Якуми июли соли равон дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин ҷаласаи Шӯрои АП СААД доир гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Рустами Эмомалӣ, аз ҷумла, иштирокдорон ва меҳмонони ҷаласаро хайра мақдам гуфта, дар хусуси афзалиятҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки соли 2021 идома дорад, ибрози назар карданд. Қайд гардид, ки фаъолияти СААД омили нигаҳдории сулҳу пойдорӣ дар минтақаи таҳти масъулияти он маҳсуб ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкории мутақобилаи кишварҳои аъзо дар доираи СААД афзалият медиҳад ва ҷонибдори кӯшишҳои муштарак ҷиҳати ба даст овардани ҳадафҳои оинномавии он мебошад.
Аз ин рӯ, афзалиятҳои раванди раёсати Тоҷикистон ҳама ҷанбаи амалу ҳамкориҳои мутақобила дар бахши мудофиа ва амниятро, ки дар Нақшаи чорабиниҳои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида ва Консепсияи раёсати Тоҷикистон дар СААД инъикос ёфтааст, фаро мегирад. Дар робита ба ин, тавсеаи амалҳои якҷоя дар масири Ассамблеяи парламентии СААД ҳамчун яке аз самтҳои асосии раёсат ба ҳисоб меравад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни баромад диққати иштирокдорони ҷаласаро, ҳамчунин, ба масъалаҳои дигари ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахши сиёсӣ, баланд бардоштани самаранокии муборизаи муштарак бар муқобили таҳдиду хатарҳои анъанавию муосир ба амният, аз ҷумла терроризм, экстремизм, шаклҳои гуногуни радикализм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва киберҷинояткорӣ, ҷалб карданд.
Таъкид гардид, ки бо таваҷҷуҳ ба тезутунд гардидани вазъият дар арсаи байналмилалӣ, бахусус вазъи ҳарбиву сиёсӣ дар минтақаи амнияти дастаҷамъӣ, аз ҷумла дар Афғонистон, ҷалби фаъолонаи воситаҳои сиёсиву дипломатӣ барои ҳалли низоъ, инчунин, андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати мустаҳкам кардани иқтидори ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон тақозо мегардад.
Бо дарназардошти пандемияи COVID-19, муҳимияти муттаҳид сохтани талошҳо баҳри татбиқи тадбирҳо оид ба таъмини бехатарӣ аз хавфи бемориҳои сироятӣ ва идомаи корҳо ҷиҳати таъмини амнияти тиббию биологӣ қайд гардид.
Дар ҷаласа роҳбарон ва ҳайатҳои парламентии давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ – Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Беларус, Қирғизистон, давлатҳои мушоҳид — Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Сербия, инчунин. роҳбарияти котиботи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ширкат доштанд. Иштироки ҳайати парламентии ҷумҳуриҳои Арманистон ва Қазоқистон ба таври маҷозӣ сурат гирифт.
Тибқи рӯзнома, ҷаласаи Шӯрои АП СААД маҷмӯи масъалаҳои марбут ба фаъолияти СААД-ро мавриди баррасӣ қарор дода, аз рӯи онҳо қарорҳо қабул гардиданд.
Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
«Садои мардум»