Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Ба қонунҳои низоми бонкӣ тағйироту иловаҳо ворид гардид

№52 (4792) 26.04.2024

DSC_8344 копияБисту чоруми апрели соли 2024 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони арҷманд!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 57 вакил ҳузур доранд. Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем. Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Мутобиқи моддаи 34-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласаи имрӯза Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

РАИС: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласа нуҳ масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.

Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Хоҳишмандам, нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»              

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)»

8. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода З. Ф.»

9. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин баровардани Раҳмонзода З. Ф.».

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дода мешавад. Марҳамат.

Гулбаҳор НАЗИРӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», ки дар робита ба мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва бо мақсади ҳамоҳангсозии муқаррароти дахлдори қонунҳо таҳия гардидааст, пешниҳод мешавад. Мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйирот пешбинӣ шуда, мутобиқати баъзе мафҳуму истилоҳҳои асосии он ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ва «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» таъмин карда мешавад. Ба қисми 1 моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», иловаи дахлдор пешбинӣ шуда, вазифаи Бонки миллии Тоҷикистон дар самти мусоидат намудан ба тавсеаи маърифати бонкию молиявӣ мустаҳкам карда мешавад. Бо мақсади мушаххас намудани мазмуни маълумоти махфӣ ва пешгирӣ намудани даст­расии он ба шахсони ғайр, дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 81-и қонуни мазкур тағйирот пешбинӣ шуда, махфияти маълумоти дорои сирри Бонки миллии Тоҷикистон таъмин карда мешавад. Аз ин рӯ, аз шумо — вакилони арҷманд бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикис­тон»-ро ҷонибдорӣ кунед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сурайё Дӯстмуродзода дода мешавад. Марҳамат.

Сурайё ДӮСТМУРОДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Тағйироту иловаи пешниҳодшуда хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, дар умум барои тақвияти низоми бонкдорӣ равона карда шудаанд. Лоиҳаи қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон, 11 таклиф пешниҳод намуданд, ки 3 таклиф қабул ва 2 таклиф қисман қабул шуда, 6 таклиф қабул нагардид. Таклифҳои қабулгардида дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дода мешавад. Марҳамат.

Гулбаҳор НАЗИРӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», ки дар робита ба қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва бо мақсади ҳамоҳангсозии муқаррароти дахлдори қонунҳо таҳия гардидааст, пешниҳод мешавад.

Бо мақсади ба талаботи барои ҳамаи намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда ягонаву ҳатмии муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», дар лоиҳаи қонуни мазкур тағйироту иловаи зерин пешбинӣ шудаанд:

- ба моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» қисми 4 илова гардида, имконияти тавассути низоми электронӣ пешниҳод намудани маълумотҳои барои гирифтани иҷозатнома зарурӣ пешбинӣ карда мешавад;

- моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» дар таҳрири нав ифода гардида, пардохти хироҷ ба буҷет мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» муайян карда мешавад;

- инчунин, бо мақсади мутобиқ намудани баъзе мафҳуму истилоҳҳои асосӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», ки дар таҳрири нав қабул карда шудаанд, ба якчанд моддаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» тағйирот пешбинӣ гардидааст.

Аз шумо — вакилони муҳтарам бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ кунед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Фозил Обидзода дода мешавад. Марҳамат.

Фозил ОБИДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» қоидаҳои умумии додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта ва тартиби додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидоштаро муқаррар намуда, расмиёти додан, аз нав ба расмият даровардан, бекор кардан, боздош­тан, бозхонд ё қатъ намудани амали ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидоштаро, ки бо қонунҳо муқаррар карда шудаанд, дар бар мегиранд. Аз ин лиҳоз, шарту талаботи махсуси амалкунандаи иҷозатномадиҳӣ барои фаъолияти ташкилотҳои маб­лағгузории хурд, ки бо дарназардошти хусусиятҳои хоси фаъолияти ин ташкилотҳо дар қонунгузорӣ оид ба ташкилотҳои маблағгузории хурд муқаррар гаштаанд, нигоҳ дошта шуда, амал менамоянд. Тағйироту иловаи пешбинигардида бо мақсади ба ин талабот мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» пешниҳод шудаанд.

Лоиҳаи қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд. Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 60 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

 РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дода мешавад. Марҳамат.

Гулбаҳор НАЗИРӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», ки бо дарназардошти қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва бо мақсади ҳамоҳангсозии муқаррароти дахлдори қонунҳо таҳия гардидааст, пешниҳод мешавад.

Бо мақсади ба талаботи барои ҳамаи намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда ягонаву ҳатмии муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», дар лоиҳаи қонуни мазкур тағйироту иловаи зерин пешбинӣ шудаанд:

- ба моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» иловаи дахлдор пешбинӣ шуда, имкони тавассути низоми электронӣ пешниҳод намудани маълумот ва ҳуҷҷатҳои барои гирифтани иҷозатнома зарурӣ муқаррар карда мешавад;

- тавассути пешбинӣ намудани тағйирот ба қисми 5 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», манбаи пардохти хироҷ барои баррасии ариза ҷиҳати гирифтани иҷозатнома маблағгузории буҷети давлатӣ муайян карда мешавад;

- бо роҳи дар таҳрири нав ифода намудани моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», пардохти хироҷ ба буҷет мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» пешбинӣ карда мешавад;

- инчунин, ба якчанд моддаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» тағйирот пешбинӣ шуда, мутобиқати баъзе мафҳуму истилоҳҳои асосии он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», ки дар таҳрири нав қабул карда шудаанд, таъмин мегардад. Аз ин рӯ, аз шумо — вакилони муҳтарам бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сурайё Дӯстмуродзода дода мешавад. Марҳамат.

Сурайё ДӮСТМУРОДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки 22 — юми июни соли 2023 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» мавриди амал қарор дода шуд, ки мутобиқи талаботи моддаи 13 — и он хироҷ барои додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта тибқи нишондиҳанда барои ҳисобҳои дар замимаи қонуни мазкур пешбинигардида ситонида шуда, ба буҷети давлатии дахлдор тибқи тартиби додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта гузаронда мешавад. Ҳамзамон, вобаста ба раванди рақамикунонии иқтисод, аз ҷумла дар низоми бонкдорӣ тавассути низоми электронӣ, пешниҳод ва баррасии ҳуҷҷатҳо дар сатҳи баланд таъмин мегардад.

Тағйироту иловаи пешниҳодшуда хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, бо риояи услуби ягонаи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ҷиҳати бартараф намудани мухолифату норасоиҳои меъёрии ҷойдошта, истифодаи истилоҳоти ягонаи ҳуқуқӣ равона карда шудаанд. Бо мақсади ба ин талаботҳо мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» дар лоиҳа тағйироту иловаи дахлдор пешбинӣ шудаанд. Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд. Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дода мешавад. Марҳамат.

Гулбаҳор НАЗИРӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ», ки дар робита ба қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва бо мақсади ҳамоҳангсозии муқаррароти дахлдори қонунҳо таҳия гардидааст, пешниҳод мешавад.

Бо мақсади ба талаботи барои ҳамаи намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда ягонаву ҳатмии муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» дар лоиҳаи қонуни мазкур тағйиру иловаҳои зерин пешбинӣ шудаанд:

- ба моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» илова пешбинӣ шуда, имкони тавассути низоми электронӣ пешниҳод намудани маълумот ва ҳуҷҷатҳои барои гирифтани иҷозатнома зарурӣ муқаррар карда мешавад;

- моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» дар таҳрири нав ифода гардида, пардохти хироҷ ба буҷет мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» пешбинӣ карда мешавад;

- ба моддаҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» ­тағйирот пешбинӣ шуда, мутобиқати баъзе мафҳуму истилоҳҳои асосии он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», ки дар таҳрири нав қабул карда шудаанд, таъмин мегардад;

- инчунин, ҷиҳати мукаммал намудани низоми идоракунии корпоративӣ дар фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ ба моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» тағйиру иловаҳои дахлдор пешбинӣ шуда, талабот нисбат ба аъзои Шурои нозирони ташкилоти қарзии исломӣ пурзӯр карда мешаванд.

Аз шумо — вакилони муҳтарам бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ кунед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сурайё Дӯстмуродзода дода мешавад. Марҳамат.

Сурайё ДӮСТМУРОДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур вобаста ба дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвият ва густариши фаъолияти бонкдории исломӣ ҳамчун институти нави молиявӣ дар кишвар таҳия шудааст. Ҳамзамон, расмиёти додан, аз нав ба расмият даровардан, бекор кардан, боздоштан, бозхонд кардан ё қатъ намудани амали ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидоштаро вобаста ба талаботи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» мутобиқ карда мешавад. Аз ин лиҳоз, шарту талаботи махсуси амалкунандаи иҷозатномадиҳӣ барои фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки бо дарназардошти хусусиятҳои хоси фаъолияти ин ташкилотҳо дар қонунгузорӣ оид ба ташкилотҳои маблағгузории хурд муқаррар шудаанд, нигоҳ дошта шуда, амал менамоянд.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ карданд. Он ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъо­лияти бонкии исломӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба барраси масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дода мешавад. Марҳамат.

Гулбаҳор НАЗИРӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», ки дар робита ба қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва бо мақсади ҳамоҳангсозии муқаррароти дахлдори қонунҳо таҳия гардидааст, пешниҳод мешавад.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур ­тағйиру иловаҳои зерин пешбинӣ шудаанд:

- ба моддаҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» тағйирот пешбинӣ шуда, мутобиқати баъзе мафҳуму истилоҳҳои асосии онро ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», ки дар таҳрири нав қабул карда шудаанд, таъмин менамояд;

- ба моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» тағйиру иловаи дахлдор пешбинӣ шуда, имкони тавассути низоми электронӣ пешниҳод намудани маълумот ва ҳуҷҷатҳои барои гирифтани иҷозатнома зарурӣ ва истиноди умумӣ ба қонунгузорӣ вобаста ба тартиби амалисозии азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат) ва бекор кардани амали иҷозатнома муқаррар карда мешавад;

- ба қисми 2 моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ»  сархати нав илова шуда, имкони ба муҳлати дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда боздош­тани амали иҷозатномаи оператори низоми пардохтиро ҳангоми аз тарафи он риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ пешбинӣ менамояд.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки  лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ кунед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисод ва молия Азиз Гиёзода дода мешавад. Марҳамат.

Азиз ГИЁЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Тибқи лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба моддаи 14-и қонуни амалкунанда қисми 11 илова ва ба қисми 2-и моддаи 30 сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шуд:

- амали иҷозатномаи оператори низоми пардохтиро ба муҳлати дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда боздошт намояд.

Лоиҳаи қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон, 9 таклиф пешниҳод карданд, ки қисме аз онҳо  қабул шуд.  Лоиҳаи қонуни зикргардида ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории қабули он овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи хизмат­расониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дода мешавад. Марҳамат.

Гулбаҳор НАЗИРӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», ки дар робита ба қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва бо мақсади ҳамоҳангсозии муқаррароти дахлдори қонунҳо таҳия гардидааст, пешниҳод мешавад.

Бо мақсади ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» мутобиқ намудан бо лоиҳаи қонуни мазкур моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» дар таҳрири нав ифода карда шуда, пардохти хироҷ ба буҷет мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» пешбинӣ карда шудааст. Инчунин, бо мақсади ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», ҳамзамон, ислоҳи камбудиҳои техникию имлоӣ ба баъзе муқаррароти қонуни мазкур тағйирот пешбинӣ шудааст, аз ҷумла:

1) барои нисбат ба ташкилотҳои қарзии исломӣ паҳн гардидани амали қонуни танзими асъор ва назорати асъор мафҳуми «ташкилоти қарзӣ» ба «ташкилоти қарзии молиявӣ» иваз карда шудааст;

2) бинобар сабаби аз соли 2016 инҷониб манъ гардидани фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор ва шахсони ваколатдор, дар лоиҳаи қонуни мазкур тағйирот оид ба аз матни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» хориҷ намудани муқаррароти ба онҳо дахлдор пешбинӣ шудааст;

3) бо мақсади ба таҷрибаи байналмилалӣ мутобиқ намудани тартиби муайян ва эълон намудани қурби расмии асъори хориҷӣ нисбат ба пули миллӣ дар моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» тағйироти дахлдор пешбинӣ шудааст;

4) барои пурра фаро гирифтани доираи амалиётҳои асъории марбут ба ҳаракати сармоя моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» дар таҳрири нав пешбинӣ гардидааст.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки  ба тарафдории қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисод ва молия Азиз Гиёзода дода мешавад. Марҳамат.

Азиз ГИЁЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намоян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо мақсади ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», ҳамзамон, ислоҳи камбудиҳои техникию имлоӣ дар баъзе муқаррароти қонуни мазкур тағйирот пешбинӣ шудааст. Тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида, бандҳои 12) ва 13) моддаи 1 ва сархати сеюми қисми 1-и моддаи 5 хориҷ карда шуданд. Инчунин, моддаи 6 ва моддаи 14 дар таҳрири нав такмил дода шуданд. Лоиҳаи қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 60-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории қабули он овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дода мешавад. Марҳамат.

Гулбаҳор НАЗИРӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)», ки дар робита ба қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» таҳия гардидааст, пешниҳод мешавад. Мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур дар қисми 1-и моддаи 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» тағйир пешбинӣ шуда, номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», ки дар таҳрири нав қабул шудааст, дуруст ифода карда мешавад.

Аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки  лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ кунед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?

Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода дода мешавад.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА: - Яке аз масъалаҳои асосие, ки ба соҳибкорон мушкил эҷод мекунад, фоизҳои баланди қарзи бонкҳо аст. Нисбат ба ин масъала Бонки миллӣ чӣ чораҳо андешидааст?

Гулбаҳор Назирӣ: - Оид ба ин масъала Бонки миллии Тоҷикистон бо ташкилотҳои қарзию молиявии кишвар корбарӣ намуда истодааст. Бо фармони раиси Бонки миллии Тоҷикистон гурӯҳи кории доимо­амалкунанда фаъолият мебарад, ки бевосита бо роҳбарони ташкилотҳои қарзию молиявии кишвар ҷаласаҳои корӣ баргузор намуда, бозбинӣ кардани фоизи қарзҳоеро, ки ба шаҳрвандону соҳибкорон пешниҳод мегарданд, баррасӣ менамояд. Тибқи маълумоти оморӣ, дар панҷ соли охир меъёри миёнавазни қарз бо пули миллӣ аз 28 то 23 фоиз ва бо асъори хориҷӣ аз 22 то 11 фоиз паст карда шудааст. Ташкилотҳои қарзию молиявии кишвар ҳамчун миёнарави молиявӣ фаъолият мекунанд ва  бонкҳо бо дарназардошти ҳамаи хароҷоте, ки доранд, фоизи қарзро муайян мекунанд. Мо доимо оид ба кам кардани хароҷоте, ки ташкилотҳои қарзию молиявӣ доранд ва бозбинӣ намудани хароҷоти дуюмдараҷаро тавсия медиҳем. Лекин мо наметавонем, ки ташкилотҳои қарзию молиявиро маҷбур кунем, ки оид ба пешбурди ҳамин сиёсат фоизи қарзиро паст кунанд, чунки ин ба пешбурди фаъолияти ташкилот низ зарар расонданаш мумкин аст.

РАИС: - Сухани навбатӣ ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Азиз Гиёзода дода мешавад. Марҳамат.

Азиз ГИЁЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» бо тартиби ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур дар қисми 1 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» тағйир пешбинӣ шуда, номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», ки дар таҳрири нав қабул шудааст, дуруст ифода меёбад.

Лоиҳаи қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд. Он ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни зикргардидаро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода З. Ф.» оғоз менамоем.

Чӣ гуна андеша ва пешниҳодҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода З. Ф.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин баровардани Раҳмонзода З. Ф.» шурӯъ мекунем.

Чӣ гуна андеша ва пешниҳодҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин баровардани Раҳмонзода З. Ф.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Барои иштироки фаъолонаатон изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев