Сиюми июни соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи хотимавӣ бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017»
3. Оид ба гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум».
РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Масъалаи якуми рӯзнома «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» унвон дорад. Дар дасти мо Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд буда, хоҳиш карда шудааст, ки қонуни мазкурро такмил диҳанд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин хусус дар дасти шумо ҳаст.
Чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад?
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси аз эътибор соқит донистани Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба овоз мемонам.
Қарор қабул шуд.
Ба баррасии масъалаи навбатӣ — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонмамадова Меҳринамо Худододовна дода мешавад.
Меҳринамо Ҷонмамадова: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ҷиҳати иҷрои банди 8 Протоколи Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2016 бо мақсади роҳ надодан ба қочоқи маснуоти заргарӣ, кам кардани андозаи пардохтҳои гумрукӣ ба он, инчунин пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ, фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ, поймоли ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, ҷалби бештари маблағҳо ба Буҷети давлатӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» илова пешниҳод шуда, аз ҷониби шумо — муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон қабул гардид.
Тибқи иловаи мазкур, ба таври пилотӣ дар давоми як сол ба ивази андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ ҳангоми воридоти маснуоти заргарӣ пардохти махсуси гумрукӣ ба андозаи:
- барои воридоти 1 (як) грамм маснуоти заргарӣ аз металли тилло 18,0 сомонӣ;
- барои воридоти 1 (як) грамм маснуоти заргарӣ аз металли нуқра 3,06 сомонӣ муқаррар карда шуд.
Дар давоми як сол аз лаҳзаи ҷорӣ намудани пардохти махсус барои воридоти маснуоти заргарӣ, новобаста аз идомаи таъсири буҳрони молиявӣ ва коҳиш ёфтани қобилияти харидории маснуоти заргарӣ аз ҷониби аҳолӣ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 1069 кг маснуоти заргарӣ ворид шуд, ки аз ин ҳисоб ба Буҷети давлатӣ 6 миллиону 961 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт гардид. Ин нишондиҳанда тахминан баробар ба маҷмӯи воридоти маснуоти заргарӣ дар панҷ соли сипаригардида (1167 кг бо маблағи 6,6 млн.сомонӣ) баробар мебошад.
Рақамҳои зикргардида аз он шаҳодат медиҳанд, ки амалишавии тадбири мазкур, ки маҳз бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ҳамчун амри воқеӣ барои пешрафти соҳа нақши босазо гузошта, ба ташкили низоми ҳавасмандкунандаи пардохти шаффофи боҷи гумрукӣ дар иртибот ба гардиши маснуоти заргарӣ заминаи мустаҳкам гузошт.
Илова ба он, татбиқи лоиҳаи пилотӣ шаффофияти фаъолияти соҳибкорони дар ин ҷода шуғлдоштаро таъмин сохта, ба ин васила тавассути аз байн бурдани ҳолатҳои тариқи қочоқ воридшавии маснуоти заргарӣ ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро ҷиҳати дастрасӣ ба маснуоти заргарии ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ таъмин менамояд. Аз ин лиҳоз, бо мақсади дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба қонунҳои амалкунандаи кишвар ба таври доимӣ ворид намудани муқаррароти меъёри пилотии татбиқгардида, ки риояи муҳлати муайянро тақозо менамояд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» омода шуд, ки мутобиқи он дар қисми 9 моддаи 15 рақам ва калимаи «30 июни» ба рақам ва калимаи «31 декабри» иваз карда мешаванд, ки ба талаботи меъёрҳои қонунгузорӣ мувофиқ буда, қабул ва амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Аз шумо хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва буҷет Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.
ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Он бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои қочоқи маснуоти заргарӣ, паҳн кардани маҳсулоти бесифати заргарӣ, фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ, поймол намудани ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, инчунин кам кардани андозаи пардохтҳои гумрукӣ ба он, пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ ва ҷалби бештари маблағҳо ба Буҷети давлатӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Моддаи 15-уми қонуни мазкур ба имтиёзҳои андозӣ барои корхонаю ташкилотҳои алоҳида бахшида шудааст ва тибқи қисми 9-уми он барои воридоти маснуоти заргарӣ аз андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда, бар ивази онҳо пардохти махсуси гумрукӣ ба андозаи зерин барои воридоти 1 (як) грамм маснуоти заргарӣ аз металли тилло – 18,0 сомонӣ; барои воридоти 1 (як) грамм маснуоти заргарӣ аз металли нуқра — 3,06 сомонӣ муқаррар шудааст. То қабули ин тағйирот барои воридоти 1 (як) грамм маснуоти заргарӣ аз металли тилло – 77,61 сомонӣ, барои воридоти 1 (як) грамм маснуоти заргарӣ аз металли нуқра — 13,23 сомонӣ андоз муқаррар шуда буд.
Ворид намудани тағйирот ба қонуни мазкур барои ташкили низоми ҳавасмандкунандаи пардохти шаффофи боҷи гумрукӣ ба соҳибкорон мусоидат намуда, аз лаҳзаи тағйирот аз 4 июли соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» то ин давра ба Буҷети давлатӣ 6 миллиону 961 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2015 дар ҳаҷми 872,6 кг маснуоти заргарӣ ба маблағи 5,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд.
Дар ҷаласаи васеи кумита лоиҳаи қонун бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, дастгирӣ ёфт.
Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба он қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор оид ба масъалаи ниҳоии рӯзнома: «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» (3 октябри соли 2016 — 30 июни соли 2017) суханро ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дод.
(Гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» (3 октябри соли 2016 — 30 июни соли 2017) дар ҳамин шумораи рӯзнома алоҳида нашр шуд).
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ба маълумот гирифта шуд.
Шукурҷон ЗУҲУРОВ:
- Вакилони муҳтарам, масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид шуда буданд, баррасӣ гардиданд.
Ҷаласаи хотимавӣ ва кори Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Самариддин АСОЕВ,
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ