Даҳуми феврали соли 2023 нахустин Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон ба кор оғоз кард.
Раиси Сенати парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев нахуст раисони парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказиро ба кишвараш, хусусан шаҳри Туркистон, хайра мақдам гуфт. Ӯ ба сатҳ ва раванди баргузории нахустин Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ баҳои баланд дода, баргузории онро барои тақвияти ҳамкориҳои кишварҳои ширкаткунанда дар ҳама замина муфид арзёбӣ кард.
Сипас, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар мавзӯи «Таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи стратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва нақши парлумонҳо дар ин раванд» дар назди иштирокчиён баромад намуда, аз ҷумла, иброз намуд, ки имрӯз дар чаҳорчӯбаи вохӯриҳои машваратӣ дар сатҳи сарони парлумонҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ муколамаи мунтазам ва созанда ба роҳ монда шудааст.
- Бо шарофати иродаи сиёсии роҳбарияти олии кишварҳоямон динамикаи устувори мусбати ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, рушд ёфтаанд.
Тавре дар ёд дорем, сарони давлатҳо зимни вохӯриҳо аҳамияти ҳамкориҳои байнипарлумониро барои таҳкими муносибатҳои гуногунҷанбаи дӯстӣ ва ҳамсоягии неки давлатҳои Осиёи Марказӣ таъкид намуда, фаъолсозии минбаъдаи муколама дар ин самтро ҷонибдорӣ карданд.
Итминон дорам, ки вохӯриҳои мо дар доираи Форуми байнипарлумонӣ ба тавсеа ва рушди муносибатҳои байнипарлумонии минтақавӣ такони нав мебахшад, — таъкид намуд Маҳмадтоир Зокирзода.
Форуми якуми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ, бешубҳа, барои истифодаи минбаъдаи иқтидори «дипломатияи парлумонӣ ва мардумӣ»-и кишварҳои минтақа бо мақсади мусоидат ба тавсеа ва таҳкими робитаҳои минтақавии байнидавлатӣ дар ҳама самт мусоидат хоҳад кард.
- Мо минбаъд низ раванди идомаёфтаи рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии минтақавиро дар заминаи муносибатҳои таърихан барқароршудаи дӯстона ва ҳамсоягии нек байни кишварҳоямон муҳим арзёбӣ намуда, ҷонибдорӣ менамоем, — афзуд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маҳмадтоир Зокирзода, ҳамчунин, таъкид кард, ки чунин таҳдиду хатарҳо, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, киберҷинояткорӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, тамоюли босуръати афзоиш доранд.
Дар ин замина парлумонҳои мо метавонанд ба вусъати робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҳаматарафа мусоидат намоянд.
Раиси парлумони мамлакат, ҳамчунин, зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ барои пешбурди масъалаҳои об ва иқлим пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар ин самтҳо барои ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти таъхирнопазири марбут ба об ва тағйирёбии иқлим пешбинӣ шудаанд.
Маҳмадтоир Зокирзода, ҳамчунин, афзуд, ки мероси фарҳангии халқҳои минтақа дар таърихи муштараки мо осори барҷаста гузошта, дар илму адаб, санъат ва меъмории тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бориз бар ҷо гузоштааст.
Вакилони парлумонро зарур аст, ки баҳри мусоидат барои фаъолсозии кор дар самти фазои умумии фарҳангию гуманитарӣ дар Осиёи Марказӣ чораҳо андешанд.
- Дар навбати худ, мо аз пешниҳоди ҳамаи ҷонибҳо оид ба баррасии масъалаҳои ҳаётан муҳим дар самтҳои афзалиятнок барои кишварҳоямон истиқбол мекунем. Боварӣ дорам, ки дар натиҷаи форуми имрӯза барои ҳамоҳангии зичи фаъолияти мақомоти қонунгузории кишварҳои минтақа ҷиҳати мусоидат ба ҳамгироии иқтисодӣ, рушди робитаҳои сиёсӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи илму фарҳанг заминаҳои нав ба вуҷуд меоянд, — гуфт дар фарҷом Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон