Ҷиҳати тақвият бахшидани раванди расидан ба «ҳукумати электронӣ» бо дастури роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар ва шаффоф намудани раванди муошират ва қабули дархостҳои шаҳрвандон имрӯз ба Маҷлиси намояндагон техникаву таҷҳизоти наву муосири коммуникатсионӣ, аз ҷумла 65 планшет ва компютеру принтери муосир ворид шуда, ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас шуд.
Ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон бо ташаббус ва дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, нахуст соли 2003 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Он на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ аз нахустин чунин санади бунёдгузор дар ин самт маҳсуб мешавад.
Ҳамчунин дар асоси ин стратегия бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 Барномаи давлатии рушд ва ҷорӣ намудани технологияҳои итиилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008 Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2011 Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва қабул гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи суханрониҳои барномавиашон аз таҷрибаи давлатҳои мутараққии ҷаҳон ёдовар шуда, роҷеъ ба аҳамияти татбиқи технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат таъкид менамоянд. Аз ҷумла, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 26 декабри соли 2018 чунин изҳор намуданд: «Бо назардошти равандҳои муосир мо бояд корро ҷиҳати татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ва дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ вусъат бахшем».
Ёдовар мешавем, ки «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ» 30 декабри соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, асосан таҳияи барномаҳои электронии рушди ҳамаи соҳаҳои мамлакатро фаро мегирад. Дастрасии вакилон ба техникаву барномаҳои нави электронӣ ҷиҳати иртибот бо шаҳрвандон ва татбиқи барномаву қонунҳои рақамӣ василаи хуб аст.
Ҳукумати электронӣ низомест, ки барои ташкили муоширати самараноки ҷамъиятӣ ҳамаи муассисаву мақомоти расмию ғайрирасмиро муттаҳид намуда, барои онҳо шароит фароҳам меоварад, то бо истифода аз шабакаи компютерӣ гардиши санадҳои электронии байниидоравиро таъмин созанд. Ҳамчунин ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хизмати иттилоотӣ пешниҳод шуда, арзу шикоятҳои онҳо баррасӣ карда мешавад.
М. СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон