БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ

№37-38 (4777-4778) 28.03.2024

400737704_224276170681952_494797610324061936323 марти соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ва Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин дар робита ба амали террористӣ дар маҷмааи «Крокус Сити Холл» дар наздикии шаҳри Москва, ки бар асари ин ҳодиса шумораи зиёди шаҳрвандони Россия ба ҳалокат расида ва захмӣ шуданд, барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он чунин омадааст:

Матвиенко Валодин«Лутфан тасаллияти амиқи маро бинобар талафоти ҷонӣ дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар маҷмааи «Крокус Сити Холл», ки дар Красногорски назди Москва рух дод, қабул намоед. Ба аҳли оила ва наздикони қурбониён ҳамдардии амиқи худро расонида, ба осебдидагон шифои оҷил хоҳонам».

www.majmilli.tj