23-юми ноябри соли 2022 ҷаласаи даҳуми Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа, ки дар он аъзои Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия аз ҳар ду ҷониб иштирок доштанд, ҳамраисони комиссия Аҳмадзода Раҷаббой ва Николай Журавлёв бо суханони ифтитоҳӣ баромад карданд.
Изҳори боварӣ гардид, ки мулоқоту ҳамоишҳои парламентӣ, аз ҷумла ҷаласаи Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, ба тавсеаи муносибатҳои ҳар ду кишвар такон мебахшад.
Нахуст, тибқи рӯзномаи ҷаласа, масъалаи дастури комиссия мавриди баррасӣ қарор гирифта, сипас аъзои он доир ба рафти татбиқи «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода», аз 17-уми апрели соли 2019, ки таҳсилоташон бо забони русӣ ба роҳ монда мешаванд, эътирофи мутақобилаи дараҷаҳои илмӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мубодилаи афкор намуданд.
Натиҷаҳои амалишавии нақшаи кори комиссия дар соли 2022, лоиҳаи нақшаи кори комиссия барои соли 2023, инчунин вақт ва макони баргузории ҷаласаи ёздаҳуми комиссия низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
www.majmilli.tj