Дар ҷаласаи 32-юми Шӯрои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки 25 январи соли равон доир гардид ва дар он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлудахон Мирзозода, мушовири Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Фирӯз Сайнозимзода, инчунин, судяи Суди Олӣ Мавҷуда Пулодӣ аз тариқи фосилавӣ иштирок карданд, ду масъала — таҳлили ҳуҷҷатҳои корӣ оид ба ҳамоҳангсозии ҳамкории судӣ, парлумонӣ ва таҳияву тасдиқи лоиҳаи барномаи корӣ, тақвими чорабиниҳо барои соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр гардид, ки тибқи дурнамои СҲИ — 2025, ҳамкориҳо дар бахшҳои савдо, сармоягузорӣ, нақлиёт, коммуникатсия, муносибатҳои байналмилалӣ, энергетика, муҳити зист, кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ, ҳамоҳангсозии судӣ ва парлумонӣ, захираҳои инсонӣ ва рушди устувор авлавиятнок ба ҳисоб мераванд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон