Ба гетӣ намонад ба ҷуз номи нек

№54-55 (4794-4795) 01.05.2024

3Инсон танҳо тавассути кори неку номи нек ва хушрафторию накукорияш метавонад сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардад. Шахсе, ки амали хайр, яъне, некӣ карданро одату шиори хеш созад, бегумон баракат дар умраш зиёд гашта, солҳо аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд. Ба гуфтаи Фаридуддин Аттори Нишопурӣ:

Ҳар кӣ ӯро хайр одат мешавад,

Бегумон, умраш зиёдат мешавад.

Яке аз чунин шахсиятҳое, ки бо хидматҳои шоиста ва амалҳои некаш номашро дар саҳифаи заррини таърихи миллат сабт гардонид, ходими намоёни давлатӣ, собиқ вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1963-1974), муовини раиси Шурои вазирони ҶШС Тоҷикистон (1974-1984), вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (1981-1984), узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1975), доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Рус­тамбек Юсуфбеков мебошад.

Рустамбек Юсуфбеков дар шаҳри Хоруғ аввал маълумоти миёна гирифта, сипас Омӯзишгоҳи педагогиро хатм намуд.

Ӯро соли 1945 ба сафи Ҳизби коммунистӣ қабул намуданд. Тайи солҳои 1945-1947 аввал муовин ва сипас мудири шуъбаи тарғиботи Ҳизби коммунистӣ дар ноҳияи Ишкошим буд. Соли 1954 пас аз хатми аспирантураи Академияи илмҳои ҷамъиятшиносӣ дар назди Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шуравӣ рисолаи илмиашро ҳимоя намуд ва ӯ аввалин устодест, ки ба шогирдон аз фанни иқтисодиёти сиёсӣ ба забони тоҷикӣ дарс гуфтааст.

Лаёқати баланди ташкилотчигиашро ба назар гирифта, соли 1963 Рустамбек Юсуфбековро вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон таъйин намуданд, ки ӯ дар ин вазифа то соли 1974 софдилона ба халқу Ватан хизмат кард. Дар давраи вазирии ӯ дар ҷумҳурӣ беш аз 150 мактаб бунёд гардид. Қабули донишҷӯён ба макотиби олии ҷумҳурӣ ду баробар ва теъдоди хатмкунандагон 2,8 баробар афзуд. Дар ин ҷода муносибати хуби ӯ бо Москва ва дӯстиаш бо роҳбари онвақтаи ҷумҳурӣ Ҷаббор Расулов самараи нек дод.

Соли 1968 рушди соҳаи саноати химия дар ҷумҳурӣ зарурати омода кардани мутахассисони маълумоти олидорро талаб мекард. Р. Юсуфбеков бори гарони масъулиятро ба дӯши худ гирифта, дар назди Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ) факултети химикотехнологиро таъсис дод. Мутаассифона, дар асоси шикояти нотавонбинон, ки ба Госплан мактуби беноми шикоятӣ фиристода буданд, соли 1970 ин факултети барои ҷумҳурӣ ниҳоят зарур баста шуд.

Инчунин, соли хониши 1972-1973 аз сабаби 27 фоиз аз нақша зиёд қабул кардани донишҷӯён иддае аз нотавонбинон аз рӯи Р. Юсуфбеков ба Москва мактуби шикоятӣ навиштанд, вале хушбахтона, Вазорати маорифи халқи Иттиҳоди Шуравӣ бо қабули қарори махсус ба донишҷӯён идомаи таҳсилро иҷозат дод.

Рустамбек Юсуфбеков ҳамеша ҷонибдори ин ақида буд, ки маърифатнокию ҳунару саводомӯзӣ омили муҳими баланд шудани сатҳи маданияти шаҳрвандон ва маҳсулнокии меҳнат мегардад. Ӯ мегуфт, ки «ҳар қадар сатҳи маълумоти касбӣ баланд бошад, ҳамон андоза сатҳи маданияти кормандон ва маҳсулнокии меҳнат баланд мегардад».

Дарвоқеъ, ин фидоии соҳаи илму маориф яке аз беҳтарин иқтисодшиносони давраи шуравӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Натиҷаи таҳқиқоти бисёрсолаашро дар рисолаи докториаш «Проб­лемаҳои иқтисодии такмили маорифи халқ» дарҷ намуд.

Бо мақсади омода кардани кадрҳои маҳаллӣ дар соҳаҳои барои ҷумҳурӣ муҳим донишҷӯёни тоҷикро ба макотиби олии Россия, Украина, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ғайра мефирис­тод, зеро он солҳо дар макотиби олии ҷумҳурӣ доир ба баъзе ихтисосҳои зарурӣ факултет ё базаи таълимӣ набуд. Маҳз, дар давраи вазири маориф будани Рустамбек Юсуфбеков дар ҷумҳурӣ Донишкадаи санъат таъсис ёфт.

Солҳои 1974-1984 Рустамбек Юсуфбеков ба ҳайси муовини раиси Шурои вазирон ва дар як вақт ҳамчун вазири корҳои хориҷӣ (1981-1984)-и ҶШС Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Дар ин вазифаҳо низ ӯ баҳри баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ ва таҳкими робитаҳои хориҷии ҷумҳурӣ корҳои шоёнро ба анҷом расонид. Вай ҳамчун собиқадори соҳаи маориф мудом таъкид менамуд, ки пурзӯр намудани пояҳои соҳаи маорифи халқ асоси ноил шудан ба пешрафти илмӣ-техникӣ мебошад:

Пояи давлат набошад бе маориф устувор,

Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр!

Рустамбек Юсуфбеков дар даъватҳои 6, 7, 8, 9 ва 10-уми Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон аз ­ҳавазаҳои интихоботии гуногун вакили мардумӣ интихоб гардида, дар ҳалли мушкилоти интихобкунандаҳо мусоидат менамуд.

Рустамбек Юсуфбеков дар давоми фаъолияти бисёрсолааш зиёда аз 230 мақолаю рисола ва китобҳои илмию таҳлилӣ навиштааст. Китобҳои «Истеҳсолоти колхозии Тоҷикистон ва идоракунии онҳо дар даврони муосир», «Проблемаҳои иқтисодии такмили маорифи халқ», «Тоҷикистон дар оилаи ягонаи Иттиҳоди Шуравӣ», «Қонунҳои фаъолгардонии омили инсонӣ», «Муносибатҳои байнисоҳавии иқтисодӣ, таҳқиқи назария ва амалия», «Омӯзгор — шахсияти асосӣ дар мактаб» ва ғайра, ки солҳои 60- 80-уми асри гузашта чоп шудаанд, барои насли имрӯз низ аз ҳар ҷиҳат муфиданд.

Хидматҳои шоёни доктори илми иқтисод, профессор, ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ Рус­тамбек Юсуфбеков бо ордени «Байрақи Сурхи меҳнат», ду ордени «Нишони Фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, солҳои 1941- 1945», медали ҷашнии «30-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ва сипосномаю ифтихорномаҳои зиёд қадрдонӣ шудааст.

Ман (Фозил Обидзода) соли 1990 зери роҳбарии Рустамбек Юсуфбеков ба навиштани рисолаи номзадиам таҳти унвони «Захираҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз намудам. Мутаассифона, дар ин миён ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардиду дар пойтахти ҷумҳурӣ бинобар ноамнӣ таҳсил дар макотиби олию аспирантура муддате ба таъхир афтод. Бинобар фалаҷ шудани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бесарусомониҳо, дуруст фаъолият накардани нақлиёт ва дигар сабабҳо чанд моҳ Рустамбек Юсуфбековро дида натавонистам, ки аз ин хеле хиҷил будам.

Яке аз рӯзҳои соли 1993 дар роҳ бо устод Мурод Худоиев вохӯрдам. Он кас баъди ҳолпурсӣ ба раванди ҳимояи рисолаи илмиам таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

- Рисолаи илмиам, чӣ хеле буд, ҳамон хел мондааст. Дасту дилам хунук шуда, аз рафтан назди устодам Рустамбек Юсуфбеков хиҷолат мекашам. Вазъият ноором, ман аз Хатлон, устодам аз Бадахшон. Охир ҳеҷ кас кафолати амниятро намедиҳад… — навмедона гуфтам ман.

- Ин тавр накун, Фозилҷон. Ин бадбахтиҳо ҳам мегузаранду Худо хоҳад, боз ба рӯзҳои нек мерасем. Мо, олимон, бояд дар таҳкими ваҳдату дӯстии мардуми минтақаҳои гуногуни кишвар намуна бошем. Агар розӣ бошӣ, пагоҳ якҷоя назди Рустамбек Юсуфбеков меравем,- гӯён Мурод Худоиев дар дилам шуълаи умеду боварӣ ба фардоро барафрӯхт.

Ман бо сарфарозӣ пешниҳоди устодро қабул кардам. Фардои он рӯз якҷоя назди Рустамбек Юсуфбеков рафтем. Устод падарвор оғӯш кушода, аз он ки муддати зиёд аз худ дарак надодам, гила карданд.

Ман аз хиҷолат ҳарфе ба забон оварда натавонистам. Пазмоншавию меҳрубониҳои устодро дида гиря гулӯгирам мекард.

- Писарам, ҳеҷ гоҳ ноумеду ғамгин ва рӯҳафтода нашав! Ман солҳо ба ҳайси омӯзгор, корманди ҳизбӣ, вазир, муовини вазир ва вакили мардумӣ фаъолият карда, ҳеҷ гоҳ мардуми Тоҷикистонро ба маҳал ҷудо накардаам. Барои ман ҳама тоҷикис­тониҳо, новобаста аз маҳалашон, ҳамдиёранду дӯсташон медорам. Оташи ин ҷанги бародаркушро душманони халқи мо бо мақсади пароканда сохтани миллати тоҷик барафрӯхтанд, аммо ба мақсад намерасанд. Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки ҷумҳурии мо дар симои Эмомалӣ ­Раҳмонов Роҳбари ғамхору дилсӯзи хешро ёфт. Худо хоҳад, ин Сарвари ватандӯст миллати моро муттаҳид мекунад, — бо як ҷаҳон боварӣ иброз дошт Рустамбек Юсуфбеков.

Дар охири суҳбат устод дастур дод, ки навиштани рисолаи илмиамро идома диҳам.

Ҳамин тавр, робитаи ман бо устодон аз нав барқарор шуду рӯздармиён ба дидорашон мушарраф мешудам. Соли 1994 зери роҳбарӣ ва маслиҳатҳои муфиди устод рисолаи номзадиамро ҳимоя кардам.

Ҳамроҳи Р. Юсуфбеков дар факултети молиявии иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамроҳ кор мекардем. Устод аз фанни иқтисодиёт ба шогирдон лексия мехонданду ман машғулиятҳои семинариро пеш мебурдам. Бо тавсияи он кас маро аввал мудири шуъба, сипас иҷрокунандаи вазифа ва баъдан мудири кафедраи фаъолияти фаннии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъйин карданд.

Вақте соли 2007 бемор шуданд, зимни аёдати навбатӣ аз ман хоҳиш намуданд, ки китобҳояшонро ба Китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ супорем. Хоҳиши устодро ба ҷо оварда, 5000 нусха китобҳои шахсиашонро ба китобхона супурдем.

Дили ин фарзанди барӯманди миллат 5-уми марти соли 2007 дар 84-солагӣ аз тапидан монд. Агар дар ҳаёт мебуд, кунун ба синни 100 мерасид. Ҳарчанд имрӯз ин арбоби шоистаи давлатию ҷамъия­тӣ дар байни мо набошад ҳам, ёди некаш дар дили ҳазорон шогирду ҳамкоронаш боқист. Номи неки худро бо кору рафтори наҷиб боқӣ гузош­тан нишонаи саодатмандии инсон аст.

Бахшида ба 100-солагии арбоби намоёни давлатӣ, собиқ вазири маориф, вазири корҳои хориҷӣ ва муовини раиси Шурои вазирони ҶШС Тоҷикистон, профессор Рустамбек Юсуфбеков филми мустанаде бо номи «Рустами корзори илм» наворбардорӣ шудааст, ки фаъолияти пурсамари ин фидоии соҳаи илму маорифро равшан баён мекунад.

Бо мақсади пос доштани хотири ин абармарди илму маориф соли 2012 деҳоти «Ишкошим»-и ноҳияи Ишкошим ба номи Рустамбек Юсуфбеков номгузорӣ шуда, нимпайкараашро дар маркази шаҳри Хоруғ гузоштанд. Давлату миллат ҳеҷ гоҳ фарзандони барӯмандашро фаромӯш намекунад. Соли 2014 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и шаҳри Душанбе номи Рустамбек Юсуфбековро гирифт.

Фозил ОБИДЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор,

Сайфиддин СУННАТӢ,

Рӯзноманигор