Баргузории ҷаласаи Комиссияи доимии АБ оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ

№58 (4478) 14.05.2022

IMG_600412 майи соли 2022 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рус­там Латифзода дар кори   ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт — Петербург баргузор гардид, аз тариқи фосилавӣ иштирок намуда, дар баробари вакилони парлумони кишварҳои муштаракулманофеъ лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи бехатарии экологӣ», «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» ва «Дар бораи дастрасӣ ба иттилооти экологӣ» — ро дар таҳрири нав баррасӣ намуд.

Аъзои комиссияи доимӣ, ҳамчунин, лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи фондҳои экологӣ», «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» ва «Дар бораи арзёбии таъсири эҳтимолии фаъолияти истихроҷи маъдан ба саломатии аҳолии ҳудудҳои ҳамсоя» — ро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии рушди устувори минтақаҳои кӯҳӣ» эълон шудааст. Бинобар ин, вакилон нақша доранд, ки дурнамои татбиқи қонуни намунавӣ «Дар бораи рушд ва ҳифзи ҳудудҳои кӯҳистон» — ро, ки аз ҷониби Комиссияи доимии СММ таҳия шудааст, арзёбӣ кунанд.