Бистуми апрели соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИС: — Муҳтарам вакилон!
Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 56 вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
Дар ҷаласа муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Сайфиддин Сироҷзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.
Вакилони арҷманд!
Ба рӯзномаи ҷаласа панҷ масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.
Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш мекунам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Дар хусуси Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи системаи обёрии ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ тобовар ва навсозии заҳкашу заҳбурҳо дар ҳавзаи дарёи Вахш
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа»
5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ».
РАИС: — Аз рӯи масъала «Дар хусуси Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи системаи обёрии ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ тобовар ва навсозии заҳкашу заҳбурҳо дар ҳавзаи дарёи Вахш» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода дода мешавад. Марҳамат.
Ҷамшед КАРИМЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи системаи обёрии ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ тобовар ва навсозии заҳкашу заҳбурҳо дар ҳавзаи дарёи Вахш бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории кишвар 31 декабри соли 2021 ба имзо расонида шуда, барои амалӣ намудани он аз ҳисоби маблағҳои Бонки Осиёии Рушд 30,0 миллион доллари амрикоӣ грант ҷалб карда мешавад.
Ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳа 5,2 миллион доллари амрикоӣ ҳамчун имтиёзҳои андозӣ ва дигар хароҷоти натуралӣ (борхатӣ) ҳисоб карда шудааст.
Ҳадафи асосии лоиҳа, пеш аз ҳама, баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, самарабахшии захираҳои об ва даромади хоҷагидорон дар қитъаҳои интихобшудаи ноҳияи Ёвон, ки дар ҳавзаи поёнии дарёи Вахши вилояти Хатлон ҷойгиранд, мебошад.
Дар доираи лоиҳа иҷрои чорабиниҳои асосии зерин ба нақша гирифта шудааст:
- навкунии тамоми инфрасохтори обёрӣ ва заҳбурӣ, ки ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ устувор бошанд, аз ҷумла, ба куллӣ навкунӣ ва ба ҳолатҳои зилзилабардории каналҳои асосӣ ва шохаҳои он алоқаманд, таъмини дастгоҳҳои аз ҷиҳати энергетикӣ самараноки обкашӣ, паст кардани оқибатҳои зангзанӣ, устуворкунӣ ва барқарорсозии сойҳои калон, навкунии шабакаҳои заҳбур ва низоми обёрӣ, ҷорӣ намудани агрегатҳои насосии таҷдидшуда ва каммасраф барои майдони 3050 гектар;
- пурзӯр намудани иқтидори идоракунӣ ва амалиётҳои системаҳои навкардашудаи обёрӣ ва заҳбурии ба тағйирёбии иқлим мутобиқкардашуда, аз ҷумла сохтани низоми ягонаи идоракунӣ ҷиҳати идоракунии низоми назорати об ва мониторинги фосилавӣ, таъсиси Иттиҳоди ассотсиатсияи истифодабарандагони об бо шомил намудани занон ба ҳайати роҳбарикунандаи он, ҷорӣ намудани таҷрибаҳои муосири пешбурди фаъолияти кишоварзӣ, истифодаи усулҳои идоракунӣ ва нигоҳдории заминҳои кишоварзӣ, такмили низоми истифода ва нигоҳубинӣ дар Агентии обёрӣ ва беҳдошти замин ва такмили идоракунӣ ва нигоҳдорӣ дар ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, инчунин, ҷорӣ намудани низоми пардохтҳои ғайринақдӣ тавассути бонкҳои маҳаллӣ;
- пурзӯр намудани сиёсати идоракунии устувори об, таҳия ва қабули стратегияи гендерӣ барои Агентӣ;
- иҷрокунандаи лоиҳа ва Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ҷиҳати пурзӯр намудани дастрасии занон ба замин ва беҳтар кардани иштироки онҳо дар идоракунии об.
Дар доираи лоиҳа барои иҷрои кор ва хариди таҷҳизот 22,1 миллион доллари амрикоӣ, барои хизматрасонии машваратӣ 3,8 миллион доллари амрикоӣ, барои идоракунии лоиҳа 0,8 миллион доллари амрикоӣ, инчунин, маблағҳои тақсимнашудаи захиравӣ 3,0 миллион доллари амрикоӣ ҷудо карда шудааст.
Дар маҷмӯъ, татбиқи лоиҳа барои беҳтарсозии сатҳи иҷтимоии мардум, рушди иқтисодиёти мамлакат, баланд бардоштани самаранокии истеҳсоли кишоварзӣ ва ташкил намудани ҷойҳои кори иловагӣ, барқарорсозии инфрасохтори ирригатсионӣ ва расидан ба ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ нақши муҳим дорад.
Татбиқи лоиҳа аз рӯи нақша соли ҷорӣ оғоз ёфта, анҷоми он моҳи июни соли 2027 дар назар дошта шудааст.
Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқи созишномаи грантии пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода дода мешавад. Марҳамат.
Рустам ЛАТИФЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи системаи обёрии ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ тобовар ва навсозии заҳкашу заҳбурҳо дар ҳавзаи дарёи Вахш дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Ҳадафи созишнома баланд бардоштани устувории иншооти хоҷагии об дар ҳавзаи поёнии дарёи Вахши вилояти Хатлон, аз ҷумла тавассути навсозии инфрасохтори обёрӣ ва заҳкашу заҳбур, каналҳои асосӣ, шохаҳо ва иншооти бо он алоқаманд, мебошад.
Созишнома бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулоса супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Созишнома ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 10 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқи Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи системаи обёрии ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ тобовар ва навсозии заҳкашу заҳбурҳо дар ҳавзаи дарёи Вахшро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи системаи обёрии ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ тобовар ва навсозии заҳкашу заҳбурҳо дар ҳавзаи дарёи Вахш» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Ғайрат Азиззода дода мешавад. Марҳамат.
Ғайрат АЗИЗЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Раҳимӣ ва М. Набизода таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Мақсад аз ворид намудани иловаҳо ба он татбиқи муроҷиат, раҳнамоӣ ва нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020 ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти раисони шаҳру ноҳия ва вилоят барои риояи қонунгузории кишвар, махсусан дар самти пешгирии коррупсия ва истифодаи замин, инчунин, мутобиқгардонии қонуни конститутсионии зикргардида ба талаботи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Мувофиқи лоиҳа, моддаи 22 қонуни конститутсионии амалкунанда, ки асосҳои аз вазифа озод намудани раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро муайян намудааст, бо илова намудани сархатҳои шашум ва ҳафтум такмил дода шудааст.
Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2021 таҳти №982 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» — ро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ карданд.
Ҷиҳати такмил, дар маҷмӯъ, 14 таклиф пешниҳод гардида, аз онҳо 11 таклиф қабул, 1 таклиф қисман қабул ва 2 таклифи дигар қабул нашуд.
Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ба боби шашуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Зафар Файзуллозода дода мешавад. Марҳамат.
Зафар ФАЙЗУЛЛОЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Қосим ва Мақсудалӣ Умарализода таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида, ворид намудани ду тағйирот ба қонуни конститутсионии амалкунанда пешбинӣ гардида, дар асоси он дар моддаи 4 баъзе рақамҳо, ки ифодаи сархатҳоанд бо мақсади бартараф намудани мухолифатҳои байниҳамдигарии қисмҳои моддаи мазкур тағйир дода шудаанд. Инчунин, аз моддаи 35 қисми ҳафтум бинобар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ҷой надоштани ҳуқуқи дахлнопазирии вакили маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, хориҷ карда шудааст.
Лоиҳаи қонуни конститутсионии баррасишаванда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2021 таҳти №981 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Он расмиёти ҳуқуқиро мутобиқ ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсатҳои дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гузашта, мазмунан ва шаклан такмил дода шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, дар маҷмӯъ 7 таклиф пешниҳод намуданд.
Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 13 апрели соли ҷорӣ аз тарафи иштирокчиёни он таклифҳои пешниҳодгардида баррасӣ гардида, пазируфта шуданд.
Лоиҳаи қонуни конститутсионии пешниҳодгардида ба боби сеюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ буда, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҳуснигул Одиназода дода мешавад. Марҳамат.
Ҳуснигул ОДИНАЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода, Равшан Раҷабзода, Ғайрат Азиззода, Зафар Файзуллозода ва Муҳаммад Шодиён ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Лоиҳаи қонуни зикршуда ҷиҳати мутобиқгардонӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин, бо мақсади ифодаи дурусти қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, мушаххас ва дақиқ намудани меъёрҳои он, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 таклиф пешниҳод гардид, ки дар маҷмӯъ ба эътибор гирифта шуданд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 13 апрели соли 2022 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба моддаҳои 14 ва 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода дода мешавад. Марҳамат.
Эмомалӣ СОБИРЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Мақсади ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» мутобиқгардонии меъёрҳои он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории амалкунанда, такмили истилоҳу ибораҳо, истифодаи якхелаи мафҳумҳо ва бартараф намудани норасоиҳои ҷойдошта мебошад.
Тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда дар муқаддимаи қонун, номи бобҳои 2, 5 ва як қатор моддаҳои дахлдори он ворид гардида, матни моддаҳои 26 ва 28 дар таҳрири нав ифода карда шуда, хусусиятҳои мушаххас ва мутобиқкунанда, таҳрирӣ ва истифодаи дурусти қоидаи имлои забони тоҷикиро доранд. Аз ҷумла дар лоиҳаи қонун мафҳумҳои дар номи боби 5, сархатҳои ҳаштум, даҳуми моддаи 4, сархати чоруми моддаи 6, сархатҳои ҳафтум, нуҳуми моддаи 7, сархатҳои чорум, ҳаштуми моддаи 9 ва қисми якуми моддаи 15 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ» мутобиқ карда шудааст, ки қобили қабул мебошад.
Инчунин, матни моддаи 28-и он дар таҳрири нав чунин ифода карда шудааст, ки минбаъд «Ҷудо намудани қитъаҳои замин, манбаъҳои табиии дигар, додани биноҳо, иншоот, объектҳо ва дигар молу мулк барои эҳтиёҷоти мудофиа ва баргардондани онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад».
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, қабули он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ҳаст? Марҳамат.
Абдуҳалим ҒАФФОРЗОДА: — Ҳоло нақшаи даъвати баҳории даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ чӣ гуна ҷараён дорад? Маблағе, ки ҷавонон барои хизмати алтернативӣ мепардозанд, ба куҷо сарф мешавад?
Эмомалӣ СОБИРЗОДА: — Маъракаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон алҳол, тибқи нақша, идома дошта, дар ин самт ягон мушкилӣ нест.
Маблағе, ки ҷавонон барои адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои давлатии сафарбарӣ месупоранд, ба сарулибос, хӯрок, сохтмони иншоот ва беҳтар кардани шароити хизмати сарбозон сарф мешавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Файзулло Наҷмиддиниён дода мешавад. Марҳамат.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Содиқӣ, Л. Абдулхолиқзода, Г. Шарофзода, Ф. Наҷмидддиниён, Ғ. Шарифзода ва Р. Даринг бо мақсади мутобиқгардонии қонуни мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқати он ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатӣ», инчунин, дигар қонунҳо ва ба ин васила, бартараф сохтани норасоиву камбудиҳои ҷойдошта пешниҳод гардидааст.
Зарурияти такмили қонун бо меъёрҳои нав ва таҳти танзими ҳуқуқӣ қарор додани муносибатҳо оид ба салоҳият ва масъулияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва мақомоти давлатӣ қарордошта буда, ислоҳи мафҳум ва истилоҳу ибораҳои ҳуқуқӣ бо дарназардошти техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқӣ — ҳуқуқӣ мебошад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» бо мақсади мутобиқгардонии қонуни мазкур ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Қисмҳои 1 ва 4 лоиҳаи қонун хусусияти техникӣ дошта, бо мақсади мутобиқ намудан ба талаботи техникаи қонунгузорӣ пешниҳод гардидааст. Мутобиқи қисми 2 лоиҳа ба қонуни мазкур тағйироту илова ба моддаи 12 ворид мегардад, ки тибқи он, ваколатҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм мушаххас гардида, такрорёбии ваколатҳоро аз байн мебарад.
Дар асоси қисми 3 лоиҳа моддаи 21 қонуни мазкур дар таҳрири нав ифода гардида, мутобиқи он, заминаҳои ҳуқуқии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ мушаххас мегардад.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 2021 таҳти №916 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он 17 таклиф пешниҳод намуданд, ки 11 таклиф қабул ва 6 — тои он қабул нагардид.
Кумитаи масъул 12 апрели соли 2022 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ лоиҳаи қонунро баррасӣ ва ҷонибдорӣ ҷонибдорӣ намуданд.
Лоиҳаи қонун ба моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ мебошад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» — ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода дода мешавад. Марҳамат.
Ҷамшед ҶӮРАЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Таҳсилоти иловагӣ, ки дар асоси барномаҳои таълимии иловагӣ амалӣ шуда, ба омӯзиши илм, техника ва технологияи муосир, эҷодкорӣ, дарёфти ихтисоси нав, бозомӯзӣ, такмили ихтисос, ки онҳоро шахс метавонад ҳангоми таҳсил дар мактаб, пас аз хатми мактаб ва баъди гирифтани диплом ба таври ройгон ё пулакӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ берун аз барномаҳои асосии таълимӣ ё дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ бе маҳдудият омӯзад, равона карда шудааст.
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ — муассисаҳои давлатӣ ва хусусии таълимие мебошанд, ки фаъолияти онҳо ба ташаккули дониш, малака, маҳорат, қобилият, инкишофи зеҳнӣ, маънавӣ ва ҷисмонии таълимгирандагон нигаронида шудааст.
Ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» такмили қонуни мазкур ба меъёрҳои нав, таҳти танзими ҳуқуқӣ, муносибатҳо оид ба салоҳият ва масъулияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ мебошад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» бо мақсади мутобиқгардонии қонуни мазкур ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», пешниҳод шудааст.
Қисмҳои 1 ва 4 лоиҳаи қонун хусусияти техникӣ дошта, бо мақсади мутобиқ намудан ба талаботи техникаи қонунгузорӣ пешниҳод гардидааст. Мутобиқи қисми 2 лоиҳа ба қонуни мазкур тағйироту илова ба моддаи 12 ворид мегардад, ки тибқи он, ваколатҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм мушаххас гардида, такрорёбии ваколатҳоро аз байн мебарад.
Дар асоси қисми 3 лоиҳа моддаи 21 қонуни мазкур дар таҳрири нав ифода гардида, мутобиқи он заминаҳои ҳуқуқии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ мушаххас мегардад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!
Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд.
Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.
Самариддин АСОЗОДА,
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ