25 октябри соли равон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани принсипи инсондӯстона ба муносибати 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, қабул кард.
Дар робита ба қонуни мазкур хабарнигорамон бо чанд савол ба Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад — раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ба ҷуз он ки теъдоди зиёди авфшавандаҳоро фаро мегирад, аз қонунҳои пешина бо кадом ҷиҳат фарқ мекунад?
- Нахуст бояд ёдовар шуд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» мутобиқ ба принсипҳои инсондӯстӣ ва ҷомеаи адолатпарвар буда, аз Конститутсияи мамлакат сарчашма мегирад. Қонун аз рӯи садоқат ба рӯҳияи инсондӯстӣ бо мақсади ба оила, назди фарзандону ҷигарбандон ва ба ҳаёти осоишта баргаштани ҳазорон шахсе, ки ҷиноят содир карда, аз амали ғайриқонунии хеш пушаймон шудаанд, дар роҳи ислоҳшавӣ қарор доранд, ба ҷамъият хавфи зиёд надоранд ва зарари моддии расонидаашонро ихтиёран ҷуброн намудаанд, қабул шуд.
Қонуни нави авф нисбат ба қонунҳои ҳамноми қаблан қабулшуда бартарии зиёд дорад. Масалан, мувофиқи моддаи 5 ва моддаҳои дигари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» (аз 24 августи соли 2016) татбиқи он нисбат ба шахсоне, ки ҷиноятҳои характери террористӣ ва экстремистидошта содир намудаанд, маҳдуд шуда буд. Бо фарқ аз ин, қисми 2 моддаи 5 Қонуни нави авф муқаррар менамояд, ки ҳатто маҳкумшудагоне, ки ҷинояти дар қисми 2 моддаи 3073 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир кардаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои боқимондаи ҷазо озод карда мешаванд. Яъне, амали қонун нисбат ба онҳое ҳам татбиқ мешавад, ки дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ (ё дигар ташкилоте, ки қарори суд дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ эътибори қонунӣ дорад) иштирок кардаанд ё ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар мусоидат намудаанд.
Ҳамчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» (аз 24 августи соли 2016) татбиқи авфро нисбат ба шахсоне, ки бо моддаи 319 (гирифтани пора)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир кардаанд, пурра истисно менамуд. Вале тибқи қонуни нав шахсе, ки бо маблағи камтар аз даҳ ҳазор сомонӣ пора гирифтааст, метавонад авф шавад.
- Дар қонун аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо адои ҷазо карда истодаанд, пешбинӣ гардидааст. Хоҳишмандам, ҳамин бандро шарҳ диҳед.
- Дар асоси муқаррароти моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» пешбурди парвандаҳои ҷиноятие, ки аз ҷониби шахсони дар моддаи 1-уми он зикргардида содир шуда, таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд ё аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, дар истеҳсолот қатъ карда мешаванд. Яъне, парвандаҳои занон, ноболиғон, мардони аз синни 55 боло, маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили фаъоли узвҳои нафас ва дигар узвҳои бадан, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV мансуб донисташуда, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, инчунин, шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии «Чернобил» зарар дидаанд, шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шудаанд ва шаҳрвандони хориҷӣ.
Дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ашхоси дар боло номбурда гардида, тамоми маҳдудиятҳое, ки қонуни, мазкур ҳангоми татбиқи авф муайян кардааст, ба эътибор гирифта мешаванд.
- Оё ҳаст категорияи маҳкумшудагоне, ки қонун «Дар бораи авф» нисбати онҳо татбиқ намегардад?
- Дар асоси моддаи 8 қонуни мазкур авф нисбат ба шахсоне, ки бо ҷазои якумра аз озодӣ маҳкум шудаанд, онҳое, ки нисбаташон ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз шудааст ва маҳкумшудагоне, ки барои қасдан содир кардани ҷиноят дар маҳали адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, татбиқ намешавад.
Тавре зикр намудем, татбиқи авф, инчунин, нисбат ба шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 186, 305, 306, 310, қисми 4 моддаи 319 (агар маблағи пора беш аз даҳ ҳазор сомонӣ бошад), моддаи 328, қисми 2 моддаи 330, моддаҳои 401 ва 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум шудаанд, истисно аст.
- Дар гузашта мавридҳое ҳам буданд, ки баъзе авфшудаҳо пас аз як ё ду моҳ дубора даст ба ҷиноят зада, ба маҳбас рафтанд. Оё онҳое, ки мавриди авф қарор мегиранд, ягон уҳдадориро бар дӯш хоҳанд дошт?
- Моддаи 16 муқаррар менамояд, ки шахсони мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» озодшаванда аз ҷазои иловагӣ ва барқарор намудани товони зарари моддии бо кирдори ҷиноятӣ расонидаашон озод намешаванд. Вале қонун ба зиммаи шахсоне, ки аз ҷавобгарӣ ва ҷазо озод мешаванд, уҳдадорӣ вогузор намекунад.
Ҳамзамон, мувофиқи моддаи 42-юми Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар шахс, аз ҷумла, шахсе, ки бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё ҷазо озод шудааст, вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳои мамлакатро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
Воқеан, боиси ташвиш аст, ки баъзе шахсони бо татбиқи Қонун «Дар бораи авф» аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё ҷазо озодшуда, боз ҷиноят содир мекунанд. Албатта, ин ҳолат ҳангоми интихоби чораи пешгирӣ нисбат ба чунин шахсон ва таъин кардани ҷазо барои ҷинояти нав содиркардаи онҳо аз ҷониби суд ба эътибор гирифта мешавад.
- Киҳо ҳуқуқи шикоят кардан аз болои қарор ё таъинот дар бораи авфро доранд?
- Мутобиқи моддаҳои 12 ва 13-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қарор дар бораи татбиқи авф ё рад кардани он нисбат ба ҳар шахс алоҳида қабул мегардад.
Мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни мазкурро бо розигии прокурори дахлдор татбиқ менамоянд. Он аз ҷониби судҳо бо иштироки ҳатмии прокурор амалӣ мешавад.
Дар асоси моддаи 23, сархати дувоздаҳуми қисми 4 моддаи 46, сархати чордаҳуми қисми 4 ва сархати чоруми қисми 6 моддаи 47, моддаҳои 357, 363 ва 403-юми Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчиёни мурофиа, шаҳрвандон, намояндагони корхонаю ташкилот ва муассисаҳо, ки ба пешбурди парвандаи ҷиноятӣ манфиатдоранд, ҳуқуқ доранд, мутобиқи тартиб ва муҳлатҳои муқаррарнамудаи кодекси мазкур аз амал ё қарори суд, судя, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда шикоят кунанд.
Шахси маҳкумшуда ё сафедкардашуда ҳуқуқ дорад бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав дида баромадани ҳукмро аз тарафи суди болоӣ талаб намояд. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ҳуқуқ дорад, ки аз амалу қарорҳои шахси таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя шикоят кунад. Шикоят аз болои ҳукм, таъинот ва қарори суде, ки эътибори қонунӣ пайдо накардаанд, ба суди марҳилаи кассатсионӣ оварда мешавад.
Шикоят дар бораи аз сари нав дида баромадани ҳукм, таъинот ва қарори суде, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, ба суди марҳилаи назоратӣ аз ҷониби маҳкумшуда, сафедкардашуда, ҳимоятгарон ва намояндагони онҳо, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони қонунии онҳо, инчунин, дигар шахсоне, ки ҳуқуқу манфиатҳои молумулкии онҳо бо ҳукм халалдор шудааст, тибқи муқаррароти Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. Дар робита бо ин, шахсоне, ки нисбат ба онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» татбиқ шудааст ва онҳо бо қарори қабулшуда розӣ нестанд, метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кунанд.
Ҳамзамон, агар авф нисбат ба онҳо бо қарори тафтишоти пешакӣ, мақомоти таҳқиқ, фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардида бошад, пас шикоят ба прокурори дахлдор пешниҳод мешавад.
Мусоҳиб Маҳмудҷон Усмон, «Садои мардум»