Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Барои риоя накардани тартиби додани варақаи корношоямӣ ҷавобгарӣ пурзӯр мешавад

№46 (4629) 29.03.2023

DSC_8127 копия29 — уми марти соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи нав­батии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони арҷманд!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 58 вакил ҳузур доранд. Имкон фароҳам шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем. Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласаи имрӯза Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатмурод Олимов ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласаи нав­батӣ ду масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.

Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар нест? Набошад, хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъалаи якум сухан ба муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед дода мешавад. Марҳамат.

Шодихон ҶАМШЕД:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 — юми июли соли 2021 таҳти №23/3-355 (3) ҷиҳати иҷрои бандҳои 22 ва 23 «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 — уми майи соли 2019 баён доштанд», таҳия гардида, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ­мегардад.

Мутобиқи банди 23 нақшаи мазкур ба вазоратҳои молия, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш шуда буд, ки қонунгузории амалкунандаро доир ба таъин ва пардохти маблағи суғуртаи иҷтимоӣ барои кумакпулиҳои корношоямии муваққатӣ ва пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои додани варақаи корношоямии муваққатӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ мукаммал гардонанд. Дар давоми ду сол аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, корҳои муайян ба анҷом расида, дар баъзе қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Бо вуҷуди ин, пурзӯр намудани ҷавобгарӣ ва масъулияти кормандон барои додани варақаи корношоямии муваққатӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ — профилактикӣ то ҳанӯз пурра ҳал нашудааст. Аз ин лиҳоз, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор вобаста ба иҷрои супориши мазкур иловатан чораҷӯӣ намояд.

Дар робита ба мукаммал намудани қонунгузории амалкунанда доир ба таъин ва пардохти маблағи суғуртаи иҷтимоӣ барои кумакпулиҳои корношоямии муваққатӣ ва пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои додани варақаи корношоямии муваққатӣ қонунгузории марбута омӯхта шуда, зарурати ворид намудани моддаи 1101 оид ба риоя накардани тартиби додани варақаи корношоямии муваққатӣ дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш омад.

Барои аз ҷониби кормандони тиббии муассисаҳои тиббӣ — профилактикӣ риоя накардани тартиби додани варақаи корношоямии муваққатӣ дар ин муассисаҳо, ки боиси беасос пардохт кардани маблағи буҷет мегардад, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима таъин карда мешавад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, бо арзи эҳтиром ҳоҳиш менамоям, ки барои қабули қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Усмонзода Мансур Салом дода мешавад. Марҳамат.

Мансур УСМОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст. Мақсади асосии лоиҳаи қонуни мазкур мукаммал намудани қонунгузории амалкунанда доир ба таъиин ва пардохти маблағи суғуртаи иҷтимоӣ барои кумакпулиҳои корношоямии муваққатӣ ва ҷорӣ намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои тартиб додани варақаи корношоямии муваққатӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои табобатию профилактикӣ мебошад. Дар асоси иловаи нав пешниҳод мегардад, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи алоҳида (моддаи 1101) доир ба риоя накардани тартиби додани варақаи корношоямии муваққатӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои табобатию профилактикӣ, ки боиси беасос пардохт кардани  маблағҳои буҷетӣ мегардад, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, ҷаримаи маъмурӣ таъин карда шавад. Инчунин, дар давоми як соли баъд аз таъини  ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори қаблӣ ҷаримаи маъмурӣ нисбат ба қисми 1 моддаи мазкур пурзӯр карда шудааст.

Лоиҳаи қонуни зикршуда аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои такмили он 8 таклиф пешниҳод гардид, ки аз он 3 таклиф қабул, 2 таклиф қисман қабул ва 3 таклиф қабул нашуд. Лоиҳаи қонуни мазкур ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Бо эҳтиром хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед дода мешавад. Марҳамат.

Шодихон ҶАМШЕД:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бинобар иҷрои бандҳои 22 ва 23 «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 — уми майи соли 2019 баён доштанд», аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия шуда, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Тавре ки дар талаботи банди 22 нақшаи мазкур дарҷ гардидааст, барои ҷоннок намудани назорат дар самти таъмини шаффофият ва суроғавӣ будани пардохтҳои иҷтимоӣ ва кумакпулиҳо, пешгирии ­қатъии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар ин самт дар баробари таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамзамон, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо дар моддаи 95 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолият ва ваколатҳои Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар ин самт муайян менамояд, пеш омада, мутаносибан лоиҳаи дахлдор таҳия шуд. Ғайр аз ин, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» аз 19 – уми ноябри соли 2013 таҳти №12 вазифаҳои марбут ба ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла назорати дурустии таъин ва сари вақт пардохт намудани баъзе номгӯи кумакпулиҳои иҷтимоии давлатӣ ва ҷубронпулиҳо (12 намуди кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо) ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудаанд. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 – уми декабри соли 2017 таҳти №597 назорати  таъин ва пардохтҳои иҷтимоии давлатӣ ба табақаҳои гуногуни осебпазир ­(оилаҳои камбизоат, маъюбони бартарафсозии садамаи Неругоҳи барқи атомии «Чернобил», нафақахӯрони аҳамияти ҷумҳуриявӣ, кӯдакони мубталои ВНМО, маъюбоне, ки барои онҳо гирифтани воситаҳои техникии тавонбахшӣ ва протезу ортезҳо пешбинӣ гардидаанд, гирандагони кумакпулиҳои иҷтимоии якдафъаина ва монанди инҳо) ба зиммаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд.

Мутобиқи банди якуми Низомномаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, Хадамот мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, назорати давлатии фаъолияти тиббию ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фармасевтиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад. Аз ин лиҳоз, ворид намудани тағйироти дахлдор ба моддаи 95 Кодекси  мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок аст. Бояд зикр намуд, ки моддаи 111 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қоидаҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи босамари хуни донорӣ, ҷузъҳои он ва давои аз он тайёркардашударо танзим менамояд, ба ваколати Маркази ҷумҳуриявии илмии хун вогузор шуда буд. Азбаски ваколатҳои назоратӣ дар самти фаъолияти тиббӣ, фарматсевтӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба салоҳияти Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вогузор гардидаанд, ба сохтори номбурда гузаронидани татбиқи моддаи 111 мувофиқи мақсад мебошад.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин дода мешавад. Марҳамат.

Баҳриддин ЗИЁӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст. Лоиҳаи қонуни мазкур аз 3 қисм иборат буда, тибқи он ба моддаҳои 94 ва 95 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ваколатҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мақомоти тандурустӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муайян гардидааст, тағйироту иловаи дахлдор пешбинӣ гардида, инчунин аз қисми 1 моддаи 1211 рақами «140» хориҷ мешавад.

Лоиҳаи қонуни зикргардида бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, таклифу пешниҳоди манзургардида барои мукаммал гардонидани лоиҳа истифода шуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд.

Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Барои фаъол буданатон миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Хӯҷаназари АМИНИЁН,

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ