Дуюми феврали соли 2023 роҳбари Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин, вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода бо сафири фавқулода ва мухтори Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо мулоқот намуд.
Зимни мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Фаластин ва робитаҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Давлати Фаластин, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо беҳтарсозии кори Гурӯҳи дӯстии парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин муфид шуморида шуд.
Зоир Раҳмонзода роҷеъ ба фаъолияти парлумони касбии мамлакат маълумот дод. Аз ҷумла зикр шуд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳои мо дар доираи принсипҳои боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити расмӣ роҳандозӣ шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди муносибатҳои дуҷониба моҳи октябри соли 2020 бо Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин гурӯҳи дӯстӣ таъсис дод.
- Мо хостори муносиботи неку равобити ҳасана бо Давлати Фаластин ҳастем ва талош менамоем, ки муносибот тақвият ёбад, — афзуд Зоир Раҳмонзода.
Дар мулоқот аъзои Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин Ғайрат Азиззода, Ғиёсиддин Ашурзода, Муъҷибахон Ҷавҳарӣ иштирок намуданд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон