Ё чӣ бояд кард, ки мизоҷони бонкҳо маблағҳояшонро пас гиранд?
13 июни соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
РАИС: — Вакилони муҳтарам!
Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 58 нафар вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.
Дар бораи рӯзнома бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»
3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ»
4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаров Мансурҷон Ғаффорович дода мешавад.
Мансурҷон УМАРОВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» аз ҷониби Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва дар робита ба дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 18.04 соли 2018, № 21/87-10) бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардидааст.
Мақсад аз он ташкили фаъолияти дастгоҳи Шӯрои амният ҳамчун воҳиди сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба тобеияти функсионалии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани он маҳсуб меёбад. Агарчӣ то ҳол дастгоҳи Шӯрои амният ҳамчун сохтори алоҳида дар низоми мақомоти марказии давлатӣ фаъолият кунад ҳам, лекин тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 19 ноябри соли 2013, № 12 он ба сифати сохтори мустақил эътироф нашудааст. Ғайр аз ин, дар бисёр маврид функсияву ваколатҳои дастгоҳи Шӯрои амният моҳиятан бо ваколатҳои сохторҳои марбутаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармехӯранд ва ё онҳоро такрор мекунанд.
Чунончӣ, тибқи банди 2-юми Низомнома Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоме мебошад, ки вазифаи асосии он таъмини саривақтию сифатнок, таҳлилию иттилоотӣ, ҳуқуқӣ, протоколию ташкилӣ ва ҳуҷҷатгузории фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба ҳамин монанд дар қисмати таъмини фаъолияти Шӯрои амният — мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар банди 1-уми «Низомнома дар бораи дастгоҳи Шӯрои амният муқаррарот пешбинӣ гардидааст.
Дар баробари ин, матни қонуни амалкунанда аз лиҳози истифодаи истилоҳоту мафҳумҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳрири 22 майи соли 2016, мутобиқ гардонида мешавад.
Лоиҳаи санади пешниҳодшуда ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо, — муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Суфиев Хайрулло Сабзаалиевич дода мешавад.
Хайрулло СУФИЕВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Он бо мақсади мутобиқ намудан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ворид кардани дастгоҳи Шӯрои амният ба тобеияти функсионалии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун воҳиди сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд.
Аз шумо – вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадиён Ҷамшед дода мешавад.
Ҷамшед НУРМАҲМАДИЁН:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» таҳия гардидааст.
Мақсад аз он тавассути имтиёзҳо ворид намудани таҷҳизоти муосир, таъмини рушди минбаъдаи соҳаи нақлиёти ҳавоӣ ва ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасонӣ, аз ҷумла таъмини амнияти парвозҳо дар фазои ҳавоии кишвар ва аз имконияти мазкур бархӯрдор гардидани қӯшунҳои ҳарбӣ — ҳавоии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи идораи киштӣ ва тайёраҳои ҳарбӣ — ҳавоӣ ба воситаи асбобҳои радиотехникӣ (радионавигатсионӣ) ба ҳисоб меравад.
Тибқи шартнома, арзиши таҷҳизоти воридшаванда 1 165,0 ҳазор доллари ИМА-ро дар бар гирифта, бо қабули қонуни мазкур маблағи имтиёзҳои андозию гумрукӣ 278,4 ҳазор доллари ИМА ва ё 2 516,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Қаблан, тибқи муқаррароти банди 13 моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017», имтиёзҳои андозию гумрукӣ барои воридоти дастгоҳу таҷҳизоти ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» воридшаванда пешбинӣ шуда буд. Аммо, тибқи маълумоти корхонаи мазкур, аз тарафи молистеҳсолкунанда воридоти дастгоҳу таҷҳизот бо сабабҳои объективӣ ба муҳлати муайян ба таъхир гузошта шуда, иҷрои талаботи қонуни мазкур таъмин нагардидааст.
Дар мавриди харидорӣ, васл ва ба истифода додани таҷҳизоти муосири радиоэлектронӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» имконият пайдо мегардад, ки маблағҳои буҷетӣ барои Вазорати мудофиа сарфа гардида, бо дарназардошти созмон додани низоми парвозҳои бехатар дар фазои ҳавоӣ ва фурудгоҳҳои кишвар, сатҳу сифати хизматрасонӣ беҳтар мегардад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.
ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Он бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи нақлиёти ҳавоӣ дар самти ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани хизматрасонӣ ва мутобиқ ба муқаррароти «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025», аз қабили таъмини амнияти парвозҳо дар фазои ҳавоии кишвар, пешбинӣ шудааст.
Харидорӣ намудан, васл ва ба истифода додани таҷҳизоти муосири радиоэлектронӣ, бо дарназардошти созмон додани низоми парвозҳои бехатар дар фазои ҳавоӣ ва фурудгоҳҳои кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба зиёд гаштани воридоти маблағҳо ва кору хизматрасонии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» шароит фароҳам оварда, барои воридоти маблағҳои иловагӣ ба Буҷети давлатӣ низ мусоидат менамояд.
Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» яъне, «Имтиёзҳои андозӣ барои корхонаю ташкилотҳои алоҳида барои соли 2018» қисми 14 бо мазмуни зерин илова карда мешавад:
«14. Дар соли 2018 воридоти таҷҳизоти муосири радиоэлектронӣ, ки номгӯй ва миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» харидорӣ мешавад, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.».
Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд. Дар ҷаласаи васеи кумита лоиҳаи қонуни мазкур бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Дар ҷаласа муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» Раҳимҷон Саидов иштирок доранд. Муҳтарам Саидов, шумо доир ба масъала чӣ гуфтан мехоҳед?
Раҳимҷон САИДОВ: — Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ!
Мехоҳам он чизро зикр намоям, ки таҷҳизоти номбурда бо ҳадафи таъмини бехатарии парвозҳо, рушди соҳаи авиатсияи граждании ҷумҳурӣ ва бо мақсади рушди қобилияти самаранокии фазои ҳавоии кишвар, зиёд намудани теъдоди парвозҳои транзитӣ харидорӣ ва ворид карда мешавад.
РАИС: — Мо ин масъаларо соли гузашта низ баррасӣ карда, ба татбиқи имтиёзҳо ризоят дода будем. Бешубҳа, ин масъалаи муҳим аст. Ҳоло масъала дигарбора мавриди баррасӣ мебошад. Сабабҳои объективии ба таъхир афтодани ин амалро қабул дорем, вале кӯшиш кардан лозим буд, ки чунин сабабҳо ба миён наоянд. Ин масъала имсол ҳалли худашро меёбад ё не?
Раҳимҷон САИДОВ: — Муҳтарам Раис, таҷҳизоти мазкур охири ҳамин ҳафта ба мо мерасад ва моҳҳои июн ва июл васлу насб мешавад.
РАИС: - Оид ба ин масъала сухан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Дар лоиҳаи қонун аз хусуси номгӯй ва миқдори таҷҳизот маълумоте нест. Пас, мо чиро тасдиқ мекунем?
РАИС: — Ин масъалаи касбӣ аст. Яъне, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва идораи соҳавӣ рӯйхатро баррасӣ карда, шакли ниҳоии онро омода кардаанд. Ташкилоти соҳавӣ, яъне «Тоҷикаэронавигатсия» таҷҳизоти барояш лозимаро пешниҳод менамояд ва он дар Ҳукумат мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ҳукумат таҷҳизотро харидорӣ мекунад ва ҷавобгӯй ҳам худаш аст. Муҳтарам Саидов, шумо ягон илова доред?
Раҳимҷон САИДОВ: — Муҳтарам Раис, таҷҳизот таҷҳизоти муайянкунандаи самти масофа мебошад. Он шаш адад буда, як ададӣ дар фурудгоҳҳои кишвар ва дуи дигараш дар нуқтаҳои баланд – ағбаи Шаршар ва шаҳри Хуҷанд васлу насб мешавад. Дарвоқеъ, таҷҳизот аҳамияти калон дорад, зеро мо мақсад гузоштем, ки теъдоди парвозҳои транзитиро аз фазои кишвар афзоиш бахшем. Бинобар набудани таҷҳизоти радионавигатсионӣ, ин корро карда наметавонистем. Акнун, баъди васлу насби таҷҳизот парвозҳои транзитӣ аз фазои кишвар зиёд мешаванд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯйи ин маъала ба муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин Салом дода мешавад.
Икромӣ Сироҷиддин Салом:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» дар робита ва алоқамандӣ ба лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», ки бо дастгирии шумо — муҳтарам вакилон қабул гардидаанд, таҳия шудааст.
Лоиҳаҳои қонунҳои ишорашуда бо дарназардошти тавсияҳои мушовирони байналмилалии Хазинаи байналмилалии асъор таҳия гардида, ҳадафҳои зеринро таъмин менамоянд:
1. Иҷрои муқаррароти Матритсаи барномаи Бонки ҷаҳонӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маблағгузории сиёсати рушд;
2. Такмил ва ба қонунгузории ҷорӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ мутобиқ намудани қонуни амалкунандаи «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ».
Ҳамчунин, лоиҳаи қонуни мазкур вазифаҳоеро, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 вобаста ба такмили қонунгузории соҳаи бонкӣ дарҷ гардидаанд, фаро мегирад.
Лоиҳаи қонуни мазкур масъалаҳои асосии зеринро ҳал менамояд:
- ҳолати мухолифати байни муқаррароти қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ (моддаи 2);
- хароҷоти вобаста ба амалҳои мудир, андозаи хароҷот ва пардохти он (моддаи 12);
- тартиби мукаммалшудаи қонеъ гардонидани талаботи карздеҳон ва ҳимояи пасандоздорони шахсони воқеӣ (моддаи 35).
Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, қисман такмил ёфтааст. Он ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад ва маблағгузории иловагиро аз Буҷети давлатӣ талаб наменамояд.
Хоҳишмандам, онро дастгирӣ намоед.
РАИС: - Сухан аз рӯйи масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович дода мешавад.
Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда, бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» таҳия гардидааст. Вобаста ба ин, ба моддаҳои 2, 12 ва 35 – уми қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуданд. Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо – вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Маърӯзаҳо поён ёфтанд. Кӣ доир ба масъала савол дорад? Марҳамат, сухан ба вакил Ахмедов Ҷаббор дода мешавад.
Ҷаббор АХМЕДОВ: - Саволи ман ба қисми сеюми лоиҳаи қонун дахл дорад. Тағйироту иловаҳое, ки ба лоиҳаи қонун пешниҳод шудаанд, дар асоси принсипи афзалиятнокӣ ворид карда шудаанд ё чизи дигар? Агар чунин бошад, онҳо то чӣ андоза ба моддаи 65 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат мекунанд?
Дигар ин ки мо тавассути воситаҳои ахбори омма дирӯз воқиф гардидем, ки Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кардааст, ки ҳангоми барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ афзалият, пеш аз ҳама, ба пардохти маблағҳои амонатгузорон ва пасандозгузорон дода мешавад.
РАИС:- Кӣ ба ин савол посух мегӯяд? Марҳамат, сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.
Шариф РАҲИМЗОДА: — Дар ҳуҷҷате, ки аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст, талаб карда мешавад, ки мо бояд масъалаи мазкурро мутобиқ ба талаботи Кодекси гражданӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» баррасӣ намоем.
Мувофиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ, ин тартибе мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Мутобиқи тартиб, дар Кодекси гражданӣ қабл аз моддаи 65 моддаи 62 ҳаст ва дар моддаи мазкур зикр шудааст, ки тартибе, ки дар Кодекси гражданӣ муайян шудааст, дар он ҳолат амал мекунад, ки агар қонунҳои соҳавӣ тартиби дигарро муайян накарда бошанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» бошад, тартиби дигарро муайян кардааст. Мутобиқ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», он қонуне афзалият дорад, ки баъдтар қабул шудааст. Бояд зикр намуд, ки Кодекси гражданӣ аз 1 январи соли 2000, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» бошад, аз соли 2011 инҷониб мавриди амал қарор дорад. Яъне, қонун ин ҷо бартариятро соҳиб аст.
РАИС: - Мардум, яъне амонатгузорону пасандозгузоштагон, мехоҳанд аввал маблағҳояшон ба онҳо пардохта шавад. Маблағи бо қарори парламент ҷудошуда бошад, барои пардохти амонатҳои мардум нарасид.
Муҳтарам Икромӣ! Шумо дар ин хусус чӣ мегӯед?
ИКРОМӢ Сироҷиддин Салом: — Ин ҷо мо танҳо ибораи як мафҳумро иваз кардем. Ба ивази «маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон» калимаҳои «қарзҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон» навишта шуд, ки ин маънои афзалият додан ба амонатгузоронро дорад. Чунки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати молия қарз дода наметавонад. Бонки миллӣ бошад, ҳангоми қарз пешниҳод кардан онро таъминотӣ намуда, амвол гарав мегирад ва қарзи худро таъмин менамояд. Маблағҳое, ки аз берун ҷалб карда мешаванд, мафҳуми «қарз»- ро мегиранд.
Яъне, маблағҳое, ки ба Вазорати молия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ мутааллиқанд, баъди маблағҳои пасандозгузорон ба инобат гирифта мешаванд.
РАИС: — Ҳама чиз меъёр ва муҳлат дорад. Дар ин хусус муддати зиёд аст, ки сухан мегӯем, вале Ҳукумат, Бонки миллӣ ва бонкҳои мушкилотдор то ҳол барномаи мушаххас пешниҳод карда натавонистанд. Онро ҳам ба эътибор гирифтан лозим аст, ки бонкҳои тиҷоратие, ки муфлис эълон шудаанд, ба мизоҷон қарз додаанду онро баргардонида наметавонанд. Агар он қарзҳоро баргардонанд, беш аз 80 фоизи маблағҳои амонатгузоштагон пас дода мешавад. Албатта, омилҳои гуногун, аз қабили буҳрони молиявӣ, тағйир ёфтани қурби асъори миллӣ ва ғайра ба он боис шуданд. Аммо он чиро бояд таъкид намуд, ки дар бонкҳо системаи дурусти қарздиҳиро риоя накарданд, хатару оқибатҳои баамаломадаро пешгӯӣ карда натавонистанд.
Рӯзе мешавад, ки Сарвари давлат ба ин масъала бармегарданд ва шахсони мутасаддӣ ҷазои сазовор мегиранд. Биноан, роҳ ҷустан лозим аст, ки мардум амонаташонро аз бонкҳо гирифта тавонанд.
Ҳукумат ба ҳисоби пасандозҳояш моликияти «Тоҷпромбонк»- ро харида гирифт ва он ҳама ба Вазорати молия гузашт. Ин иқдом ба амонатгузорон чӣ медиҳад? Магар ба ҳамин восита онҳо пулҳояшонро гирифта метавонанд?
Ин ҷо раванди тӯлониро тай кардан зарур меояд. Фаразан, агар шумо 30 фоизи пасандозҳоро пӯшонед, амонатгузорон бояд 30 фоизи маблағашонро бигиранд. Аммо чунин ба назар мерасад, ки ин усул он қадар манфиатбахшу дуруст наменамояд. Ҳоло пасандозҳо моҳиятан ба амонат баробар шудаанд ва бояд Бонки миллӣ роҳеро пеш гирад, ки мардум эътимод пайдо кунанд, ки маблағҳояшонро аз бонкҳо гирифта метавонанд, дар акси ҳол пешравӣ намешавад.
Тасаввур кунед, ки агар мардум ба бонкҳо маблағро нагузорад, бонк чӣ гуна рушд мекунад? Ҳоло ҷалби қарз аз созмонҳои байналмилалии молиявӣ хеле душвор шуда ва солҳои охир амалан ин кор қариб ғайриимкон гардидааст. Агар ин ду бонки мушкилдор аз хориҷи кишвар қарз гирифта метавонистанд, давоми якуним сол кайҳо қарзҳояшонро мепӯшониданд. Фурӯхтани амволи ба ихтиёри бонкҳо гузошта низ кори саҳл нест. Чанд сол пеш, коршиносон амволро фаразан 100 ҳазор доллари амрикоӣ нарх гузошта бошанд, ҳоло бинобар омилҳои гуногун, онро бонк ҳоло ба 40 ҳазор доллар ҳам фурӯхта наметавонад. Агар онро фурӯшад ҳам, боз 60 ҳазор доллар зарар мебинад.
Ҳоло сухан ба вакил Усмонзода Саидҷаъфар дода мешавад.
Саидҷаъфар УСМОНЗОДА: — Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ! Буҳрони иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ ба имиҷи бонкҳои Тоҷикистон таъсир расонид ва акнун дар муддати кӯтоҳ бартараф кардани оқибатҳои он кори осон нест. Зарур бар таъкид аст, ки он беш аз 4 миллиард сомоние, ки бо иҷозати парламент Ҳукумати ҷумҳурӣ барои бонкҳои мушкилдор ҷудо кард, қисмати бештарашро Вазорати молия дар даврони вазирии Қурбонзода ба ҳисоби қарзҳояш гирифт. Дар натиҷа, бонкҳо натавонистанд мушкилоташонро ҳал намоянд. Гӯё он қарорро мо барои бонкҳо не, балки барои Вазорати молия бароварда бошем. Яъне, бо он қарор ба мардум не, ба Вазорати молия хизмат кардем.
Набояд фаромӯш кард, ки бонкҳо дар рушди ҷумҳурӣ иштироки бевосита доштанду доранд. Онҳо барои рушди иқтисод маблағҳои зиёд ҷудо карданд ва андозсупорандагони бузург ҳам мебошанд. Аз ҳисоби бонкҳо, ки имрӯз онҳоро мушкилдор мегӯем, садҳо миллион сомонӣ ба Буҷети давлатӣ маблағ ворид шудааст. Чанд ҳазор нафар дар онҳо фаъолият мекарданд. Бонкҳо аз ҳисоби даромадҳояшон дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ саҳми муносиб мегузоштанд, барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ иқдоми зиёд амалӣ мекарданд.
Чанде пеш бо шикояти яке аз интихобкунандагон ман ба «Агроинвестбонк» рафтам. Муносибатеро, ки ҳангоми ба он ҷо ворид шудан эҳсос кардам, рафтори фашистони гурӯҳи СС-ро ба ёдам овард. Он гуна беҳурматии намояндагони мақомоти қудратиро нисбат ба корафтодагону муроҷиаткунандагон дар ҳеҷ ҷой вонахӯрдаам. Мо мардуми фарҳангием, вале риояи одобу муоширатро ман ҳангоми дохил шудан ба бинои «Агроинвестбонк» аз ҷониби мақомоти интизомӣ ҳеҷ эҳсос накардам.
Шахсияти раиси «Агроинвестбонк» Алимардоновро қариб ҳама медонанд. Шахсан ӯро аз соли 1992 мешиносаму ҳамроҳаш фаъолият кардаам. Ҳангоме ки сухангӯиву муомилаи намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ ё Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро ба Алимардонов мебинӣ, онро ҷузъ таҳқир чизи дигар намеҳисобӣ.
Магар Алимардонов ба давлат хизмати кам кардааст? Ман бо истифода аз ҳузури намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода хоҳиш менамоям, ки ба Президент инро расонад, зеро ба мақомоти қудратӣ чунин ҳуқуқ дода нашудааст, ки нисбати шахсияти барои халқ хизматкарда чунин муносибатро раво бинанд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он хизмати Алимардонов дар масъалаи рафъи буҳрони молиявӣ ниҳоят бузург аст.
Он вазъи рӯҳию равоние, ки ҳоло дар «Агроинвестбонк» ҳукмрон аст, пеш аз ҳама, зери таъсири мақомоти қудратӣ ба миён омадааст. Алимардоновро ба ҳоли худ гузорем, аз ин вазъ бонкро раҳо мекунад. Фишор овардан ба ӯ вазъро танҳо муташанниҷ мекунаду бас. Инро дида, тоҷирон аз кишвар рӯ ба гурез мениҳанд, ки ҳеҷ гоҳ бар нафъи кор нахоҳад буд.
Қарздоронро бигзор Вазорати корҳои дохилӣ, прокуратура, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷустуҷӯ кунанд, даъват намояд, на ин ки дар дохили бонк ситод таъсис намуда, ба рӯҳияи корӣ халал ворид созанд.
Бонкҳои, ба истилоҳ, «мушкилдор» дар ҷумҳурӣ филиал доштанд. Дар онҳо шахсони кордону кордида фаъолият мекарданд. Тамоми инфрасохтори хизматрасониро, аз қабили банкомат ва дигар воситаҳо, ба хидмати мардум гузошта буданд. Ҳоло кормандони бонкҳо бекор мондаанд. Мувофиқи мақсад мебуд, агар Бонки миллӣ биноҳову таҷҳизоти онро харида, дар хидмати мардум қарор диҳад, зеро имкон дорад. Дар натиҷа, мутахассисон бекор намемонанд. Ҳам тоҷирону дигар гурӯҳҳои аҳолӣ имкони қарз гирифтан пайдо мекунанд. Танҳо як рақамро таъкид карданиям: беш аз 80 фоизи молҳое, ки ба Тоҷикистон оварда мешаванд, тавассути тоҷирон ворид мегарданд.
РАИС: — Сухан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад. Марҳамат.
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Муҳтарам Раис, фаъолияти бонкҳо масъалаи хеле муҳим мебошад. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлати Тоҷикистон кишвари иҷтимоӣ аст ва дар сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкур дар мадди аввал гузошта мешавад.
Тибқи лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда, аввал давлат ва сипас амонатгузорон маблағҳояшонро аз бонкҳо гирифта метавонанд. Ин магар боиси поймолшавии ҳуқуқҳои иҷтимоии мардум намешавад? Ин боиси норозигии сиёсии мардум шуданаш ҳам мумкин аст. Бинобар ин, мо ҳангоми қабули қонун ҳама ҷиҳати масъаларо бояд мадди назар дошта бошем.
РАИС: - Сухан ба вакил Ахмедов Ҷаббор дода мешавад.
Ҷаббор АХМЕДОВ: - Мо дар хусуси лоиҳаи қонуне сухан мегӯем, ки он барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзиро фаро мегирад. Дар асл ҳамин қонун, ки мо бояд онро қабул кунем, мавриди амал қарор нагирад, беҳтар мебуд. Замона тақозо менамояд, ки бонкҳо мутобиқи талаботи он фаъолият намоянд. Бинобар он ки Бонки миллӣ фаъолияти бонкҳои дигарро назорат менамояд, мехостам баъзе андешаҳоямро иброз дорам.
Ду — се рӯз пеш ман бо интихобкунандагон суҳбату мулоқоти рӯ ба рӯ ва телефонӣ доштам. Аз ҷумла, сухан дар бораи банкоматҳои дар шаҳри Хуҷанд гузошта низ мерафт. Дар маҳалҳои калони шаҳр, аз ҷумла бозори «Панҷшанбе», Комбинати шоҳибофӣ ва ғайра банкоматҳо ғайрифаъоланд. Шояд вазъ дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ чунин аст. Бинобар ин, аз роҳбарияти Бонки миллӣ хоҳиш менамоем, ки ин масъалаҳоро зери назорати қатъӣ гиранд.
РАИС: - Яъне, роҳбарияти Бонки миллӣ дар назар дошта бошад, ки бо пули нақд таъмин кардани мардум низ ба мушкили калон тадбил ёфтааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурзода Тоҳир Сироҷиддин дода мешавад.
НУРЗОДА Тоҳир Сироҷиддин:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мутобиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия ва тавсияҳои Нақшаи амалиёти Истанбулии шабакаи зиддикоррупсионии кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (иқдоми минтақавии СҲИР) мебошад. Аз ҷумла дар банди 2 тавсияи 16 Нақшаи амалиёти Истанбулии шабакаи зиддикоррупсионии кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (иқдоми минтақавии СҲИР) аз 14 сентябри соли 2017 пешниҳод гардидааст, ки «ҷиноятҳои коррупсионӣ (моддаҳои 319-320 — гирифтан ва додани пора дар назар аст) бояд аз номгӯйи ҷиноятҳое, ки бо онҳо суд метавонад ҷазои ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабударо таъин намояд, хориҷ карда шаванд». Аз муҳтавои ин тавсия бармеояд, ки бояд ба ин гурӯҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ ба сифати ҷазои асосӣ ғайр аз маҳрум сохтан аз озодӣ, дигар намуди ҷазо татбиқ карда нашавад.
Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) барои Тоҷикистон дар доираи Нақшаи Истанбулии шабакаи мубориза бо коррупсия барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № АП-2217 аз 18 апрели соли 2013 гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис шудааст, ки лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро, ки аз Нақшаи чорабиниҳои зикршуда бармеоянд, таҳия ва мувофиқа намуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти таклиф ва пешниҳодҳои гурӯҳи корӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул шуморида шуд.
Дар ҳамин асос гурӯҳи корӣ тасмим гирифт, ки бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қисмҳои 3 ва 4 моддаи 319, қисми 2 моддаи 320 ва моддаи 321 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои асосӣ дар намуди ҷарима хориҷ карда шавад. Инчунин, бо мақсади ҷобаҷогузории дурусти аломатҳои таснифкунандаи ҷинояти гирифтани пора пешниҳод гардидааст, ки аломати таснифкунанда «гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ» аз қисми 4 ба қисми 3 моддаи 319 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.
Бояд зикр намуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти №1274 аз 15 марти соли 2016 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру илова ворид карда шуд, ки мувофиқи он дар моддаҳои 319, 320 ва 321 ҷазо дар намуди ҷарима ҳамчун ҷазои асосӣ пешбинӣ гардидааст.
Таҷриба нишон дод, ки ҷазои ҷиноятӣ дар намуди ҷарима барои содир намудани ҷинояти гирифтани пора, додани пора ва иғвои порадиҳӣ чораи таъсиррасонии натиҷабахш набуда, барои кам намудани сатҳи содиршавии чунин ҷиноятҳо натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Аз ҳамин лиҳоз, зарур аст, ки баҳри таъсирбахш гардонидани ҷазои асосӣ ва ҷазои иловагӣ барои содир намудани ҷиноятҳои дар қисмҳои 3 ва 4 моддаи 319, қисми 2 моддаи 320 ва моддаи 321 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида дар қонунгузории ҷиноятӣ фақат ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ пешбинӣ карда шавад.
Таҳлили гузаронидашуда нишон дод, ки агар соли 2012 аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ 60 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 79 нафар бо моддаҳои 319-321 баррасӣ гардида бошад, пас ин нишондиҳанда соли 2017 ба 84 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 119 нафар расид. Яъне, содиршавии ҷиноятҳои додану гирифтани пора ва иғвои порадиҳӣ рӯ ба афзоиш ниҳод.
Бояд қайд кард, ки баъди ворид намудани тағйиру илова низ ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди татбиқ намудани ҷарима ҳамчун ҷазои асосӣ сатҳи содиршавии ин ҷиноятҳо рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Аз ҷумла, таҳлил нишон медиҳад, ки соли 2016 аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ бо моддаи 319 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 58 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 78 нафар баррасӣ гардида, аз ин шумора нисбат ба 21 нафар (26,9%) ҷазо дар намуди ҷарима таъин карда шудааст. Бо моддаи 320 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 20 нафар баррасӣ гардида, нисбат ба 7 нафар (35%) ҷазо дар намуди ҷарима таъин шудааст. Бо моддаи 321 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ карда нашудааст.
Соли 2017 аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ бо моддаи 319 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 90 нафар баррасӣ гардида, нисбат ба 26 нафар (28,8%) ҷазо дар намуди ҷарима таъин карда шудааст. Бо моддаи 320 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 22 нафар баррасӣ гардида, нисбат ба 8 нафар (36,3%) ҷазо дар намуди ҷарима таъин карда шудааст. Бо моддаи 321 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 3 нафар баррасӣ гардида, ҷазо дар намуди ҷарима таъин карда нашудааст.
Аз ин рӯ, бо мақсади ба талаботи тавсияҳои Нақшаи амалиёти Истанбулии шабакаи зиддикоррупсионии кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (иқдоми минтақавии СҲИР) мутобиқ гардонидани қонунгузории ҷиноятӣ дар мавриди пурзӯр намудани ҷазо нисбат ба ҷиноятҳои коррупсионӣ, инчунин аз байн бурдани ҷазои алтернативӣ оид ба ҷинояти гирифтани пора, додани пора ва иғвои порадиҳӣ боиси таҳия намудани лоиҳаи қонуни зикршуда гардид.
Ба лоиҳаи пешниҳодгардида аз ҷониби Раёсати экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентӣ экспертизаи зиддикоррупсионӣ гузаронида шуда, омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор нашудааст.
Лоиҳаи пешниҳодшуда бо вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентиҳои хизмати давлатӣ, назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шуда, ба Конститутсия ва санадҳои дигари меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.
САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо мақсади иҷрои банди 20 Нақшаи амалҳо доир ба амалишавии «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020», дар қисми 2 моддаи 1793 пас аз калимаҳои «воситаҳои ахбори омма» илова намудани калимаҳои «ё шабакаи интернет» пешбинӣ шудааст.
Таҷриба нишон медиҳад, ки ҷинояти пешбининамудаи моддаи 1793, яъне даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ, ки дар шакли тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи терроризм, таклифи тақлид ва дастгирии он зоҳир мегардад, асосан ба воситаи шабакаҳои иҷтимоии интернет сурат мегирад. Ба монанди, VIBER, WHATSAPP, TELEGRAMM, INSTAGRAMM, WECHAT, FACEBOOK, ОДНОКЛАССНИКИ ва ғайра. Аммо матни қисми 2 моддаи 1793 бо нишон додани «Воситаҳои ахбори омма маҳдуд мешавад. Азбаски на ҳама шабакаи иҷтимоии интернет ба мафҳуми «Воситаҳои ахбори омма», ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» пешбинӣ намудааст, дохил мешаванд, дар таҷрибаи тафтишотӣ ҳангоми бандубасти кирдори ҷиноӣ мушкилиҳо пеш меояд. Аз ин рӯ, мафҳуми «шабакаҳои интернет» ба ин модда илова карда мешавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1780 аз 4 июни соли 2018 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ гардида, танҳо аз ҷониби шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷиҳати такмили лоиҳаи қонуни мазкур ду таклиф манзур гардида, онҳо қобили қабул дониста шуданд.
Кумитаи масъул 7 июни соли 2018 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ пешниҳодҳои ироагардидаро баррасӣ намуд. Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Самариддин АСОЕВ,
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ