Муҳокимаи парламентӣ

Барномаи давлатии муҳити дастрас чӣ гуна амалӣ мешавад?

№78 - 79 (4661 - 4662) 16.06.2023

DSC_4938Понздаҳуми июни соли 2023 бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ дар мавзӯи «Вазъи иҷро­и «Барномаи давлатии муҳити дастрас барои солҳои 2021 — 2025» ва нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид.

Дар он роҳбарияти вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, нақлиёт, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки ҳифзи иҷтимоии шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, пайваста барои дастгирии ин табақаи осебпазири аҳолӣ тадбирҳои судманд андешида мешавад.

Маҳз бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсони имконияташон маҳдуд зери ғамхорӣ қарор доранд.

- Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки ҳалли масъа­лаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадорон, аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини давлат мебошанд.Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, хароҷоти соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои соли 2023-юм 4 миллиарду 898,6 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, нисбат ба соли 2022-юм 567,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Соли равон барои сохтмону азнавсозии биноҳои маъмурӣ ва таълимӣ барои хизмат­расонии иҷтимоии аҳолӣ 17,5 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, маблағгузории он тибқи тартиби муқарраршуда амалӣ шуда истодааст, — иброз намуд Дилрабо Мансурӣ.

DSC_4901То 1 январи соли 2023 дар ҷумҳурӣ 159 ҳазору 146 маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 32 ҳазору 382 нафарро кӯдакон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумӣ 12 ҳазор маъюб истифодабарандаи аробача, 9000 — бо мушкилоти шунавоӣ ва суханронӣ, 8000 маъюб бо мушкилоти биноӣ ба қайд гирифта шудааст.

Тавре аз маълумоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, соли 2022 зиёда аз 170 бинои истиқоматӣ бо назардош­ти шахсони имконияташон маҳдуд мавриди истифода қарор дода шудаанд. Ҳамчунин, бо мақсади таъсиси махзани маълумот барномаи компютерии «Равзана» таҳия гардидааст, ки айни замон маълумот оид ба ҳолати техникии 4103 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна дар он дарҷ гардидаанд. Иқдоми мазкур идома дошта, дар он ҳолати дастрасии дигар иншоот низ ҷой дода мешаванд.

Амалишавии «Барномаи давлатии муҳити дастрас барои солҳои 2021 — 2025» аз 26 банд ва 46 чорабинӣ иборат буда, вазорату идораҳои марбутаро вазифадор менамояд, то барои дастрасии бемамониати маъюбон ба иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ, инчунин, риояи қоидаҳои истифодаи нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ, автомобилии байнишаҳрӣ ва нақлиёти мусофиркаш, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

- Дар маҷмӯъ, барои амалишавии барномаи мазкур 15 млн. 342 ҳазору 500 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин 5 млн. 572 ҳазору 500 сомонӣ аз буҷет ва 9 млн. 770 ҳазор аз манбаъҳои ғайрибуҷетӣ ҷудо гардид.

Тавре маълум аст, то имрӯз якчанд конвенсияҳои СММ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида ва ё Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо ҳамроҳ шудааст.

Зикр гардид, ки барои ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баимзорасонии матни Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» соли 2018 содир гардид.

- Баъди аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидани Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои тасдиқи минбаъда ва амалинамоии муқаррароти он соли 2020 «Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тасвиб расонидани Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024» ва «Барномаи давлатии муҳити дастрас барои солҳои 2021 — 2025» ба тасвиб расидаанд, — гуфт нотиқ.

Вакили Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Ашӯрзода иброз дошт, ки аз 46 номгӯй чорабинӣ 2-то (4,3 фоиз) пурра ба итмом расида, амалигардонии 35 чорабинӣ (76,1 фоиз) идома доранд. Татбиқи 9 чорабинии боқимонда (19,6 фоиз) ҳанӯз оғоз нагардидааст.

- Сарфи назар аз тадбирҳои андешидашуда талаботи қонунгузорӣ дар баъзе маврид иҷро намешавад. Нақлиёти ҷамъиятӣ, ки хизматрасониашон шарти муҳимтарин ба ҳамгироии иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад, дар бисёр ҳолат ба ниёзҳои маъюбон мутобиқ нест, — иброз намуд Гулбаҳор Ашӯрзода.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Комрон Исмоилиён пешниҳод намуд, ки лифт ва роҳравҳои иншооти баландошёна бо манбаи иловагии таъминоти барқ (панелҳои офтобӣ ва ё таҷҳизоти барқистеҳсолкунанда бо муҳаррики дарунсӯз) таъмин гардида, дар муассисаҳои миёнаю махсуси касбӣ ва марказҳои ҳунармандӣ сохтани таҷҳизоту лавозимот барои тавонбахшии маъюбон ба роҳ монда шуда, бо ҷалби саховатмандон ройгон ба эҳтиёҷмандон дастрас шаванд.

Доир ба масъалаи мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Улуғбек Умарзода, сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Холназар Файзуллозода ва дигарон маърӯза намуданд.

Баъд аз саволу ҷавоб қарор ва тавсияҳои парлумонӣ қабул шуданд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ