Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ мораторий эълон шуд

№18 (3812) 10.02.2018

DSC_40977 феврали соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд.

 РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 63 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Дар хусуси Созишномаи беруна дар бораи кумак барои амалисозии лоиҳаи бообтаъминкунии мактаб дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»

5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сох­тори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз дода мешавад.

РАҲМОНЗОДА Абдулғаффор Азиз:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода, Мавзуна Шарофиддинова ва Абдулғаффор Раҳмонзода таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Бо мақсади аз байн бардош­тани ихтилофоти қонунгузорӣ, мутобиқ намудан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ба талаботи рушди раванди қонунгузорӣ ва имлои забони тоҷикӣ ба моддаҳои қонуни конститутсионӣ, ба истиснои моддаи 37, тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуд.

Ба лоиҳаи қонуни конститутсионӣ се моддаи нав — моддаи 11 вобаста ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 41 оид ба мақом ва ваколатҳои мушоҳидони миллӣ ва моддаи 42 оид ба мақом ва ваколатҳои мушоҳидони байналмилалӣ ворид карда шуд.

Ҳамчунин, ба лоиҳаи қонуни конститутсионӣ чор қисм ва ҳафт сархати нав илова гардидааст.

Ҳангоми таҳия дар лоиҳаи қонуни конститутсионӣ матни моддаи 38, 15 қисм, инчунин як банди модда ва як ҷумла дар таҳрири нав ифода шудааст. Дар маҷмӯъ, 25 истилоҳи ҳуқуқӣ дар зиёда аз 100 ҳолат пурра иваз карда шуд.

Ба қонуни конститутсионӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо оид ба мақом ва ваколатҳои мушоҳидони миллию байналмилалӣ, бо Конститутсия мутобиқ намудани ҳуқуқи интихобкунандагон ва ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон, манъ намудани ҳама гуна иштироки мустақим ва ё ғайримустақими давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар маблағгузорӣ ва дигар намуди дастгирии моддии маъракаи интихобот, пурра намудани ваколатҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва дуруст намудани шакли пур кардани бюллетенҳои интихоботӣ аз қонуни конститутсионӣ духӯрагиҳоро дур сохта, ба шаффоф ва демократӣ баргузор гардидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.

Ба мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро пешбарӣ кардаанд, худи номзадҳо ва прокурор додани ҳуқуқ барои ба суд муроҷиат намудан нисбати қарорҳои комиссияҳои интихоботӣ, ба шаҳрванд додани ҳуқуқи шикоят ҳангоми ба рӯйхат дохил нашудан, нодуруст ба рӯйхат дохил шудан ё аз рӯйхат баровардан, муайян намудани муҳлати дастрас намудани бюллетенҳои интихоботӣ ба комиссияҳои интихоботӣ меъёрҳое наве мебошанд, ки ба лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ворид карда шуда, ихтилофоти қонунгузориро аз байн мебаранд.

Ҳамчунин, ба лоиҳаи қонуни конститутсионӣ меъёрҳои дигари нав — оид ба манъ намудани ба ҳабс гирифтан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бе розигии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, ба истиснои дастгир шудан дар ҷойи содири ҷиноят, оид ба қатъи ваколатҳои шахсони боэътимод, оид ба натиҷаи пешакӣ ва ниҳоии интихобот, оид ба шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа баъд аз интихобот, ворид карда шуданд.

Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионӣ, қабл аз ҳама, ба ҳимояи ҳуқуқи интихобкунандагон, шаффофияти баргузории интихобот ва таъмини амнияти фазои интихоботии кишвар равона шудааст. Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2017 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Ҷиҳати такмили лоиҳаи қонуни конститутсионӣ, ҳамчунин бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон бо ҷалби мутахассисон аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъба­ҳои дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, пешниҳодҳои онҳо ҳангоми таҳияи лоиҳаи ниҳоӣ ба инобат гирифта шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни конститутсиониро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмил 104 таклиф пешниҳод карданд, ки аз онҳо 55 таклиф пурра ва 12 таклиф қисман қабул гардид.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 19 октябри соли 2017 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои пешниҳодшуда баррасӣ гардиданд. Бо дарназардошти такмилсозии лоиҳаи қонуни конститутсионии баррасишаванда, пешниҳод гардид, ки лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда шавад.

5 феврали соли ҷорӣ ин ­масъала мавриди муҳокимаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон қарор гирифт ва барои баррасӣ ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардид. Ҳангоми таҳияи лоиҳаи ниҳоӣ пешниҳоду эродҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров пурра ба инобат гирифта шуданд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ буда, аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Ба ҷаласа раи­си Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Бахтиёр Худоёрзода даъват шудаанд. Пешниҳодоти номбурда оид ба лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур чанде пеш ба мо расиданд ва онҳо дар лоиҳа ба эътибор гирифта шудаанд, ки дар онҳо аз хусуси механизми иҷрои таъсиси участкаҳои интихоботӣ дар сафоратхонаҳои ҷумҳурӣ дар хориҷа сухан рафта, моҳияти масъала возеҳ гардидааст.

Ягон нафар сухан гуфтан мехоҳад? Марҳамат, сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Усмонзода Саидҷаъфар Усмон дода мешавад.

Усмонзода Саидҷаъфар Усмон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақозои низоми давлати демократӣ мебошад. Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда қонуни конститутсионии амалкунандаро ба талаботи қонунҳои байналмилалӣ мутобиқ менамояд ва пешниҳодоти ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсиро низ дар бар мегирад.

Азбаски яке аз қишрҳои фаъоли ҷомеа ҷавонон мебошанд, қабули қонун ба онҳо имконият медиҳад, ки дар Интихоботи Президенти ҷумҳурӣ ҳамчун номзад баъди расидан ба синни 30 иштирок намоянд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ба талаботи ҷомеа созгор буда, ба шаҳрвандон барои истифода аз ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ низ имкониятҳои нав медиҳад. Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни конститутсионӣ овоз диҳед.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонуни конститутсионӣ қабул гардид. Вобаста ба қабули қонуни конститутсионӣ Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Амрихудои Дамдор дода мешавад.

Амрихудои ДАМДОР:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода, Абдулғаффор Раҳмонзода ва Амрихудои Дамдор таҳия ва пешниҳод шудааст.

Мақсад аз таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур мутобиқсозии он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бурдани мухолифати қонунгузорӣ, рушди раванди қонунгузории кишвар ва мутобиқкунонии он ба талаботи имлои забони давлатӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии номбурда аз 6 ноябри соли 2016 мавриди баррасӣ қарор дорад. Барои такмили он ду маротиба гурӯҳҳои корӣ дар ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Вазорати адлия, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. ҳафт маротиба маҷлисҳои гурӯҳҳои корӣ баргузор ва тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии пешниҳодгардида аз 42 қисм иборат буда, тибқи он аз 59 моддаи қонуни конститутсионии амалкунанда ба 47 моддаи он тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Дар лоиҳаи қонуни конститутсионии пешниҳодгардида моддаи 55 дар таҳрири нав таҳия ва 3 қисм, 6 банд, 3 сархати нав илова гардида, 6 қисм, 2 банд ва 2 сархат дар таҳрири нав ифода ёфта, 20 ислоҳоти имлоӣ дар зиёда аз 80 ҳолат ба лоиҳа ворид шудааст. Тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида, дар баробари мутобиқкунонӣ бо рушди қонунгузории кишвар, бевосита ба ҳимояи ҳуқуқи интихобкунандагон, кафолати иҷтимоӣ ва сиёсии номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллӣ, ҷоннок намудани фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ ва шаффоф баргузор намудани интихобот равона шудаанд. ­Масъалаҳои мазкур дар моддаҳои 4, 81, 82, 10, 19, 32, 33, 37 ва 55 — уми лоиҳаи қонуни конститутсионии пешниҳодгардида нишон дода шудаанд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ­шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати такмил 44 таклиф пешниҳод карданд, ки аз онҳо 24-тоаш қабул гардид.

19 октябри соли 2017 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷаласаи васеи кумитаи масъул баргузор гардид. Бо дарназардошти таклифҳои пешниҳодгардида қонуни конститутсионии номбурда бори дигар таҷдиди назар шуд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии пешниҳодгардида ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф­намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Маърӯза ба охир расид. Кӣ ба Амрихудои Дамдор савол дорад? Нест.

Муҳтарам Худоёрзода! Пешниҳодоти шумо ба лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ба эътибор гирифта шудаанд. Танҳо хоҳишмандам онҳоро, ки ба моддаҳои 27 ва 36, ҳамчунин моддаҳои 35 ва қисми якуми моддаи 44 тааллуқ доранд, шарҳ диҳед.

Бахтиёр ХУДОЁРЗОДА: — Муҳтарам Раис! Дар лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур якхела муқаррар кардани муҳлатҳо дар навбати аввал ба он мақсад равона шудааст, ки барои интихобкунандагоне, ки пешакӣ овоз медиҳанд, шароити якхела муҳайё карда шавад. Чунки барои онҳо низ бюллетенҳо омода карда мешавад ва варақаҳо бояд ҳамсон бошанд, ҳам дар рӯзи интихобот ва ҳам дар мавриди овоздиҳии пешакӣ. Ин ба сарфа кардани воситаҳои Буҷети давлатӣ низ оварда мерасонад.

Мо муҳлатҳоро барои пас гирифтани номзадии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзади алоҳида 10 рӯз пешниҳод кардем. Дар қонуни амалкунанда ин муҳлатҳо барои ҳизбҳои сиёсӣ 10 рӯз ва барои номзадҳои алоҳида 7 рӯз муқаррар шуда буд.

РАИС: - Кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ахмедов Ҷаббор дода мешавад.

Ҷаббор Ахмедов:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Хуб шуд, ки муаллифон дар асоси натиҷаҳои интихоботи соли 2015 бурду бохти қонуни конститутсионии амалкунандаро таҳлил ва мавриди омӯзиш қарор дода, лоиҳаи қонуни конститутсиониро оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионии амалкунанда пешниҳод намуданд, ки онро саривақтӣ ва зарурӣ меҳисобам.

Тағйиру иловаҳо қонуни конститутсионии амалкунандаро такмил медиҳанд, зеро меъёрҳои нав ба раванди демократикунонии системаи интихоботӣ равона шудаанд. Тағйирот ба моддаи 81 ва 82 вобаста ба мақом ва ваколатҳои нозирони миллӣ ва байналмилалӣ хеле заруранд. Минбаъд меъёри нав реҷаи фаъолияти онҳоро танзим намуда, ҳуқуқи кай ба кор шурӯъ кардан ва кай ба охир расидани фаъолияти онҳоро муқаррар менамояд.

Тағйироти воридшаванда ба сархати 3 қисми 7 моддаи 82 ваколатҳои нозирони байналмилалиро маҳдуд намекунад. ҳуқуқи онҳо оид ба ҳузур дош­тан дар участкаи интихоботӣ, аз ҷумла дар рӯзи овоздиҳӣ, нигоҳ дошта шудааст.

Тағйироти қисми 1 моддаи 16 оид ба ташкили комиссияҳои участкавӣ, ки минбаъд он бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сурат мегирад, низ тақозои замон мебошад. Дар ҷумҳурӣ дар рафти маъракаҳои интихоботӣ тақрибан 3000 участкаи интихоботӣ таъсис дода мешавад. На ҳама ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳо сохтор доранд ва потенсиалии кадриро соҳибанд. Яъне, онҳо наметавонанд ба ҳама участкаи интихоботӣ намояндагони худро пешниҳод намоянд. Имрӯз дар аксар ҳолат ба ин кор кормандони соҳаҳои маориф, тиб ва фарҳанг ҷалб карда мешаванд. Аз ин рӯ, ба андешаи ман, минбаъд ҷорӣ кардани чунин меъёр, пеш аз ҳама, барои муҳайё сохтани шароити якхела ба ҳамаи иштирокчиён равона шудааст. Умеди онро мекунем, ки ҳангоми пешниҳод таклифи ҳизбҳои сиёсӣ ба эътибор гирифта мешаванд. Воқеан, то имрӯз пешниҳодоти Ҳизби коммунист дар вилояти Суғд ба эътибор гирифта мешуд.

Тағйироти моддаи 36 вобаста ба бекор кардани қарори пешбарии номзадҳо минбаъд имконият медиҳад, ки раванди маъракаи интихоботӣ ба низоми муайян ворид гардад. Тибқи қонуни конститутсионии амалкунанда ҳизб­ҳои сиёсӣ метавонанд ҳар вақт пеш аз интихобот қарори худро бекор кунанд. Ин мушкилиҳоро дар кори комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкаҳои интихоботӣ ба вуҷуд меорад. Акнун онҳо метавонанд на камтар аз 10 рӯз пештар чунин қарор қабул кунанд. Чунин меъёр чопи бюллетенҳои интихоботиро низ ба низоми муайян медарорад.

Тағйирот ба моддаи 39 вобаста ба ҳуқуқи номзад барои ташвиқот ба эфири ройгон низ саривақтӣ мебошад. Чунин ҳуқуқро онҳо дар телевизион ва радиои давлатӣ доранд, вале тартиби ройгони онро қонуни конститутсионӣ муқаррар накардааст. Аз ин рӯ, ин меъёр муқаррароти моддаи мазкурро аниқ мегардонад.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ғаффоров Абдуҳалим дода ­мешавад.

Абдуҳалим Ғаффоров:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Дар рушду такомули ҳар як миллат ҳолатҳое арзи вуҷуд мекунанд, ки дар саҳифаҳои таърихи он нақши ногусастанӣ мегузоранд. Бинобар ин, аз қабули лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» дар рушди минбаъдаи ҷомеа нақши калон дорад. Ҳар қадаре он хусусияти демократӣ дошта бошад, ҳамон андоза аҳамияти бештар касб менамояд ва қабули он саривақтӣ буда, ба раванди демократикунонии ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсиргузор хоҳад буд.

Дар лоиҳаи қонуни конститут­сионӣ донистани забони давлатӣ ва навиштани диктант аз тарафи номзадҳо, ҷой додани меъёрҳо барои шаҳрвандоне, ки ба узвияти Маҷлиси миллӣ интихоб ё таъин мешаванд (дар ҷумҳурӣ 7 соли охир зиндагӣ кардан) ва барои онҳое, ки ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб мешаванд, муддати панҷ соли охир дар ҳудуди кишвар иқомат доштан аз ҷумлаи муқаррароти муҳим ба шумор мераванд.

Ҷиҳати дигар таъмини шаффофияти ҳуқуқи интихобкунандагон ва интихобшавандагон, аз ҷумла мақом ва мароми ҳизб­ҳои сиёсӣ мебошад. Бинобар ин, ҳуқуқҳои ҳизбҳои сиёсиро мадди назар гирифта, ба роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки ба маъракаҳои интихоботи президентӣ ва парламентии кишварҳои дигар аъзои ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун нозир фиристода шаванд.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии зикршударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ — «Дар хусуси Созишномаи беруна дар бораи кумак барои амалисозии лоиҳаи бообтаъминкунии мактаб дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид дода мешавад.

 САИД Нуриддин Саид:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи беруна дар бораи кумак барои амалисозии лоиҳаи бообтаъминкунии мактаб дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон 17 феврали соли 2017 байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодии Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Хитой ба имзо расид. Маблағи он 12,5 млн. юани хитойӣ (1 млн. 971 ҳазору 250 доллари ИМА ё 17 миллиону 392 ҳазору 535 сомонӣ)-ро ташкил дода, ҳамчун кумаки техникӣ пешниҳод мегардад.

Тибқи лоиҳа, кашидани хатти оби нӯшокӣ аз обанбори деҳаи Ғарғара дар масофаи зиёда аз 5 км то муассисаи таълимии №42 деҳаи Ҳусейншайхи деҳоти «Корез»-и ноҳияи Данғара бо дарназардошти сохтмони обанбори захиравӣ бо ғунҷоиши 250 м3 об барои дастрасии хонандагон бо оби ошомиданӣ ва ободонию сабзкории ҳудуди муассисаи таълимӣ, инчунин гузош­тани нуқтаҳои обгирӣ барои аҳолӣ қад-қади қубури обгузар ба инобат гирифта шудааст.

Лоиҳаи иншоот аз ҷониби Институти илмӣ — тадқиқотӣ ва дизайни меъмории Циндаои Ҷумҳурии Халқии Хитой омода гардида, аз тарафи ташкилоти лоиҳакашии ҶДММ «Абрис» ба меъёру қоидаҳои сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шуда, тибқи хулосаи мусбати маҷмӯи экспертӣ (№ГЭ- 85 214/17/214) аз 30 июни соли 2017 аз ташхиси давлатии сохтмони Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Кумитаи ­меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Тибқи созишнома, ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой дар асоси озмун ширкати Филиали «ТОП Интернейшнл Инжиниринг Корпорейшн» дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ҳамчун пудратчии иншоот интихоб намудааст. Ширкати мазкур дорои оиннома ва иҷозатномаи фаъолияти шаҳрсозии Хадамоти иҷозатномадиҳии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Назорати иҷрои корҳои сохтмонӣ аз ҷониби намояндаи Бюрои ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодии Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Хитой ва намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. Айни замон дар иншоот 7 нафар муҳандиси ҷониби Хитой ва 25 нафар коргари маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд. Шумораи коргарони маҳаллӣ вобаста ба ҳаҷми корҳои сохтмонӣ зиёд карда мешавад.

Пудратчии генералии ҷониби Хитой аз пардохти андози шахсони ҳуқуқӣ, ки тибқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, ба истиснои андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ аз музди меҳнати кормандони маҳаллӣ, озод карда мешавад.

Оғози корҳои сохтмонӣ аз рӯи лоиҳаи мазкур бо дарназардошти фасли зимистон 7 моҳро дар бар гирифта, моҳи августи соли ҷорӣ ба анҷом мерасад.

Бояд қайд намуд, ки муассисаи таълимии №42 барои 640 ҷойи нишаст дар деҳаи Ҳусейншайхи ноҳияи Данғара аз ҳисоби Бюрои ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодии Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамчун кумаки техникӣ сохта шуда, соли 2014 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман мавриди истифода қарор гирифтааст. Айни замон хонандагони муассисаи таълимии мазкур аз норасоии об танқисӣ мекашанд.

Амалишавии лоиҳа аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад ва дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешавад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Қодирова Мусаллам Асомидиновна дода мешавад.

Мусаллам ҚОДИРОВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи беруна дар бораи кумак барои амалисозии лоиҳаи бообтаъминкунии мактаб дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 29 январи соли 2018, № 1552 барои пешниҳод намудани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуд.

Созишнома аз муқаддима ва 23 модда иборат буда, бо мақсади расонидани кумак дар ташкили бообтаъминкунии мактаби № 42 деҳаи Ҳусейншайхи деҳоти «Корез»-и ноҳияи Данғара, сохтани қубури обгузаронӣ аз пойгоҳи обтаъминкунӣ дар баландии кӯҳ, тақрибан 5 километр то мактаб, инчунин гузоштани нуқтаҳои обрасонӣ барои истифодаи истиқоматкунандагони паҳлуи қитъаи охири қубури обгузар амалӣ карда мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд. 1 феврали соли 2018 дар ҷаласаи васеъ намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ҷонибдориашонро оид ба созишномаи мазкур иброз доштанд.

Аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки онро тасдиқ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Созишномаи беруна дар бораи кумак барои амалисозии лоиҳаи бообтаъминкунии мактаб дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъе­ктҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» оғоз мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд дода мешавад.

 ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!       

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2017, №990 «Дар бораи ­эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ» таҳия ва пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, тартиби татбиқи мораторийро муқаррар карда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон равона гардидааст. Дар лоиҳаи қонун мафҳумҳои асосӣ, қонунгузорӣ дар бораи мораторий, Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, мутобиқати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, истисноҳо аз татбиқи мораторий, боздоштани амали муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳалли баҳсҳо, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани он пешбинӣ шудааст.

Мораторий ба санҷишҳо ҳамчун муваққатан боздоштани қисми муайяни ваколатҳои дар асоси лоиҳаи пешниҳодшаванда ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мебошад. Санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бошад, ҳамчун шакли фаъолияти мақоми давлатии санҷишкунанда оид ба ҳама гуна санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор, мутобиқи талаботи қонунгузорӣ маънидод гардидааст.

Субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие ба шумор меравад, ки ба қайди давлатӣ гирифта шуда, ба истеҳсоли молу маҳсулот машғул мебошад.

Давраи мораторий ба санҷишҳо муҳлатест, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гашта, дар давоми он санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонуни мазкур, манъ карда мешаванд.

Рӯйхати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки ба соҳаи истеҳсолӣ мансубанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор ба Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ пешниҳод карда мешавад. Шӯрои мазкур қарорро дар хусуси ворид намудани шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба Феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ қабул менамояд. Дар асоси ин қарор мақоми ваколатдори давлатӣ вазифадор аст дар давоми на дертар аз се рӯз шахсонро ба Феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дохил намояд.

Ҳарчанд мораторий гузаронидани санҷишҳоро дар давраи амали он боздорад ҳам, дар моддаи 6 лоиҳаи қонуни мазкур меъёрҳое муқаррар шудааст, ки дар ҳолатҳои алоҳидаи истисноӣ гузаронидани санҷишҳо иҷозат дода мешаванд. Бинобар ин, санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ оид ба иҷро намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бо огоҳонидани Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешаванд:

- санҷишҳои нақшавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи андоз;

- агар аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ (истеъмолкунандагони молу маҳсулот) нисбат ба фаъолияти субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ оид ба вайрон кардани ҳуқуқҳои онҳо ба мақоми ваколатдори давлатӣ ё ба мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ аризаи хаттӣ ворид гардад, санҷиш дар доираи муроҷиати пешниҳодшуда амалӣ карда мешавад;

- агар санҷиш ба муомилоти маводи доруворӣ, сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ вобаста бошад;

- дар асоси аризаи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ҳангоми қатъ кардани фаъолияти онҳо;

- тибқи талаботи қисми 6 моддаи 28 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҳама ҳолат санҷишҳои гузаронидашуда дар дафтари бақайд­гирии санҷишҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад.

Дигар хусусияти лоиҳа аз он иборат аст, ки дар давраи татбиқи мораторий, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи 6 — уми лоиҳа зикргардида, вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, амали як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ боздошт мешавад. Мақомоти санҷишие, ки дар асоси ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ваколати газаронидани санҷишҳоро доранд, наметавонанд аз онҳо истифода баранд.

Мақсади эълон намудани мораторий дастгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ буда, ба таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам намудани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои шаффоф ва мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Бинобар ин, аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад.

НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 баён намуданд, таҳия гардидааст.

Мақсади лоиҳаи қонуни мазкур дастгирии давлатии соҳибкории истеҳсолӣ, таъмини барномаҳои қабулшудаи давлатӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, ташкили ҷойҳои кории нав, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ мебошад.

Беҳтар намудани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ ба рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат намуда, манбаи асосии ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ ва заминаи ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна ва рушди минбаъдаи соҳибкории истеҳсолӣ, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон солҳои 2008 — 2010 (аз 25 июли соли 2008 то 25 июли соли 2010, ба муҳлати ду сол) ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои соҳибкории хурду миёна ва солҳои 2011 — 2014 (аз 5 октябри соли 2011 то 4 октябри соли 2014, ба муҳлати се мол) ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ мораторий эълон шуда буд.

Таҷриба нишон дод, ки мораторий ба рушди устувори соҳибкории хурду миёна ҳавасмандиро ба вуҷуд оварда, ба қонунӣ кардани тиҷорат, кам гардидани иқтисодиёти ғайрирасмӣ, зиёд шудани ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти мунтазами маб­лағ ба Буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур асос­ҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, тартиби татбиқи мораторий муқаррар карда шудааст, ки он ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон равона гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ ва баҳри такмили он 20 таклиф пешниҳод намуданд, ки як қисми онҳо қабул гардид ва дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Вакилони муҳтарам, аз шумо хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Маърӯзаҳо ба охир расиданд. Кӣ ба муаллифон савол дорад? Марҳамат, сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Одинаев Ҳаёт дода мешавад.

Ҳаёт ОДИНАЕВ: — Ман ба муҳтарам Ҳамрализода савол дорам. Оё меъёрҳои қонуни мазкур ба соҳибкороне, ки дар соҳаи хизматрасонӣ фаъолият менамоянд, паҳн мегардад ё не?

ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд:

- Дар қонун пешбинӣ шудааст, ки муқаррароти он танҳо ба соҳибкороне, ки дар соҳаи истеҳсолӣ фаъолият менамоянд, паҳн мегардад. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ феҳристи корхонаҳову соҳибкоронро, ки ба истеҳсолот машғул мебошанд, пешниҳод менамояд.

РАИС: — Дар ин маврид дар лоиҳаи қонун (моддаи 7) аз хусуси боз­доштани амали як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сухан меравад. Оё номгӯйи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҷдиди назар мешаванд?

ВАТАНЗОДА Маҳмадалӣ Маҳмадулло,

- Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Муҳтарам Раис! Мо таҷрибаи татбиқи чунин қонунҳоро аз соли 2012 дорем. Дар ин ҷо саъй кардем он қонунҳоеро ба рӯйхат ворид намоем, ки дар вақти санҷишҳо он соҳаҳо бештар фаро гирифта мешаванд. Агар дар ин муддат масъалаҳои зарурати ҳамроҳ кардани ин ё он қонун ба миён ояд, он гоҳ бо истифода аз тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба он тағйиру илова ворид карда хоҳад шуд.

РАИС: — Дар ин кор таъхир кардан лозим нест ва дар сурати пайдо шудани зарурат он ҳар чӣ зудтар ба қонун ҳамроҳ карда шавад, зеро ба ҳама соҳаи истеҳсолии кишвар дахл дорад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон модда ба модда ва баъд яклухт ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Нурмаҳмадиён Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲМАДИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардидааст. Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби Вазорати молия дар доираи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт, молия ва сармоягузорӣ, бо мақсади иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бандҳои 23, 27 ва 53 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 ва бандҳои 46 ва 72 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 таҳия шудааст.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур ҳимояи андозсупорандагон ҷиҳати беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, сода намудани раванди татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси андоз, аз байн бурдани духӯрагӣ ва гуногунфаҳмиҳо ҳангоми татбиқи меъёрҳои кодекси мазкур, маҳдуд намудани назорат ва санҷишҳои пайдарҳами мақомоти андоз ва кам намудани сарбории андоз ба ҳисоб меравад.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва содагардонии расмиёти бақайдгирии давлатӣ барои воридот ва таҳвили ашёи хом (фурнитура) оид ба истеҳсоли либоси мактабӣ ба корхонаҳои дӯзандагӣ ва фурӯши либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабӣ, техникаи таъиноти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии (комплектии) онҳо, технологияву таҷҳизоти ташхисиву табобатӣ, ашё барои истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, технологияву таҷҳизот ва молҳо барои эхтиёҷоти корхонаҳои парандапарварӣ ва автомашинаҳои нав имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст.

Ҷиҳати дастгирӣ ва таъмини рушди саноати сабук, пешрафти истеҳсол ва коркарди нахи пахта, дар лоиҳаи қонуни мазкур дар баробари корхонаҳои навтаъсис ба корхонаҳои навтаъсиси амалкунанда низ имтиёзҳо пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, бо мақсади дар амал татбиқ намудани низоми имтиёзноки андозбандӣ барои корхонаҳои хусусияти парандапарварӣ ва корхонаҳои ба истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво машғулбуда имтиёзҳои иловагӣ муқаррар гардидааст. Дар баробари ин, дар лоиҳаи таҳиягардида бо мақсади ҷалби сармоя барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва дар ин раванд ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати муайян намудани меъёри бонусҳо пешбинӣ шудааст. Дастгирии давлатӣ вобаста ба имтиёзҳои пешбинишуда барои сода, осон ва шаффоф гардонидани ҷараёни андозсупорӣ мусоидат менамояд.

Аз шумо — муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон хоҳишмандам, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

 Шариф Раҳимзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Он бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 ва дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ баёнгардида таҳия шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур аз 2 модда иборат буда, моддаи 1 дорои 28 қисм мебошад.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон 13 таклиф пешниҳод намуданд, ки ҳамаи он қабул гардиданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита 1 феврали соли 2018 лоиҳаи қонун бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, дастгирӣ ёфт.

Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров якчанд таклифу эрод ба лоиҳаи қонуни мазкур баён гардида буд, ба лоиҳа ворид карда шуданд.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Маърӯзаҳо ба охир расиданд? Кӣ савол дорад? Марҳамат, сухан ба Ғаффоров Абдуҳалим.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ. — Ман ба муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон савол дорам. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иборае машҳур аст. «Аз ду чиз роҳи гурез нест: аз марг ва андоз» Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон зикр шуда буд, ки дар солҳои гузашта 1 млрд. 600 миллион сомонӣ андоз кам супорида шудааст. Барои ислоҳи ин вазъ Кумитаи андоз чӣ чораҳо андешидааст?

 ЮСУФӢ Пӯлодҷон Султон:

- муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: — Ин ҷо мехоҳам ­масъалаи мазкурро як андоза равшан намоям. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон зикр шуда буд, ки дар ду соли гузашта ба андозаи як миллиарду шашсад миллион сомонӣ пинҳонкунии андоз ошкор гардидааст. Ин маблағ аз ҷониби кормандони мақомоти андоз дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо ошкор гардид ва ба буҷет гузаронида шуданд. Мо кӯшиш менамоем, ки минбаъд низ садди роҳи қонуншиканиҳо гардем. Масалан, соли 2017 дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо 2010 ҳолати пинҳонкунии андозҳо ба маблағи беш аз 700 миллион сомонӣ ошкор гардид. Ба ҳамин монанд зиёда аз шаш ҳазор ҳодисаи бе қайд дар мақомоти андоз анҷом додани фаъо­лияти соҳибкорӣ низ ошкор шуд.

РАИС: — Воқеан ҳам, тӯли солҳои охир дар Кумитаи андоз ба ин ­масъала таваҷҷуҳ зиёд аст. Илова бар ин, тибқи қонун ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва Палатаи ҳисоб низ ҳуқуқ дода шудааст, ки ҳангоми гузаронидани тафтишу санҷишҳо ба масъалаи сари вақт супоридани андозҳо таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи ниҳоӣ — «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Нурмаҳмадиён Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲМАДИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Вазорати молия дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия шудааст. Дар он, пеш аз ҳама, дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ба инобат гирифта шудаанд.

Ёдрас менамоем, ки вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он мутобиқ гардонида шудааст. Дар лоиҳаи қонуни мазкур барои воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии (комплектии) онҳо, ашёи хом (фурнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ ба корхонаҳои дӯзандагӣ, техникаи таъиноти кишоварзӣ, технологияву таҷҳизоти ташхисиву табобатӣ, ашё барои истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, технологияву таҷҳизот ва молҳо барои эҳтиёҷоти корхонаҳои парандапарварӣ ва автомашинаҳои нав, озодкунӣ аз пардохтҳои гумрукӣ пешбинӣ гардидааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳамкорӣ бо шумо — муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон дар раванди таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сол то сол устувору пурсамар гардида, пеш аз ҳама, ба мақсади рушди босуботи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, ки ҳадафи олии сиёсати давлат маҳсуб меёбад, равона шудаанд. Дар ин замина, ба шумо барои ҳамкории муфид изҳори миннатдорӣ намуда, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир дода мешавад.

 Тоҳир ҶОБИРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 ва мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ баёнгардида, таҳия гардидааст.

Бо мақсади аз байн бурдани ихтилофот дар қонунгузорӣ ва амалӣ намудани имтиёзҳо дар лоиҳаи пешниҳодшуда банди 4 моддаи 345 (Моддаи 345. Озодкунии молҳои алоҳида аз пардохти боҷҳои гумрукӣ) аз нав таҳрир ва ба моддаи мазкур бандҳои 14), 15), 16), 17), 18) ва 19) бо мазмуни зерин илова карда шудаанд:

14) воридоти ашёи хом (фурнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ ба корхонаҳои дӯзандагие, ки номгӯйи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;

15) воридоти техникаи таъиноти кишоварзӣ, ки номгӯйи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;

16) воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, ки номгӯйи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;

17) воридоти технологияҳои нав­тарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат;

18) воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ ва ё ҳангоми ворид намудани молҳои бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда ва чорво аз пардохти боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.

Инчунин, тибқи банди 19, воридоти автомашинаҳои нав (аз санаи барориш 1 (як) сол нагузашта, масофаи тайнамудаашон то 10 (даҳ) ҳазор километр бошад) бо мавқеи молии 8702, 8703, 8704 ва 8705 — 50 фоиз, аз пардохти боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуда, ҳамчунин се таклиф пешниҳод намуданд, ки онҳо қабул гардиданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита 1 феврали соли 2018 лоиҳаи қонун бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, таклифҳои пешниҳодшуда қабул ва аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа дастгирӣ ёфт.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Вакилони муҳтарам. Ба ҷаласаи имрӯза сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Хуршед Каримзода даъват шудааст ва ҳоло дар толор ҳузур дорад. Мо Хуршед Каримзодаро ба муносибати таъин шудан ба мансаби масъули давлатӣ табрик мегӯем ва барояшон муваффақият орзумандем. Бовар дорем, ки боварии Сарвари давлат­ро сазовор мегарданд. Муҳтарам Каримзода, шумо дар хусуси лоиҳаи қонун чизе гуфтанӣ ҳастед?

 Хуршед КАРИМЗОДА:

- сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Қабл аз ҳама барои табрикот миннатдорӣ изҳор менамоям. Вобаста ба лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда баъзе нуктаҳоро мехоҳам баён дорам. Вобаста ба банди 14 лоиҳаи қонун — воридоти ашёи хос (фурнитура). Барои дӯхтани либоси мактабӣ ва ё томактабӣ ашёи хом ворид намешавад. Дуруст мебуд, он ашё номида шавад.

Фурнитура ашёи саноатиест, ки коркарди саноатӣ шудааст, он ашёи хом нест. Масалан, тугма ва ё дигар ашёе, ки барои дӯхтани либос истифода мешавад.

Дар банди 17-уми лоиҳа, аз ҷумла дар хусуси технологияҳои навтарин сухан меравад. Аз рӯи кадом нишондодҳо технологияи навтарин муайян карда мешавад? Ин бояд аниқ муайян карда шавад, то ин ки ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ мушкилот пеш наояд.

РАИС: — Шумо дар ин бобат чӣ пешниҳод доред?

Хуршед КАРИМЗОДА: — Одатан дар ин маврид ду мафҳум истифода мешавад: «Технологияи қаблан истифодашуда» ва «технологияи нав».

РАИС: — Яке аз мақсадҳои ­лоиҳаи қонун ворид кардани технологияи наву пешқадам аст.

Хуршед КАРИМЗОДА: — Технологияи нав ва технологияи навтарин бо рамзҳои гуногуни молӣ бандубаст мешаванд ва ҳангоми барасмиятдарорӣ мо чӣ гуна хулоса кунем, ки ин технология нав аст ё навтарин? Зеро то ин вақт ин гуна мафҳум набуд ва ҳар гуна технологияе, ки ворид мешуд, таҳти мафҳуми «таҷҳизоти технологӣ» сабти ном мегардид.

РАИС: — Кумитаи масъул дар ин бора чӣ андеша дорад?

Шариф РАҲИМЗОДА: Дар кумита аз ин хусус баҳс ба миён омада буд ва мо ба хулоса омадем, ки истилоҳи «технологияи навтарин» истифода шавад, зеро технологияи нав метавонад аз ҷиҳати физикӣ нав бошад, вале аз ҷиҳати маънавӣ куҳна. «Технологияи навтарин» гуфта, мо технологияи охиринро мадди назар дорем, ки шояд тӯли як соли охир ба вуҷуд омада бошад.

Хуршед КАРИМЗОДА: — Гап сари он аст, ки ҳангоми барасмиятдарорӣ метавонад суиистифода шавад. Мутахассиси гумрук муайян карда наметавонад, ки ин технологияи нав аст ё навтарин.

РАИС: — Муайян кардани нав ё навтарин будани технология вазифаи кормандони соҳаҳое мебошад, ки технология барои онҳо ворид карда шудааст.

Дар мавриди «ашёи хом» сардори Хадамоти гумрук дуруст мегӯянд. Бояд дар ин маврид фикр кард, ки дар қонун иштибоҳ роҳ наёбад. Агар ҳамаи вакилон ба ин ақида розӣ бошанд, калимаи «хом» аз лоиҳа бардошта шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ­тасдиқ шуд.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

 Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ