Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Ба Кодекси ҷиноятӣ иловаҳо ворид гардид

№42 (4304) 03.04.2021

Ва тибқи он, барои муомилоти ғайриқонунии ҳаммонанди воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шуд

DSC_719831 марти соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 57 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони муҳтарам!

Бинобар сабаби масъалаҳои корӣ, дар асоси банди 193 Дастури Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамоям, ки вақти оғози ҷаласа аз соати 1000 ба соати 900 тағйир дода шавад.

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ализода Зариф, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим Гулмурод, муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматуллозода Абдуғаффор, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамидзода Бароталӣ Партов, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдуллоев Соҳибҷон ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Пешниҳод мегардад, ки ба рӯзномаи ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» илова карда шавад.

Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Хоҳиш мекунам, мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид:

1. Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021»

2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим Гулмурод дода мешавад. Марҳамат.

ГУЛМУРОДЗОДА

Карим Гулмурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» бо мақсади беҳтар намудани вазъи феълии таъминоти бозори истеъмолӣ ва муътадил нигоҳ доштани нарх таҳия гардидааст.

Дар доираи ҳамкориҳои Агентии захираҳои моддии давлатӣ бо Бонки Исломии Рушд оид ба маблағгузории тиҷоратии ташкилоти мазкур, аз ҷониби Агентӣ соли 2021 харидорӣ ва ба кишвар ворид намудани молҳои ниёзи мардум, аз қабили гандум, шакар ва биринҷ ва маводи сӯзишворӣ (бензин ва дизел) ба нақша гирифта шудааст. Таҳлили омори гумрукӣ нишон дод, ки соли 2020 воридоти гандум 999,1 ҳазор тонна, биринҷ — 45,3 ва шакар 144,2 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2019 мутаносибан 91,0, 19,4 ва 15,5 ҳазор тонна кам мебошад. Ҳамчунин, тибқи маълумоти омори расмӣ, истеҳсоли гандум дар ҷумҳурӣ маҷмӯан 863,7 ҳазор тонна ва биринҷ 80,1 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 мутаносибан 27,5 ва 16,2 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Воридоти сӯзишвории бензин соли гузашта 233,9 ҳазор тонна ва сӯзишвории дизелӣ 298 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 мутаносибан 62,8 ҳазор тонна ва 48,2 ҳазор тонна зиёд мебошад. Истеҳсоли бензин соли 2020 дар ҷумҳурӣ 258,3 тонна ва сӯзишвории дизелӣ 5,9 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2019 мутаносибан 207,5 тонна ва 6,6 ҳазор тонна кам мебошад.

Бо дарназардошти тағйирёбии қурби асъори миллӣ ва дигар омилҳои таъсиррасон, нархи молҳои ниёзи мардум ва сӯзишворӣ дар бозори дохилӣ афзоиш ёфта, пурра ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои қарзии ҷалбшуда ба муътадил нигоҳ доштани нархи молу маҳсулот мусоидат менамояд. Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Оид ба масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад. Марҳамат.

НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Он бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ бо молҳои ниёзи аввал, инчунин, бензин ва сӯзишвории дизелӣ, таҳия шудааст.

Тибқи лоиҳаи қонун, ворид намудани қисми 18 ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2021» ҳамчун илова пешбинӣ мегардад ва воридоти маҳсулоти озуқа, сӯзишвории дизелӣ ва бензин аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати мамлакат аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.

Лоиҳаи қонун, бо тартиби муқаррарнамудаи Дастури Маҷлиси намояндагон, расмиёти дохилиро гузашт. Онро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд ва дар ҷаласаи кумитаи масъул низ қабули онро мувофиқи мақсад донистанд.

Лоиҳаи қонун ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин рӯ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматуллозода Абдуғаффор дода мешавад. Марҳамат.

ҲИКМАТУЛЛОЗОДА

Абдуғаффор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намуданд, ки доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷиноятии мамлакат чораҷӯӣ намуда, фаъолиятро баҳри пешгирии воридоти маводи нашъаовари сунъӣ тақвият бахшанд. Дар робита ба ин Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декаб­ри соли 2019 зикр гардидаанд, таҳия ва бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2020, №АП — 1325 тасдиқ шуд.

Ҷиҳати иҷрои банди 90 нақшаи зикршуда бо фармони прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод аз ҳисоби кормандони Прокуратураи генералӣ ва дигар вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ гурӯҳи кории байниидоравӣ созмон дода шуд.

Омӯзишу таҳлилҳои гурӯҳ собит намуд, ки солҳои охир воридшавии намудҳои нави воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ба ҷумҳурӣ аз кишварҳои хориҷӣ тамоюли зиёдшавӣ дошта, баъзе намуди онҳо дар «Номгӯй ва миқдори воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар муомилоти ғайриқонунӣ буда», ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон замима гардидааст, ворид карда нашудаанд. Ин яке аз мушкилоти асосии пурзӯргардонии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои ­нашъадор буда, дар ҳолатҳои алоҳида монеаи бартарафнашаванда ҷиҳати ба ҷавобгарии қонунӣ кашидани шахсоне, ки ба муомилоти ғайриқонунии намудҳои нави воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, ки дар «Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» нестанд, гардидааст.

Бинобар ин, бо мақсади пешгирии муомилоти ғайриқонунии намудҳои нави воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ворид намудани мафҳуми «ҳаммонанди (аналоги) воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ» ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» ба миён омад. Аз ин лиҳоз, гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Прокуратураи генералӣ лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моддаҳои 200, 201, 202, 203, 205, 289), «Номгӯй ва миқдори воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар муомилоти ғайриқонунибуда», инчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо»-ро таҳия намуда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намуд, ки онҳо ҷонибдорӣ гардиданд.

Ҳангоми омода намудани лоиҳаҳои зикргардида қонунгузории ҷиноятӣ, таҷрибаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар кишварҳои пешрафта мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода шуд. Аз ҷумла, таҳлили таҷрибаи давлатҳои аъзои ИДМ, аз қабили Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон нишон дод, ки мафҳуми «ҳаммонанди (аналоги) воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ» ба қонунгузории ҷиноятӣ, аз ҷумла кодексҳои ҷиноятии онҳо ворид карда шуда, барои муомилоти ғайриқонунии ҳаммонанди (аналогҳои) воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст. Амалияи татбиқи қонуни зикршуда тасдиқ намудааст, ки он омили муҳими пешгирӣ ва пурзӯргардонии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии намудҳои нави воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ мебошад.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат мутобиқ мебошад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Усмонов Мансур Саломович дода мешавад. Марҳамат.

Мансур УСМОНОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади пешгирӣ намудани муомилоти ғайриқонунии намуд­ҳои нави воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ таҳия гашта, фарогири ду модда ва моддаи якуми он аз чор қисм иборат мебошад. Тибқи лоиҳа, барои истифода, паҳн ва истеъмоли намудҳои нави воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, ки аз ҷониби шаҳрвандон содир мешаванд, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи лоиҳа, асосан дар қисми 1 моддаҳои 200, 201, 202, 203, 205 ва қисми 3 моддаи 289 иловаҳои зайл: пас аз калимаҳои «моддаҳои психотропӣ» калимаҳои «ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо» ворид карда мешаванд. Мафҳуми иловаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо маводи нашъаовари муомилоташ манъшуда мебошад, ки дар конвенсияҳои байналмилалии дахлдор ҳамчун воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ шинохта нашудааст, инчунин ба прекурсорҳо гурӯҳбандӣ нашудааст ва ба Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дохил нагардидааст ва сохтори химиявию хусусиятҳояш ба сохтори химиявӣ ва хусусияти маводи нашъа­овар, ки таъсири психоактивӣ дорад, монанд мебошад. Ҳамчунин, ба эзоҳи моддаи 200 иловаи нав ворид мешавад, ки чунин мазмун дорад; «4) Миқдори кам, начандон калон, калон ва махсусан калони ҳаммонанди (аналоги) маводи ­нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ ба миқдори кам, начандон калон, калон ва махсусан калони воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, ки маводи ҳаммонанди (аналоги) онҳо мебошанд, мувофиқанд».

Моддаи дуюми лоиҳаи қонун фарогири масъала оид ба интишори расмии он мебошад.

Кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он 14 пешниҳод манзур доштанд, ки аз он ҳаштояш пурра ва дутояш қисман қабул гардид.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 10, 14, 20 ва 42 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст. Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҳамидзода Бароталӣ Партов дода мешавад. Марҳамат.

ҲАМИДЗОДА

Бароталӣ Партов:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» бо истифода аз тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади осон намудани мушкилиҳо ҳангоми баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ дар қисмҳои мустақил, қисмҳои тобеъ, дидбонгоҳҳои алоҳида, тобеъ ва нозироти Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Бинобар он ки дар Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баррасии парвандаҳои маъмурӣ аз ҷониби субъектони пешбарандаи он маҳдуд нишон дода шудааст, зарурати ворид намудани тағйир ба қисми 2 моддаи 98 кодекси зикршуда ба миён омад. Тибқи талаботи қисми 2 моддаи 98 кодекс, сардорони қисмҳои мустақил, қисмҳои тобеъ, дидбонгоҳҳои алоҳида, тобеъ ва нозироти Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳру ноҳияҳо ҳуқуқи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмуриро бо моддаҳои 287 ва 473 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон надоранд.

Қисмҳои мустақил, қисмҳои тобеъ, дидбонгоҳҳои алоҳида, тобеъ ва нозироти Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳру ноҳияҳо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро бояд ба сарраёсат, шуъбаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор, раёсатҳо ва шуъбаҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои баррасӣ ирсол намоянд. Чунин тартиб ҳам ба ҳуқуқвайронкунанда ва ҳам ба шахсони мансабдори ваколатдори баррасикунандаи ҳуқуқвайрониҳо дар соҳа душворӣ ба миён оварда, сарфи маблағҳои иловагӣ ва вақти зиёдро талаб менамояд. Ҳамчунин, ба дигар минтақа равон кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ хилофи муқаррароти моддаи 135 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи ин модда, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар маҳалли содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардида, инчунин, дар мавридҳои дигар мумкин аст бо дархости ҳуқуқвайронкунанда дар маҳалли истиқомати ҳуқуқвайронкунанда баррасӣ карда шавад.

Тағйир баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро аз ҷониби сардорони қисмҳои мустақил, қисмҳои тобеъ, дидбонгоҳҳои алоҳида, тобеъ ва нозироти Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳру ноҳияҳо имконпазир мегардонад. Нисбат ба лоиҳаи қонун экспертизаи зиддикоррупсионӣ гузаронида, муайян гардид, ки дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дида намешавад. Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни зикршударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин дода мешавад. Марҳамат.

Зиёӣ

Баҳриддин Саҳобиддин:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он аз 2 модда ва моддаи якум аз 1 қисм иборат аст. Мақсад аз таҳияи он танзими баррасии ҳамаҷонибаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби субъектони татбиқкунандаи ҷазои маъмурӣ ҳангоми риоя накардани қоидаҳои муҳофизат аз сӯхтор дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ, обӣ, автомобилӣ ва нақлиёти техникӣ (моддаи 287) ва риоя ё иҷро накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор (моддаи 473) мебошад.

Бо ин мақсад сархати сеюми қисми 2 моддаи 98 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ифода карда мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд.

Ба унвонии кумита се пешниҳод манзур гардида, аз онҳо дутоаш пурра ва яктои дигар қисман пазируфта шуд.

Лоиҳаи қонун ба моддаҳои 5, 10, 42 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 3, 4, 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» оғоз менамоем. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзуллозода Зафар Хайрулло дода мешавад. Марҳамат.

Файзуллозода

Зафар Хайрулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, Қурбон Ҳакимзода ва Мадина Набизода таҳия шудааст.

Он бо мақсади татбиқи дастур ва нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020 ҷиҳати мусоидат намудан барои риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонун ва бартараф намудани камбудиҳое, ки дар фаъолияти маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҷой доранд, таҳия ва пешниҳод шудааст.

Дар лоиҳа ба моддаи 31 механизми савгандёдкунии вакили Маҷлиси вакилони халқ тавассути муайян намудани тартиби он дар Дастури Маҷлиси вакилони халқ пешбинӣ гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ карданд. Ҳамчунин, ҷиҳати такмили он, дар маҷмӯъ, 10 таклиф пешниҳод ва аз онҳо се таклиф қабул гардид.

Лоиҳаи қонун расмиёти ҳуқуқиро, мутобиқ ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсатҳои дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон гузашта, мазмунан ва шаклан такмил дода шуд.

Инчунин, ба бобҳои шашум ва ҳафтуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ буда, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардиданд, баррасӣ шуданд. Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона миннатдорӣ изҳор менамоям.

Бо ҳамин ҷаласаро пӯшида ­эълон менамоям.

Саломату сарбаланд бошед!

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ