Бисту ҳафтуми декабри соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Барои бақайдгирӣ тариқи системаи овоздиҳии электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.
Дар иҷлосия 30 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ иштирок доранд. Инчунин, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар толор ҳозир мебошанд.
Оид ба оғози кори иҷлосия чӣ гуна таклиф ҳаст?
Таклиф шуд, ки иҷлосия корашро оғоз намояд.
Таклифро ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро тариқи овоздиҳии электронӣ муайян созед. Марҳамат.
Ташаккур, таклиф қабул шуд.
Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Барои ташкили ҷараёни кори иҷлосия лозим аст, ки мутобиқи банди 102-юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби кори Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро муайян ва тасдиқ намоем.
Бо назардошти масъалаҳои дар рӯзнома пешбинишуда пешниҳод менамоям, ки барои маърӯзачиён то 5 дақиқа, барои музокираҳо то 3 дақиқа ва барои дархосту таклифҳо то 2 дақиқа вақт муайян карда шавад.
Пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.
Пешниҳодро ба овоз мемонам. Марҳамат.
Ташаккур, пешниҳод қабул гардид.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мутобиқи банди 102-юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки котиботи иҷлосияро интихоб намоем. Оид ба ин масъала сухан ба аъзои Маҷлиси миллӣ Муқимӣ Раҳимҷон дода мешавад. Марҳамат.
(Муқимӣ Раҳимҷон пешниҳод менамояд, ки ҳайати котибот иборат аз се нафар интихоб карда шавад).
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Таклиф шуд, ки котиботи Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум иборат аз се нафар интихоб карда шавад.
Таклифҳои дигар ҳаст? Нест.
Шумораи ҳайати котиботро ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян созед. Марҳамат.
Ташаккур, таклиф қабул гардид.
Марҳамат, Муқимӣ Раҳимҷон, ҳайати котиботро пешниҳод намоед.
Раҳимҷон МУҚИМӢ: - Ба ҳайати котиботи Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аъзои зерини Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуданд:
Низом Қосим — раиси котибот;
Муъминова Фирӯза ва Умарализода Мақсудалӣ — аъзои котибот.
РАИС: - Оид ба ҳайати котибот таклифҳои дигар ҳаст? Нест.
Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян намоед. Марҳамат.
Ташаккур, қарор қабул гардид.
Аз ҳайати котибот хоҳиш карда мешавад, ки ба ҷойҳои худ гузашта, ба кор шурӯъ намоянд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро тасдиқ намоем.
Лоиҳаи рӯзномаи Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум бо Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва барои баррасӣ ба шумо пешниҳод шудааст.
Оид ба масъалаҳои он таклифҳои дигар ҳаст? Нест.
Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян намоед.
Қарор дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум қабул гардида, ба он масъалаҳои зерин ворид гардиданд:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»
8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»
9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»
10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»
11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо»
12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок»
13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ»
14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ»
15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»
19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»
20. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
21. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
22. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»
23. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ»
24. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон»
25. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»
26. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот»
27. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ»
28. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»
29. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»
30. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва басти вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
31. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматзода А.У.»
32. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия бозхонд намудани Исматзода А.У.».
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.
Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
Дилшод РАҲМОН:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 6 – уми декабри соли 2023 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст, баррасӣ намуд. Мақсади қонуни мазкур аз такмили кодекси амалкунанда дар самти танзими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мурофиаи ҷиноятӣ иборат буда, ба он қисми IV илова гардидааст, ки он фасли XII-ро дар бар гирифта, муносибатҳои вобаста ба ҳамкории судҳо, прокурорҳо, муфаттишон ва мақомоти таҳқиқ бо мақомот ва шахсони мансабдори ваколатдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро танзим менамояд. Қисми мазкур фарогири бобҳои 48-52 ва моддаҳои аз 470 то 525 мебошад.
Боби 48 ҳамкориҳои судҳо, прокурорҳо, муфаттишон ва мақомоти таҳқиқ бо мақомот ва шахсони мансабдори дахлдори давлатҳои хориҷӣ дар тартиби расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятиро танзим намуда, ҳафт моддаро дар бар мегирад.
Боби 49 ба танзими пурраи муносибатҳо вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ бахшида шуда, моддаҳои 478-491-ро дар бар гирифтааст. Аз ҷумла, дар ин боб гузаронидани амалҳои мурофиавӣ тавассути алоқаи видеоӣ пешбинӣ ва танзим карда шудаанд, ки он барои сарфаи вақт, риояи муҳлатҳои мурофиавӣ, рафъи хароҷоти зиёдатӣ зимни гузаронидани амалҳои мурофиавӣ аҳамият дорад.
Боби 50 амалҳои мурофиавиро вобаста ба давом додани таъқиби ҷиноятӣ танзим намуда, меъёрҳоро вобаста ба тартиб ва шартҳои супоридани пешбурди таъқиби ҷиноятӣ ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ, мазмуни дархост, тартибу шартҳои қабул намудани пешбурди таъқиби ҷиноятӣ аз давлати хориҷӣ, рад кардани он, дар ҳабс нигоҳ доштани шахс, таъини ҷазо ва хабардиҳиро муқаррар намудааст.
Боби 51 муқаррарот вобаста ба иҷрои амалҳои мурофиавии марбут ба супоридани шахсро пешбинӣ намуда, моддаҳои 498 то 516-ро фаро гирифтааст.
Боби 52 моддаҳои 517- 525-ро дар бар мегирад ва ба эътирофу иҷрои ҳукмҳо, қарорҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ бахшида шуда, тартиби амалҳои мурофиавии эътироф ва иҷрои ҳукмҳо, қарорҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосу шартҳои супоридани маҳкумшуда барои адои минбаъдаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, рад кардани супоридани маҳкумшуда, тартиби аз тарафи суд баррасӣ намудани масъалаҳо оид ба иҷрои ҳукм ё қарори суди давлати хориҷиро муқаррар менамояд.
Ҳамзамон, бо қонуни мазкур дар сархати шашуми қисми 1 моддаи 138 кодекс калимаи «ҷустуҷӯи» ба калимаҳои «ҷустуҷӯ ва супоридани» иваз карда шудааст.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, баҳри таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи кодекс мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, хоҳишмандем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
Дилшод РАҲМОН:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз муқаррар кардани ҷавобгарии маъмурӣ барои риоя накардани талаботи истифодаи таваққуфгоҳҳои муздноки дорои низоми худкори идоракунӣ иборат буда, бо ин васила ба боби 19 кодекс, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиётро пешбинӣ намудааст, моддаи 3461 илова гардидааст.
Тибқи қисми 1 моддаи мазкур аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд овардани монеа ҳангоми истифодабарии ҷойҳои таваққуф дар ҳудуди таваққуфгоҳи муздноки дорои низоми худкори идоракунӣ ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барои аз ҷониби онҳо расонидани зарар ба воситаҳои нақлиёт, воситаҳои техникии танзимкунанда ё дигар молу мулки дар ҳудуди таваққуфгоҳи мазкур, ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда ва барои бе пардохти маблағи хизматрасонии истифодабарӣ тарк кардани ҳудуди он ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои бехатарӣ ва ҳифзи воситаҳои нақлиёт, такмили маданияти истифодабарии таваққуфгоҳҳои муздноки таҳти низоми худкори идоракунӣ фаъолияткунанда мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, хоҳишмандем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
Дилшод РАҲМОН:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 13-уми декабри соли 2023 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, аз муқаррар кардани ҷавобгарии маъмурӣ барои риоя накардани талабот дар бораи тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмии давлатӣ иборат буда, ба кодекс моддаи 5411 илова гардидааст. Тибқи моддаи мазкур, барои аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ гирифтани пули нақд, ки таъиноти он ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани маблағ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намуди дигари хизматрасониҳои давлатӣ мебошад, инчунин, аз ҷониби онҳо истифодаи кортҳо ва воситаҳои дигари электронии шахсии пардохт бо ин мақсад, ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Ҳамзамон, қисми 6 моддаи 39 дар таҳрири нав ифода ёфта, тибқи он, маблағи ҷаримаи маъмурӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва сари вақт пардохт гардидани маблағ ба буҷети ҷумҳуриявӣ, инчунин баланд бардоштани масъулияти кормандони мақомоти марбута дар ин самт, мусоидат менамояд. Хоҳишмандем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
Дилшод РАҲМОН:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар пешбинӣ шудани ҷавобгарии маъмурӣ барои риоя накардани талаботи истифодаи таваққуфгоҳҳои муздноки дорои низоми худкори идоракунӣ аз мутобиқ намудани меъёрҳои моддию мурофиавӣ иборат буда, ба моддаи 98 (Мақомоти корҳои дохилӣ) кодекс тағйироту иловаи дахлдор ворид карда шудаанд.
Чунончи, дар қисми 1 рақамҳо ва калимаҳои «336 қисмҳои 1 ва 3» ба рақамҳо ва калимаҳои «336 қисмҳои 1, 3-6» иваз карда шуда, пас аз рақами «346» аломат ва рақами «, 3461» илова ва дар сархатҳои якум, дуюм ва панҷуми қисми 2 рақамҳо ва калимаҳои «336 қисмҳои 1 ва 3» ва «ва 346» мувофиқан ба рақамҳо ва калимаҳои «336 қисмҳои 1, 3-6» ва «, 346 ва 3461» иваз гардида, дар ин замина ваколатҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар самти баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ мавриди тасҳеҳ қарор дода шудааст.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои аз ҷониби мақомоти марбута татбиқ намудани ваколатҳои дар кодекс муқарраршуда мусоидат менамояд. Бинобар ин, хоҳишмандем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
Дилшод РАҲМОН:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар пешбинӣ шудани ҷавобгарии маъмурӣ барои риоя накардани талабот дар бораи тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмии давлатӣ, аз мутобиқ намудани меъёрҳои моддию мурофиавӣ иборат буда, ба моддаи 87 (Ҳолатҳое, ки протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад) кодекс тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд.
Чунончи, қисмҳои 2 ва 4-и моддаи 87 дар таҳрири нав ифода ёфта, тибқи онҳо, ҳангоми содир гардидани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки дар моддаҳои 2951,324, 333 қисми 2 ва 340 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, дар сурати аз ҷониби ҳуқуқвайронкунанда дар маҳали содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба таври ғайринақдӣ пардохт гардидани маблағи ҷарима, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад. Дар ин ҳолат ҷазои маъмурӣ дар бланки ҳисоботдиҳии қатъии намунааш аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт муқарраршуда ба расмият дароварда мешавад.
Ҳамзамон, дар қисми 5-и моддаи мазкур пас аз калимаи «диҳад,» калимаҳои «инчунин имконияти ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани маблағи ҷаримаро надошта бошад,» ва ҷумлаи дуюм илова гардидаанд, ки тибқи он, дар сурати нисбат ба ронандаи воситаи нақлиёт тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳуҷҷати ронандагии ронандаи воситаи нақлиёт гирифта намешавад ва протоколи тартибдодашуда ба махзани ягонаи электронии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад.
Инчунин, ба қисми 1 моддаи 93 (Суд) пас аз рақами «541,» рақами «5411,», дар моддаи 229 (Иҷрои қарор оид ба таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима) ба қисмҳои 1 ва 3 мувофиқан пас аз калимаи «намудааст,» ва «Тоҷикистон» калимаҳои «бо тартиби дар қисми 6 моддаи 39 (Ҳолатҳое, ки иштироки такрории судя, мақоми ваколатдори давлатиро (шахсони мансабдорро) дар баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истисно мекунанд) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида» ва «бо тариқи ғайринақдӣ» илова карда шуда, дар моддаи 2 қонуни мазкур масъалаи пас аз як моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор гирифтани он пешбинӣ шудааст.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои аз ҷониби мақомоти марбута татбиқ намудани ваколатҳои дар кодекс муқарраршуда мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ кунед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
Дилшод РАҲМОН:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон Р. Раҷабзода, М. Мирзозода ва С. Маҷидзода пешниҳод гардида, онро 4-уми октябри соли 2023 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, баррасӣ намуд.
Мақсади қонун аз мутобиқ намудани баъзе истилоҳоти кодекси амалкунанда ба дигар санадҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, дар ном ва матни он калимаҳои «ГРАЖДАНИИ», «гражданӣ», «граждание», «гражданиро», «граждании» ва «гражданию» мувофиқан ба калимаҳои «МАДАНИИ», «маданӣ», «мадание», «маданиро», «мадании» ва «маданию» иваз карда шудаанд.
Ҳамзамон, бо қонуни мазкур дар 2 боб ва зиёда аз 20 модда тағйироте пешбинӣ гардидаанд, ки тибқи онҳо калимаҳои «ғоиб», «фавтида», «шаҳрванд», «ҒОИБ», «ФАВТИДА», «ШАҲРВАНД», «ваколатдиҳанда», «сохтани қобилияти амали шаҳрванд» ва «СОХТАНИ ҚОБИЛИЯТИ АМАЛИ ШАҲРВАНД» мувофиқан ба калимаҳои «ғоибшуда», «вафоткарда», «шахси воқеӣ», «ҒОИБШУДА», «ВАФОТКАРДА», «ШАХСИ ВОҚЕӢ», «вакилкунанда», «намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ» ва «НАМУДАНИ ҚОБИЛИЯТИ АМАЛКУНИИ ШАХСИ ВОҚЕӢ» иваз карда шудаанд.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи талаботи кодекс, мусоидат менамояд. Хоҳишмандам, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» шурӯъ мекунем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
Дилшод РАҲМОН:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» аз бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ва мушаххас кардани меъёрҳои алоҳидаи қонуни амалкунанда иборат буда, дар моддаҳои 10, 12, 15, 19, 22, 29, 31, 35, 38, 39 ва 41 баъзе калимаю ибораҳо иваз, илова ё хориҷ карда шудаанд, ки бештар хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда, таҳрирӣ ва имлоӣ доранд. Инчунин, моддаи 91, ки меъёрро вобаста ба дархости адвокат муқаррар намудааст, илова гардида, бо тағйиру иловаҳо ба моддаи 10 уҳдадориҳои адвокат такмил ва тибқи ҷумлаи сеюми ба қисми 3 моддаи 13 иловашаванда, аъзои комиссияи тахассусӣ, ба истиснои раиси комиссия, наметавонанд зиёда аз як маротиба аъзои комиссияи тахассусӣ бошанд.
Қисмҳои 1 моддаҳои 16 ва 18 дар таҳрири нав ифода ёфта, бо тағйиру иловаҳои ба қисми 1 моддаи 21 пешбинишуда, ҳолатҳои боздоштани мақоми адвокат тасҳеҳ гардида, ҳамзамон, ба моддаи 22 қисми 3 илова шудааст, ки тибқи он, Иттифоқи адвокатҳо ҳангоми аз мақомоти давлатӣ, комиссияи тахассусӣ, мақомоти минтақавӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гирифтани маълумоти дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда дарҷгардида ба ҷаласаи навбатии комиссияи тахассусӣ пешниҳод ирсол менамояд.
Бо иловаи қисми 11 ба моддаи 37, Иттифоқи адвокатҳо ва мақомоти минтақавии он уҳдадоранд ба комиссияи тахассусӣ маълумот оид ба фаъолияти худ, раванди назорати фаъолияти касбии адвокатҳо, баррасии шикояти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нисбат ба адвокатҳо, инчунин, маълумоти дигари барои фаъолияти комиссияи тахассусӣ заруриро ҳар шаш моҳ ва вобаста ба ҳолатҳои дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 22 қонун пешбинишуда, ҳар моҳ пешниҳод намуда, нусхаи қарорҳои қабулшударо вобаста ба масъалаҳои дар сархатҳои якум, дуюм, сеюм, чорум, даҳум, сенздаҳум ва чордаҳуми қисми 3 моддаи 38, сархатҳои дувоздаҳум ва чордаҳуми қисми 4 моддаи 39 ҳамин қонун дар давоми 3 рӯз пас аз қабули онҳо бо замимаи нусхаи санадҳои дахлдор ба комиссияи тахассусӣ барои маълумот пешниҳод менамояд.
Тибқи иловаи қисми 5 ба моддаи 34, коромӯзӣ дар назди адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон буда, муқаррароти ба моддаҳои 39 ва 43 иловашаванда пешбинӣ менамоянд, ки мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо оид ба фаъолияти худ дар назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад ва раёсати Иттифоқи адвокатҳо метавонад қарору санадҳои хилофи қонунгузорӣ қабулнамудаи онро бекор намояд.
Ҳамзамон, қисми 1 моддаи 42, ки меъёрро вобаста ба молу мулки Иттифоқи адвокатҳо муқаррар менамояд, дар таҳрири нав ифода ёфтааст.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои баланд бардоштани нақш, мавқеъ ва масъулияти адвокат дар ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат менамояд. Кумита нисбат ба қонун эрод надорад ва эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» оғоз менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
Дилшод РАҲМОН:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 26-уми декабри соли 2023 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, баррасӣ намуд.
Мақсади қонун аз такмили меъёри алоҳидаи қонуни амалкунанда иборат буда, ба ҷадвали 2 замима ба қонун, ки муқарраротро роҷеъ ба ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ пешбинӣ менамояд, сатри 481 илова шудааст.
Тибқи сатри иловашуда, минбаъд анҷом додани фаъолият оид ба воридоти бензин дар асоси ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ — Шаҳодатнома оид ба воридоти бензин амалӣ гашта, андозаи хироҷ барои додани чунин ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, аз ҷумла хироҷ барои баррасии ариза 10 (даҳ), хироҷи яккарата барои додани чунин ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ мутаносибан 60 000 (шаст ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар гардидааст.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои татбиқ намудани ваколат аз ҷониби мақомоти марбута дар ин самт, мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» шурӯъ мекунем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
Дилшод РАҲМОН:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»-ро, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 13- уми декабри соли 2023 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, баррасӣ намуд.
Мақсади қонун аз такмили меъёрҳои алоҳидаи қонуни амалкунанда ва бартараф сохтани норасоию камбудиҳои ҷойдошта иборат буда, дар тамоми матни қонуни амалкунанда, инчунин моддаҳои 2, 6, 7, 9, 22, 24, 29, 31, 34, 39, 42, 43, 47, 52, 55-58, 62-64, 66-69, 82-84, 87, 89, 91 ва 93 баъзе калима ё ибораҳои алоҳида иваз, илова ё хориҷ карда шудаанд, ки бештар хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда, таҳрирӣ ва имлоӣ доранд.
Бо қонуни мазкур қисми 2 моддаи 24 ва қисми 5 моддаи 39 бо роҳи дар таҳрири нав ифода ёфтан такмил дода шуда, тибқи онҳо, вазоратҳо, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санади меъёрии ҳуқуқиро дар шакли фармоиш, кумитаҳои давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли қарор қабул мекунанд. Ҳамзамон, тартиби пешбурди Портали интернетӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкуниро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Тибқи тасҳеҳоти қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 48, масъалаи истинод намудан ба санадҳои қонунгузорӣ ва санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ дарҷ гардида, инчунин, қисми 5 моддаи 69, номи моддаи 83 ва қисми 4 моддаи 89 қонуни амалкунанда бо роҳи дар таҳрири нав ифода ёфтан такмил дода шудаанд.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, баҳри таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо мусоидат менамояд. Кумита нисбат ба қонун эрод надорад ва бо эҳтиром хоҳиш дорам, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» оғоз менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.
Дилшод РАҲМОН:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз таҳкими механизми амалишавии ҳуқуқи ноболиғон ба муроҷиат иборат буда, ба қонуни амалкунанда моддаи 131, ки меъёрро роҷеъ ба хусусиятҳои пешниҳод ва баррасии муроҷиати ноболиғон пешбинӣ менамояд, илова карда шудааст.
Тибқи моддаи иловашуда, ноболиғоне, ки метавонанд ақидаҳои худро мустақилона ифода кунанд, ҳуқуқ доранд бевосита ва ё ба воситаи намояндагони қонунии худ, мақомоти васоят ва парасторӣ ва мақомоти ваколатдори дигар дар бораи риояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии худ ба мақомоту ташкилотҳои дахлдор муроҷиат намоянд, фикру ақидаҳои худро озодона ва бе таъсиррасонии мақомоту ташкилот ва шахсони дигар баён кунанд. Баррасии чунин муроҷиат аз ҷониби мақомоту ташкилотҳои дахлдор ҳангоми зарурат бо иштироки намояндагони қонунии ноболиғон, инчунин мақомоти васояту парасторӣ сурат мегирад.
Ҳамзамон, дар робита бо иловаи зикршуда аз қисми 2 моддаи 13 калимаи «ноболиғон,» хориҷ карда шудааст.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои амалӣ гаштани ҳуқуқи ноболиғон ба муроҷиат ва иштироки онҳо дар ҳаёти ҷомеа мусоидат менамояд. Бинобар ин, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки он ҷонибдорӣ карда шавад
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Саид Давлаталӣ дода мешавад. Марҳамат.
Давлаталӣ САИД:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13-уми декабри соли 2023 қабул намудааст.
Қонун аз 4 боб ва 20 модда иборат мебошад.
Қонуни мазкур дар партави ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои обу иқлим ва Қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии СММ оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» таҳия гардидааст. Қонуни зикршуда асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ҳифзи пиряхҳоро ҳамчун объектҳои муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои обӣ муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешбурди корҳои омӯзишӣ, илмию таҳқиқотӣ, мониторинг ва татбиқи сиёсати давлатӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мазкур ба танзим медарорад. Қонун ба Конститутсия, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мутобиқ буда, аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок» оғоз менамоем. Сухан ба Саид Давлаталӣ дода мешавад. Марҳамат.
Давлаталӣ САИД:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-уми июни соли 2023 қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия ва қабул гардидааст. Ҳамин тариқ, дар сархати дувоздаҳуми моддаи 1 мафҳуми «харобшавии хок» дар таҳрири нав ифода гардида, сархати сенздаҳуми моддаи мазкур хориҷ карда шудааст. Мутобиқи тағйироти воридшуда ба моддаи 5, минбаъд ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои тасдиқи стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои амал, тасдиқ намудани тартиби мансуб донистани хок ба хоки нодир ва хоке, ки ба он хатари аз байн рафтан таҳдид мекунад, инчунин муайян намудани самтҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳа дохил мешаванд.
Ҳамзамон, қисми 1 моддаи 11 дар таҳрири нав ифода гардидааст, ки мутобиқи он, минбаъд ҳифзи қабати ҳосилхези хок аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ ва заминистифодабарандагон таъмин карда мешаванд.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» шурӯъ мекунем. Сухан ба Саид Давлаталӣ дода мешавад. Марҳамат.
Давлаталӣ САИД:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2023 қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади дақиқ намудани ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ, мушаххас намудани ҳуқуқи селексионер барои ҳифзи зот ва навъи дохилизотӣ ё дурагаи ҳайвоноти кишоварзӣ қабул гардидааст. Дар иртибот ба ин, ба моддаи 1 қонуни амалкунанда мафҳумҳои «хели (типи) дохилизотии ҳайвоноти кишоварзӣ» ва «селексионер» илова гардидаанд. Ҳамзамон, моддаи 7 дар таҳрири нав ифода гардидааст, ки тибқи он, минбаъд мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ, ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ муайян гардида, ваколатҳои онҳо мушаххас нишон дода шудаанд.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» шурӯъ мекунем. Сухан ба Саид Давлаталӣ дода мешавад. Марҳамат.
Давлаталӣ САИД:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» бо мақсади мушаххас гардондани ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ, назорати давлатӣ дар соҳа ва мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул гардидааст. Ҳамин тариқ, моддаҳои 24, 25, 29, 292 ва 31 қонун дар таҳрири нав ифода гардида, ба он моддаҳои нави 293 ва 311 илова карда шудаанд, ки ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқавориро дар соҳа ба таври мушаххас муайян менамоянд.
Қонун ба Конститутсия, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.
Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2023 қабул намудааст.
Бо мақсади амалисозии рафти иҷрои «Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018 — 2022» ба моддаи 571 қонуни амалкунанда тағйир ворид карда шудааст, ки тибқи он, мақомоту ташкилотҳо, инчунин шахсони мансабдори онҳо, ки барои қабули қарор ваколатдор мебошанд, ҳангоми ҳалли масъалаҳои ба манфиатҳои кӯдак дахлдошта бояд фикри кӯдакеро, ки метавонад ақидаҳои худро мустақилона ифода кунад, сарфи назар аз синну сол, ба назар гирифта, дар асоси манфиатҳои беҳтарини кӯдак қарор қабул кунанд.
Қонуни пешниҳодгардида ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, кумита нисбат ба он эрод надорад ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.
Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои супориши Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 11-уми сентябри соли 2020 дар бораи тақвият додани ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии хурдсолу ноболиғон, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон ва Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022» таҳти №380 аз 15-уми марти соли 2023 бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-уми ноябри соли 2023 қабул кардааст.
Бо ин мақсад ба қисми 1 моддаи 127, моддаи 145 ва қисми 2 моддаи 148 иловаҳои дахлдор ворид карда шуд, ки тибқи он, минбаъд шахсоне, ки ба ҳукми суд барои содир кардани ҷиноят якумра аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти омӯзгорӣ ва ё ишғоли мансабҳое, ки бо кор бо ноболиғон вобастагӣ доранд, маҳрум карда шудаанд, ҳуқуқи ба фарзандхондӣ қабул карданро надоранд ва он боиси беэътибор донистани фарзандхондии кӯдак гашта, ҳамчунин ин шахсон валӣ ва парастор таъин шуда наметавонанд.
Ҳамчунин, дар тамоми матни кодекс калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз гардидааст, ки хусусияти муайянкунанда ва мутобиқкунанда дошта, мухолифату норасоиҳои ҷойдоштаро бартараф менамояд.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад. Хоҳишмандем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.
Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мукаммал гардонидани қонунгузории соҳаи тандурустӣ, мутобиқгардонии меъёрҳои дохилии Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда аз мундариҷаи тавсияҳои муҳокимаи парламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми майи соли 2021 ва Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми июни соли 2021 таҳти №153 бармеоянд ва ба таъмини низоми самараноки хизматрасонии тиббӣ, расонидани кумаки тиббии касбию босифат, таъиноти доруворӣ, пешгирии таҳияи дорухатҳои ба истилоҳ «фармоишӣ» ва водорсозии бемор барои хариди доруворӣ аз дорухонаҳои алоҳида, баланд бардоштани масъулияти хизматию касбии кормандони соҳаи тиб, ҳамчунин такмил додани қонунгузории соҳаи тандурустӣ равона шудаанд.
Қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита ба он эрод надорад ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» оғоз мекунем. Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.
Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми декабри соли 2023 қабул кардааст.
Мақсади қонун аз фароҳам овардан ва тақвият бахшидан ба заминаҳои ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи фарҳанг, инкишофи минбаъдаи соҳаи фарҳанг, мушаххас гардонидани салоҳият ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи фарҳанг, ҳамкории байналмилалӣ дар ин соҳа, ҳифз ва эҳёи мероси таърихию фарҳангии миллӣ иборат буда, он 11 боб ва 70 моддаро дар бар гирифтааст. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва принсипҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи фарҳанг танзим менамояд.
Боби 1 ба «Муқаррароти умумӣ» бахшида шуда, дар он мафҳумҳои асосии дар қонуни мазкур истифодашаванда, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фарҳанг, доираи амали қонуни мазкур, сиёсати давлатӣ ва принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар ин соҳа, инчунин ҳуқуқ, уҳдадориҳо ва кафолати давлатии шаҳрвандон дар соҳаи фарҳанг пешбинӣ шудааст.
Боби 2 «Салоҳият ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи фарҳанг» ном дошта, фарогири моддаҳои 9 — 14 буда, дар он салоҳият ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба таври мушаххас муайян гардидааст.
Бобҳои 3 — 6 қонуни мазкур низоми қонунгузории соҳаи фарҳангро мукаммал гардонида, фарогири муносибатҳо дар самти «Ҳуқуқу уҳдадориҳои кормандони соҳаи фарҳанг», «Фаъолият дар соҳаи фарҳанг», «Танзими давлатӣ дар соҳаи фарҳанг» ва «Ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонии корманди соҳаи фарҳанг» буда, он танзимкунандаи муносибатҳо дар самти ҳуқуқ, уҳдадориҳо ва имтиёзҳои кормандони соҳаи фарҳанг, субъектҳои фаъолияти фарҳангӣ, мақоми муассисаҳои соҳаи фарҳанг, намудҳо ва тартиби таъсис ва барҳамдиҳии муассисаҳои соҳаи фарҳанг, ҳамкории муассисаҳои фарҳангии давлатӣ бо ташкилотҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, тартиби назорати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг, инчунин тайёр намудан, бозомӯзӣ, такмили ихтисос, аттестатсия, ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи фарҳанг, аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг, бақайдгирӣ ва мураттабсозии феҳристҳои ягонаи давлатӣ дар соҳаи фарҳанг мебошад.
Дар бобҳои 7 ва 8, ки моддаҳои 48-57-ро дар бар гирифтаанд, тартиби ташкил ва гузаронидани чорабинии оммавии фарҳангӣ, уҳдадориҳои ташкилкунандагони ин чорабиниҳо, сафарҳои ҳунарии гурӯҳҳои эҷодӣ ва ҳунармандони алоҳида, намудҳои сарватҳои фарҳанги миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, паҳн ва дастраси омма намудани ин сарватҳо ва муносибатҳои молумулкии вобаста ба сарватҳои фарҳанги миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ менамояд.
Боби 9 қонуни мазкур аз моддаҳои 58-62 иборат буда, масъалаҳои марбут ба фаъолияти молиявию хоҷагидориро дар низоми фарҳанг, манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ, ҳуқуқҳои молумулкии онҳо, фаъолияти пулакӣ ва таъминоти моддию техникии муассисаҳои соҳаи фарҳангро муайян намудааст. Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг, сарватҳои таърихию фарҳангии бурунмарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказҳои фарҳангӣ дар хориҷи кишвар ва ташкилотҳои байналмилалии соҳаи фарҳанг дар боби 10, ки моддаҳои 63-67-ро дар бар гирифтааст, ба танзим дароварда шуда, боби 11 аз «Муқаррароти хотимавӣ» иборат буда, дар он ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур, дар бораи аз эътибор соқит донистани қонунгузории амалкунанда дар бораи фарҳанг ва тартиби мавриди амал қарор додани он пешбинӣ карда шудааст.
Қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҷавобгӯ буда, кумита ба он эрод надорад ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» оғоз менамоем. Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.
Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» бо мақсади амалисозии рафти иҷрои «Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018-2022» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2023 қабул кардааст.
Бо ин мақсад ба қонуни мазкур модда ва қисмҳои нав илова гардидааст, ки ба манъ будани истифода ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба кӯдак, таҳкими механизми муроҷиатҳои кӯдакон, ҳуқуқи кӯдак ба ҳимоя ва маҳдуд набудани ҳуқуқи кӯдак ба изҳори ақида, новобаста ба синну сол, равона гардида, ба кӯдак имкон фароҳам оварда шудааст, ки ҳангоми вайрон шудани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии худ, бевосита ба мақомоти васоят ва парасторӣ, инчунин мақомоти ваколатдори давлатии дигар муроҷиат намояд.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад.
Аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоянд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» шурӯъ мекунем. Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.
Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 июни соли 2023 қабул кардааст.
Қонуни мазкур бо мақсади такмили қонуни амалкунанда ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи дигар санадҳои қонунгузорӣ пешниҳод гардида, дар қисми 11 моддаи 19 калимаҳои «низомномае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст,» ба калимаҳои «санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» иваз карда шуданд.
Қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҷавобгӯ буда, кумита ба он эрод надорад ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки қонуни номбурдаро ҷонибдорӣ намоянд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» шурӯъ мекунем. Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.
Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2023 қабул намудааст.
Иловаҳои мавриди назар ба моддаҳои 1 ва 19 қонуни мазкур бо мақсади такмили қонунгузорӣ оид ба танзими ҳуқуқии низоми таҳсилоти дуалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, ки аз қисми назариявӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва қисми амалӣ дар истеҳсолот ва ё ҷойи кор иборат мебошад, пешниҳод гардидааст.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад. Аз аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдории қонуни мазкурро хоҳиш менамоям.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» оғоз менамоем. Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.
Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»-ро, ки бо мақсади такмили қонунгузорӣ оид ба танзими ҳуқуқии низоми таҳсилоти дуалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2023 қабул кардааст, баррасӣ намуд.
Бо ин мақсад ба моддаи 2 мафҳуми «- таҳсилоти дуалӣ – низоми таълим дар зинаҳои таҳсилоти касбӣ, ки дар он қисми назариявӣ дар муассисаи таълимӣ, қисми амалӣ дар истеҳсолот ва ё ҷойи кор амалӣ карда мешавад;», дар қисми 4 моддаи 9 баъд аз калимаи «тиббӣ» калимаҳои «ва ихтисосҳои дахлдори муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ» ва дар қисми 10 ҳамин модда баъд аз калимаи «фосилавӣ,» калима ва аломати «дуалӣ,» илова карда шуданд.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад. Аз аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдории қонуни мазкурро хоҳишмандам.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ» шурӯъ мекунем. Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.
Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ» бо мақсади такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин истифодаи дурусти истилоҳу мафҳумҳои ҷавобгӯ ба талаботи муосир ва бартараф намудани номутобиқии меъёрҳои танзимкунанда аз тарафи як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-уми июни соли 2023 қабул намудааст.
Бо ин мақсад муқаддимаи қонун, номи моддаҳои 5, 7 ва қисми 2 моддаи 7 дар таҳрири нав ифода шуда, дар моддаи 3 сархати нав -«ташаккули буҷети давлатӣ» илова гардидааст.
Дар дигар мавридҳо низ тағйироти пешбинишуда хусусияти муайянкунанда ва мутобиқкунанда дошта, бо мақсади бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, истифодаи ислоҳоту ибораҳо бо назардошти услуби ягона ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ равона карда шудаанд.
Қонуни пешниҳодгардида ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, кумита нисбат ба он эрод надорад ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» шурӯъ мекунем. Сухан ба Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.
Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Дар асоси тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ба моддаҳои 9 ва 11 қонуни амалкунанда, ки вазифаҳо ва ҳуқуқҳои мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон нисбат ба собиқадорон, инчунин кафолатҳои фаъолияти ташкилотҳои собиқадоронро муайян менамояд, иштироки мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро низ дар ин раванд пешбинӣ намудааст. Ҳамзамон, дар моддаи 19 пас аз калимаҳои «қӯшунҳои дохилӣ» калимаҳои «Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид гардиданд, ки минбаъд тибқи ин тағйирот Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун собиқадорони хизмати ҳарбӣ эътироф мешаванд.
Инчунин, ба моддаҳои 20, 38 ва 43 иловаҳо пешниҳод гардидааст, ки тибқи он шахсоне, ки дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия адои вазифа кардаанд, собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътироф гардида, бо аъзои оилаашон аз кафолату ҷуброноти давлатӣ низ бархӯрдор мегарданд.
Қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, кумита нисбат ба он эрод надорад ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.
Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми декабри соли 2023 қабул намудааст.
Мақсад аз қабули қонуни мазкур дақиқнамоии манбаи пардохтҳои ҳатмии ситонидашаванда барои нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кишвар мебошад.
Дар робита ба ин, ба қонун моддаи нави 6329 илова гардидааст, ки мутобиқи қисми 1 он, минбаъд пардохт барои нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби мақомоти бозрасии давлатии автомобилӣ ҳангоми ба қайди давлатӣ гузоштани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ пас аз барасмиятдарории гумрукии воситаҳои нақлиёти автомобилии ба ҷумҳурӣ воридгардида ва ҳангоми гузаронидани муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ситонида мешавад. Илова бар ин, пардохти дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда аз ҳар як воситаи нақлиёти автомобилӣ як маротиба ситонида шуда, аз натиҷаи он ба соҳиби воситаи нақлиёт талон оид ба супоридани маблағи пардохт барои нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дода мешавад, ки он то давраи нобудсозии (утилизатсия)-и воситаи нақлиёти автомобилӣ эътибор дорад.
Ҳамзамон, тибқи моддаи 6331 қонун намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия гардидаанд, бо шарти аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас баровардани воситаҳои нақлиёти автомобилии қаблан вориднамудаи онҳо ва воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан ворид карда шудаанд, аз супоридани ин намуди пардохт озод карда мешаванд. Инчунин, мутобиқи моддаи 6332 қонунмеъёрҳои пардохт барои нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Кумита нисбат ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» оғоз менамоем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.
Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар асоси қонуни мазкур ба моддаи 1 мафҳумҳои «фаъолияти иқтисодии хориҷӣ» ва «айнияткунонии молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда» илова гардида, мазмуни онҳо шарҳ дода шудааст. Ҳамзамон, ба моддаи 6 сархати ҳафтум илова гардидааст, ки он тартиби таъсиси комиссия оид ба назорати содирот, низомнома ва ҳайати онро муайян менамояд.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» шурӯъ мекунем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.
Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» бо мақсади истифодаи истилоҳот бо назардошти услуби ягонаи забони давлатӣ, бартараф намудани норасоию мухолифатҳо, такмили мазмуни меъёрҳо мутобиқ ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ қабул шудааст.
Муқадиммаи қонун дар таҳрири нав ифода гардида, минбаъд он асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии татбиқи раванди барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва маҷбурӣ, аз ҷумла раванди муфлисшавии ташкилотҳои қарзиро муқаррар менамояд. Ҳамзамон, дар қисми 7 моддаи 6 калимаҳои «дигар асосҳо» ба калимаҳои «дигар асосҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз гардидаанд, ки ҷавобгӯ ба доираи амали қонуни мазкур мебошад.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» оғоз менамоем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.
Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳаракат дар роҳро муайян намуда, ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ равона гардидааст.
Дар асоси қонуни мазкур ба қисмҳоии 2, 3 моддаи 33 тағйирот ворид гардида, калимаҳои «фондҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ», «мешаванд» ва «фондҳои» мувофиқан ба калимаҳои «фонди роҳ», «мешавад» ва «фонди» иваз гардида, тадбирҳои маблағгузории таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳро муайян месозад.
Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.
Фарҳод РАҲИМӢ:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ Ҳ. Дӯстзода ва вакилони Маҷлиси намояндагон Ф. Идизода, Ш. Ҳакимзода, М. Шодиён, Ғ. Азиззода, З. Файзуллозода ва З. Сафарзода пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якуми ноябри соли 2023 қабул намудааст.
Мақсад аз қабул намудани қонуни конститутсионии мазкур мутобиқ намудани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бардоштани ихтилофоти қонунгузорӣ, инчунин мутобиқ намудани он ба талаботи имлои забони тоҷикӣ мебошад. Илова бар ин, дар қонуни конститутсионии амалкунанда як қатор тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.
Қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, кумитаи мо нисбат ба он эрод надорад ва аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва басти вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Идрисзода Илёс дода мешавад. Марҳамат.
Илёс ИДРИСЗОДА:
- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва басти вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардидааст.
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024-ум 5,0 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки он асосан барои пардохти музди меҳнат, хароҷоти мол ва хизматрасониҳо, инчунин кумакпулиҳои иҷтимоӣ равона гардидааст:
(- фонди музди меҳнат ва андозҳо – 2,3 млн. сомонӣ;
- хароҷоти мол ва хизматрасониҳо – 2,2 млн. сомонӣ;
- кумакпулиҳои иҷтимоӣ 0,3 млн. сомонӣ;
- харидории мошин ва таҷҳизот – 0,2 млн. сомонӣ).
Сохтор ва рӯйхати вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, ки бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми декабри соли 2019 тасдиқ шудааст, бетағйир монда, басти вазифаҳо аз 52 воҳиди корӣ иборат мебошад.
Аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ ва тасдиқи қарори мазкурро бо эҳтиром хоҳиш менамоям.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва басти вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматзода А.У.» оғоз менамоем. Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳишмандам, ки мавқеатонро муайян намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматзода А.У.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба муҳокимаи лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия бозхонд намудани Исматзода А.У.» шурӯъ мекунем. Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳишмандам, ки мавқеатонро муайян намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия бозхонд намудани Исматзода А.У.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Тибқи талаботи Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиботи иҷлосия оид ба рафти кори иҷлосия, муроҷиатҳо ва ҳуҷҷатҳои ба унвони иҷлосияи Маҷлиси миллӣ воридшуда маълумот манзур менамояд. Доир ба ин масъала сухан ба раиси котибот Низом Қосим дода мешавад. Марҳамат.
Низом ҚОСИМ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Унвонии Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муроҷиат, ариза, дархост ворид нашудааст.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баррасӣ ва нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Доир ба рафти иҷлосия таклифу пешниҳодҳо бошанд, марҳамат, иброз намоед. Нест.
Тавре огоҳ ҳастед, пагоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатиашонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Бовар дорам, ки аъзои Маҷлиси миллӣ зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» фаъолона ширкат меварзанд.
Моро лозим аст, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати тақвияти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва қонунгузорӣ дучанд заҳмат кашида, барои фароҳам овардани шароити мусоиду муносиби рушди кишвари азизамон дар ҳама ҷанба кӯшиш ба харҷ диҳем.
Ҳар як узви Маҷлиси миллиро зарур аст, ки рисолати худро софдилонаю содиқона иҷро намуда, дар кори пешрафту шукуфоии Ватан ва таъмини зиндагии шоистаи ҳар як фарди мамлакат саҳми назаррас гузорад.
Инак, мо дар арафаи анҷоми соли 2023 қарор дорем. Соли сипаришудаистода аз ҳар ҷиҳат барои Тоҷикистон соли неку бобарор буд. Бовар дорам, ки дар соли оянда низ аъзои Маҷлиси миллӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ барои таҳия, қабул ва ҷонибдорӣ намудани қонунҳои ба нафъи давлат, ҷомеа ва мардум равонагардида, инчунин дар самти вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ пурмаҳсул кор мекунанд.
Бо истифода аз ин фурсат аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини арҷмандро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2024 табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар тансиҳатӣ, хушбахтӣ ва файзу нишот орзумандам.
Бо ҳамин Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.
(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ