Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Барои ҳифзи пиряхҳо қонун қабул шуд

№149 (4732) 07.12.2023

DSC_4485Шашуми декабри соли 2023 таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИСИКУНАНДА: — Вакилони арҷманд!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 52 вакил ҳузур доранд.

Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Мутобиқи моддаи 34-и Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини ­гиромӣ!

Дар ҷаласа вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоамон Рофизода, муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зарафо Қиёмзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Сайфиддин Сироҷзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

РАИСИКУНАНДА: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласа се масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.

Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо»

2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИСИКУНАНДА: - Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Зоир Раҳмонзода дода мешавад. Марҳамат.

Зоир РАҲМОНЗОДА:

- Муҳтарам раисикунанда, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Аҳмадзода, Ф. Раҳимӣ, М. Набизода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, Р.Латифзода, М. Ахмедов ва З. Раҳмонзода таҳия шудааст, пешниҳод мегардад.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар доираи ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хоса ташаббуси нави Сарвари давлат оид ба масъалаҳои обу иқлим ва Қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии СММ оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки дар иҷлосияи 77-уми СММ аз 14 — уми декабри соли 2022 қабул шудааст, таҳия гардидааст. Бо ин мақсад, лоиҳаи қонуни мазкур дар шакли мукаммал таҳия гардида, он асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳифзи пиряхҳоро ҳамчун объектҳои муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои обӣ муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба пешбурди корҳои омӯзишӣ, илмию таҳқиқотӣ, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо ва тадбиқи сиёсати давлатӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳоро танзим мекунад.

Лоиҳаи қонуни мазкур аз муқаддима, 4 боб ва 20 модда иборат мебошад.

Боби 1-уми лоиҳаи қонун (моддаҳои 1 ва 5) муқаррароти умумӣ буда, мафҳумҳои асосӣ, заминаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо, сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, принсипҳои асосии ҳифзи пиряхҳо, ҳуқуқи моликият ба пиряхҳо ва фонди ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Дар боби 2- юми лоиҳаи қонун (моддаҳои 6 — 11) танзими давлатии ҳифзи пиряхҳо — вазифаҳои танзими давлатии ҳифзи пиряхҳо, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифзи пиряхҳо, фаъолият дар минтақаҳои ҷойгиршавии пиряхҳо, арзёбии таъсиррасонии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда ба пиряхҳо пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла, дар моддаи 8- уми лоиҳа мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳа ифода шуда, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист оид ба ҳифзи пиряхҳо ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими захираҳои об оид ба истифодаи захираҳои оби пиряхҳо муқаррар гардидаанд.

Дар боби 3-юми лоиҳаи қонун (моддаҳои 12 ва 17) заминаи ҳуқуқии ташкил ва гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва мониторинги пиряхҳо, истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ оид ба пиряхшиносӣ ва мониторинги пиряхҳо, фаъолияти шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо, ташкил ва мукаммалсозии махзани маълумот дар бораи омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо, аз ҷумла пиряхҳои фаромарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррар карда шудааст.

Боби 4- уми лоиҳаи қонун (моддаҳои 18-20) муқаррароти хотимавӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор гирифтани онро пешбинӣ менамояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур расмиёти дохилиро тибқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмили он ба кумитаи масъул дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 48 таклиф пешниҳод карданд, ки аз он 40 таклиф қабул, 7 таклиф қисман қабул ва 1 таклиф қабул нагардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи моддаи 13- уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» ва «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Аз ин рӯ, аз шумо — вакилони муҳтарам, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои қабули қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИСИКУНАНДА: — Сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зарафо Қиёмзода дода мешавад. Марҳамат.

Зарафо ҚИЁМЗОДА:

- Муҳтарам раисикунанда, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пир­яхҳо»-ро амали саривақтӣ арзёбӣ менамояд, зеро пиряхҳо объектҳои муҳими муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои оби мамлакат мебошанд.

Маҳз, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои об ва ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёнаи онҳо, ҳамчунин ҳифзи низоми экологии об, ҳифзи пиряхҳо чун манбаи оби тоза имрӯз ба рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид гардидаанд, ки аз дастовардҳои муҳими талошҳои муштараки чанд соли охири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад ва боиси ифтихор аст, ки дар иҷлосияи 77-уми Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи ин созмони бонуфуз дар бораи эълон гаштани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» қабул гашт ва масъалаи пок нигоҳ доштани оби ошомиданӣ ва ҳифзи сарватҳои боарзиши табиат ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуд.

Тибқи қатъномаи мазкур пас аз соли 2025-ум 21-уми март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, «Фонди боварии байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо» таъсис ёфт ва баргузории конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ дар соли 2025 дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур муайян намудани асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳифзи пиряхҳо чун сарчашмаи сарсабзии табиат, барои ба роҳ мондани корҳои омӯзишӣ, илмию таҳқиқотӣ, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқиро муқаррар карда, пешбурди сиёсати давлатӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳоро ба таври мушаххас пешбинӣ намояд.

Бо дарназардошти ин, аз шумо — вакилони гиромӣ бо камоли эҳтиром хоҳиш мекунам, ки барои қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИСИКУНАНДА: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?

Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода дода мешавад. Марҳамат.

Абдуҳалим ҒАФФОРЗОДА: - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон қайд карда буданд, ки 1000 пиряхи кишвар об шудааст. Оё барои пешгирӣ кардани обшавии пиряхҳо олимон ягон чора андешидаанд ё не?

Зарафо ҚИЁМЗОДА: — Тағйирёбии иқлим равандест, ки пеши роҳи онро гирифтан хеле мушкил аст. Мо танҳо бо шинонидани дарахтон ва сохтани обанборҳо, хусусан НБО «Роғун», ки боиси паст шудани ҳарорат мегардад, метавонем саҳмгузор бошем. Дар ин самт тадқиқотҳо ва дигар чорабиниҳо амалӣ шуда истодаанд.

РАИСИКУНАНДА: — Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Шодизода дода мешавад.

Парвиз ШОДИЗОДА:

- Муҳтарам Дилрабо Мансурӣ, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Наздик ба 6 дарсади ҳудуди Тоҷикистонро пиряхҳо ташкил медиҳанд ва дар шароити тағйирёбии иқлим ҳифзи пиряхҳоро тавассути қонуни муайян мувофиқи мақсад мешуморем.

2 – юми декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити «Гурӯҳи 77 ва Чин» дар аснои Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР- 28) таъкид намуданд: «Тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо гардида, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили энергетика, кишоварзӣ ва саноат, таъсири манфӣ мерасонад. То имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз як ҳазор пирях пурра об шудааст. Ин дар ҳоле мебошад, ки 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд».

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» дар ҳошияи ташаббуси навбатии байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳифзи пиряхҳо таҳия гардида, итминон дорем, ки бо қабули ин санади муҳим пиряхҳо минбаъд ҳамчун манбаъҳои стратегии захираҳои об ва объектҳои муҳити зист ҳифз карда шаванд.  Аз ин рӯ, аз шумо — вакилони муҳтарам, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фазлиддин Икромӣ дода мешавад.

Фазлиддин ИКРОМӢ:

- Муҳтарам раисикунанда, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи муаммоҳои экологӣ масъалаи тағйирёбии глобалии иқлим, сол то сол гармтар шудани ҳаво, обшавии пиряхҳо, ки ҳамчун захираи бунёдии оби ошомидании тоза мебошанд, ба мушкилоти рақами якуми умумибашарӣ табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Ҳамин аст, ки кишвари мо тайи 20 соли охир ташаббускори фаъоли масъалаҳои марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Натиҷаи кӯшишҳои роҳбарияти олии мамлакат буд, ки 14 – уми декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул кард. Мояи ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои аъзои СММ дастгирӣ ёфтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-юми ноябри соли ҷорӣ дар иҷлосияи пленарии Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб дар баромадашон бори дигар диққати мамлакатҳои дунёро ба ин масъалаи муҳим ҷалб намуданд. Аз ин лиҳоз, таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» бо дарназардошти аҳамияти муҳими пиряхҳо дар таъмини пешбурди иқтисодиёти миллӣ, дастгирии ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муайян намудани асосҳои  ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳифзи пиряхҳо ҳамчун объектҳои муҳити табиӣ саривақтӣ ва муҳим мебошад. Дар он ваколатҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазифаҳои муассисаҳои давлатии илмӣ дар ҳифзи пиряхҳо, танзими давлатӣ ва асосҳои ташкилии омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо, таъсис ва тартиби истифодаи Фонди ҷумҳуриявии ҳифзи пиряхҳо, мамнӯият ва маҳдудкунии намудҳои фаъолият дар соҳаи ҳифзи пир­яхҳо, ташаккул ва истифодаи махзани иттилоотӣ, пешбурди Феҳристи давлатии  пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаи марбутаи соҳа пешбинӣ гардидаанд, ки барои пешбурди бонизоми сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо мусоидат менамояд.

Бинобар ин, аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи қонуни мазкур мукаммал аст, мутобиқи банди 337-и Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ шавад ё яклухт қабул карда шавад?

Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» яклухт ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИСИКУНАНДА: — Ба баррасии масъа­ла «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» шурӯъ мекунем. Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ғиёсиддин Шарифзода дода мешавад. Марҳамат.

Ғиёсиддин ШАРИФЗОДА:

- Муҳтарам раисикунанда, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» пешниҳод мегардад. Лоиҳаи қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Мансурӣ, Н. Содиқӣ, П. Маликзод, Ғ. Шарифзода, Ф. Наҷмиддиниён, Г. Шарофзода ва Р. Даринг таҳия ва пешниҳод гардидааст. Мақсади пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур тақвият бахшидан ба заминаҳои ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи фарҳанг, ҳифзи мероси фарҳанги миллӣ ва мероси фарҳанги ғайримоддӣ, истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ, инчунин эҳёи ёдгориҳои таърихии ба гӯшаи фаромӯшӣ гузошташуда, мушаххас гардониданш ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамкории байналмилалӣ дар соҳа ва мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Дар раванди таҳияи лоиҳаи қонун нуктаҳои асосии лоиҳаи қонуни намунавии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва якчанд давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон «Дар бораи фарҳанг», инчунин пешниҳоду таклифҳои мутахассисону коршиносони соҳа ба инобат гирифта шудааст.

Дар лоиҳаи қонун 35 моддаи нав, аз ҷумла «Сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг» (моддаи 5), «Уҳдадориҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг» (моддаи 7), «Кафолати давлатии шаҳрвандон дар соҳаи фарҳанг» (моддаи 8), «Ҳуқуқу уҳдадориҳои кормандони соҳаи фарҳанг» (моддаи 15), «Имтиёзҳои кормандони соҳаи фарҳанг» (моддаи 16), «Субъект­ҳои фаъолияти фарҳангӣ» (моддаи 18), «Мақоми муассисаҳои соҳаи фарҳанг» (моддаи 20), «Муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои соҳаи фарҳанг» (моддаи 21), «Назорати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг» (моддаи 40), «Феҳристҳои ягонаи давлатӣ дар соҳаи фарҳанг» (моддаи 45) ва мафҳумҳои «фаъолият дар соҳаи фарҳанг», «объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ», «сарватҳои таърихию фарҳангӣ», «мероси фарҳанги ғайримоддӣ» ва «муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг» пешбинӣ гардидаанд.

Лоиҳаи қонун аз 11 боб ва 70 модда иборат буда, дар боби 1 (моддаҳои 1-8) шарҳи мафҳумҳои дар лоиҳаи қонун истифодашуда, принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг, боби 2 (моддаҳои 9-14) салоҳият ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи фарҳанг ба таври мушаххас оварда шудааст.

Дар боби 3 (моддаҳои 15-16) ҳуқуқу уҳдадориҳои кормандони соҳаи фарҳанг ва имтиёзҳои онҳо пешбинӣ гардидааст.

Дар боби 4 (моддаҳои 17-38) фаъолият дар соҳаи фарҳанг, субъектҳои фаъолияти фарҳангӣ, мақоми муассисаҳои соҳа, номгӯи муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои соҳаи фарҳанг, муассисаҳои таълимӣ дар ин соҳа, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таъбу нашр, консертӣ, театр, китобхона, бойгонӣ, иттифоқҳои эҷодиро муназзам месозад.

Боби 5 (моддаҳои 39-45) фарогири танзими давлатӣ дар соҳаи фарҳанг буда, ба назорати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг, омода намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон, аттестатсияи онҳо, аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимии соҳавӣ ва феҳристи ягонаи давлатӣ дар соҳаи фарҳангро ба танзим медарорад.

Дар бобҳои 6 ва 7 (моддаҳои 46-51) масъалаҳои мансуб ба ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи фарҳанг, ҳавасманд­гардонии онҳо, чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ, тартиби ташкилу гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ, уҳдадориҳои ташкилкунандагони чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ ифода гардидаанд.

Боби 8 (моддаҳои 52-57) барои ба танзим даровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ, мероси таърихию фарҳангии миллӣ, мероси фарҳанги ғайримоддӣ, паҳн ва дастраси омма гардонидани сарватҳои фарҳанги миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибати молумулкӣ вобаста ба ин сарватҳои нодири миллӣ бахшида шудааст.

Дар боби 9 (моддаҳои 58-62) фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, манбаъҳои маблағгузории соҳа, ҳуқуқҳои молумулкии муассисаҳои соҳаи фарҳанг, таъминоти моддию техникии онҳо пешбинӣ гардидааст.

Инчунин, дар боби 10 (моддаҳои 63-67) ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг, робитаҳои фарҳангӣ бо ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ, сарватҳои таърихию фарҳангии бурунмарзии халқи тоҷик, марказҳои фарҳангӣ дар хориҷи кишвар ва муносибат бо ташкилотҳои фарҳангии байналмилалӣ ифода гардидааст. Боби 11 (моддаҳои 68-70) муқаррароти хотимавиро дар бар мегирад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 — уми декабри соли 2022 таҳти №1524 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмили он 268 таклиф пешниҳод намуданд, ки 182 таклиф қабул, 63 таклиф қисман қабул ва 23 таклиф қабул нагардид.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Бинобар ин, аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ карда, ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИСИКУНАНДА: — Сухан ба вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дода мешавад. Марҳамат.

Зулфия ДАВЛАТЗОДА:

- Муҳтарам раисикунанда, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия шудааст. Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур тағйирот дар муносибатҳои коргузорӣ, дарҷ намудани мафҳумҳои нави соҳаи фарҳанг ва тақвият бахшидан ба заминаҳои ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи фарҳанг мебошад.

Таъкид намудан бамаврид аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар суханрониҳояшон бо зиёиёни кишвар қайд менамоянд, ки миллати тоҷикро ҷаҳониён бо фарҳанги волояш мешиносанд ва ба андешаи Сарвари давлат: «Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст». Фарҳанги миллӣ яке аз рукнҳои ҷудонашавандаи давлат буда, василаи асосии муаррифгари давлату миллат дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба фарҳанг ва арзишҳои миллии он диққати махсус дода, дар ин самт иқдомҳои зиёдро роҳандозӣ карданд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», эълон намудани иди Наврӯз ҳамчун иди байналмилалӣ, қайд намудани «Рӯзи фалак», «Иди меҳргон», «Рӯзи китоб» ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланд далели ин гуфтаҳост.

Бо назардошти таваҷҷуҳи махсуси Президенти кишвар соҳаи фарҳанг ва татбиқи сиёсати фарҳанги миллӣ, тарғиби дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ, ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани фарҳангу санъати асили тоҷикон, зарурати инкишоф додани самтҳои асосии афзалиятноки фарҳанги миллӣ ба вуҷуд омадааст. Ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори муассисаҳои фарҳанг бояд ба таҷдиди инфрасохтор, таҳкими пояҳои моддиву техникӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа, мусоидат ба раванди ташаккули эҷодиёти халқ, истифодаи самарабахши неруи фарҳангӣ ва маънавии миллат таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» соли 1997, яъне 26 сол пеш қабул карда шудааст. Дар ин давра дар соҳаи фарҳанг як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо», «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо», «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» ва «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» қабул гардиданд. Аз ин рӯ, барои дуруст ба роҳ мондани самти кор ва дарҷ намудани механизми иҷрои санадҳои қонунгузорӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ зарурат ба миён омадааст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» дар таҳрири нав таҳия карда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи фарҳанг» аз 11 боб ва 70 модда иборат буда, вобаста ба инкишофи минбаъдаи соҳаҳои фарҳанг, театр, китобхонаю осорхона, воситаҳои ахбори омма ва ҳифзу истифодаи ёдгориҳои таърихӣ барои таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои фарҳанг, бунёди инфрасохтори муосири фарҳангӣ, татбиқи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон ҷиҳати истифода аз даст­овардҳои соҳаи фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ мусоидат хоҳад намуд.

Аз шумо — вакилони муҳтарам бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фар­ҳанг»-ро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИСИКУНАНДА: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?

Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода дода мешавад.

Сурайё ДӮСТМУРОДЗОДА:

- Муҳтарам Дилрабо Мансурӣ, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» қонуни мукаммал буда, барои ҳифзи мероси фарҳангии мо, мушаххас намудан ва ҳифзи муассисаҳои фарҳангиамон мусоидат менамояд. Ҳамзамон, дар лоиҳаи қонуни мазкур таҷрибаи қонунгузории давлатҳои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба асос гирифта шудааст. Инчунин, феҳристҳои ягонаи фарҳангӣ номбар карда мешавад, ки минбаъд дар чунин феҳристҳо тамоми сарватҳои ғайримоддии фарҳангиамон дарҷ хоҳанд шуд. Дар 11 боби ин қонун тамоми фаъолият дар соҳаи фарҳанг танзим гардида, қонуни мазкур дар тақвият бахшидани фаъолияти соҳаи фарҳанг мусоидат хоҳад кард. Аз ин рӯ, аз шумо — вакилони муҳтарам бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раънохон Бобоҷониён дода мешавад.

Раънохон БОБОҶОНИЁН:

- Муҳтарам раисикунанда, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби 8 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Пешниҳоди он дар ҷаласаи имрӯза саривақтӣ буда, силсилапайванди сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дирӯз бахшида ба ҷашни 115 — солагии академик Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «тоҷикон мардуми фарҳангӣ ҳастанд». Воқеан, фарҳанг, илму маърифат ва варзиш дар арсаи байналмилалӣ муаррифгари миллат аст. Мо бо ҳар ҳамватани худ, ки Тоҷикистон ва тоҷиконро муаррифӣ мекунад ва ғолибияти худро ба Ватан мебахшад, ифтихор дорем. Лоиҳаи қонуни мазкур мукаммал аст. Дар моддаи 16 лоиҳаи қонуни мазкур   имтиёзҳои кормандони соҳаи фарҳанг пешбинӣ шудааст, ки аз ҷумла «ба кормандони муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг имтиёзҳои ба кормандони соҳаи маориф баробаркардашуда дода мешаванд.  Ҳамчунин, кормандони муассисаҳои ғайридавлатӣ дар соҳаи фарҳанг аз имтиёзҳое, ки барои кормандони муассисаҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанг пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқи баробар истифода бурданро доранд». Ин рақобати солим ба миён оварда, барои дарёфти истеъдодҳои нав мусоидат менамояд.

Вобаста ба субъектҳои фарҳангӣ моддаи нав ворид шудааст. Ҳатто дар моддаи 30 ба соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ таваҷҷуҳ намуда, таъкид кардаанд, ки «муассисаҳои телевизион ва радиошунавонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ноқилӣ иборатанд, ки аз ҳисоби буҷет ва сарчашмаҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешаванд».

Махсусан, таъкиди таъсиси муассисаҳои фарҳангӣ дар хориҷи кишвар дар моддаи 64 омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо ҳамватанон, тоҷикони бурунмарзӣ ва намояндагиҳои онҳо ҳамкорӣ намуда, чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ мегузаронад, барои бун­ёди марказҳо, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, хазинаҳои махсус ва рушди фарҳанги миллӣ дар хориҷи кишвар мусоидат мекунад».

Заминаҳои ҳуқуқӣ барои рушди соҳаи фарҳанг бо қабули қонуни мазкур бештар мегарданд. Аз ин лиҳоз, аз шумо – вакилони арҷманд бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода дода мешавад.

Шарифҷон ҲАКИМЗОДА:

- Муҳтарам раисикунанда, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» соли 1997 қабул шуда, солҳои тӯлонӣ мавриди тағйиру иловаҳо қарор нагирифта бошад ҳам, тавонист рушди соҳаро бо назардошти такомули ҷаҳони муосир таъмин намояд. Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда бо дарназардошти дастовардҳое, ки дар ҷомеаи мо ба вуҷуд омадааст, мутобиқ гардонида шудааст. Лоиҳаи қонун ба ғайр аз хусусияти таҳрирӣ, суфтагардонӣ ва иловаи меъёрҳои нав комёбиҳои зиёд дорад. Аз шакли ниҳоии он бармеояд, ки лоиҳа аз ҳар ҷиҳат ба талаботи замони муосир ва низоми ҳуқуқии кишвар мутобиқ гардонида шудааст. Бинобар ин, аз вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳанд.

РАИСИКУНАНДА: - Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи мазкур қонуни мукаммал аст, мутобиқи банди 337-и Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ шавад ё яклухт қабул карда шавад?

Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи фарҳанг» яклухт ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИСИКУНАНДА: — Ба баррасии ­масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан ба муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо­амон Рофизода дода мешавад. Марҳамат.

Мирзоамон РОФИЗОДА:

- Муҳтарам раисикунанда, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мувофиқ намудани меъёрҳои санади байналмилалии ҳуқуқӣ ба қонунгузории миллӣ таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Масъалаҳои ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ дар сатҳи минтақавӣ дар асоси Конвенсияи Кишинёв оид ба ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳукуқӣ бо парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ аз 7 – уми октябри соли 2002 ба роҳ монда, ин конвенсия аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон эътироф карда шудааст. Аксари меъёрҳои ин санади байналмилалии ҳуқуқӣ дар Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ мавҷуд набуда, зарурати имплементатсия ё ворид намудани меъёрҳои санади байналмилалӣ ба қонунгузории миллӣ пеш омадааст. Ҳамин тариқ, дар лоиҳаи қонуни мазкур фасли XII хориҷ карда шуда, ба он қисми IV бо 5 боб, ки аз 55 модда иборат аст, яъне моддаҳои 470-525 илова карда шудаанд. Аз ҷумла, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом лоиҳаи қонуни мазкур таҳия гардида, тавсияҳои пешниҳоднамуда пурра ба назар гирифта шуданд.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур моддаи алоҳида вобаста ба кофтуков, ҳабс ва мусодираи молу мулк дар асоси дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ворид карда шудааст. Инчунин, дар лоиҳа тартиби таъсис ва фаъолияти гурӯҳҳои муштараки тафтишотӣ ва фаврӣ-тафтишотӣ ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва тафтиши ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва ғайра муайян карда шудааст.

Дар лоиҳа бо назардошти тараққиёти воситаҳои техникии иттилоотӣ гузаронидани ҳаракатҳои мурофиавӣ тавассути воситаи алоқаи видеоӣ дар моддаи алоҳида муайян карда шудааст. Ин имкон медиҳад, ки пурсишҳо ва дигар ҳаракатҳои зарурии тафтишотӣ аз ҷониби гурӯҳи муштараки тафтишотӣ ва зимни иҷрои дархостҳои байналмилалӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ дар муҳлатҳои кӯтоҳ ва бе хароҷоти зиёдатӣ гузаронида шаванд. Ғайр аз ин, дар лоиҳа ба иштироки намояндаи мақомоти салоҳиятдори давлати хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ зимни иҷрои дархости байналмилалӣ оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ имкон дода шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ гузаронида шудааст. Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои эътирофнамудаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлат хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Аз ин рӯ, аз шумо — вакилони муҳтарам, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлудахон Мирзозода дода мешавад. Марҳамат.

Мавлудахон МИРЗОЗОДА:

- Муҳтарам раисикунанда, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади ба талаботи имрӯза мутобиқ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мурофиаи ҷиноятӣ байни мақомоти дахлдори давлатии мамлакат бо мақомоти салоҳиятноки мамлакатҳои хориҷӣ таҳия шудааст. Дар ин асос, пешниҳод мешавад, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мурофиаи ҷиноятӣ бо мақсади расонидани ёрии ҳуқуқии мутақобила бо мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ барои иҷрои амалҳои алоҳидаи мурофиавӣ, супоридани ҳуҷҷатҳо, ба­амалбарории таъқиби ҷиноятӣ, супоридани шахс ва дар муҳлати муайяншуда бозпас гардонидани шахси муваққатан супоридашуда, шахси мубталои бемории рӯҳӣ, ки нисбаташ чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ карда шудаанд, инчунин интиқоли транзитӣ,  эътироф ва иҷрои санадҳои судӣ дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки  Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва дар ҳолати набудани шартномаҳои байналмилалӣ дар асоси дархости давлатҳои хориҷӣ ё дархости мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар асоси созиши тарафҳо ба амал бароварда шаванд.

Тибқи қисми 2 лоиҳаи қонуни мазкур пешбинӣ мегардад, ки Фасли ХII Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон хориҷ карда шуда, ба кодекси мазкур қисми IV, яъне «Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи мурофиаи ҷиноятӣ» илова карда шавад, ки он фарогири 1 фасл, яъне — «Фасли XII. Ҳамкории судҳо, прокурорҳо, муфаттишон ва мақомоти таҳқиқ бо мақомот ва шахсони мансабдори ваколатдори давлатҳои хориҷӣ» буда, аз 5 боб ва 55 модда (моддаҳои 470-525) иборат мебошад.

Мутобиқ ба талаботи моддаи 471 иловашаванда ёрии ҳуқуқӣ, дар мавриди мавҷуд набудани шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мумкин аст дар асоси дархости давлати хориҷӣ ва ё дархости мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳамкории тарафҳо расонида шавад. Ҳамзамон, мувофиқи муқаррароти моддаи 472 иловашаванда Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти марказӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар самти мурофиаи ҷиноятӣ ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти марказӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба пешбурди мурофиаи судӣ муайян гардидаанд. Дар ҳолатҳое ки дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ вобаста ба гузаронидани амалҳои мурофиавӣ, ки розигии прокурор ва иҷозати судро талаб наменамоянд, мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон — Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба парвандаҳои ҷиноятии дар пешбурдашон қарордошта бо дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ бевосита муроҷиат карда, чунин дархостҳои мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷиро иҷро менамоянд.

Мутобиқ ба талаботи моддаҳои 475 ва 476 иловашаванда вазъи ҳуқуқии далелҳои дар ҳудуди давлати хориҷӣ ба дастовардашуда, тартиби нигоҳ доштан ва супоридани далелҳои шайъӣ вобаста ба пешбурди парвандаи ҷиноятӣ муайян карда шудаанд.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар амалигардонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи расонидани ёрии ҳуқуқӣ супоридани шахс ба тарафи дархосткунанда ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 498 дархост оид ба супоридани шахс дар сурате равон карда мешавад, ки агар барои яке аз ҷинояти содирнамудаи ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати на кам аз як сол пешбинӣ шуда бошад ё муҳлати адонакардаи ҷазои шахси бо маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда на кам аз шаш моҳро ташкил диҳад.

Дар доираи ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ байни давлатҳо масъалаи душаҳрвандӣ, аз ҷумла ба тартиби пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ ва пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ бетаъсир буда наметавонад. Аз ин рӯ, мутобиқи талаботи моддаи 512 супоридани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои шаҳрвандии давлати дигар мебошад, дар асоси шартномаи тарафҳо амалӣ карда мешавад. Тартиби супоридани шахсони дорои душаҳрвандӣ бошад, бо қоидаҳои моддаҳои 498-516 кодекси мазкур муайян карда мешавад.

Дар доираи муқаррароти лоиҳаи қонуни мазкур масъалаи эътироф ва иҷрои ҳукмҳо, қарорҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ низ ҳалли худро ёфтаанд.  Дар ин асос, мутобиқ ба талаботи моддаи 517 бо тартиби муқаррарнамудаи кодекси мазкур ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукмҳо, қарорҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст дар ҳолатҳои дар ин модда дарҷнамуда  эътироф ва иҷро карда мешаванд.

Вобаста бо эътироф ва иҷрои ҳукми суди давлати хориҷӣ ба миён омадани даъвои гражданӣ қарор дар бораи эътироф ва иҷрои ҳукми суди давлати хориҷӣ, инчунин вобаста ба даъвои гражданӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур тибқи талаботи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми расмиётро гузаштааст. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба бобҳои дуюм, ҳаштум ва нуҳуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо – вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро ҷонибдорӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.

РАИСИКУНАНДА: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИСИКУНАНДА: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Барои иштироки фаъолонаатон изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Абдухолиқ МИРЗОЕВ,

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ