳои ба моддаи 35 воридгардида, ваколатҳои Шӯрои нозирони хазинаро такмил дода, моддаи нави 401 бошад, ба пурзӯр намудани идоракунии корпоративӣ дар хазина ва ҷорӣ намудани раванди ташкили назорати дохилӣ ва аудити дохилӣ равона шудааст.

Илова бар ин, дар як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид гардидааст, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дорад. Аз ин рӯ, аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, бо эҳтиром хоҳиш дорам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» шурӯъ мекунем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад.

Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 – уми январи соли 2023 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузории мамлакат ба талаботи дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, дар доираи он ба қисми 1 моддаи 35 ва қисми 3 моддаи 50-и қонуни амалкунанда тағйирот ворид гардидааст, ки тибқи он, минбаъд «Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» мувофиқан ба калимаҳои «Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон» иваз шудааст.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ­эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш дорам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад.

Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 – уми январи соли 2023 қабул намудааст.

Мақсад аз қабули қонуни мазкур мутобиқ намудани муқаррароти он ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар буда, тибқи он, дар матни қонуни амалкунанда калимаҳои «Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» мувофиқан ба калимаҳои «Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон» иваз шудаанд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз шумо — муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи масъалаи шонздаҳуми рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» мегузарем. Марҳамат Ҷумъазода Шарифҷон.

Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ­ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 – уми феврали соли 2023 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади мутобиқ гардонидани қонуни амалкунанда ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, бо ҳамин мақсад, ба қисми 6 моддаи 4 банди 28) илова ворид шуда, тибқи он, барои додани нусхаи тасдиқкардашуда (дубликат)-и шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии ташкилоти адвокатӣ 50 фоиз боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии таъсисёбии субъект пешбинӣ карда шудааст, ситонида мешавад.

Тағйиру иловаҳои дар қисми 13 моддаи 4 воридгардида андозаи пардохти боҷи давлатӣ барои анҷом додани амалиёт вобаста ба барасмиятдарории асноди ҳолати шаҳрвандиро муайян менамояд.

Қисми 4 моддаи 5 дар таҳрири нав ифода гардидааст, ки ҳолатҳои озод кардан аз пардохти боҷи давлатиро барои бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ инъикос менамояд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ кунед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи масъалаи нав­батии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

Фарҳод РАҲИМӢ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунэҷодкунӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 — уми феврали соли 2023 қабул намудааст.

Мақсад аз қабул намудани қонуни мазкур пурра ва ҳаматарафа фаро гирифтани масъалаҳои вобаста ба ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ буда, ҳангоми ба қувваи қонунӣ даромадани он қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» ва «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» аз эътибор соқит мешавад.

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, тартиби гардиш ва истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ, инчунин таъсис ва истифодаи имзои электрониро дар раванди ташаккул ва истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ муқаррар менамояд. Он аз 8 боб ва 38 модда иборат буда, боби якум муқаррароти умумиро дар бар мегирад. Боби дуюм ба масъалаҳои мақомоти ваколатдор оид ба назорати давлатӣ дар соҳаи гардиши ҳуҷҷати электронӣ ва дар соҳаи имзои электронӣ, инчунин ваколатҳои онҳо бахшида шудааст.

Боби сеюм «Шартҳои гардиши ҳуҷҷати электронӣ» номгузорӣ шуда, соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, намудҳо ва сохтори ҳуҷҷати электронӣ, нусхаи аслии ҳуҷҷати электронии ҳифзшуда, эътибори ҳуқуқии ҳуҷҷати электронӣ, омода кардан, ба расмият даровардан, нигоҳ доштан ва гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, нигоҳдорӣ ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳои электронӣ, ҳифзи ҳуҷҷатҳои электронӣ, ҳуҷҷатҳои электронии дорои маълумоти паҳншавиашон манъшуда ё маҳдудшуда, фиристодан ва қабули ҳуҷҷати электронӣ ва масъулият барои мазмуни ҳуҷҷати электрониро инъикос менамояд.

Шартҳои истифодаи имзои электронӣ, тарзи истифода ва намудҳои он, шартҳои эътирофи баробарии имзои электронӣ ва имзои дастӣ, шумораи имзоҳои электронии иштирокчиёни низоми иттилоотӣ ва омода кардани имзоҳои электронӣ дар боби чорум муайян шудааст. Боби панҷум имзои электронии ҳифзшуда номгузорӣ шуда, масъалаҳои калидҳои имзои электронии ҳифзшуда ва тарзи омода кардани он, сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда, боздоштан ва бекор кардани амали сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда, уҳдадориҳои дорандаи сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда, муҳлат ва тартиби нигоҳдории сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда дар маркази тасдиқкунанда, санҷиши аслияти имзои электронӣ ва воситаҳои имзои электронии ҳифзшуда ва сертификатсияи онҳоро фаро мегиранд.

Вазъи ҳуқуқии маркази тасдиқкунанда, иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти марказҳои тасдиқкунанда, шартҳои амалигардонии фаъолият аз ҷониби маркази тасдиқкунанда, ҳуқуқ ва вазифаҳои маркази тасдиқкунанда ва қатъ гардидани фаъо­лияти маркази тасдиқкунанда дар боби шашум танзим шудааст. Боби ҳафтум ба масъалаи эътироф намудани сертификати хориҷии калиди имзои электронӣ равона шуда, боби ҳаштум муқаррароти хотимавиро дар бар мегирад.

Қонуни мазкур ба меъёрҳои конс­титутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, бо эҳтиром хоҳиш­ дорам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳали аҳолинишини деҳоти ба номи Ҷомии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ва номгузорӣ намудани он» оғоз мекунем. Сухан ба Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад.

Фарҳод РАҲИМӢ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуми марти соли 2023 «Дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳали аҳолинишини деҳоти ба номи Ҷомии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ва номгузорӣ намудани он» пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Зафаробод дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳали аҳолинишини деҳоти ба номи Ҷомии ноҳияи Зафаробод ва номгузорӣ намудани он ҷонибдорӣ шудааст.

Пешниҳод ба талаботи Конститутсия, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онро эътироф намудааст, мутобиқ мебошад.

Маводи зарурӣ тибқи номгӯи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи ноҳия пешниҳод шудааст.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, бо эҳтиром  хоҳиш мекунем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донис­тани маҳали аҳолинишини деҳоти ба номи Ҷомии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ва номгузорӣ намудани он» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Саидзода М.М.» шурӯъ менамоем.

Сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф дода мешавад.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Саидзода М.М.» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Саидзода М.М.» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қуватзода Т.Д.» оғоз мекунем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қуватзода Т.Д.» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қуватзода Т.Д.» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҷалилзода Х.Р.» шурӯъ мекунем. Сухан оид ба ин масъала ба Ализода Зариф дода мешавад.

Зариф АЛИЗОДА пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҷалилзода Х.Р.» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҷалилзода Х.Р.» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳикматуллозода А.» оғоз менамоем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳикматуллозода А.» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳикматуллозода А.» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022» шурӯъ менамоем. Сухан барои ҳисобот ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф дода мешавад. Марҳамат.

Юсуф РАҲМОН: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Таҳти роҳбарии хирадмандона ва одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат волоияти қонун, фазои ягонаи ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин гардида, некуаҳволии мардум мунтазам беҳтар шуда истодааст.

Прокуратураи генералӣ ҳамчун мақомоти назорати қонунҳо дар асоси Конститутсия, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ фаъолият намуда, дар соли 2022 корҳои муайянеро ба анҷом расонида, аз натиҷаи супоришҳои мақомоти олӣ унвонии Роҳбари давлат 45 ва Маҷлиси миллӣ 14 ахбор манзур гардидааст.

Рафти татбиқи «Барномаи давлатии муқовимат бар зидди ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», ки дар асоси қарори Маҷлиси миллӣ таҳия гардида буд, инчунин «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» таҳти назорати доимӣ қарор дошта, натиҷаи он мавриди баррасии маҷлисҳои ҳайати мушовара ва Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ қарор дода шуда истодааст.

Риоя ва иҷрои қонунгузории мамлакат дар вазорату идораҳо, муассисаю ташкилот ва дигар субъектҳо зиёда аз 6500 маротиба санҷида, ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда тақрибан 100 ҳазор санадҳои эътиноии прокурорӣ бароварда, ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи 183 000 шаҳрванд ҳифз гардид.

Дар рафти санҷишҳои прокурорӣ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ зарари ба давлат ва шаҳрвандон расонидашуда зиёда аз 1,5 млрд. сомонӣ муайян шуда, аз он 995,9 миллион сомонӣ барқарор гардид, ки 392 миллион сомонии он ба буҷети давлат рӯёнида шудааст. Ҳамчунин, 3897 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд, ки аз он 1091 адад оид ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта мебошанд.

Ба 1520 қарорҳои ғайриқонунии раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла оид ба замин 1233 эътироз оварда шуд, ки аз он ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 442 адад, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 424, вилояти Суғд — 409 ва ВМКБ 191 адад рост меояд.

Дар давраи таҳлилӣ 41 500 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба баҳси замин, манзил, норозӣ будан аз рафти тафтишоти пешакӣ, санадҳои судӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардида, дар натиҷа 1420 санадҳои эътиноии прокурорӣ татбиқ, 1100 нафар ба ҷавобгариҳои гуногун кашида шуда, 50 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Вобаста ба қонунвайронкуниҳо дар фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ 2677 санадҳои эътиноии прокурорӣ қабул карда, 9478 нафар ба ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 400 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 2,08 миллион сомонӣ маблағи зарар барқарор карда шудааст.

Дар рафти санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳои зиёди ба муомилот баровардани маводи дорувории пастсифат, муҳлаташон гузашта ва ғайристандартӣ ошкор гардиданд. Чунончи, нисбат ба шаҳрванд Ш.С. Наимов барои дар ду ҳолат 436 маводи дорувории бесифат, қалбакӣ ва ғайристандартиро ба маблағи 21664 сомонӣ ба фурӯш баровардан парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Аз натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ вобаста ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 970 санади эътиноии прокурорӣ бароварда шуда, нисбат ба 1480 нафар ҷавобгариҳои гуногун татбиқ гардид.

Вобаста ба ҳифзи меҳнат 4430 қонунвайронкунӣ ошкор ва шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Дар ин самти назоратӣ ҳуқуқҳои поймолшудаи 98 000 нафар ҳифз гардида, 23 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 207,3 миллион сомонӣ маблағи музди меҳнат барқарор карда шуд.

Дар натиҷаи 152 ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ фавти 68 нафар ва ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштани 90 нафар ба қайд гирифта, нисбат ба гунаҳгорон чораҷӯӣ карда шуд.

Бо натиҷаи санҷиши қонунгузорӣ дар соҳаи барқ 2486 санади эътиноии прокурорӣ бароварда, нисбат ба 3000 нафар ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ, маъмурӣ татбиқ, 70 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва барои рӯёнидани 144 миллион сомонӣ ба судҳо 123 аризаи даъвоӣ пешниҳод шуда, аз он 130 миллион сомонӣ баррасӣ ва қонеъ гардид. Дар умум, 152 миллион сомонӣ зарар ошкор ва барқарор шуд. Дар самти мазкур ҳолатҳои зиёди ҷинояту қонунвайронкуниҳо оид ба сохтакории ҳуҷҷатҳои расмӣ, тасарруфи маблағҳои ҳаққи истифодаи неруи барқ, беасос ва ғайриқонунӣ ба муштариён изофанависии неруи барқи истифоданашуда ва маблағи он муайян гардид.

Сардори шабакаҳои барқи ноҳияи Панҷ М.Ашӯров барои тасарруфи 100 ҳазор сомонӣ маблағи аз муштариён гирифташуда ба ҷавобгарӣ кашида шуд.

Қарзи истифодаи оби полезӣ 11,5 миллион сомонӣ рӯёнида шудааст. Вобаста ба назорати ҳифзи муҳити зист 3700 ҳолати шикори ғайриқонунӣ, буридани дарахтон, ғализ намудани ҳавои атмосферӣ ва дигар қонуншиканиҳо ошкор гардид. Чунончи, бо натиҷаи санҷиши фаъолияти корхонаи муштараки «Зарафшон» 161,4 миллион сомонӣ зарари ба муҳити зист расонидашуда муайян гардида, бо андешидани чораҳои прокурорӣ аллакай 19 миллиону 350 ҳазор сомонии он ба буҷет пардохт карда шуд.

Бинобар таҳти нестшавӣ қарор доштани бабри барфӣ ба Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иловаҳо пешниҳод ва қабул гардида, барои ғайриқонунӣ шикор, нобуд кардан ва ба даст овардани бабри барфӣ ҷавобгарӣ пурзӯр гардид.

Санҷиши вазъи риоя ва иҷрои қонунгузории молия ва буҷети давлатӣ қонуншиканиҳои зиёдро ошкор намуда, дар натиҷа 975 санади эътиноии прокурорӣ қабул гардида, нисбат ба 1300 нафар истеҳсолоти интизомӣ, моддӣ, маъмурӣ татбиқ, 223 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 17 миллион сомонӣ маблағи зарар барқарор карда шуд.

Гарчанде дар самти назорати риояи истифодаи самаранок ва оқилонаи замин корҳои муайян ба сомон расонида шуда истода бошад ҳам, тақсимоти ноодилонаи қитъа­ҳои замин, сохтакории ҳуҷҷатҳо, харидуфурӯш ва худсарона ишғол кардани қитъаҳои замин идома дорад.

Барои чунин кирдорҳо собиқ раиси ноҳияи Шаҳритус Р.Оймаҳмадзода (фурӯши 11 га замин бар ивази 1 млн. сомонӣ), муовини раиси ноҳияи Қубодиён И. Гулҳусейнов (фурӯши 13 га замин бар ивази 54 500 сомонӣ), раиси Ҷамоати деҳоти ноҳияи Варзоб К. Каримов (фурӯши 20,6 га замин бар ивази 600 ҳазор сомонӣ ва 100 000 доллар) ва дигарон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Дар ин самт зиёда аз 6000 қонунвайронкунӣ ошкор гардида, нисбат ба 6550 нафар чораҳои таъсиррасонии прокурорӣ татбиқ, 16032 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолгардида ба ҳолати аввала баргардонида шуда, 16,9 миллион сомонӣ маблағи зарар барқарор гардид. Аз ҷумла, нисбат ба 252 нафар шахсони мансабдор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Зимни бунёди биноҳои баланд­ошёна аз ҷониби ширкатҳои сохтмонӣ поймол намудани ҳуқуқҳои зиёда аз 600 нафар ҳиссагузорон муайян ва 35 миллион сомонӣ зарари ба онҳо расонидашуда барқарор гардид.

Бо мақсади баланд бардоштани масъулияти заминистифодабарандагон ва шахсони мансабдори масъули соҳа дар вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия, ҷамоатҳо, коллективҳои меҳнатӣ ва заминистифодабарандагон 4233 вохӯрию суҳбат доир гардида, тавассути воситаҳои ахбори омма 175 баромад ва мақола ба нашр расонида шуд.

Вобаста ба назорати ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории андоз 4900 қонуншиканӣ ошкор гардида, 3500 нафар ба ҷавобгарӣ кашида, 331 миллион сомонӣ ба буҷети давлат барқарор шуд.

Ҷиҳати бартараф намудани омилҳои иқтисоди ниҳонӣ, дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои соҳибкорон назорат пурзӯр карда шуда, ҳолатҳои пинҳонкунии андоз ба миқдори махсусан калон ошкор гардид. Аз ҷумла, нисбат ба роҳбари ҶДММ «Ҷамил» Л. Киромзода барои пинҳон намудани 1,3 миллион сомонӣ дар эъломияҳои андоз, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. 46 ҳолати ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ бо гирифтани даромад ба миқдори калон ва махсусан калон ошкор ва гунаҳгорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Вобаста ба риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъо­лияти субъектони соҳибкорӣ» 114 ҳолати гузаронидани санҷишҳои ғайриқонунӣ, дахолат ба фаъолияти соҳибкорон, беасос ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан ошкор гардида, ба 41 санади ғайриқонунии мақомоти санҷишӣ эътироз оварда, 54 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 6 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Санҷишҳои прокурорӣ оид ба риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи сармоягузорӣ қонунвайронкуниҳои зиёдро ошкор намуд. Масалан, У.Савуров бо писараш Ш.Савуров ширкатҳои «Таджстрас» ва «Икром»-ро ташкил намуда, бо ширкати японии «Акебоно» шартномаи ҳамкорӣ оид ба таъмини маҳсулот баста, 118 740 евро маблағи ширкати зикршударо тасарруф намудааст. Оид ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, бо фикри айбдорӣ ба суд фиристода шуд.

Дар самти назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук барои содир намудани 2600 қонунвайронкунӣ 4600 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуда, 20,4 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ барқарор гардид.

Прокуророн 503 ҳолати қочоқро ба маблағи 9,1 миллион сомонӣ муайян ва нисбат ба гунаҳгорон чораҷӯӣ намуданд.

Бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди рақобатпазирӣ дар бозорҳои молӣ, пешгирии болоравии сунъии нарх ва риояи нархгузорӣ мунтазам чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Бо ин мақсад гурӯҳҳои корӣ мониторинги бозорҳо ва марказҳои савдоро ба роҳ монда, ҳолатҳои беасос баланд бардоштани нархҳои маҳсулотро ошкор карда, ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ба мақомоти дахлдор 66 пешниҳод, 52 амр ирсол намуда, ба 112 қарори ғайриқонунии шахсони мансабдор эътироз оварда, 121 нафар шахсони масъулро ба ҷавобгарии интизомӣ кашидаанд. Инчунин, нисбат ба 231 шахси гунаҳгор барои вайрон кардани қоидаҳои савдо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва нисбат ба 61 нафар бинобар ба фурӯш баровардани молу маҳсулоти ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Дар фаъолияти баъзе сарҳадбонон ва гумрукчиён ҳолатҳои маб­лағситонӣ дар шуъбаҳои назорати сарҳадӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ характери оммавиро пайдо намуда, ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишвар ва хориҷиён дағалона поймол карда мешавад. Чунончи, назоратчии калон оид ба тафтиши ҳуҷҷатҳои шуъбаи назорати сарҳадии «Душанбе»-и қисми ҳарбии 0121 ҚС КДАМ лейтенанти калон Қ. Наж­мудинов ва нозири дидбонгоҳи назорати гумрукии мусофирони гумруки «Майдони ҳавоӣ»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, лейтенанти Хадамоти гумрук А. Раҳмонзода аз шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Шабир барои бемамониат аз сарҳад гузаштан 400 сомонӣ ва 200 доллари ИМА талаб карда гирифтаанд. Ё ин ки 7 – уми сентябри соли 2022 назоратчии шуъбаи назорати сарҳадии «Душанбе»-и қисми ҳарбии 0121 Қӯшунҳои сарҳадӣ прапоршик З. Мирзоев аз шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ барои аз хати сарҳади давлатӣ гузашта, ба Федератсияи Россия рафтан, 500 сомонӣ талаб карда гирифтааст. Нисбат ба номбурдагон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва пас аз тафтиш ба суд ирсол карда шудааст.

Дар маҷмӯъ, оид ба ин ҳолатҳо 14 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, ки 13 адади он коррупсионӣ мебошад.

Аз натиҷаи санҷиши вазъи назорати риоя ва иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон 5316 чораҳои таъсиррасонии прокурорӣ татбиқ, 612 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 44,8 миллион сомонӣ зарар барқарор гардид.

Барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 4000 нафар ба ҷавобгариҳои гуногун кашида, нисбат ба 180 нафар барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии асосӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

124 ҳолати ба таълимоти ғайриқонунии динӣ ҷалб намудани ноболиғон муайян шуд, ки ба вилояти Хатлон 73 адад, вилояти Суғд 25 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 21 адад рост меояд.

Аз ҷониби ноболиғон ва бо иштироки онҳо дар ин давра 660 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба соли 2021- ум 55 адад ё 7,6 дарсад камтар мебошад.

Барои саркашӣ намудан аз хизмати ҳарбӣ 108 даъватшаванда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Дар ин давра 22481 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2021- ум 1637 ҷиноят кам буда, кушодашавии он 76,7 фоизро ташкил медиҳад.

Содиршавии ҷиноятҳои одамкушӣ ва суиқасд ба он 25 адад, савдои одамон — 13, бо истифода аз силоҳ -115, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ — 19, фирор — 22 ва қочоқи маводи нашъаовар 25 адад зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Прокуророн 8140 ё 36,2 фоизи ҷиноятҳоро ошкор ва ба қайд гузошта, 1123 ҷинояти аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз қайд пинҳоннамударо ошкор карданд.

Ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба он коҳиш ёфта, 487 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2021 – ум 82 адад ё 16,8 дарсад камтар мебошад. Барои ба худкушӣ расонидан 48 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ дар натиҷаи 1096 садамаи нақлиётӣ 416 нафар фавтида, 1200 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Бо сабаби сабук будани ҷазои ҷиноятӣ, нисбат ба шахсони гунаҳгор ҷазо танҳо дар колонияи ислоҳии низоми сукунат таъин карда мешавад. Аз ин рӯ, ҷиҳати пурзӯр намудани ҷазо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардид.

Бо 23 000 парвандаи ҷиноятӣ назорати прокурорӣ таъмин шуда, 6119 дастури хаттӣ дода, дар асоси пешниҳодҳои прокуророн 735 муфаттиш ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуд.

Мақомоти тафтиш ва таҳқиқи ҷумҳурӣ дар умум 10 800 парвандаҳои ҷиноятиро ба суд ирсол намуд, ки нисбат ба соли 2021 – ум 173 адад зиёд мебошад.

Бо сабаби нопурра будани тафтишот 31 парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби прокуророн ва 19 парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби судҳо ба тафтишоти иловагӣ баргардонида шуд.

Муфаттишони прокуратура парвандаҳои ҷиноятии бисёрлаҳза, мураккаб ва бо ҷабрдидагони зиёдро тафтиш намуда, 4250 парвандаи ҷиноятиро ба суд фиристонида, 150 миллион сомонӣ зарарро барқарор намудаанд. Чунончи, тафтиши парвандаи ҷиноятӣ оид ба ташкили пирамидаи молиявӣ аз тарафи Г.М. Каладоров ва дигарон, ҷамъ 20 нафар, зарар 2,7 миллион сомонӣ ба 350 ҷабрдида, Ҷ.Н. Раҳматуллоев ва дигарон, зарар 7 миллион сомонӣ ба 104 ҷабрдида, роҳбарияти ширкати сохтмонии «Муҳаммад-2009», зарар 35 миллион сомонӣ ба 405 нафар ҳиссагузор ва ғайра бо фикри айбдорӣ ба суд ирсол шудаанд.

Бо ҳукми суд 11 нафар ба ҷазои якумра ва дигарон ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум гардида, молу мулки онҳо пурра ба манфиати давлат мусодира шуд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар соли 2022 аз муомилоти ғайриқонунӣ 4 тоннаву 170 кг маводи нашъадор, аз ҷумла 139 кг героин мусодира намудааст.

Ба ҳолати якуми январи соли 2023 дар ҷумҳурӣ 8631 ҷинояткор дар ҷустуҷӯ қарор дошта, аз ин 2483 нафар дастгир шудааст.

1197 ҷиноятҳои хусусияти террористӣ — экстремистидошта ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2021 — ум 222 адад ё 18,5 фоиз зиёд мебошад. Аз он ба ҷиноятҳои террористӣ 37 адад, хусусияти террористӣ — 308, экстремистӣ — 790, хусусияти экстремистӣ 62 адад рост меояд.

Омори ин ҷиноятҳо асосан аз ҳисоби ҷиноятҳои дар солҳои пеш содирнамудаи роҳбарон ва аъзои гурӯҳи муташаккили Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дар соли 2022 ҷиноятҳои содиркардаи Х. Холбашов, Т. Аёмбеков, М. Шанбиев, У. Мамашоева ва дигарон таҳти роҳбарии ташкилоти террористии «Ҳизби наҳзати исломӣ» зиёд шудааст.

Дар соли 2022 дар заминаи ҳамкориҳои байналмилалӣ 97 нафар, аз ҷумла 18 ҷинояткори дар кофтукови байналмилалӣ бо ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ қарордошта ба Тоҷикистон истирдод шудаанд.

398 парвандаҳои ҷиноятии характери экстремистӣ-террористдош­та нисбат ба 614 нафар ба суд ирсол шуда, гунаҳгорон ба ҷазоҳои гуногун маҳкум гардидаанд.

Дар соли 2022 таълимоти динии пинҳонии кӯдакон дар шаҳрҳои Истаравшан, Исфара, Ваҳдат, ноҳияҳои Ёвон, Кӯшониён, Вахш, Нуробод, Рашт, Файзобод, Тоҷикобод, Роштқалъа ва Шуғнон зиёдтар ошкор шудааст.

Прокурорҳо дар ин самт 1133 санади эътиноӣ бароварда, нисбат ба 110 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Дар соли 2022 – юм 1091 ҷинояти характери коррупсионидошта ошкор ва парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудааст. Маблағи зарари ошкоршуда бо ин ҷиноятҳо 92,4 миллион сомонӣ муайян ва аз ин 46,9 миллион сомонӣ дар рафти тафтиши пешакӣ барқарор гардидааст.

Прокуророн дар судҳо бо 8850 парвандаи ҷиноятӣ айбдоркунии давлатиро дастгирӣ намуда, ба санадҳои судӣ 470 эътироз овардаанд. Бо эътирозҳои прокуророн 362 санадҳои судӣ бекор ва тағйир дода шуданд.

Дар баррасии 3840 парвандаҳои гражданию оилавӣ ва маъмурӣ иштироки прокуророн таъмин карда шуд. Бо баррасии 1470 аризаи даъвоии прокуророн дар судҳо 180 миллион сомонӣ ба манфиати давлат рӯёнида шудааст.

Дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ зиёда аз 1000 (898) қонунвайронкунӣ ошкор гардида, шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Дар cамти таъмини амнияти иттилоотии кишвар бо санҷишҳои гузаронида 188 амр ва 46 пешниҳод ирсол намуда, ба санадҳои ғайриқонунӣ 14 эътироз оварда, 185 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Чунончи, бо баррасии маводи интернетӣ ҳолатҳои ҳамкории собиқ мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ М. Боймуродзода, хабарнигори телевизиони «Ҷаҳоннамо» А. Иззатмандов ва дигарон бо сомонаи «Ислоҳ.нет» ошкор ва парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол гардид. Гунаҳгорон бо ҷазоҳои сазовор маҳкум гардиданд. Муайян карда шуд, ки шаҳрванд Солиҳов, сокини ноҳияи Сангвор, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор дорад, ба ТЭТ «Ҳизби наҳзати исломӣ» шомил шуда, бо барандаи барномаи «Ислоҳ.нет» Муҳаммадиқболи С. муносибат пайдо карда, ба ӯ расмҳои роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Сангвор, раиси Ҷамоати деҳоти Вахёи ноҳия ва дигар маълумотро аз тариқи шабакаҳои интернетӣ дастрас намуда, мусоидат кардааст, ки охирин дар барномаи «Ислоҳ.нет» барномаҳои иғвоангезро таҳти номгӯи «Тавилдара ё Сангвор дар қабзаи ғоратгарон» ва «Наҳанги Сангвор кист?» намоиш диҳад.

16-уми феврали соли 2023 нисбат ба И.Д. Солиҳов парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, кофтукови ӯ эълон гардид. Ҳамзамон, ҷиҳати бастани 17 сомонаи экстремистии «Ислоҳ.нет», «Паём.нет», пешгирии пахши онлайнии барномаи иғвоангези онҳо ва бастани 172 сомонаи хусусияти шаҳвонидошта амрҳои прокурорӣ ирсол намуда, сомонаҳои мазкур пурра қатъ ва пахши барномаҳои иғвоангез маҳдуд карда шуданд. Ба иттилооти иғвоангези интернетӣ 8694 вокуниш нишон дода шудааст.

Дар самти ҳамкории байналмилалӣ бо прокуратураҳои кишварҳои хориҷӣ 6 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Бюрои Федералии тафтишоти ШМА, прокуратураҳои генералии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба имзо расиданд.

Соли гузашта прокуророни генералии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Ӯзбекис­тон, Озарбойҷон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон сафари корӣ доир намуданд, ки ин ба ҳамкориҳои дуҷонибаи прокуратураҳо такони ҷиддӣ бахшид.

Дар заминаи мулоқот бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Исломии Эрон ду корманди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мадрасаҳои динии Эрон ба таҳсили ғайриқонунии динӣ машғуланд, ба ин кишвар сафар намуда, 58 нафар чунин толибилмонро муайян намуданд. 7 нафари онҳо ба Ватан баргардонида шуда, ҷиҳати бозпас гардонидани боқимонда корҳо идома дорад.

Бо натиҷаи санҷишҳои прокуророни ҳарбӣ 2530 санадҳои эътиноии прокурорӣ бароварда шуда, 1593 нафар ба ҷавобгариҳои гуногун кашида шуда, 201 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 12,5 миллион сомонӣ зарари расонидашуда барқарор гардид.

Прокуророн ҷиҳати ташвиқу тарғиби қонунҳо, пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар масъалаҳо дар байни коллективҳои меҳнатӣ ва маҳали зисти аҳолӣ 42 000 вохӯрию суҳбат гузарониданд. Бо мақсади мукаммалгардонии қонунгузорӣ 14 лоиҳаи қонун таҳия ва пешниҳод гардид.

Прокуратураи генералӣ минбаъд низ баҳри таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар мамлакат тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, шумо, муҳтарам Раис ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фарорасии Наврӯзи аҷам табрик менамоям.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар соли 2022» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи масъалаи нав­батии рӯзномаи иҷлосия – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қ.» шурӯъ менамоем.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қ.» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­ли­­си Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология бозхонд намудани Ҳакимзода Қ.» шурӯъ менамоем.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­ли­­си Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология бозхонд намудани Ҳакимзода Қ.» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи талаботи банди 103 Дас­тури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи иҷлосия оид ба рафти кори иҷлосия, муроҷиат ва ҳуҷҷатҳои ба унвони иҷлосияи Маҷлиси миллӣ воридшуда маълумот манзур менамояд. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Котибот Абдураҳмонзода Саидбурҳон дода мешавад. Марҳамат.

Саидбурҳон АБДУРАҲМОНЗОДА: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Унвонии Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муроҷиат, ариза, дархост ворид нашудааст.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум баррасӣ шуданд ва нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Доир ба рафти иҷлосия таклифу пешниҳодҳо бошанд, марҳамат иброз намоед. Нест.

(Пас аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳозиринро ба ифтихори фарорасии Наврӯзи фархундапай самимона табрик гуфта, дар назди аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъати корҳои ободонӣ, тозаву озода намудани манзили зист, гулпӯш кардани кӯчаю хиёбонҳо ва амалисозии ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам зебову пешрафта гардонидани кишвари азизамон вазифагузорӣ намуданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ ҳамчунин аз баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар рӯзҳои бошукӯҳи наврӯзӣ, аз 22 то 24 – уми марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки  боиси ифтихору сарфарозии мардуми тоҷик аст, ки ин конфронси сатҳи баланд чорабинии муҳими Созмони Милали Муттаҳид буда, онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва Подшоҳи Нидерландия аъло­ҳазрат Виллем-Александр раисӣ хоҳанд кард).

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Бо ҳамин Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Хӯҷаназари АМИНИЁН,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ