Барои истифодаи оқилонаи захираҳои генетикӣ лоиҳаи қонун таҳия гардид

№57 (4319) 29.04.2021

DSC_9243Бисту ҳафтуми апрели соли равон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода дар мавзӯи «Таъмини заминаи ҳуқуқии истифодаи оқилонаи табиати Тоҷикистон дар мисоли лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбати гирди миз баргузор шуд. Дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, олимону коршиносон аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ­Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид иштирок доштанд.

Рустам Латифзода доир ба мақсади ташкил ва баргузории чорабинӣ изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҳифзи гуногунии биологиро дар сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ фаъолона пеш бурда, баҳри ҳалли проблемаҳои ҳифз ва истифодаи оқилонаи онҳо, расидан ба ҳадафҳои рушди устувор тадбирҳои мушаххас андешидааст.

Аз соли 1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ, протоколҳои Картахен доир ба бехатарии биологӣ ва Нагоя доир ба дастрасӣ ба захираҳои генетикӣ мебошад.

Бо дарназардошти талаботи Конвенсия ва протоколҳои зикршудаи он сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар соҳаи ҳифзи гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ ба такмили заминаи ҳуқуқӣ, ташаккули таҳкурсии институтсионалӣ, амалӣ, таълимӣ, омӯзишӣ ва тақвият бахшидан ба муносибатҳои бисёрҷониба ва самарабахш дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи захираҳои генетикӣ равона гардидааст.

- Қобили зикр аст, ки дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон корҳои назаррас оид ба истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ ва захираҳои табиӣ ба анҷом расидаанд. Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи олами наботот», «Дар бораи олами ҳайвонот», «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам», «Стратегияи миллӣ ва нақшаи амал оид ба нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ барои солҳои 2014-2020» аз ҳамон ҷумлаанд, — афзуд Рустам Латифзода ва таъкид намуд, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои генетикӣ самараи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Зоир Раҳмонзода лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба иштирокчиён муаррифӣ намуда, зикр кард, ки он аз 5 боб ва 27 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба дастрасӣ, тақсимоти баробар, истифодаи захираҳои генетикии растанӣ, ҳайвонот ва микроорганизмҳоро танзим менамояд.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонун, муайян намудани заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба ҳифз ва истифодаи гуногунии захираҳои биологии кишвар, танзими муносибатҳои байнидавлатӣ вобаста ба муомилот ва истифодаи устувори онҳо, аз ҷумла, дар истеҳсолоти ватанӣ, мебошад.

- Дар раванди такмили лоиҳаи қонуни зикршуда таклифу пешниҳодҳои баёнгардидаи иштирокчиёни суҳбати гирди миз, ки моҳи декабри соли гузашта доир гардид, инчунин, нуқтаи назари олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзӣ ба назар гирифта шудааст.

DSC_9268Инчунин, аз ҷониби олимони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва коршиносони соҳа 41 таклифу пешниҳод ирсол гардид, ки зимни таҳрир ва такмил истифода шуданд, — изҳор дошт ӯ.

Бино ба гуфти Зоир Раҳмонзода, дар моддаи якуми лоиҳаи қонун 20 мафҳуми асосӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои қаблан ироагардида мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода шуданд.

Номбурда боб ва моддаҳои лоиҳаи қонунро муаррифӣ намуда, гуфт, ки дар моддаи 11, зербанди яки лоиҳа ташкили Маркази нигоҳдорандаи миллии коллексияҳои захираҳои генетикӣ пешбинӣ гардидааст, ки он ташкилоти илмии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифз ва истифодаи захираҳои генетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Нигоҳдорӣ, истифода ва идораи коллексияҳои захираҳои генетикӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи ин ниҳод гузошта мешавад.

Зоир Раҳмонзода гуфт, ки вазифаҳои маркази мавриди назар таҳияи принсипҳои пешбурд ва нигоҳдории намунаҳо барои дорандагони коллексияҳои захираҳои генетикӣ, гузаронидани экспертизаи маълумоти шиносномаҳои генетикӣ, тавсиф ва баҳодиҳии маълумоти намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ, муқаррар намудани вазифа ва ваколатҳои дорандагони захираҳои генетикӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба қайд гирифтани коллексияи захираҳои генетикӣ, ки намунаи онҳо дар истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва пешбурди соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, мусоидат ба фаъолияти ҷустуҷӯи биологӣ ва таъмини амалисозии тадбирҳо оид ба ҷамъоварӣ ва омӯзиши захираҳои генетикӣ, муқаррар намудани тартиби ташаккул, пешбурд ва истифодаи Феҳристи намунаи коллексияҳои захираҳои генетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра маҳсуб мешаванд.

Дар чорабинӣ бархе аз иштирокчиён барои такмили лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таклифу пешниҳод ироа карданд. ­Рустам Латифзода изҳор дошт, ки аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин онҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, барои такмили лоиҳаи қонун истифода мебаранд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»