Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Ба Кодекси мурофиавии иқтисодӣ илова ворид карда шуд

№127 (4233) 13.10.2020

Мувофиқи он минбаъд муҳокимаи судии парванда наметавонад аз се маротиба зиёд мавқуф гузошта шавад

(Идома аз шумораи гузашта)

 DSC_9907РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода» шурӯъ менамоем. Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Рустам дода мешавад. Марҳамат.

 

Рустам НАЗАРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода» тибқи талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, 16 октябри соли 2015 дар шаҳраки Бурабайи Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расидааст.

Кумита расмиёти дохилидавлатии дахлдорро бо мақсади эътибор пайдо намудани (ратификатсия) созишнома баъд аз гирифтани супориш аз моҳи марти соли 2020 аз тарафи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида, лоиҳаи мувофиқашударо, тибқи тартиби муқарраргардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз тариқи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Мақсади баимзорасонии созишномаро давлатҳои аъзои ИДМ дар он арзёбӣ намудаанд, ки дар ҳолати ба вуқӯъ омадани ҳолати фавқулода, қувва ва воситаҳои як давлат барои бартараф кардани он кифоя намебошад. Ҳамчунин, ҳамкориҳои мутақобила дар самти огоҳӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода барои баланд бардоштани некуаҳволӣ ва таҳкими амнияти давлатҳои аъзои ИДМ мусоидат менамояд.

Созишнома бо дарназардошти таҷрибаи бисёрсолаи мусбати давлатҳои аъзои ИДМ дар самти огоҳӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ дар доираи татбиқи шартномаҳои қабулшудаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи тарафҳо ба имзо расидааст.

Мутобиқи меъёрҳои созишнома, дар сурати ба вуқӯъ омадани ҳолати фавқулода ва ё зоҳир шудани хатари ба амал омадани он дар ҳудуди яке аз тарафҳо, ин тараф метавонад бо дархост дар мавриди расонидани кумак ба тарафи дигар ва ё тарафҳо муроҷиат намояд. Тарафҳо мутобиқи имконот ва дар асоси ихтиёрӣ ба якдигар кумак мерасонанд. Шарту шароити расонидани кумак дар ҳар ҳолати алоҳида мутобиқи аҳду паймони тарафҳои дархосткунанда ва пешниҳодкунанда муайян карда мешавад.

Дар асоси Созишномаи зикргардида, тарафҳо, инчунин дар шаклҳои асосии зерин ҳамкорӣ менамоянд:

- огоҳкунии мутақобила оид ба ҳолатҳои фавқулода;

- пешбинӣ ва мониторинги ҳолатҳои фавқулода;

- таҳияи нақшаҳо ва татбиқи чорабиниҳо ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода;

- табодули таҷриба дар соҳаи ташкили омодасозии аҳолӣ ва амал кардан ҳангоми ҳолатҳои фавқулода;

- табодули иттилоот дар хусуси пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, нашрияҳои даврӣ, дастурҳои методӣ ва адабиёти дигар, маълумоти видеоӣ ва суратҳо;

- ташкили конференсияҳо, семинарҳо, ҷаласаҳои корӣ, машқҳо, тамринҳо ва намоишгоҳҳои муштарак;

- тайёр намудани мутахассисон мутобиқи шартномаҳо, мубодилаи коромӯзон, муаллимон, олимон ва мутахассисон;

- амалӣ намудани намудҳои дигари фаъолият дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, ки мақомоти салоҳиятдор онҳоро мувофиқа менамоянд.

Зарурати таҳияи лоиҳаи қарори мазкур татбиқи моддаи 13 созишномаи зикргардида, ҷиҳати эътибор пайдо намудани он, мебошад.

Қабул ва амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур маблағгузории иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб намекунад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам дода мешавад. Марҳамат.

Рустам ШОҲМУРОД:Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тибқи талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Он бо мақсади ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, ки метавонад ба осудаҳолӣ ва таҳкими амнияти миллии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мусоидат намояд, инчунин арзёбии таҷрибаи мусбати чандинсолаи ҳамкориҳо дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ дар доираи амалисозии шартномаҳои бисёртарафа ва дутарафа, аз ҷумла тақозои зарурат ба амалҳои ҳамоҳангшудаи тарафҳо, ба имзо расидааст.

Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи қолабӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC)» оғоз мекунем. Аз рӯи масъала сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Шараф Аҳмадҷон дода мешавад. Марҳамат.

ШЕРАЛИЗОДА Шараф Аҳмадҷон: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи қолабӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC)» 14 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуд.

Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC) яке аз сохторҳои Гурӯҳи Бонки исломии рушд буда, мақсади асосии он рушди равобити тиҷоратии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ тавассути пешниҳод намудани маблағҳо барои тиҷорат ва иштирок дар фаъолияти байнибонкӣ, тиҷоратӣ, инчунин, мусоидат дар таҳкими савдои байналмилалӣ мебошад.

Аз соли 2008 корпоратсия зиёда аз 51 млрд. доллари ИМА ба давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ барои дастрасӣ ба маблағгузории тиҷорат, ки имконияти рақобати бомуваффақро дар бозори ҷаҳонӣ медиҳад, ҷудо намудааст.

Тибқи созишнома, корпоратсия мақсад дорад се сол барои Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи 150,0 млн. доллари амрикоиро бе кафолати давлатӣ (ба истиснои корхонаю ташкилотҳои давлатӣ) ҷиҳати маблағгузории тиҷорат ҷудо намояд.

Самтҳои асосии татбиқи созишнома воридоти молҳои асосӣ ва ё маҳсулоти ғизоӣ, таъмини маблағгузории ташкилот ва корхонаҳои давлатӣ бо кафолати давлатӣ, маблағгузории пешазсодиротии маҳсулоти кишоварзӣ, маблағгузории ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, маблағгузории мустақими ширкатҳои алоҳида барои воридоти молҳо ва маҳсулоти аввалиндараҷа, дастгирии техникӣ ва ё молиявӣ дар асоси афзалиятҳои муайяншудаи иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад.

Тамоми фаъолияти дар доираи созишнома анҷомшуда дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Қарзҳои имтиёзнок дар доираи созишнома бевосита ба субъектҳои хоҷагидор бо бастани созишномаи алоҳидаи қарзӣ ба муҳлати на зиёда аз 12 моҳ бо розигии тарафҳо, тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва принсипҳои маблағгузории исломӣ, пешниҳод мегарданд.

Аз соли 2008 корпоратсия барои Тоҷикистон маблағҳои қарзиро дар ҳаҷми 115,0 млн. доллари амрикоӣ пешниҳод намудааст, ки он асосан барои рушди тиҷорат ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти аввалиндараҷа равона шуд. Татбиқи созишнома имкон медиҳад, ки ҷалби маблағҳои имтиёзноки ин ташкилот ба иқтисодиёт ва рушди бахши хусусии мамлакат таъмин карда шавад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям Созишномаи қолабӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷоратро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад.

НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Созишномаи қолабӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC) аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2020 таҳти № 296 созишнома барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд.

Мақсад аз он пайдо намудани роҳу усулҳои таъмини ҳамкориҳои тиҷоратии байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC) мебошад. Тибқи созишнома, корпоратсия (ITFС) дар се соли минбаъда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи 150,0 млн. доллари амрикоиро бе кафолати давлатӣ (ба истиснои корхонаю ташкилотҳои давлатӣ) ҷиҳати маблағгузории соҳаҳо амалӣ менамояд. Маблағгузорӣ асосан барои рушди тиҷорат ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти аввалиндараҷа равона мегардад.

Мутобиқи муқаррароти моддаи 4 созишнома, корпоратсия (ITFC) захираҳои худӣ ва маблағҳои агентиҳои рушди байналмилалӣ ва минтақавӣ, бонкҳо ва ташкилотҳои молиявиро барои самтҳои зерин, аз ҷумла маблағгузории воридоти мол ва ё маҳсулоти ғизоӣ, дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ менамояд. Маблағгузории ташкилотҳои қарзии молиявӣ, инчунин, ҷиҳати дастгирии соҳибкории хурду миёна равона мегардад ва маблағгузории субъектҳои бахши хусусиро барои воридоти молҳо ва маҳсулоти аввалиндараҷа таъмин менамояд.

Созишнома расмиёти дохилиро дар Маҷлиси намояндагон гузаштааст ва кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита 24 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби иштирокчиён ҷонибдорӣ гардид.

Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Вакилони гиромӣ, бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо хоҳиш менамоям Созишномаи қолабӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC)-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи қолабӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC) ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Зокирҷон Тоҳир дода мешавад. Марҳамат.

АМИНЗОДА Зокирҷон Тоҳир: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади амалӣ намудани Нақша – чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки умумиҷаҳонӣ барои солҳои 2019-2022, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019 таҳти № 223 тасдиқ шудааст, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Баррасии саривақтии парвандаҳои иқтисодӣ яке аз омилҳои дар амал татбиқ шудани кафолати конститутсионии ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ ба шумор меравад.

Лоиҳа дар қисми 7 моддаи 157 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намудани ҷумлаи дуюмро дар назар дошта, дар он шумораи ниҳоии мавқуф гузоштани парванда пас аз ба маҷлиси судӣ таъин намудани он пешбинӣ шудааст. Ҳадафи пешбинӣ намудани меъёри мазкур таъмини баррасии саривақтии парвандаҳои иқтисодӣ ва аз байн бурдани кашолёбии баррасии парвандаҳо ба шумор меравад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа ва бо дарназардошти хулосаи онҳо такмил дода шудааст.

Зимни таҳияи лоиҳа «Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 таҳти № 355 тасдиқ шудааст, риоя гардидааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, қабулу татбиқи он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ҳамин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раҷабзода Равшан дода мешавад. Марҳамат.

РАҶАБЗОДА Равшан Муҳитдин: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Тибқи лоиҳа, ба қисми 7 моддаи 157 (Мавқуф гузоштани муҳокимаи судӣ) ҷумлаи дуюм илова карда мешавад: «Пас аз ба муҳокимаи судӣ таъин кардани парванда муҳокимаи судӣ наметавонад аз се маротиба зиёд мавқуф гузошта шавад.».

Меъёри пешниҳодшаванда минбаъд масъулияти шахсони иштироккунандаи парвандаро баланд бардошта, барои баррасии саривақтии парвандаҳои иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.

Лоиҳаи қонуни зикргардида бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2020 таҳти № 295 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмил шаш таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо панҷ ададаш қабул гардид.

Кумитаи масъул 30 сентябри соли 2020 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳоди ироагардидаро баррасӣ намуд. Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзнома ворид гардида буданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа ягон эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Ба шумо, барои иштироки фаъолона миннатдорӣ баён мекунам. Бо ҳамин ҷаласаи имрӯзаро пӯшида эълон менамоям.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ