Баргузории «Мулоқоти се насл» дар Маҷлиси намояндагон

№138 (4558) 11.11.2022

DSC_9080Даҳуми ноябри соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҲХДТ «Қонунгузор» ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон  «Созандагони Ватан» бахшида ба 30 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва  Рӯзи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ бо номи «Мулоқоти се насл» баргузор гардид.

Дар он доир ба аҳамияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини сулҳу субот ва барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳифзи давлату миллат аз парокандагӣ, инчунин баргардонидани гурезагон сухан рафт.

Сипас, иштирокчиёни ҳамоиш осорхона ва китобхонаи Маҷлиси намояндагонро тамошо карда, бо тартиби баргузории иҷлосияҳо шинос шуданд.