Муҳокимаи парламентӣ

Барои баланд бурдани сифати таҳсилот бояд тадбирҳои судманд андешид

№149 (4569) 02.12.2022

DSC_974429-уми ноябри соли равон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи «Вазъи таъмини муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ ва сатҳу сифати таҳсилот дар ин муассисаҳо» баргузор гардид.

Он дар асоси дастуру нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми декабри соли 2021, дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Қарори Шӯрои Маҷлиси миллӣ аз 11-уми ноябри соли 2022 таҳти №445 роҳандозӣ гардид.

Дар муҳокимаи парламентӣ, ки таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Маҳмадшоҳ Гулзода сурат гирифт, аъзои Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, роҳбарият ва аъзои кумитаҳои Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, роҳбарият ва кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, молия, рушди иқтисод ва савдо, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректорони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат, муовинони раисони ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Тибқи рӯзномаи муҳокимаи парламентӣ, иштирокдорон дар атрофи масъа­лаҳои вазъи таъмини муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ, сатҳу сифати таҳсилот дар ин муассисаҳо, маблағгузории соҳа, самараноку сарфакорона ва мақсаднок истифода шудани маблағҳои ба соҳаи маориф равонашуда, риояи қонунгузорӣ дар ин самт, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф суханронӣ ва мубодилаи афкор намуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки баррасии масъалаҳои зикршуда иқдоми саривақтӣ буда, маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат дар меҳвари таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарор дошта, баҳри рушди он пайваста ҳуҷҷатҳои барномавӣ қабул ва тадбирҳои муассир роҳандозӣ мегарданд.

Маблағгузории соҳаи маориф дар даврони истиқлолият сол то сол афзоиш ёфта, соли равон 18,6 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил дод. Дастовард ва масъалаҳои мубрами соҳаи маориф аз ҷониби Президенти мамлакат зимни ироаи Паёмашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 21-уми декабри соли 2021 мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Бо вуҷуди он ки ҳоло раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур шуморида шуд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, хусусан забонҳои русиву англисӣ, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Аз ин рӯ, дар назди Вазорати маориф ва илм ва дигар сохторҳои марбута масъалагузорӣ карда шуд, ки ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳама зинаи таҳсилот, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисоси ба талаботи замона ҷавобгӯй эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Ба мақсад мувофиқ дониста шуд, ки Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор диққати асосиро ба вазъи кунунии норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, камбудиву мушкилоти ҷойдошта, ҳал ва бартараф кардани онҳо, пешгирӣ ва бартараф сохтани қонунвайронкуниҳо равона созанд.

Бо таваҷҷуҳ ба вазъи зикршудаи таъминоти муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ ва сатҳу сифати таҳсилот дар онҳо пешниҳод карда шуд, ки ҷиҳати дарёфти роҳу воситаҳои рафъи мушкилоти ҷойдошта ва беҳсозии вазъ дар ин самт тавсияҳои дахлдор таҳия карда шаванд.

www.majmilli.tj

Суратгир Неъматулло Алиев