Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Барои иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ ҷавобгарӣ пурзӯр мегардад

№141 (4403), 142 (4404) 23.11.2021

Ҳабдаҳуми ноябри соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: - Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 60 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоамон Рофизода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа 6 масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.

Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»

5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дода мешавад. Марҳамат.

Музаффар АШУРИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мукаммал намудани институти исботкунӣ дар баррасии парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ, ки яке аз унсурҳои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва давлат ба ҳисоб меравад, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуд.

Мутобиқи лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда, ба моддаи 64 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми 4 илова карда шуда, тибқи он, ҳолатҳое, ки аз ҷониби нотариус ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ тасдиқ гардиданд, исботкуниро талаб намекунад, агар асл будани ҳуҷҷати бо тариқи нотариалӣ тасдиқгардида бо тартиби муқарраркардаи моддаи 190 ҳамин кодекс рад нагардида бошад ё агар санади нотариалӣ бо тартиби муқаррарнамудаи кодекси мазкур бекор нашуда бошад.

Дар асоси моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», амалиёти нотариалӣ — амалҳои аҳамияти ҳуқуқидоштаи нотариуси давлатӣ оид ба тасдиқи фактҳои бебаҳс, воқеияти ҳуқуқӣ, тасдиқи ҳуҷҷатҳо, ба ҳуҷҷатҳо додани қувваи собитнокӣ ва иҷрои дигар амалиёти пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мувофиқи моддаи 6 қонуни зикр­шуда вазифаҳои нотариусони давлатӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин, манфиатҳои давлат бо роҳи ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Нотариуси давлатӣ зимни ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибати дахлдорро ба роҳбарӣ гирифта, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқнамудаи ӯ дар оянда бебаҳс буда, қувваи собитнокӣ дош­та бошанд.

Ҳуҷҷати аз тарафи нотариус тасдиқшуда мувофиқи қонун ва моҳияти институти нотариат аз лаҳзаи тасдиқ шудан қувваи қонунӣ пайдо карда, нисбати шахсони уҳдадор барои иҷро ва нисбати шахсони манфиатгиранда барои ҳифзи ҳуқуқ ҳатмӣ мебошад.

Лоиҳаи қонуни зикршуда, дар маҷмӯъ, барои рушди низоми ташкили нотариат ва мукаммалнамоии тартиби ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи муҳофизаткунии ҳуқуқии шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва давлат, дар соҳаи ҳуқуқи хусусӣ риоя намудани манфиатҳои оммавӣ, ташкили кафолатҳои иловагии ҳуқуқи моликият, устувор ва шаффоф будани муомилоти гражданӣ равона шудааст.

Он аз буҷети давлатӣ дар робита ба иҷро шудани муқаррароти пешбинигардида хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлудахон Мирзозода дода мешавад. Марҳамат.

Мавлудахон МИРЗОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Мутобиқи он, ба моддаи 64 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми 4 илова карда шуда, тибқи он, ҳолатҳое, ки аз ҷониби нотариус ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ тасдиқ гардиданд, исботкуниро талаб намекунанд, агар асл будани ҳуҷҷати бо тариқи нотариалӣ тасдиқгардида бо тартиби пешбининамудаи моддаи 190 ҳамин кодекс рад нагардида ё агар санади нотариалӣ бо тартиби муқаррарнамудаи кодекси мазкур бекор нашуда бошад, аз исбот озод мебошад.

Лоиҳаи қонун дар асоси Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон расмиёти дохилиро гузашта, кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ҷонибдорӣ намуда, шаш таклиф пешниҳод намуданд, ки баҳри такмил истифода бурда шуданд.

 Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дода мешавад. Марҳамат.

Музаффар АШУРИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мукаммал намудани институти исботкунӣ дар баррасии парвандаҳои иқтисодӣ, ки яке аз унсурҳои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва давлат ба ҳисоб меравад, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»-ро таҳия намуд. Мутобиқи он ба моддаи 68 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми 5 илова карда шуда, тибқи он, ҳолатҳое, ки аз ҷониби нотариус ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ тасдиқ гардиданд, исботкуниро талаб намекунанд, агар асл будани ҳуҷҷати бо тариқи нотариалӣ тасдиқгардида бо тартиби муқарраркардаи моддаи 159 ҳамин Кодекс рад нагардида бошад ё агар санади нотариалӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор нашуда бошад.

Лоиҳаи қонун, дар маҷмӯъ, барои рушди низоми ташкили нотариат ва мукаммалнамоии тартиби ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи муҳофизаткунии ҳуқуқии шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва давлат, дар соҳаи ҳуқуқи хусусӣ риоя намудани манфиатҳои оммавӣ, ташкили кафолатҳои иловагии ҳуқуқи моликият, устувор ва шаффоф будани муомилоти гражданӣ равона шудааст.

Он аз буҷети давлатӣ, дар робита ба иҷро шудани муқаррароти пешбинигардида, хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Аз ин рӯ, аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлудахон Мирзозода дода мешавад. Марҳамат.

Мавлудахон МИРЗОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат , вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Мақсади пешниҳоди он мукаммал намудани институти исботкунӣ дар баррасии парвандаҳо дар суди иқтисодӣ мебошад. Мутобиқи он ба моддаи 68 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми 5 илова карда шуда, тибқи он, ҳолатҳое, ки аз ҷониби нотариус ҳангоми ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ тасдиқ гардиданд, исботкуниро талаб намекунанд, агар асл будани ҳуҷҷати бо тариқи нотариалӣ тасдиқгардида бо тартиби пешбининамудаи моддаи 159 (ариза дар бораи сохта будани далел) ҳамин кодекс рад нагардида ё агар санади нотариалӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор нашуда бошад.

Лоиҳаи қонун дар асоси Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон расмиёти дохилиро гузашта, кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ҷонибдорӣ намуда, 7 таклиф пешниҳод карданд, ки баҳри такмил истифода бурда шуданд.

Лоиҳаи қонун ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Рустам Раҳматзода дода мешавад. Марҳамат.

Рустам РАҲМАТЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» мутобиқ ба талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Амонзода, вакилони Маҷлиси намоян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодир Қосим, Амонулло Хайрулло, Бахтиёр Аҳмадзода, Рус­там Раҳматзода ва Неъматулло Холбойзода бо мақсади такмил додани фаъолияти қонунгузорӣ, бартараф кардани мухолифат байни қонунҳо, беҳтар намудани сифат ва самаранокии онҳо таҳия ва пешниҳод шудааст.

Бо мақсади рушди босуботи соҳаи саноат дар заминаи муқаррароти «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» пешбинӣ карда мешавад, ки ба моддаҳои 3 ва 4 — уми қонун вобаста ба вазифаҳо ва принсипҳои қонун сархатҳои нав илова карда шаванд.

Қонуни амалкунанда соли 2017 қабул шуда, тибқи лоиҳаи он пешниҳод мегардад, ки ба он тағйиру иловаҳои дахлдор оид ба танзими муносибатҳои нав, яъне, мафҳумҳои «паркҳои саноатӣ (индустриалӣ)», «кластерҳои саноатӣ», инчунин, муайян намудани бархе аз принсипҳои нави танзимкунандаи муносибатҳои соҳа ворид карда шаванд. Аз ин лиҳоз, тибқи қисми 1-уми лоиҳа ба мафҳумҳои дар моддаи 1-и қонун истифодашуда, илова намудани мафҳумҳои нав ба монанди «паркҳои саноатӣ (индустриалӣ)» ва «кластери саноатӣ» пешбинӣ карда мешавад.

Дар лоиҳаи қонун муқаррарот оид ба паркҳои саноатӣ (индустриалӣ), кластерҳои саноатӣ ва дастгирии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат дар самти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ пешбинӣ карда шудааст.

Ҳамчунин, бо пешниҳоди лоиҳаи қонун як қатор истилоҳу ибораҳо мувофиқ карда шуда, меъёрҳо ва сохтори баъзе аз моддаҳои қонун мушаххасу саҳеҳ гардонида шуданд.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2021 таҳти №699 лоиҳаи қонуни мазкур ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия барои баррасӣ супорида шуд.

Дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 34 таклифи пешниҳодшудаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, аз онҳо 20 — тоаш қабул, 11 — тоаш қисман қабул ва 3 — тоаш қабул нашуданд.

Лоиҳаи қонун ба ­Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дигар санадҳои қонунгузорӣ мухолифат надорад ва амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат»- ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дода мешавад. Марҳамат.

Шералӣ КАБИР:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» барои рушди соҳаҳои саноат бо мақсади афзунгардонӣ ва таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, таъсиси ҷойҳои кори нав, амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва рушди истеҳсолоти саноатӣ такондиҳанда буда, қобили дастгирӣ мебошад.

Дар лоиҳаи қонун мафҳумҳои нав, ба монанди «парк­ҳои саноатӣ (индустриалӣ)», «клас­тери саноатӣ», инчунин, муайян намудани бархе аз принсипҳои нави танзимкунандаи муносибатҳои соҳа ворид карда шудаанд, ки аз протоколи ҷаласаи XXI Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ аз 25 феврали соли 2021 бармеояд. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш мекунам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Марҳамат.

Ғайрат АЗИЗЗОДА: - Муҳтарам вазир, бо дастури Пешвои миллат ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон шудани соҳаи саноат саривақтӣ буда, умед дорем, ки вазорат барои ноил гардидан ба он кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад.

Вобаста ба рушди саноат як пешниҳод доштам. Ба баъзе аз конҳое, ки ба шаҳру ноҳияҳо вобаста мегардад, литсензия дода мешавад. Масалан, як кон, агар 200 гектар замин дошта бошад, захираи он шояд барои фаъолияти 4 — 5 корхонаи саноатӣ 50 сол кифоя кунад. Аммо алҳол литсензияи 200 гектарро танҳо ба як соҳибкор медиҳанд. Дар ин сурат агар соҳибкори дигар барои бунёди корхона дар ҳамин мавзеъ иқдом карданӣ бошад, ӯ аз соҳибкори литсензиядошта вобастагӣ пайдо мекунад. Мехостем дар ин бора тадбирҳои мушаххас андешед, то ки дигар соҳибкорон ҳам имкони фаъолият пайдо кунанд. Яъне, як кони калонро ба 2-3 соҳибкор вобаста намудан лозим аст. Чунин мисол дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷой дорад. Як кони ангишт, ки майдони 200 гектарро дар бар мегирад, ба як соҳибкор вобаста шудааст. Соҳибкори дигаре, ки мехоҳад барои рушди деҳа, бунёди пули замонавӣ саҳм гузорад, 10 — 20 гектар гирифта наметавонад.

Масъалаи дуюм  ин ки ман 7-8 маротиба тавассути телефони ҳукуматӣ аз шумо хоҳиш намудам, ки барои қабул вақт ҷудо намоед. Ду маротиба ба қабулгоҳатон рафтам, ки маро қабул намоед. Аммо афсӯс, ки то ҳол… Хоҳиш мекунам, ки иззату эҳтиром дутарафа бошад.

Шералӣ КАБИР: — Танзим кардани ҷиҳатҳои махсуси қонунгузорӣ, ки дар ҷудо кардани замин дучор меоянд, раванди хеле мушкил буда, ба захираю имкониятҳои кон вобастагӣ дорад. Инчунин, ҳуҷҷатҳое, ки нисбати ин кон пешниҳод гардидаанд, ба сохторҳои марбут ба замин вобаста аст. Он мушкилоте, ки шумо дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ном бурдед, мо санҷида, ҷавобашро хаттӣ манзуратон хоҳем кард.

Дар бораи истихроҷи канданиҳои фоиданок дар кишвар таҷрибаи хуб амалӣ шуда истодааст. Шартномаи сармоягузорӣ, ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузор имзо гардидааст, аз ҷониби шумо, вакилони халқ қабул мегардад. Дар он механизмҳо пурра нишон дода мешавад. Чанде пеш чунин шартномаи сармоягузориро дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Корхонаи муштараки «Зарафшон» қабул кардем.

Ҳоло раванди саноатикунонӣ босуръат идома дорад. Баъзе аз мушкилиҳое, ки дар қонунгузорӣ ҷой доранд, бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ҳал мегарданд.

Вобаста ба қабули шумо, вакили муҳтарам. Дар ҳақиқат, як бор телефонӣ суҳбат кардем. Мутаассифона, бо сабабҳои объективию субъективӣ ва сафарҳои бисёр имкони мулоқот нашуд. Албатта, вақт пайдо намуда, бо шумо суҳбат мекунам.

РАИС: - Дар хусуси тартиби ҷудокунии замин мехостам равшанӣ андозам. Пеш аз он ки замин ҷудо шавад, аввал лоиҳа, сипас, қарорҳои раиси ноҳия, ҷамоат ва заминистифодабаранда пешниҳод мегардад. Баъд аз он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси санадҳо замин ҷудо мекунад. Танҳо баъд аз ин литсензия дода мешавад.

Боз кӣ ба маърӯзачӣ савол дорад?

Комрон ИСМОИЛИЁН: - Дар муҳокимаи парламентӣ, ки ҳафтаи гузашта баргузор шуд, қайд гардид, ки тайи 9 моҳи соли равон воридоти андоз аз ҳисоби молу маҳсулоти воридотӣ кам гардид. Оё дар ин муддат воридоти молу маҳсулоти воридотивазкунандаи саноатӣ низ кам шуд?

Шералӣ КАБИР: - Аз сабаби он ки дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ватанӣ зиёд гардид, воридоти онҳо кам шуд. Ин раванд хуб ҷараён дорад. Мо баҳри он кӯшиш дорем, ки дар бозору мағозаҳои кишвар молҳои истеҳсоли ватанӣ бештар шавад. Барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда хеле зарур аст. Мо ба он саъй мекунем, ки ин равандро боз ҳам бештар суръат бахшем.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» ба овоз монда шуда қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода дода мешавад. Марҳамат.

Саъдӣ ҚОДИРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ҷиҳати аз байн бурдани такрорёбии санади мавҷуда бо санади минбаъд қабулшаванда, инчунин, бартараф кардани расмиёти иловагӣ дар самти ҳуҷҷатҳои электронӣ, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои электронии иҷозатдиҳӣ ва наовардани сарбории иловагӣ ба мақомоти иҷозатдиҳанда таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Бинобар сабаби таҷдиди сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия аз сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 майи соли 2020 таҳти №272 ҷудо карда шуд.

Бо дарназардошти ин ки Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ як қатор ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба субъектҳои хоҷагидор медиҳад, баҳри аз байн бурдани гуногунфаҳмӣ ва такрорёбии ваколатҳо дар ин самт, зарурати ворид намудани тағйирот ба моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба миён омадааст. Татбиқи лоиҳаи қонун аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сарвиноз Маҷидзода дода мешавад. Марҳамат.

Сарвиноз МАҶИДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Бинобар сабаби таҷдиди сохтори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз системаи вазорати мазкур ҷудо карда шуда, дар заминаи он тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 майи соли 2020 таҳти №272 Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ таъсис дода шудааст.

Бинобар ин, ҷиҳати аз байн бурдани такрорёбии санади мавҷуда бо санади минбаъд қабулшаванда, инчунин, бартараф кардани расмиёти иловагӣ дар самти ҳуҷҷатҳои электронӣ, аз ҷумла, ҳуҷҷатҳои электронии иҷозатдиҳӣ ва наовардани сарбории иловагӣ ба мақомоти иҷозатдиҳанда мувофиқи мақсад аст, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шавад.

Лоиҳаи қонун бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2021 таҳти № 888 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҷиҳати такмил, дар маҷмӯъ, 7-то пешниҳод манзур гардид, ки 6-то қабул ва 1-то қабул нашуд.

Лоиҳаи қонун ба боби 2 Консти­тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоамон Рофизода дода мешавад. Марҳамат.

Мирзоамон РОФИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Прокуратураи генералӣ баҳри таъмини иҷрои банди 6-и Нақшаи амалҳо оид ба иҷрои «Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2017- 2021» вобаста ба манъ кардани зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Сабаби таҳия ва пешниҳод гардидани лоиҳаи қонун мавҷуд будани норасоиҳо дар кодекс дар самти иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба таълиму тарбияи ноболиғон мебошад. Ин норасоиҳо, қабл аз ҳама, ба доираи ҳаракатҳои зиддиҳуқуқии субъектони ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва нокифоя будани ҷазои дар он пешбинишуда вобаста аст.

Мақсади лоиҳаи қонун манъ кардани истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон мебошад.

Аз ин рӯ, бо таҳия намудани лоиҳаи қонун номи модда такмил дода шуда, иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон» ифода карда шуд.

Ҳамчунин, дар моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаҳои «истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон» пешбинӣ ва илова гардид, чунки дар амалия кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва гунаҳкорона оид ба тарбияи ноболиғ мавҷуд мебошанд, ки аз рӯи хавфи ҷамъиятиашон ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ буда, ҳанӯз ҷиноят нестанд, вале ба ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон зарари муайян ворид сохта метавонанд.

Бо мақсади шарҳи мазмуни тағйироти воридкардашуда ба моддаи мазкур эзоҳ бо мазмуни «Дар моддаи мазкур зери мафҳуми истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ» латукӯб ё ҳаракати дигари зӯроварӣ, ки хусусияти бисёркарата ва мунтазам надошта, ба ҷабрдида азобу уқубати дурудароз намерасонанд, фаҳмида мешавад» илова карда шуд.

Шумораи шахсони бо моддаи мазкур ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда сол аз сол зиёд гашта, солҳои 2019 — 2020 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 26900 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, ҷазоҳои ба тариқи маъмурӣ татбиқгардида оид ба ин намуди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба монанди ҷаримаҳои ночиз таъсирбахш ва пешгирикунанда ба назар намерасад. Бинобар ин, тағйирот ворид намудан ва муҷозоти дар моддаи мазкурро дар намуди ҷарима то ба ҳадди аз 5 то 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баланд бардоштан мувофиқи мақсад мебошад.

Қабули лоиҳаи қонун аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мансур Усмонзода дода мешавад. Марҳамат.

Мансур УСМОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади иҷрои талаботи банди 6-и Нақшаи амалҳо оид ба иҷрои «Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2017-2021» ва ҷиҳати такмили қонунгузории миллӣ вобаста ба манъ кардани зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон таҳия гаштааст. Тибқи лоиҳа, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар самти иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба таълиму тарбияи ноболиғон тағйиру иловаҳо пешбинӣ шудааст.

Мақсади асосии лоиҳаи қонун аз манъ кардани истифода ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, инчунин, пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон иборат мебошад. Он аз лиҳози имлоӣ такмил дода шуда, номи модда мухтасар, дақиқ ва оммафаҳм ифода гардидааст. Ҳамчунин, дар матни моддаи амалкунандаи кодекс калимаҳои «истифода ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбати онҳо» илова шуда, бо чунин мақсад нисбати кирдорҳои зикргардида эзоҳ илова мешавад, ки зери мафҳуми истифода ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ латукӯб ё ҳаракати дигари зӯроварӣ, хусусияти бисёркарата ва мунтазам надошта, ба ҷабрдида азобу уқубати дурудароз намерасонад, фаҳмида мешавад.

Ҳамчунин, ба моддаи 90 кодекси амалкунанда ворид намудани тағйирот пешбинӣ шудааст, ки ҷавобгарӣ дар намуди ҷарима аз се то панҷ меъёри амалкунанда ба андозаи аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо баланд бардошта мешавад.

Лоиҳаи қонуни номбурда расмиёти дохилии Маҷлиси намояндагонро мутобиқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гузаштааст. Аз ҷониби кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои такмили он дар маҷмӯъ 9 пешниҳод манзур гардид, ки аз он се пешниҳод қабул, сето қисман қабул ва сетои дигар қабул нашуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 1, 5, 10 ва боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ба боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ мебошад. Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Марҳамат.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА: - Дар баромадҳо дар бораи парасторӣ сухан рафт. Мехостам Прокуратураи генералӣ ба ин мушкилот аҳамияти ҷиддӣ бидиҳад. Ҳоло баъзеҳо зани дуюму сеюм мегиранду баъди аз онҳо фарзанддор шудан ҳамсару кӯдаконро дар нимароҳ мепартоянд. Чанде пеш ба мо бонуе муроҷиат кард. Вобаста ба мушкилоти ӯ ба Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кардем. Сипас, тибқи тавсияи ҳуқуқшиносон, ба прокуратура муроҷиат намудем. Баъдан, ба Суди Олӣ дархости вакилӣ кардем. Ҷонишини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон А. Исҳоқӣ баъди 52 рӯзи дархос­ти вакилӣ ҷавоб навиштааст, ки ба суди ноҳия муроҷиат кунем.

Мутаассифона, ҷонишини раиси Суди Олӣ аҳамият намедиҳад, ки чаро вакил дархости вакилӣ ирсол кардааст? Ин дар ҳолест, ки бонуи муроҷиаткунанда чорум зани шавҳараш будааст…

Бояд Суди Олӣ таваҷҷуҳ мекард, ки ин ҷо мушкилӣ ҳаст. Агар муовини раиси Суди Олӣ ба суди ноҳия мактуб менавишт, раиси суди ноҳия масъулият ҳис мекард.

Судҳо дар мавриди парасторӣ 180 сомонӣ муайян мекунанд. Оё бо 180 сомонӣ дар як моҳ кӯдакро тарбия карда мешавад? Бинобар ин, мехостам, ки ин масъаларо Прокуратураи генералӣ зери назорат гирад, зеро он хеле нозук аст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоамон Рофизода дода мешавад. Марҳамат.

Мирзоамон РОФИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» низ аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини иҷрои банди 6-и Нақшаи амалҳо оид ба иҷрои «Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2017 – 2021» вобаста ба манъ кардани зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Сабаби таҳия ва пешниҳод гардидани лоиҳаи қонуни мазкур дар Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми дастгир намудани гумонбаршудаи ноболиғ ва гузаронидани амалҳои тафтишотӣ бо иштироки шоҳид, ҷабрдида, гумонбаршуда ва ё айбдоршавандаи ноболиғ ба инобат гирифта нашудани синну соли ноболиғон буда, ба таъмини босамари ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакон равона шудааст.

Мувофиқи муқаррароти Кодекси амалкунандаи мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбаршудаи болиғ ва ноболиғ аз лаҳзаи, воқеан, дастгир карда шуданашон фавран, вале на дертар аз 24 соат бояд пурсида шаванд (моддаи 46). Аз ин рӯ, дар лоиҳаи пешниҳодшуда, бо дарназардошти хусусияти синнусолӣ ва осебпазир будани мафкураи шахсони ноболиғ, муҳлати пешбинишуда нисбати ноболиғон аз 24 соат то 12 соат кам карда шуд. Яъне, дастгиршудаи ноболиғ аз лаҳзаи воқеан, дастгир шуданаш бояд дар муддати 12 соат пурсида шавад.

Ҳамчунин, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ муқаррар кардааст, ки шахсро аз лаҳзаи боздошт зиёда аз 72 соат боздоштан мумкин нест (моддаи 46). Муҳлати зикршудаи дастгир намудани шахс низ нисбати гумонбаршудаи ноболиғ дар лоиҳаи пешниҳодшуда аз 72 соат то ба 48 соат кам карда шуд.

Тибқи муқаррароти кодекси мазкур маҳдудияти зарурии давомнокии пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ ба синну соли онҳо пешбинӣ нашудааст. Аз ин рӯ, дар лоиҳаи пешниҳодшуда маҳдудиятҳо вобаста ба давомнокии пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи то 7 — сола, то 14 — сола, то 16 — сола ва аз 16 то 18 — сола пешбинӣ карда шуданд (моддаҳои 203 ва 316).

Қабули лоиҳаи қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Ранохон Бобоҷониён дода мешавад. Марҳамат.

Ранохон БОБОҶОНИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини иҷрои банди 6-и Нақшаи амалҳо оид ба иҷрои «Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2017 – 2021» ҷиҳати такмили қонунгузории миллӣ вобаста ба манъ кардани зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Дар Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баъзе аз ҳолатҳо ҳангоми дастгир намудани гумонбаршудаи ноболиғ ва гузаронидани амалҳои тафтишотӣ бо иштироки шоҳид, ҷабрдида, гумонбаршуда ва ё айбдоршавандаи ноболиғ синну соли онҳо ба назар гирифта нашуда буд, бинобар ин барои ба инобат гирифта шудани синну соли ноболиғон ва таъмини босамари ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакон ин лоиҳа равона шудааст.

Тибқи лоиҳаи қонун, ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 2 моддаи 46 пас аз калимаҳои «на дертар аз 24 соат» калимаҳои «, гумонбаршудаи ноболиғ бошад, на дертар аз 12 соат» ва ба қисми 3 моддаи 92 пас аз калимаҳои «зиёда аз 72 соат» калимаҳои «, шахси ноболиғро бошад, зиёда аз 48 соат» илова карда мешаванд.

Дар асоси моддаҳои 203 ва 316 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар қисмҳои 1 ва 2 калимаҳои «ҷисмонӣ ва» ба калимаҳои «ҷисмонӣ ё» иваз карда шуда, маҳдудияти зарурии давомнокии пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ, бо дарназардошти синну соли онҳо, пешбинӣ мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Инчунин, ҷиҳати такмил 14 таклиф манзур намуданд, ки 10-тоаш қабул ва 2 – то қисман қабул шуда, 2-тои дигар қабул нашуд.

Кумитаи масъул 11 ноябри соли 2021 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи васеъ таклифҳои пешниҳодшударо баррасӣ намуда, бо дарназардошти он лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба моддаҳои 1, 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд.

Ба шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ карда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Самариддин АСОЕВ,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ