Чанде пеш дар Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои муқаррароти банди 20 Нақшаи кории он барои нимсолаи якуми соли 2021 бо иштироки роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ машғулияти амалӣ баргузор шуд.
Мақсад аз он муаррифӣ ва тавзеҳи муқаррароти Қоидаҳои пешбурди сомонаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби ҷойгир ва нав кардани ахбор, ки бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2020 таҳти № 99 тасдиқ шудааст, ба ҳисоб меравад.
Мафҳум ва муқаррароти асосии қоидаҳои зикршударо ба иштирокчиён ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ Наврӯз Қурбонзода аз тариқи намоиш додани слайдҳо шарҳ дод.
Дар ҷараёни машғулият вобаста ба роҳҳои татбиқи дурусти қоидаҳо миёни иштирокдорон саволу ҷавоб сурат гирифта, тавсияҳо пешниҳод гардид.
www. majmilli. tj