23 марти соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ва Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин дар робита ба амали террористӣ дар маҷмааи «Крокус Сити Холл» дар наздикии шаҳри Москва, ки бар асари ин ҳодиса шумораи зиёди шаҳрвандони Россия ба ҳалокат расида ва захмӣ шуданд, барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он чунин омадааст:
«Лутфан тасаллияти амиқи маро бинобар талафоти ҷонӣ дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар маҷмааи «Крокус Сити Холл», ки дар Красногорски назди Москва рух дод, қабул намоед. Ба аҳли оила ва наздикони қурбониён ҳамдардии амиқи худро расонида, ба осебдидагон шифои оҷил хоҳонам».
www.majmilli.tj