Дар Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллӣ 32 масъала баррасӣ шуд
Сеюми ноябри соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Барои бақайдгирӣ тариқи системаи овоздиҳии электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.
Дар иҷлосия 29 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ иштирок доранд. Инчунин, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар толор ҳозир мебошанд.
Оид ба оғози кори иҷлосия чӣ гуна таклиф ҳаст?
Таклиф шуд, ки иҷлосия корашро оғоз намояд.
Таклифро ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро тариқи овоздиҳии электронӣ муайян созед. Марҳамат.
Ташаккур, таклиф қабул шуд.
Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Барои ташкили ҷараёни кори иҷлосия лозим аст, ки мутобиқи банди 102-юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби кори Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро муайян ва тасдиқ намоем.
Бо назардошти масъалаҳои дар рӯзнома пешбинишуда пешниҳод менамоям, ки барои маърӯзачиён то 5 дақиқа, барои музокираҳо то 3 дақиқа ва барои дархосту таклифҳо то 2 дақиқа вақт муайян карда шавад.
Пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.
Пешниҳодро ба овоз мемонам. Марҳамат.
Ташаккур, пешниҳод қабул гардид.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мутобиқи банди 102-юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки Котиботи иҷлосияро интихоб намоем. Оид ба ин масъала сухан ба узви Маҷлиси миллӣ Амонзода Илҳом дода мешавад. Марҳамат.
(Амонзода Илҳом пешниҳод менамояд, ки ҳайати Котибот иборат аз се нафар интихоб карда шавад).
РАИС: Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Таклиф шуд, ки Котиботи Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум иборат аз се нафар интихоб карда шавад.
Таклифҳои дигар ҳаст? Нест.
Шумораи ҳайати Котиботро ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян созед. Марҳамат.
Ташаккур, таклиф қабул гардид.
Марҳамат, Амонзода Илҳом ҳайати Котиботро пешниҳод намоед.
Илҳом АМОНЗОДА: - Ба ҳайати Котиботи Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аъзои зерини Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуданд:
Шоҳиён Зарифхӯҷа – раиси Котибот
Одилбекова Лола ва Дӯстзода Ҳасан — аъзои Котибот.
РАИС: - Оид ба ҳайати Котибот таклифҳои дигар ҳаст? Нест.
Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян намоед. Марҳамат.
Ташаккур, қарор қабул гардид.
Аз ҳайати Котибот хоҳиш карда мешавад, ки ба ҷойҳои худ гузашта, ба кор шурӯъ намоянд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро тасдиқ намоем.
Лоиҳаи рӯзномаи Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум бо Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва барои баррасӣ ба шумо пешниҳод шудааст.
Оид ба масъалаҳои он таклифҳои дигар ҳаст? Нест.
Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян намоед.
Қарор дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум қабул гардида, ба он масъалаҳои зерин ворид гардиданд:
1. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология интихоб намудани Саид Давлаталӣ»
2. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ»
9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»
10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»
11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор»
12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ»
13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»
16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ»
17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ»
18. Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
20. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
21. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
22. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»
23. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»
24. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»
25. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»
26. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ»
27. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он»
28. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
29. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ»
30. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»
31. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ ва иваз намудани номи он ба Заҳматобод, инчунин иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Восеъ»
32. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Аҳмадзода Ҷ. А.».
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия шурӯъ менамоем.
Тавре иттилоъ доред, 21 — уми июни соли 2023 интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон №3 доир гардид.
Бо Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21- уми июни соли 2023 номзад Саид Давлаталӣ, раиси вилояти Хатлон, бо гирифтани 99,8 фоизи овози вакилони интихобкунанда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон №3 ба қайд гирифта, ваколатҳояш тасдиқ карда шуданд.
Саид Давлаталиро ба муносибати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон самимона табрик гуфта, ба ӯ дар пешбурди фаъолияти намояндагӣ ва қонунгузорӣ бурдбориҳо таманно менамоям.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мутобиқи қисми ҳафтуми моддаи 49 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 3 ишораи 1-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин банди 10 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллӣ баъди интихоб ё таъин шудан дар Иҷлосияи Маҷлиси миллӣ дар вазъияти ботантана, ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунад.
Сухан барои ба халқи Тоҷикистон савганд ёд кардан ба узви тозаинтихоби Маҷлиси миллӣ Саид Давлаталӣ дода мешавад. Марҳамат.
(Саид Давлаталӣ аз минбар ба халқи Тоҷикистон савганд ёд карда, пас аз он ба зери матни савганд имзо гузошта, онро ба Раисикунандаи иҷлосия месупорад).
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Бо назардошти тағйироти мазкур дар ҳайати Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаи 53 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», тибқи масъалаи якуми рӯзнома лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология интихоб намудани Саид Давлаталӣ»-ро пешниҳод менамоям.
Нисбат ба масъалаи мазкур савол доред? Нест.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология интихоб намудани Саид Давлаталӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Саид Давлаталиро ба муносибати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология интихоб гардиданашон самимона муборакбод намуда, дар ҷодаи нави пурмасъулият ба ӯ комёбиҳо хоҳонам.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ — Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.
Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Дилшод:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумита Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 – юми декабри соли 2022 пешниҳод гардида, онро 2 – юми октябри соли 2023 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, баррасӣ намуд.
Мақсади қонун аз такмили моддаи 53 қонуни конститутсионии амалкунанда, ки талабот нисбат ба шахсони ба мақомоти прокуратура ба кор қабулшавандаро муқаррар намудааст, иборат буда, он аз таъсис ёфтани «Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо» дар сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад.
Бо илова намудани қисми дуюм ба моддаи 53 мазмунан пешбинӣ гардидааст, ки барои иҷрои уҳдадориҳои алоҳидаи мансабӣ, ки ихтисоси муайянро талаб мекунанд, мутахассисони соҳаҳои дигар низ, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ, ки дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ намебошанд, ба кор қабул карда мешаванд.
Иловаи мазкур имкон медиҳад, ки прокурорҳо, муфаттишон ва дигар кормандони мақомот, ки рутбаҳои дараҷавӣ (рутбаҳои ҳарбӣ) доранд, бо ҷалби мутахассисони маркази мазкур ва тавассути донишкадаи марбутаи такмили ихтисоси мақомот маҳорати касбии худро сайқал диҳанд.
Қонуни конститутсионии мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои такмили фаъолияти мақомоти прокуратура дар самти пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ содир мешаванд, мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем.
Сухан аз рӯи ин масъала ба Раҳмон Дилшод дода мешавад.
РАҲМОН Дилшод:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар заминаи супориши Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи тақвият додани ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии хурдсолу ноболиғон аз 11 — уми сентябри соли 2020, Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022» таҳти №380 аз 15 – уми марти соли 2023 аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ А. Мирзонабот, Д. Раҳмон, М. Набизода, инчунин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 4 — уми октябри соли 2023 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, баррасӣ намуд.
Мақсади қонун такмили меъёрҳои алоҳидаи кодекс ва пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои алоҳида ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии хурдсолу ноболиғон, бехатарии ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт буда, бо ин васила дар маҷмӯъ ба қисми махсуси кодекс зиёда аз даҳ тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Тибқи тағйиру иловаҳо, қисми 4) моддаи 139 (Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) кодекс ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ карда шуда, қисми 2) моддаи 141 (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст) бо иловаи банди в), ки ҷинояти такроран содиршударо дар назар дорад, такмил дода шудаанд.
Бо илова намудани қисми 3) ба моддаи 142 нишонаҳои ё худ аломатҳои бандубасткунандаи таснифотшавандаи ҷиноят, яъне ҳаракати бадахлоқона нисбат ба ду ё зиёда шахсони баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасидаро пешбинӣ кардааст, ки содир кардани он боиси маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян мегардад.
Дар моддаи 241 кодекс, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои ғайриқонунӣ тайёр кардан ва муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ, аз ҷумла паҳн намудан, намоиши оммавӣ ё рекламаи онҳо дар байни ноболиғон ва ё ҷалб намудани ноболиғ ба муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ муқаррар шудааст, санксияи қисмҳои 1), 2) ва 3) ҷазоро тавассути иваз намудани калимаҳои «дусад то сесаду шасту панҷ», «то ду», «ду то панҷ» ва «панҷ то ҳашт» мувофиқан ба калимаҳои «чорсад то шашсад», «то чор», «чор то шаш» ва «шаш то даҳ» пурзӯр кардааст, ки дар ҳолати аввал ҷарима ва дар ҳолати боқимонда солро дар назар дорад.
Инчунин, банди 2) эзоҳи моддаи 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) дар таҳрири нав ифода ёфта, тибқи он мафҳумҳои миқдори кам, начандон калон, калон ва махсусан калон, ки дар ҳамин модда ва моддаҳои дахлдори дигари кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, мутобиқи номгӯй ва миқдори воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, инчунин растаниҳои дорои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ва ё қисмҳои онҳо, ки дорои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ мебошанд ва дар замимаи 1 ба кодекси мазкур нишон дода шудаанд, муайян карда мешаванд.
Ҳамзамон, вобаста ба моддаи 2121 (Идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона, рақами қалбакӣ ва ё тайёр кардани рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт), дар номи модда калимаҳои «рақами қалбакӣ ва ё тайёр кардани рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт» ба калимаҳои «муомилоти ғайриқонунии рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт» иваз ва аз диспозитсияи қисми 1 калимаҳои «ё рақами қалбакӣ» хориҷ карда шуда, қисми 2 дар таҳрири нав ифода ёфтааст, ки мазмунан минбаъд барои тайёр кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол додан, истифода бурдан ё ба соҳибияти каси дигар додани рақами қалбакии қайди воситаи нақлиёт ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол пешбинӣ гардидаанд. Инчунин, бо иловаи қисми 3 ба моддаи мазкур, кирдорҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда, агар бо мақсади содир ё рӯйпӯш намудани ҷиноят содир шуда бошанд, боиси маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол мегардад.
Ба диспозитсияи қисми 2 моддаи 3411 пас аз калимаи «экстремистидошта» калимаҳои «, инчунин дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин» илова гардида, мазмунан минбаъд истифодаи симкорт ҳангоми содир кардани чунин ҷиноятҳо боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои такмили мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла пешгирии ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии хурдсолу ноболиғон ва дигар ҷиноятҳои вазнину махсусан вазнин мусоидат менамояд. Кумита нисбат ба қонун эрод надорад, аз ин рӯ бо эҳтиром хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ.
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Дилшод:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 11 – уми октябри соли 2023 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, баррасӣ намуд.
Мақсади қонун бинобар низоми пардохти ғайринақдӣ аз такмили татбиқи ҷазои ҷиноятӣ иборат буда, бо ин васила ба қисми 1) моддаи 49 (Ҷарима) кодекс ҷумлаи дуюм илова гардидааст.
Тибқи иловаи мазкур, маблағи ҷарима ба буҷети ҷумҳуриявӣ тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои иҷрои саривақтии ҷазои зикршуда, мусоидат менамояд. Бинобар ин, хоҳишмандам, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Дилшод:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 4 – уми октябри соли 2023 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, баррасӣ намуд.
Мақсади қонун пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ дар робита ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт ба миён меоянд, буда, бо ин васила моддаи 313 кодекс, ки ҷавобгариро барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бе рақами қайди давлатӣ, бо рақами ноаён ё рақаме, ки бо тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта нашудааст, муқаррар намудааст, дар таҳрири нав ифода гардидааст.
Мутобиқи он идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ва ё барои идора ба шахси дигар додани чунин воситаи нақлиёт, инчунин ба шахси дигар додани рақами қайди давлатӣ, боиси таъини ҷарима ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёт ба муҳлати як сол мегардад.
Ғайр аз ин, ба диспозитсия қисми 1 моддаи 330 (Идора намудани воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлуӣ ва яклухти ақиб, шишаҳои оинагӣ, шишаҳои сиёҳу хира ё маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост) пас аз калимаи «ойинагӣ» калимаҳои «ва ё бо шишаи сиёҳу хираи пешорӯй» илова гардида, минбаъд идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаи сиёҳу хираи пешорӯй боиси ҷавобгарии маъмурӣ маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, дар санксияи қисми мазкури ҳамин модда калимаҳои «яксаду бисту панҷ» ба калимаҳои «яксаду панҷоҳ», ки ба нишондиҳанда барои ҳисобҳо рабт дорад, иваз карда шудаанд.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои таъмини бехатарӣ ҳаракат дар роҳ ва баланд бардоштани масъулияту интизом дар ин самт мусоидат менамояд. Кумита нисбат ба қонун эрод надорад, хоҳишмандем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Дилшод:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз тарафи гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 — юми декабри соли 2022 пешниҳод гардида, онро 4 — уми октябри соли 2023 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, баррасӣ намуд.
Мақсади қонун аз мутобиқ намудани меъёрҳои алоҳидаи кодекси амалкунанда ба дигар санадҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, бо ин васила дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 64, ки асосҳои озод кардан аз исботро муқаррар намудааст, калимаҳои «парвандаи граждании», «парвандаи гражданӣ», «Ҳукми» ва «ҳукми» мувофиқан ба калимаҳои «парвандаҳои маданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии», «парвандаҳои маданӣ ва оилавӣ», «Санади» ва «санади» иваз карда шудаанд.
Инчунин, ба моддаи мазкур қисми 3 илова гардида, тибқи мазмуни он санади эътибори қонунӣ пайдокардаи судӣ оид ба парвандаи иқтисодии қаблан баррасигардида барои суди юрисдиксияи умумӣ, ки парвандаҳои маданӣ ва оилавиро баррасӣ мекунад, ҳатмӣ буда, ҳангоми баррасии парвандаи дигар бо иштироки ҳамин шахсон, ҳолатҳои бо санади судии суди иқтисодӣ муқарраршуда, аз нав исбот карда намешавад ё мавриди баҳс қарор намегирад.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои такмили фаъолияти мақомоти судӣ ва баррасии саривақтии судии парвандаҳои маданӣ ва оилавӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Дилшод:
- Муҳтарам Раис, Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 2-юми октябри соли 2023 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, баррасӣ намуд.
Мақсади асосии қонун аз мутобиқгардонии меъёрҳои алоҳидаи қонуни амалкунанда ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, алалхусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» иборат буда, бо ин васила дар сархати нуҳуми моддаи 3 (Вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ), ном ва матни моддаи 8 (Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия) калимаҳои «мақомоти мубориза бар зидди коррупсия» ва «мақомоти мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд» ба калимаҳои «субъектҳои муқовимат ба коррупсия» иваз карда шуданд.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои такмили фаъолияти агентии мазкур ва дигар субъектони муқовимат ба коррупсия мусоидат менамояд. Кумита нисбат ба қонун эрод надорад ва хоҳишмандам, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» оғоз менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Дилшод:
- Муҳтарам Раис, Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ»-ро, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 11 – уми октябри соли 2023 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, баррасӣ намуд.
Мақсади қонун аз мусоидат барои таъмини низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҷумҳурӣ иборат буда, бо ин васила ба қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 22 қонуни амалкунанда, ки муносибатҳои ба ситонидани боҷи давлатӣ ва хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ алоқамандро танзим менамояд, пас аз калимаҳои «ҳуқуқӣ» ва «маблағ» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шудаанд, ки мазмунан минбаъд аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани боҷи давлатӣ ва хизматрасонии иловагии ҳуқуқии муздноки нотариусони давлатӣ барои ба ҷо овардани амалиёти нотариалиро ифода менамояд.
Дар баробари ин, аз қисми 5 моддаи 50, яъне тасдиқ намудани аҳдҳо дар бораи бегонакунии молу мулк, калимаҳои «ба нотариуси давлатӣ пешниҳод кардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи» хориҷ карда шудааст.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва сари вақт анҷом додани амалиёти нотариалӣ, мусоидат менамояд. Бинобар ин, хоҳиш менамоям, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро, шурӯъ мекунем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Дилшод:
- Муҳтарам Раис, Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро, ки аз тарафи гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро 4 – уми октябри соли 2023 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, баррасӣ намуд.
Мақсади қонун, ки дар заминаи уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон манзур гардидааст, дастгирии ҳуқуқии фаъолияти контингентҳои ҳарбии миллӣ дар ҳайати неруҳои дастаҷамъии сулҳоваронаи берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ истифодашаванда буда, бо ин васила ба қисми 4 моддаи 41 (Намуд ва хусусиятҳои адои хизмати ҳарбӣ), банди 1) қисми 1 моддаи 42 (Иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ) ва қисми 6 моддаи 43 (Муҳлати хизмати ҳарбӣ) қонуни амалкунанда пас аз калимаҳои «низоъҳои мусаллаҳона» мувофиқан калимаҳои «, баамалбарории фаъолияти сулҳоварона берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ» ва «, инчунин баамалбарории фаъолияти сулҳоварона берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ» илова карда шуданд.
Ҳамин тариқ, тибқи иловаҳои воридшуда, мазмунан минбаъд иштирок намудани хизматчиёни ҳарбии мамлакат дар баамалбарории фаъолияти сулҳоварона берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ҳамчун иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ ба шумор рафта, хусусиятҳои адои он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Зимнан, вақти дар онҳо иштирок кардани хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро адо мекунанд, аз ҳисоби 1 рӯзи он баробар ба 2 рӯзи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ба ҳисоб гирифта мешавад.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои боз ҳам баланд бардоштани мавқеъ ва нуфузи Тоҷикистон барои таъмини сулҳу субот ва амният дар кишвари мушаххас ё минтақаи муайян, мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» оғоз менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Дилшод:
- Муҳтарам Раис, Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»- ро, ки аз тарафи гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон якҷо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» пешниҳод гардида, онро 4 – уми октябри соли 2023 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, баррасӣ намуд.
Мақсади қонун, ки дар заминаи уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон манзур гардидааст, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои хизматчиёни ҳарбии дар ҳайати неруҳои дастаҷамъии сулҳоваронаи берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ истифодашаванда буда, бо ин васила ҷумлаи чоруми қисми 2 моддаи 1 қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода ёфта, дар моддаҳои 2, 5, 10, 15, 16, 21 ва 25 баъзе калимаву ибораҳо иваз ё илова гардидаанд, ки бештар хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда, таҳрирӣ ва имлоиро доранд.
Ҳамзамон, бо тағйир ба қисми 8 моддаи 2 мазмунан нисбат ба собиқадороне, ки уҳдадории хизмати ҳарбиро ҳангоми баамалбарории фаъолияти сулҳоварона берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ иҷро намудаанд, тибқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст имтиёзу кафолат ва ҷубронпулиҳои иловагӣ муқаррар карда шаванд.
Тибқи иловаи қисми 4 ба моддаи 5, ки меъёрро доир ба ҳифзи озодӣ, шараф ва эътибори хизматчиёни ҳарбӣ муқаррар намудааст, бо мақсади таҳкими интизоми ҳарбӣ, тартибот ва қонуният дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ, инчунин барои пешгирии муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар қисмҳои ҳарбӣ насби камераҳои назоратии видеоӣ пешбинӣ карда шудаанд.
Дар робита ба ин, бояд зикр кард, ки ба моддаи 24 (Ӯҳдадории умумӣ) қисми 2 илова гардида, хизматчиёни ҳарбӣ уҳдадор карда шудаанд, ки талаботи бехатарии хизмати ҳарбиро донанд ва риоя кунанд, саломатии худро нигоҳ доранд.
Тавассути иваз ё илова гардидани баъзе калимаю ибораҳо дар қисми 8 моддаи 10 (Вақти хизматӣ ва ҳуқуқ барои истироҳат), қисми 4 моддаи 21 (Рухсатшавии шаҳрвандон аз хизмати ҳарбӣ ва ҳуқуқи таъминшавӣ бо кор) ва бо дар таҳрири нав ифода ёфтани моддаи 23 меъёрҳо роҷеъ ба имтиёзҳо, кафолатҳо ва ҷубронҳои иловагӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар давраи сафарбарӣ, ҳолатҳои фавқулода ё ҷангӣ, инчунин дар шароити низоъҳои мусаллаҳона ё ҳангоми баамалбарории фаъолияти сулҳоварона берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ уҳдадориҳои хизмати ҳарбиро иҷро менамоянд ва аъзои оилаи онҳо, тасҳеҳ гардидаанд. Зимнан, ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо менамоянд ва аз ҷумлаи кӯдакони ятиммонда ё кӯдакони бепарастормонда мебошанд, минбаъд кумакпулии яквақта, ба андозаи на панҷ, балки даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохта мешавад.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои боз ҳам баланд бардоштани мавқеъ ва нуфузи Тоҷикистон барои таъмини сулҳу субот ва амният, инчунин ҳифзи ҳаёту саломатии хизматчиёни ҳарбӣ, иҷрои хизмати ҳарбӣ ва масъулияти онҳо, мусоидат менамояд. Хоҳишмандам, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор» оғоз менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Дилшод:
- Муҳтарам Раис, Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор»- ро, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 4-уми октябри соли 2023 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, баррасӣ намуд.
Мақсади қонун мукаммал ва мутобиқ намудани меъёрҳои алоҳидаи қонуни амалкунанда ба дигар санадҳои қонунгузорӣ ва аз байн бурдани баъзе нуқсонҳои ҷойдошта буда, бо ин васила дар моддаҳои 1- 4, 10, 12, 13, 15 ва 21 калимаю ибораҳои алоҳида иваз, илова ё хориҷ карда шудаанд, ки бештар хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда, таҳрирӣ ва имлоиро доранд.
Ҳамзамон, ба моддаи 1 (Мафҳумҳои асосӣ) сархатҳои шонздаҳум ва ҳабдаҳум, ки мувофиқан мафҳумҳои объектҳои ҷойгиршавии оммавии одамон ва ташкили хомӯш намудани сӯхторро пешбинӣ намудаанд, илова гардида, ҳамзамон, бо иловаи сархати сеюм ба моддаи 8, сархатҳои сенздаҳум ва чордаҳум ба моддаи 9 мувофиқан наҷот додани одамон ва молу мулки онҳо ҳангоми сар задани сӯхтор яке аз вазифаҳои асосии хадамоти оташнишонӣ дониста шуда, ҳамзамон ваколатҳои Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус дар самти амалӣ намудани чорабиниҳои таълимию маърифатӣ оид ба бехатарӣ аз сӯхтор, мавриди такмил қарор дода шудаанд.
Мутобиқи иловаи қисми нуҳум ба моддаи 10 (Назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор) ва ҷумлаи дуюм ба қисми панҷуми моддаи 13 (Хомӯш намудани сӯхтор) мувофиқан пешбинӣ шудааст, ки санҷишҳо дар самти бехатарӣ аз сӯхтор дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, минбаъд кормандони Хадамоти оташнишонӣ ҳуқуқ доранд, ба ҷойи ҳодисаи сӯхтор даромадани одамон ва ҳаракати нақлиётро маҳдуд ё манъ намоянд.
Тавассути иловаи қисми сеюм ба моддаи 14 (Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии Хадамоти давлатии оташнишонӣ) ба кормандоне, ки дар шароити хатарнок ҳангоми хомӯш намудани сӯхтори маводу маҳсулоти аз худ газҳои заҳрноки барои саломатӣ хатарнок ихроҷкунанда, бахусус хлор, аммиак ва масолеҳи сохтмонии намуди пластика, иштирок менамоянд, ба маоши вазифавӣ иловапулӣ ба андозаи 20 дарсад дода мешавад.
Бо иловаи сархати даҳум ба қисми дуюми моддаи 15 (Иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор) додани хулоса оид ба вазъи бехатарӣ аз сӯхтор ба шумули кор ва хизматрасонии соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор мансуб дониста шуда, иловаи сархати панҷум ба қисми дуюм моддаи 21 шаҳрвандонро уҳдадор намудааст, ки барои ҳар чӣ зудтар ба ҷойи ҳодисаи сӯхтор расонидани воҳидҳои хадамоти давлатии оташнишонӣ мусоидат намоянд.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои таъмини назорати бехатарӣ аз сӯхтор дар биною иншоот, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо, молу мулк ва амнияти шахсони воқеву ҳуқуқӣ дар ин самт, мусоидат менамояд. Хоҳишмандам, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» шурӯъ менамоем.
Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Саид Давлаталӣ дода мешавад. Марҳамат.
Саид ДАВЛАТАЛӢ:
- Муҳтарам Раис, Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Бозоралӣ ва як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-уми октябри соли 2023 қабул намудааст. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии амалисозии фаъолият дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ, самтҳо ва тартиби танзими давлатӣ, инчунин кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқи моликиятро дар соҳаи мазкур муқаррар менамояд.
Қонун аз 6 боб ва 31 модда иборат буда, боби 1- уми он мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи занбӯриасалпарвариро дар бар мегирад.
Боби 2 ҳуқуқи фаъолият дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ, истеҳсол, тайёр кардан ва фурӯш, воридот ва содироти маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ, ташкили ҷойгоҳҳои қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал ва ҷудо намудани қитъаҳои замин барои фаъолият дар соҳа ва парвариш, истифодаи зотҳо ва гурӯҳҳои бештар арзишдори занбӯри асалро фаро мегирад.
Дар боби 3 самтҳои асосии танзими давлатӣ дар соҳаи истифодаи занбӯриасалпарвариро фаро гирифта, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатиро дар соҳаи мазкур пешбинӣ менамояд.
Объектҳои моликият ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ, ҳуқуқ барои баргардондани селаи занбӯри асали паридарафта, селаи занбӯри асали бесоҳиб, моликияти умумӣ ба селаҳои занбӯри асали паридарафта дар боби 4 муайян гардидааст.
Боби 5 доир ба ташкил ва таъмини ҳифзи занбӯри асал, дар шароити муҳити табиии зисти он, пешгирии заҳролудшавии занбӯри асал аз истифодаи воситаҳои муҳофизати растаниҳо, нуриҳои минералӣ, маводи дигари кимиёвӣ ва биологӣ, мусоидат ба интиқоли қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал, хабардоркунии субъектҳои фаъолияти хоҷагидории соҳа оид ба шароити барои занбӯри асал хатардошта ва пешгирии бемориҳои занбӯри асал, табобати онҳо ва мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон инъикос ёфтааст.
Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ, ҳалли баҳсҳо ҳангоми амалӣ намудани фаъолият ва ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» дар боби 6 дарҷ гардидааст.
Қонуни мазкур ба талаботи Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита ба он эрод надорад ва хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.
Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 – уми июни соли 2023 қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади такмил додани қонуни амалкунанда ва мувофиқ намудани меъёрҳои он бо дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.
Бо ин мақсад номи моддаҳои 18, 19 ва матни қисми 1 ин моддаҳо дар таҳрири нав ифода ёфта, ба моддаҳои 1, 2, 3, 8, 9 ва 20 тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст.
Қонуни пешниҳодгардида ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, кумита нисбат ба он эрод надорад ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи масъалаи мазкур ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад.
Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо мақсади таъмини иҷрои талаботи банди 6 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 – юми июни соли 2023 таҳти №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 – уми октябри соли 2023 қабул намудааст.
Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда хусусияти муайянкунанда дошта, дар сархати панҷуми қисми 7 моддаи 55 калимаҳои «ворид мешаванд» ба калимаҳои «ба суратҳисоби бонкии муассисаи таълимӣ ворид мегарданд» иваз карда шуда, инчунин иловаҳо ба қисмҳои 3 ва 7 моддаи 58 ворид гардиданд, ки минбаъд тибқи он қабули пардохти ҳаққи хизматрасонии таълимии давлатӣ дар асоси шартнома ба таври ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.
Қонун ба Конститутсия, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбат ба он эрод надорад. Аз аъзои Маҷлиси миллӣ бо эҳтиром хоҳиш менамояем, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи масъалаи мазкур ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад.
Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 – уми октябри соли 2023 қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади таъмини иҷрои талаботи банди 6 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 – юми июни соли 2023 таҳти №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» таҳия ва пешниҳод шудааст.
Дар ин раванд ба қисми 11 моддаи 13 ва қисми 3 моддаи 36 илова ва тағйир ворид гардидааст, ки тибқи он пардохти маблағи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба суратҳисоби бонкии муассисаи таълимӣ амалӣ карда мешавад.
Қонуни пешниҳодгардида ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, кумита нисбат ба он эрод надорад ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоянд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи масъалаи мазкур ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад.
Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Мақсади ворид намудани тағйирот ба қонуни амалкунанда аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи дигар санадҳои қонунгузорӣ буда, бо ин мақсад дар моддаҳои 12, 19, 20, 21, 25, 27, 33, вобаста ба боҷ ва пардохти он тағйирот ворид карда шудааст.
Ҳамчунин, номи моддаи 39 дар таҳрири нав ифода карда шуда, дар матни модда тағйироти дахлдор вобаста ба пардохтҳо ворид карда шудааст.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбат ба он эрод надорад. Аз ин рӯ, аз аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдории қонуни мазкурро хоҳиш менамоям.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи масъалаи мазкур ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад.
Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ» аз тарафи як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон 4 – уми октябри соли 2023 қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ пешниҳод гардидааст.
Бо ин мақсад ба моддаҳои 1, 4, 5, 25 ва 27 қонуни амалкунанда тағйирот ворид карда шудааст, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда дошта, ҳамзамон барои мукаммал гардонидани қонуни амалкунанда сархати панҷуми моддаи 2 дар таҳрири нав ифода ёфта, номи бобҳои 2 ва 3 тағйир дода, моддаи нави 101 бо номи «Уҳдадориҳои шаҳрвандон дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ» ва қисмҳои 4 ва 5 ба моддаи 17 илова гардидаанд. Қонуни мазкур ба Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҷавобгӯ буда, кумита ба он эрод надорад ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоянд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.
Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 – уми июни соли 2023 қабул намудааст.
Кодекси мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии истифодаи фазои ҳавоӣ ва амалисозии фаъолиятро дар соҳаи авиатсия бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон ва иқтисодиёт ба интиқоли ҳавоӣ ва корҳои авиатсионӣ, таъмини бехатарии парвози киштиҳои ҳавоӣ, инчунин таъмини бехатарӣ ва ҳифзи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Кодекс аз 15 боб 119 модда иборат буда, боби 1 он, соҳибихтиёрӣ нисбат ба фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доираи амали кодекси мазкур, мафҳумҳои асосӣ ва қонунгузории фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Боби 2 кодекс масъалаҳои марбут ба сиёсат ва танзими давлатӣ дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ ва авиатсияро фаро гирифта, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияро муайян намудааст.
Бобҳои 3, 4 ва 5 муносибатҳои вобаста ба таъмини бехатарии парвозҳо, тартиби истифодаи фазои ҳавоӣ ва фаъолият дар соҳаи авиатсия пешниҳоди хизматрасонии аэронавигатсионӣ, намудҳо ва танзими давлатии он, объектҳои инфрасохтор ва корхонаҳои авиатсиониро муқаррар кардааст.
Боби 6 вобаста ба киштиҳои ҳавоӣ, тасниф, бақайдгирии давлатӣ, истифодабарӣ ва аломатгузорӣ ҳуҷҷатҳо, нақша ва шаклҳои парвози онҳоро муқаррар ва тартиби хизматрасониҳои мутахассисони авиатсионӣ, ҳайати киштиҳои ҳавоӣ ва сарҳавонавардӣ дар боби 7 пешбинӣ карда шудаанд.
Бобҳои 8 ва 9 кодекс танзими парвозҳои байналмилалии кишти-ҳои ҳавоӣ, талабот нисбат ба интиқолдиҳандагони хориҷӣ, татбиқи қоидаҳои шиносномавӣ, гумрукӣ ва қоидаҳои дигари он, инчунин низоми иҷозатдиҳӣ дар соҳаи авиатсиониро муайян намудааст.
Дар бобҳои 10, 11, 12, 13 ва 14 муносибатҳо оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ, расонидани кумак ба киштиҳои ҳавоии ба фалокат дучоршаванда ё дучоршуда, таҳқиқи фалокат ё ҳодисаи авиатсионӣ, интиқоли ҳавоӣ ва намудҳои он танзим гардида ҳуқуқу уҳдадориҳои мусофирони киштиҳои ҳавоӣ ва интиқолдиҳанда, асосҳои умумии масъулияти иштирокчиёни интиқоли ҳавоӣ муқаррар карда шудааст.
Боби 15 ба муқаррароти хотимавӣ бахшида шуда, он ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ ва авиатсия, ҷавобгарӣ барои риоя накардани кодекси мазкур ва аз эътибор соқит донистани Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13- уми ноябри соли 1998-ро фаро гирифтааст.
Кодекс ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.
Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 – юми октябри соли 2023 қабул намудааст.
Қонун бо мақсади муътадил нигоҳ доштани вазъи молиявии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» таҳия гардида, қабул шудааст.
Ҳамин тариқ, қисми 10 моддаи 248 дар таҳрири нав ифода гардида, минбаъд арзиши амалиёти андозбандишаванда оид ба таҳвили минбаъдаи гази табиӣ фарқияти мусбати байни арзиши таҳвили гази табиӣ (бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда) ва арзиши гумрукии он (бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда) ҳисобида мешавад.
Ҳамзамон, ба моддаи 251 қисми 4 сархати ҳаждаҳум илова гардидааст, ки мутобиқи он минбаъд воридоти газии табиӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Марҳамат, Ҷумъазода Шарифҷон маърӯза намоед.
Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 – уми октябри соли 2023 қабул намудааст.
Мақсади қонуни мазкур танзими муносибатҳои вобаста ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар раванди пардохтҳои аҳамияти муҳими молиявӣ-иқтисодидошта буда, ба ин васила қисми 1 моддаи 309 дар таҳрири нав ифода гардида, тибқи он, боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз ҷониби шахсони воқеӣ ҳангоми эъломиякунонии мол дар шакли хаттӣ тариқи ғайринақдӣ пардохт мешаванд. Зимнан, ба шахсе ки боҷҳои гумрукӣ ва андозро пардохт намудааст, нусхаи супоришномаи пардохт, ки шакли онро мақомоти гумрук дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, тариқи электронӣ ирсол карда мешавад.
Илова бар ин, ба як қатор моддаҳои кодекси амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардидаанд, ки хусусияти мутобиқкунанда, муайянкунанда ва таҳрирӣ доранд.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Марҳамат, Ҷумъазода Шарифҷон маърӯза намоед.
Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2023 қабул намудааст.
Мақсади қонуни мазкур аз бартараф намудани норасоӣ ва носаҳеҳии меъёрҳои алоҳида, ноил шудан ба мутобиқати дохилӣ ва мутобиқгардонии кодекс ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» иборат буда, ба қисми 2 моддаи 45 сархатҳои шашум, ҳафтум, ҳаштум ва нуҳум илова гардидааст, ки тибқи он, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, инчунин мақоми ваколатдор оид ба ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ барои амалӣ намудани корҳои интиқолдиҳандагон талаб намудани рияои талабот ва шартномаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ, яктарафа бекор намудани шартномаҳо ҳангоми ба таври ҷиддӣ вайрон кардани он, назорати аз ҷониби интиқолдиҳандагон ба мусофирон додани чипта ва расиди бағоҷ ва таъмини сифат ва бехатарии ҳамлу нақли мусофирон ваколат дода шудаанд.
Инчунин, ба моддаи мазкур қисми нави 5 илова гардидааст, ки мутобиқи он минбаъд барои ҳар як хатсайри ҳамлу нақли мунтазам бо нақлиёти ҷамъиятӣ шиносномаи хатсайр таҳия гардида, якҷоя бо ҷадвали ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ дар терминалҳо ва истгоҳҳои ҳар як хатсайр насб карда мешаванд.
Дар сархатҳои панҷум ва шашуми қисми 1 моддаи 49 калимаҳои «панҷсоларо» ва «панҷ» мувофиқан ба калимаҳои «ҳафтсоларо» ва «ҳафт» иваз гардидааст, ки дар маҷмӯъ, ҳуқуқҳои мусофиронро барои интиқол додани кӯдак тавассути нақлиёти ҷамъиятии роҳҳои алоқаи шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, шаҳрак ва деҳот муайян намоянд.
Сархати дуюми ба моддаи 83 иловагардида ба уҳдадориҳои интиқолдиҳанда аз рӯи шартномаи ҳамлу нақли бор рабт дошта, мақсадҳои назорати ҷойгирнамоӣ ва маҳкам кардани борро муайян кардааст.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Кумита нисбат ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад.
Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми октябри соли 2023 қабул кардааст.
Мақсади қонун такмили қонуни амалкунанда ва фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ барои таъсису татбиқи реҷаи махсуси танзим буда, ба моддаи 2 сархатҳои бисту ҳаштум ва бисту нуҳум, ки шарҳи мафҳумҳои сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ) ва коғазҳои қиматноки Бонки милии Тоҷикистонро додаанд, илова карда шудаанд.
Қисми 2 моддаи 5 дар таҳрири нав ифода ёфта, мутобиқи он мақсадҳои иловагии Бонки миллӣ бо назардошти бартарияти мақсади асосии он амалӣ гардида, бо сархати дувоздаҳуми ба қисми 1 моддаи 6 иловашуда, барои фароҳам овардани шароити зарурӣ ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ, озмоиши пешниҳоди хизматрасониҳо бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ дар доираи таъсис ва татбиқи (гузаронидани) реҷаи махсуси танзим муқаррар карда шудааст.
Тибқи моддаи 13, ки дар таҳрири нав ифода ёфтааст, Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон супорандаи андоз аз даромад намебошад.
Тибқи қисми 2 ба моддаи 15 ва моддаи 221 иловашуда, инчунин тасҳеҳи моддаи 24 Бонки миллӣ мувофиқан воситаҳои сиёсати пулию қарзии (монетарии) дигарро, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ шудаанд, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ барои пешгирӣ ва бартараф кардани фишорҳои қурбии таваррумӣ ва нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо танзими асъор ва амалиёти асъориро истифода намуда, меъёри фоизи қарзҳоро аз рӯйи меъёри фоизи бозтамвил ва таъиноти маблағгузории эмиссионӣ дар бозори дуюмдараҷа муқаррар менамояд.
Моддаи 41, ки дар таҳрири нав ифода шудааст, хусусиятҳои марбут ба фоида ва зиёни асъории татбиқнашуда ва татбиқшударо, ки ба даромад ва хароҷоти давраи ҳисоботӣ дахл дорад, муайян намуда, бо иловаҳои дахлдор ба моддаҳои 42 ва 621 масъалаи аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар кардани тартиб, шартҳои таъсис ва татбиқи реҷаи махсуси танзим нисбати ташкилотҳои қарзӣ ва ғайриқарзии молиявӣ муқарррар карда шудааанд.
Ба моддаи 74 қисмҳои 3 ва 4 илова гардида, минбаъд Раёсат аз раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва ду муовини ӯ, панҷ аъзои мустақил иборат буда, аъзои мустақили Раёсат бо пешниҳоди дар Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқакардашудаи раис аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд ва муҳлати ваколатҳои аъзои мустақил аз чор сол ба шаш сол зиёд карда шудааст.
Ҳамчунин, ба қисми 1 моддаи 75 сархатҳои 8, 9 ва 10 илова гардида, онҳо масъалаҳои дахлдор ба бархӯрди манфиатҳо, аз даст додани боварӣ ба узви Раёсат, аз ҷумла ҳангоми содир кардани амалҳои ба мақсад ва вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон мухолиф, аз вазифа озод кардани аъзои Раёсатро фаро гирифтаанд.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» оғоз менамоем. Марҳамат, Ҷумъазода Шарифҷон маърӯза намоед.
Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми октябри соли 2023 қабул кардааст.
Мақсади қонуни мазкур мутобиқсозии байниҳамдигарии Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ва қонунгузории бонкӣ буда, ба моддаи 3 қисми 5 илова гардидааст, ки тибқи он дар доираи таъсис ва татбиқи (гузаронидани) реҷаи махсуси танзим, ки тартиб ва шартҳои он бо санади меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, метавонад анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ ва аҳдҳои дахлдор бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ озмоиш карда шавад.
Инчунин, дар қисми 7 моддаи 17 калимаҳои «Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ба калимаҳои «Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон» иваз гардида, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 48, ки додани маълумоти дорои сирри бонкиро ба дорандагони воситаҳои пардохтӣ ё намояндагони онҳо, шахсони мушаххас мақомоти андоз пешбинӣ намудааст, тавассути ворид кардани тағйиру иловаҳо такмил дода шудааст.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» оғоз менамоем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад.
Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 – уми октябри соли 2023 қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади таъмин намудани иҷрои талаботи банди 6 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 — юми июни соли 2023 таҳти №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» қабул шудааст.
Дар робита ба ин, ба моддаи 5 қисми 2 илова гардидааст, ки мутобиқи он минбаъд пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт карда мешаванд.
Ҳамзамон, қисми 6 моддаи 29 дар таҳрири нав ифода гардидааст, ки тибқи он, пардохти хироҷ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он тариқи ғайринақдӣ сурат мегирад.
Дар робита ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ, ҳамзамон қисми 2 моддаи 22, қисми 3 моддаи 55 ва қисми 1 моддаи 63 дар таҳрири нав ифода ёфта, низоми мазкур барои пардохти хироҷ ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ ва пардохт барои истифодаи ҷангал тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Ҷумъазода Шарифҷон маърӯза намоед.
Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми октябри соли 2023 қабул намудааст.
Қонуни мазкур бинобар роҳандозии низоми пардохтҳои ғайринақдии ҳаққи хизматрасониҳои давлатӣ, қисми 1 моддаи 6 қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода ёфта, минбаъд боҷи давлатӣ тариқи ғайринақдӣ аз ҳисоби боҷсупоранда бо пули миллӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.
Инчунин, дар асоси низоми зикршуда ба қисми 4 моддаи мазкур пас аз калимаи «пурра» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова ва дар қисми 7 калимаи «дода» ба калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ пардохт карда» иваз гардидаанд.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» оғоз мекунем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад.
Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми октябри соли 2023 қабул намудааст.
Мақсади қонуни мазкур таъмини роҳандозии низоми пардохти ғайринақдӣ барои хизматрасониҳои давлатӣ буда, матни моддаи 17 қисми 1 ҳисобида шуда, бо илова намудани қисми 2 пешбинӣ шудааст, ки маблағи хизматрасониҳои давлатии музднок тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Ҷумъазода Шарифҷон маърӯза намоед.
Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 – уми октябри соли 2023 қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва танзим намудани муносибатҳо вобаста ба пардохтҳои хизматрасониҳои давлатӣ, дар қисми 6 моддаи 29 ва қисми 2 моддаи 35 мваз намудани калимаҳои «пардохти маблағ барои пешниҳод намудани» ва «пардохти» мувофиқан ба калимаҳои «ба суратҳисоби мақоми бақайдгиранда пардохт намудани маблағ барои пешниҳоди» ва «ба суратҳисоби мақоми бақайдгиранда пардохт намудани» пешбинӣ намудааст ва минбаъд пардохти маблағ барои додани иттилоот барои анҷом доднаи амалиёти бақайдгирӣ ба суратҳисоби мақоми бақайдгиранда сурат мегирад.
Ҳамзамон, аз сархати якуми қисми 1 моддаи 32 калимаҳои «ба ариза пардохтномаи хизматрасонии мақоми бақайдгиранда замима мегардад» хориҷ карда шудаанд.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Марҳамат, Ҷумъазода Шарифҷон маърӯза намоед.
Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода М., Гиёзода А. ва Ашурзода Ғ. пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 – уми октябри соли 2023 қабул намудааст.
Мақсади қонуни мазкур мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни амалкунанда ба забони давлатӣ, такмили механизмҳо, истифодаи истилоҳу мафҳумҳои якхела буда, сархати сенздаҳуми моддаи 2, сархати шашуми моддаи 8, сархати якуми қисми 2 моддаи 10, қисми 3 моддаи 11, сархати панҷуми моддаи 25, сархати чоруми қисми 1 моддаи 26, сархатҳои шашум ва ёздаҳуми моддаи 27, сархати дувоздаҳум, шонздаҳум ва бисту дуюми моддаи 30, сархатҳои якуми қисмҳои 2 ва 3 моддаи 32, сархати якуми қисми 2 моддаи 33, сархати чоруми қисми 2 моддаи 34, матни моддаи 35, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 36 , сархати якуми қисми 4 моддаи 38, сархати якуми қисми 1 моддаи 39, қисми 1 моддаи 41, сархати якуми қисми 1 моддаи 42, сархати нуҳуми қисми 1 моддаи 44, матни моддаи 47, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 50, сархати дуюми қисми 5 моддаи 51, қисми 1 моддаи 53, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 54, инчунин сархати якуми қисми 3 моддаи 55 баъзе калимаву ибораҳо иваз, хориҷ ё илова карда шудаанд, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва имлоиро доранд.
Ҳамзамон, бинобар иваз шудани номи Амонатбонк ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар сархати ҳаждаҳуми моддаи 30 калимаи дахлдор иваз карда шудаанд.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» оғоз менамоем. Марҳамат Ҷумъазода Шарифҷон, маърӯза намоед.
Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ»-ро, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4- уми октябри соли 2023 қабул намудааст.
Мақсади қонуни мазкур аз мусоидат ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва ташаккули низоми иқтисоди рақамӣ иборат буда, ба моддаи 1 қонуни амалкунанда, ки мафҳумҳои нав: «субъекти Парки технологӣ», «феҳристи блокҳои муомилот (блокчейн)» ва «тамғаи рақамӣ (токен)» илова гардида, аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шудааст.
Ҳамзамон, ба қисми 1 моддаи 3 баъд аз калимаи «ғайритиҷоратӣ» калимаҳои «(ба истиснои парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ (IT Park)» ва ба ҳамин модда қисми 4 илова шуда, Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ҳамчун шахси ҳуқуқии тиҷоратӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон таъсис мегардад. Субъекти парк фаъолияти худро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҳамин парк амалӣ менамояд.
Сархати якуми ба қисми 1 моддаи 4 иловагардида, пешбинӣ намудааст, ки Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ яке аз шаклҳои парк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Бо назардошти ин, ба моддаи мазкур қисмҳои 2, 3, 4, 5 ва 6, ки паҳлуҳои гуногуни муносибат ва фаъолияти чунин намуди Паркро пешбинӣ намудаанд, илова гардида, Низомномаи парки мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Илова ба ин, қисми 6 нисбати Парк хусусиятҳои татбиқи қонунгузории алоҳидаро пешбинӣ намудааст.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» шурӯъ менамоем.
Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад.
Фарҳод РАҲИМӢ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ 3.Шоҳиён ва вакилони Маҷлиси намояндагон Ф.Идизода, Ш. Ҳакимзода, 3. Файзуллозода, F. Азиззода, М. Шодиён, 3. Сафарзода пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 – уми октябри соли 2023 қабул намудааст. Мақсад аз қабул намудани қонуни мазкур, мутобиқ намудани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бардоштани ихтилофоти қонунгузорӣ, инчунин мутобиқ намудани он ба талаботи имлои забони тоҷикӣ мебошад. Бо ин мақсад, ба қонуни мазкур моддаи алоҳида (моддаи 80 бо номи санҷиши ҳолати риояи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ илова карда шуда, тасдиқи қоидаҳои гузаронидани санҷишро аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст. Илова бар ин, дар қонуни амалкунанда як қатор тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шудаанд, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд. Қонуни мазкур ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, кумитаи мо нисбат ба он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ ва иваз намудани номи он ба Заҳматобод, инчунин иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Восеъ» оғоз менамоем. Марҳамат Раҳимӣ Фарҳод, маърӯза намоед.
Фарҳод РАҲИМӢ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Кумитаи мо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 — уми апрели соли 2023 таҳти №185 «Дар бораи ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ ва иваз намудани номи он ба Заҳматобод, инчунин иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Восеъ»-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Бо қарори мазкури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ дар бораи ба категориям шаҳрак мансуб донистани деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ ва иваз намудани номи он ба Заҳматобод, инчунин, иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Восеъ, аз ҷумла иваз намудани номи деҳаи Саъдуллои Шарифи деҳоти Гулистон ба деҳаи Шарифобод, деҳаи Рамазон Файзови деҳоти Тугарак ба деҳаи Боғи Нав, деҳаи Ҳасан Қурбонови деҳоти Тугарак ба деҳаи Ҳасанобод, деҳаи Ҳамид Баротови деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов ба деҳаи Ҳамидобод, деҳаи Арали деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев ба деҳаи Хушобак, деҳаи Туғайи деҳоти Миралӣ Маҳмадалиев ба деҳаи Туғистон, деҳаи Элмурод Хоҷаеви деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев ба деҳаи Гулмайдон, деҳаи Охҷари деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев ба деҳаи Сурхдара, деҳаи Истиқлоли деҳоти ба номи Абдӣ Авазов ба деҳаи Дашти Боло, деҳаи Боронқули деҳоти ба номи Абдӣ Авазов ба деҳаи Боронкӯл ҷонибдорӣ карда шудааст.
Зарурати иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, пеш аз ҳама, мутобиқатнамоӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, маводи зарурӣ тибқи номгӯйи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ пешниҳод шудаанд. Аз ин лиҳоз, кумитаи мо пешниҳоди зикршударо қобили дастгирӣ ҳисобида, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ ва иваз намудани номи он ба Заҳматобод, инчунин иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Восеъ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ — Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Аҳмадзода Ҷ. А., шурӯъ менамоем.
Сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф дода мешавад.
АЛИЗОДА Зариф Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:
- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Аҳмадзода Ҷ.А.» ирсол мегардад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Аҳмадзода Ҷ.А.» ба овоз монда шуда, қарор гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Тибқи талаботи банди 103-юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи иҷлосия оид ба рафти кори иҷлосия, муроҷиатҳо ва ҳуҷҷатҳои ба унвони иҷлосияи Маҷлиси миллӣ воридшуда маълумот манзур менамояд. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Котибот Шоҳиён Зарифхӯҷа дода мешавад. Марҳамат.
Зарифхӯҷа ШОҲИЁН:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Унвонии Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муроҷиат, ариза, дархост ворид нашудааст.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баррасӣ шуданд ва нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Доир ба рафти иҷлосия таклифу пешниҳодҳо бошанд, марҳамат иброз намоед. Нест.
Бо ҳамин Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.
(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ