Сию якуми декабри соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд.
РАИС: — Вакилони муҳтарам!
Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 59 нафар вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон»
2. Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон»
3. Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон»
4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019».
РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим Гулмурод дода мешавад.
Вакилони муҳтарам!
Бо дарназардошти он ки ҳар се масъалаи аввал ба як мавзӯъ – «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон» бахшида шудаанд, аз муҳтарам Гулмуродзода хоҳиш менамоем суханрониро оид ба масъалаҳо муттаҳид намоянд. Марҳамат.
ГУЛМУРОДЗОДА Карим Гулмурод: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Созишномаҳои қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд, Фонди саудии рушд ва Фонди байналмилаии рушди ОПЕК оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон» соли ҷорӣ ба имзо расонида шудаанд.
Маблағи умумии лоиҳа 53,5 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки 15,0 млн. доллари он қарзи Бонки исломии рушд, 25,0 млн. қарзи Фонди саудии рушд, 10,0 млн. қарзи Фонди байналмилалии рушди ОПЕК ва 3,5 млн. доллар ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Татбиқи лоиҳа соли 2020 оғоз гардида, соли 2025 анҷом меёбад.
Ҳадафи асосии лоиҳа беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии деҳот тавассути идораи босамари захираҳои обии ҷумҳурӣ мебошад. Амалӣ намудани он ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, зиёд шудани даромади хоҷагиҳои фермерӣ ва беҳтар гардидани дастрасӣ ба таъминоти об мусоидат менамояд.
Лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон» аз панҷ қисмат иборат аст.
Қисмати якуми лоиҳа ба беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Носири Хусрав ва шаҳри Кӯлоб равона мегардад. Дар доираи ин қисмат амалӣ намудани чорабиниҳои зерин (ба маблағи 37,5 млн. доллари амрикоӣ) дар назар дошта шудааст:
- обёрии заминҳои нав дар мавзеи Пушинг ва Лолазори ноҳияи Данғара (1600 га) ва мавзеи Шулуптуи ноҳияи Темурмалик (400 га);
- барқарорсозӣ ва азнавсозии пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияҳои Данғара, силсиланасосҳои Сангтӯда, Восеъ, Носири Хусрав ва шаҳри Кӯлоб;
- сохтмон ва барқарорсозии системаҳои обтаъминкунӣ ва санитария дар маҳаллаҳои Кангурт, Оби Ширин ва Гузари тори ноҳияи Темурмалик (17 000 нафар аҳолӣ);
- таъмини оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои Сангтӯда, Қазонгузар, Навобод, Гулистон, Себистон, Калкот, Розиён, Сафобахши ноҳияи Данғара (31 000 аҳолӣ), инчунин Зиракӣ ва Офтобрӯяи шаҳри Кӯлоб (13250 нафар аҳолӣ).
Қисмати дуюми лоиҳа дастрасӣ ба захираҳои молиявии Бонки исломии рушд мебошад, ки аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Дар доираи он захираҳои молиявӣ бо шартҳои мусоид бо дарназардошти талабот ва меъёрҳои шариатӣ аз тариқи бонкҳои тиҷоратӣ ва муассисаҳои молиявӣ ба аҳолӣ пешниҳод карда мешавад (5,04 млн. доллари амрикоӣ).
Дар доираи қисмати сеюм таҳвили техника ва таҷҳизот барои таъмини устувории идоракунии захираҳои об дар минтақаҳои лоиҳа пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ техника ва таҷҳизот, ки барои идоракунии низоми мелиоративӣ ва устувории он, таъмир ва хизматрасонии техникии пойгоҳҳои обкашӣ, таъминоти оби нӯшокӣ ва барои хизматрасонии коммуналӣ масъул мебошанд, таҳвил карда мешавад (маблағи 2,3 млн. доллари амрикоӣ).
Қисматҳои чорум ва панҷуми лоиҳа мутаносибан корҳои тарҳрезӣ ва назорати лоиҳа (2,7 млн. доллари амрикоӣ) ва идоракунии лоиҳаро (0,8 млн. доллари амрикоӣ) дар бар мегиранд. Инчунин, дар доираи лоиҳа маблағҳои ғайричашмдошт дар ҳаҷми 5,1 млн. доллари амрикоӣ (10 фоиз) пешбинӣ гардидааст. Қобили тазаккур аст, ки шаҳру ноҳияҳои банақшагирифташуда (аз ҷумла, ноҳияҳои Темурмалик, Данғара, Носири Хусрав ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон) мушкилии зиёд вобаста ба таъминоти оби нӯшокӣ ва хизматрасонии корезӣ доранд. Инфрасохтори мавҷудаи хизматрасонии онҳо қариб фарсудаву корношоям гардидаанд, ки мутаносибан ба ҳолати некуаҳволии сокинони маҳал, вазъи санитарию гигиенӣ ва саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Татбиқи лоиҳа мушкилоти ҷойдоштаро дар ин самт то андозае бартараф месозад.
Аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоям, ки созишномаҳои пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот дода мешавад.
ЛАТИФЗОДА Рустам Барот: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаҳои қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд, Фонди саудии рушд ва Фонди байналмилалии рушди ОПЕК оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд.
Онҳо бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 23 декабри соли 2019 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.
Қарзҳои ҷалбшавандаи лоиҳа имтиёзнокии баланд дошта, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидаанд:
Фонди Бонки исломии рушд:
- муҳлати қарз – 30 сол;
- давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ – 10 сол;
- меъёри фоиз – 0,75 фоизи солона.
Фонди саудии рушд:
- муҳлати қарз – 25 сол;
- давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ – 5 сол;
- меъёри фоиз – 1 фоизи солона.
Фонди ОПЕК:
- муҳлати қарз – 20 сол;
- давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ – 5 сол;
- меъёри фоиз – 1 фоизи солона.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳодкарда созишномаҳои зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Кумитаи масъул созишномаҳои зикргардидаро 25 декабри соли 2019 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи роҳбари гурӯҳи татбиқи лоиҳа мавриди баррасӣ қарор дод ва онҳо аз ҷониби иштирокчиён ҷонибдорӣ карда шуданд.
Созишномаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд. Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамояд, ки онҳоро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Маърӯзаҳо ба охир расиданд. Касе савол дорад? Нест. Кӣ сухан гуфтан мехоҳад ? Нест.
Пешниҳод аст, ки созишномаҳои зикргардида бо тартиби муайяншуда ба овоз монда шаванд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» оғоз менамоем. Сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим Гулмурод дода мешавад.
Гулмуродзода Карим Гулмурод: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» бо мақсади аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти дарахтҳо ва гулу буттаҳои ороишӣ, ки ба ободу зебо намудани боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва кӯчаю гулгаштҳо нигаронида шудаанд, таҳия гардидааст.
Дарахтҳо ва гулу буттаҳои ороишӣ барои таъминоти иншооти муҳими давлатӣ, аз ҷумла, Маҷмааи давлатии «Қасри миллат», Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Боғи миллӣ» — и Муассисаи давлатии «Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», қароргоҳи беруназшаҳрии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Маркази фароғатии Хуррамшаҳр ва Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара, Боғи Куруши Кабир, Раёсати иттифоқи «Тоҷикматлубот», Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ ба миқдори 83289 адад ворид карда шудааст.
Мувофиқи маълумот, арзиши умумии дарахтҳо ва гулу буттаҳои ороишии воридшуда 25,3 млн. сомониро ташкил медиҳад. Бо қабули лоиҳаи қонуни зикршуда маблағи имтиёзҳои андозию гумрукии озодшаванда ба 7, 1 млн. сомонӣ баробар мегардад (андоз аз арзиши иловашуда — 4,6 млн. сомонӣ ва боҷи гумрукӣ — 2,5 млн. сомонӣ).
Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.
ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Тибқи он, бо мақсади ободу зебо намудани боғҳои фароғатӣ ва кӯчаю гулгаштҳо, назди биноҳои муассисаву ташкилотҳои шаҳри Душанбе мебошад, ворид намудани дарахтҳо ва гулу буттаҳои ороишӣ аз пардохтҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.
Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» яъне, «Имтиёзҳои андозӣ барои корхонаю ташкилотҳои алоҳида барои соли 2019», қисми 17 бо мазмуни зерин илова карда мешавад:
«17. Дар соли 2019 воридоти дарахтҳо ва гулу буттаҳои ороишӣ аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», (Муассисаи давлатии «Боғи миллӣ»- и Муассисаи давлатии «Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон») Муассисаи давлатии «Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара» — и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати иттифоқи «Тоҷикматлубот», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, қароргоҳи беруназшаҳрии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, маркази фароғатии «Хуррамшаҳр», «Боғи Куруши Кабир» ва масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидаанд, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд».
Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд. Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.
Самариддин АСОЕВ,
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ