Ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Барои шаҳрвандоне, ки дороияшонро қонунӣ мегардонанд, имтиёз муқаррар шуд

№87-88 (4349-4350) 03.07.2021

Сиюми июни соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 57 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласа 11 масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.

Хоҳишмандам, нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Дар хусуси Созишнома оид ба маб­лағгузорӣ (маблағгузории иловагии Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ II) ва Мактуб-созишнома дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаҳо оид ба маблағгузорӣ (қарзи 5631-TJ, гранти D055-TJ ва гранти TF0A1735) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд

3. Дар хусуси Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19 дар доираи Фонди даст­расии ваксина дар Осиё ва уқёнуси Ором» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд

4. Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд

5. Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (лоиҳаи навкунии низоми миллии омор) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд

6. Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ аз ҳисоби Фонди иқлими сабз (маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи «Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал») байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд

7. Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи баланд бардош­тани устувории кишоварзӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд

8. Дар хусуси Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Дастгирии ғизои мактабӣ»

9. Дар хусуси Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (лоиҳаи кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе)

10. Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи электрификатсияи деҳот) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд

11. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум».

 

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло дода мешавад. Марҳамат.

Ҳоким ХОЛИҚЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маб­лағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи банди 12 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардид, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-39 аз 1 феврали соли 2021 тасдиқ шудааст, аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ дар ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Прокуратураи генералӣ, Суди Олии иқтисодӣ омода шудааст.

Ҳангоми таҳияи он таҷрибаи солҳои гузашта оид ба қонунигардонии маблағҳо, ки бо қонунҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2002 ва 2010 амалӣ шуданд, инчунин, таҷрибаи қонунигардонии молу мулк, ки бо қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 амалӣ гардид, ба инобат гирифта шуданд. Ҳамчунин, дар консепсияи лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда таҷрибаи муваффақи давлатҳои алоҳида низ ба назар гирифта шудааст.

Хусусияти фарқкунандаи лоиҳаи қонун аз қонунҳои қаблан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани қонунигардонӣ қабулшуда дар он аст, ки манфиатнокии иқтисодии қонунигардонии номгӯи муайяни дороиҳо ва маблағҳоро ҳамчун асос ба назар мегирад.

Дар робита ба ин, мақсади қонун фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ, таъмин намудани шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди миллӣ, фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ муқаррар шудааст, ки ба мақсадҳои таҷрибаи ҷаҳонии барномаҳои авфи дороиҳо, инчунин, муфид будани он барои шахсони манфиатдор ва давлат мутобиқ мебошад.

Он аз муқаддима ва 13 модда иборат мебошад.

Бо лоиҳаи қонун номгӯи муайяни дороиҳо, инчунин маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, аз ҷумла дороӣ ва маблағи онҳо дар давлатҳои хориҷӣ, ки қаблан дар эъломия расман нишон дода нашуда, аз гардиши қонунии иқтисодӣ бароварда шудаанд, тавассути сармоягузории маблағҳо ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон ва ошкор намудани онҳо қонунӣ гардонида мешавад. Ҳамчунин, ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба дороиҳое, ки дар натиҷаи бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда нашудани ҳуқуқ ба он аз гардиши иқтисодӣ берун мондааст, ба расмият дароварда шуда, қонунӣ гардонида мешавад.

Муқаррароти лоиҳаи қонун ба дороӣ ва маблағҳое татбиқ мегардад, ки тибқи моддаи 2 лоиҳаи қонун истисно карда нашудаанд.

Дороии шаҳрвандон, ки номгӯи онҳо бо моддаи 1 лоиҳаи қонун пешбинӣ карда шудааст, бо тартиб ва шартҳои дар моддаи 5 лоиҳа пешбинишуда қонунӣ гардонида мешаванд.

Қонунигардонии дороии шаҳрвандон (ба истиснои молу мулки ғайриманқул), ки лоиҳаи қонун мушаххас намудааст, тавассути пешниҳоди эъломияи ихтиёрии онҳо ба комиссия оид ба қонунигардонии дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ноҳия ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе таъсисёбанда ва гирифтани шаҳодатномаи қонунигардонӣ анҷом дода мешавад. Қонунигардонии молу мулки ғайриманқули шахсӣ ва дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашавандаи шаҳрвандон, ки дар қитъаи замини бо риояи тартиби муқаррарнамудаи қонун зери сохтмон вобастагардида, мутобиқи таъиноти қитъаи замин ва меъёру қоидаҳои сохтмон худсарона сохта шуда, нисбат ба он ҳуҷҷати муайянкунандаи ҳуқуқи моликияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта нашудааст, бо роҳи пешниҳоди ариза ба комиссия оид ба қонунигардонии дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ноҳия ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе таъсисёбанда ва гирифтани шаҳодатномаи қонунигардонӣ метавонанд қонунӣ карда шаванд.

Тибқи лоиҳаи қонун маблағҳои шаҳрвандон (пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он ҷойгиранд) бо тартиб ва шартҳои дар моддаи 6 лоиҳа пешбинишуда қонунӣ гардонида мешаванд.

Қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандон тавассути бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ҳангоми риоя гардидани тартиб ва шартҳои лоиҳаи қонун бо шаҳодатномаи шакли муқарраргардида, ки бонкҳо пешниҳод менамоянд, тасдиқ карда мешавад.

Лоиҳаи қонун барои шаҳрвандоне, ки дороӣ ва маблағҳои худро қонунӣ мегардонанд, имтиёзҳои андозӣ (моддаи 7), авфи ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ (моддаи 9) ва кафолати давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳоро (моддаи 10) пешбинӣ менамояд, ки дар моддаҳои алоҳидаи лоиҳаи қонун нишон дода шудаанд.

Бо лоиҳаи қонун давраи қонунигардонӣ 12 моҳ пешбинӣ карда мешавад.

Ҳамчунин, лоиҳаи қонун муқаррар менамояд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқии таъсисдодаи онҳо аз рӯи дороӣ ва маблағҳое, ки дар натиҷаи дар эъломияи даромад ва ё ҳамчун объекти андозбандишаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон надодан ба даст оварда шудаанд ва то мавриди амал қарор гирифтани қонун ба гардиши иқтисодии қонунӣ (ба пасандоз гузошта шудаанд, ба сармояи шахси ҳуқуқӣ ворид карда шудаанд, коғазҳои қиматнок харида шудаанд, сохтмони молу мулки ғайриманқул ва ғайра) ворид карда шудаанд, аз рӯи кирдорҳои муқарраргардида авфшуда ҳисобида мешаванд.

Қайд кардан зарур аст, ки аз соли 2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узв ба Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм шомил буда, дар асоси талаботи Резолютсияи Созмони Милали Муттаҳид №1617(2005) ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботи тавсияҳои ФАТФ як қатор уҳдадориро ба зимма гирифтааст.

Ҷаласаи пленарии ФАТФ моҳи октябри соли 2012 санади «Таҷрибаи пешқадами идорасозии таъсири барномаи ихтиёран риоя намудани қонунгузории андоз аз нигоҳи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм» ва соли 2014 «Қоидаҳо барои кор бо барномаи ихтиёрии риояи қонунгузории андоз ва шарҳи он»-ро қабул намуд.

Бинобар ин, дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» принсипҳои асосӣ ва талаботи санадҳои ФАТФ ба назар гирифта шуда, лоиҳа бо Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм пешакӣ мувофиқа карда шуд. Дар сурати қабул гардидани қонун матни он аз ҷониби ин гурӯҳ ба ФАТФ пешниҳод карда мешавад.

Лоиҳаи қонун, инчунин, бо дарназардошти пешниҳодҳои шумо -вакилони муҳтарам, мукаммал карда шуд.

Бояд қайд кард, ки аз натиҷаи татбиқи лоиҳаи қонун интизории зерин дар назар аст:

- ворид гардидани сармояи иловагӣ ба низоми молиявӣ-бонкӣ ва ба ин васила, бештар гардидани маблағгузорӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ;

- таъсис ёфтани ширкатҳои нав, беҳтар гардидани сармояи ширкатҳои амалкунанда ва таъсиси ҷойҳои кории нав;

- ба иқтисодиёти расмӣ баргардонида шудани маблағҳои андозсупорандагон аз иқтисодиёти пинҳонӣ, коҳиш ёфтани сатҳи иқтисодиёти ғайрирасмӣ;

- вусъат ёфтани гардиши қоғазҳои қиматнок;

-  рушди маблағгузории сохтмони молу мулки ғайриманқул;

- маблағгузории хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, саноатӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ;

- вориди сармоя аз хориҷи кишвар ва беҳтар гардидани мавқеи тавозуни пардохти ҷумҳурӣ.

Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Марҳамат.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА:

- Соли 2007 низ ҳамин гуна қонуни авф бинобар қонунигардонии дороӣ ва маблағҳо қабул шуда буд. Дар доираи он чӣ қадар маблағ ба расмият дароварда шуд? Бехатарии дороию маблағҳои қонунигардида чӣ гуна таъмин карда мешавад?

Ҳоким ХОЛИҚЗОДА: - Соли 2007 дар низоми бонкии кишвар ба маблағи 528 миллион сомонӣ ва ё 191 миллион доллари амрикоӣ дороии шаҳрвандони мамлакат қонунӣ гардонида шуд. Маълумот дар бораи маблағу дороии шаҳрвандон ҳамчун сирри бонкӣ махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Яъне, бехатарии маблағҳои қонунигардида таъмин хоҳад гардид.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлудахон Мирзозода дода мешавад. Марҳамат.

Мавлудахон МИРЗОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Мутобиқи моддаи 59 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, масъалаи пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» салоҳияти истисноии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баррасии Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пешниҳод намуданд.

Вобаста ба талаботи лоиҳаи қонун, зери мафҳуми авф бинобар қонунигардонии дороӣ ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, озод намудани онҳо аз ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба дороӣ ва маблағҳое, ки мутобиқи талаботи қонун қонунӣ гардонида мешаванд, пешбинӣ намудани имтиёзҳои андозӣ ва кафолатҳои давлатии ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандоне, ки дороӣ ва маблағҳои худро қонунӣ мегардонанд, фаҳмида мешавад.

Дар асоси қисми 3 моддаи 7-и лоиҳаи қонун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки молу мулки ғайриманқули худро тибқи қонун қонунӣ мегардонанд, дар давраи то амалӣ гардидани қонунигардонӣ аз андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин фоизҳо ва ҷаримаҳои ба чунин молу мулки ғайриманқул дахлдошта озод карда мешаванд ва дар ин давра молу мулки ғайриманқули қонунигардонидашуда ба даромади (объекти) андозбандишаванда дохил карда намешавад.

Мутобиқи талаботи моддаи 9 ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дороӣ ва маблағҳои худро қонунӣ мегардонанд, нисбаташон авфи ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ ва интизомӣ пешбинӣ шудааст. Чунончӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи қонунигардонӣ дороӣ ва маблағҳои онҳо мутобиқи қонун қонунӣ гардонида шудаанд, авф карда шуда, барои кирдорҳои дар моддаҳои 259, 2591, 262 (дар ҳолати қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳое, ки дар натиҷаи содир намудани дигар ҷиноятҳои дар ҳамин қисм пешбинишуда ба даст оварда шудаанд) 263, 269, 270, 271, 273, 274, 284, 285, 286, 287, 289 қисми 1, 291, 292, 293, 294, 295, 318, 3401-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки то oғози давраи қонунигардонӣ содир намудаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд.

Инчунин, барои кирдорҳои дар моддаҳои 165, 171, 407, 409, 412, 417, 421, 424, 425, 427, 430, 431, 510, 511, 5271 (дар ҳолати қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳое, ки дар натиҷаи содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии дар ҳамин қисм пешбинишуда ба даст оварда шудаанд ), 537, 538, 541, 542, 543, 545, 553, 554, 558, 572, 577, 578, 588, 591, 593, 594, 597, 599, 601, 6031, 605, 606, 615, 617, 626, 630, 644-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки то oғози давраи қонунигардонӣ содир намудаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешаванд.

Дар асоси моддаи 10 лоиҳаи қонун кафолатҳои давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандоне, ки дороӣ ва маб­лағҳояшонро қонунӣ мегардонанд, пешбинӣ шудааст, ки мувофиқи он қонунигардонӣ бо ҳуҷҷати расмӣ тасдиқ карда шуда, давлат ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, дахлнопазирии дороӣ ва маб­лағҳоро кафолат медиҳад ва тибқи қисми 3 — и ҳамин модда шаҳрвандон аз рӯи риоя нагардидани талаботи қонун ҳуқуқи ба суд шикоят оварданро доранд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расмиёти дохилиро дар Маҷлиси намояндагон гузаштааст ва дар заминаи таклифҳои муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ  Ватанзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон такмил дода шуд.

Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқӣ» мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, вакилони муҳтарам, хоҳишмандам лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Лоиҳаи қонун мукаммал аст. Мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон модда ба модда ё ин ки яклухт қабул карда шавад? Пешниҳод аст, ки яклухт ба овоз монда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маб­лағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (маблағгузории иловагии лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ II) ва Мактуб-созишнома дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаҳо оид ба маблағгузорӣ (қарзи 5631-TJ, гранти D055-TJ ва гранти TF0A1735) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (маблағгузории иловагии лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ II) ва Мактуб-созишнома дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаҳо оид ба маблағгузорӣ (қарзи 5631-TJ, гранти D055-TJ ва гранти TF0A1735) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» 25 июни соли 2021 ба имзо расидааст.

Ҳаҷми маблағи иловагии ҷалбшуда 6,0 млн. доллари амрикоии грантиро ташкил медиҳад ва он пурра аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ҷудо карда мешавад.

Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофият дар идоракунии молияи давлатӣ, беҳтар намудани назорати хароҷоти давлатӣ ва ҳисоботдиҳӣ, автоматикунонии низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ, такмили низоми электронии хариди давлатӣ, такмили аудити беруна ва идоракунии муосири низоми пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Маблағҳои иловатан ҷалбшуда аз рӯи афзалият ба ҳадафҳои зикршуда, инчунин, барои таҷдиди сохтор, маблағгузории чорабиниҳои маҷмӯии дар лоиҳаи «Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ марҳилаҳои I ва II» ба нақша гирифташуда равона мегардад.

Ҳаҷми умумии маблағҳои ҷалбшуда бо дарназардошти маблағгузории иловагӣ дар ин самт 25,8 млн. доллари амрикоии грантиро ташкил хоҳад дод ва муҳлати тат­биқи он то соли 2025 муқаррар карда шудааст.

Бо пешниҳоди маълумоти мазкур аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Гулбаҳор Назирӣ дода мешавад. Марҳамат.

Гулбаҳор НАЗИРӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (маблағгузории иловагии лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ II) ва Мактуб-созишнома дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаҳо оид ба маблағгузорӣ (қарзи 5631-TJ, гранти D055-TJ ва гранти TF0A1735) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Ҳадаф аз он баланд бардош­тани самаранокӣ, назорат ва ҳисоботдиҳии хароҷоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маблағгузории иловагии пешниҳодшуда барои таҷдиди сохтор, васеъ кардани миқдор ва бартараф намудани норасоии маблағгузорӣ барои анҷом додани чорабиниҳои ба нақша гирифташуда дар доираи лоиҳаи амалкунанда ба татбиқи низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ (TFMIS) равона мегардад.

Созишнома бо тартиби муқаррарнамудаи Дастури Маҷлиси намояндагон ҳама расмиётро гузашт ва дар Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳодкарда созишномаро ҷонибдорӣ намуданд.

26 июни соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва иштирокчиёни ҷаласа қабули онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Созишнома ба моддаи 57 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ба моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (маблағгузории иловагии лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ II) ва Мактуб-созишнома дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаҳо оид ба маблағгузорӣ (қарзи 5631-TJ, гранти D055-TJ ва гранти TF0A1735) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19 дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва уқёнуси Ором» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд» мегузарем.

Аз рӯи он сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин Қаҳҳорзода:

- Муҳтарам  Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон вобаста ба таъмини беҳдошти вазъи саломатии аҳолӣ дар шароити имрӯзаи эпидемиологӣ тадбирҳо барои ҷалби маблағҳои иловагӣ дар самти пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 мунтазам роҳандозӣ шуда истодааст. Дар робита ба ин, ба баррасии шумо Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19 дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва уқёнуси Ором», ки 21 июни соли 2021 ба имзо расонида шудааст, пешниҳод мегардад.

Маблағи умумии лоиҳа 26,8 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 25,0 млн. доллари амрикоии грантии маблағҳои Бонки осиёии рушд ва 1,8 млн. доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мебошад.

Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа ин дар ҳаҷми 3 млн. воя (яъне — доза) харидорӣ намудани ваксина бар зидди бемории сироятии COVID-19 бо қуттиҳои махсуси бехатарӣ ва сӯзандоруҳо, инчунин, ба маҳалҳои муайяни ҷумҳурӣ дастрас намудани ваксина ва татбиқи барномаи эмгузаронӣ ба ҳисоб меравад.

Анҷоми тадбирҳои дар лоиҳа пешбинишуда аз санаи эътибори расмӣ пайдо кардани созишнома, яъне соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2023 пешбинӣ шудааст.

Бо пешниҳоди маълумоти мазкур аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ғиёсиддин Ашӯрзода дода мешавад. Марҳамат.

Ғиёсиддин Ашӯрзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Бинобар, вазъияти баамаломадаи ҷаҳони муосир, ки мавҷи нави пандемияи коронавирус фарогир шуда истодааст,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зарур медонад, ки  барои расонидани ваксинаҳои зидди бемории сироятии COVID — 19 ба аҳолии кишвар  чораҳои судманд, яъне эмгузарониро идома диҳад. Вобаста ба ин Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID — 19 дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва уқёнуси Ором» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд  аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  пешниҳод гардидааст.

Созишнома ба моддаи 57 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки тасдиқи созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID -19 дар доираи Фонди дастрасии  ваксина  дар Осиё ва уқёнуси Ором» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд»  шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъала сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 3 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.

Ҳадафи асосӣ аз он идомаи ислоҳот дар самти маъмурикунонии андоз, аз ҷумла сода намудани низоми андозбандӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, инчунин, беҳтар намудани риояи ихтиёрии қонунгузорӣ дар соҳаи андоз аз ҷониби андозсупорандагон мебошад.

Дар доираи маблағҳои пешбинишуда 37,5 млн. доллари амрикоӣ барои татбиқи чорабиниҳои содагардонии низоми андоз, баланд бардоштани сифати хизматрасонии андозсупорандагон ва такмили риояи ихтиёрии қонунгузорӣ дар соҳаи андоз, ки аз «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз дар Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» бармеояд, равона мегардад.

Инчунин, 12,5 млн. доллари амрикоӣ барои харидории таҷҳизот ва барномаи таъминотӣ ҷиҳати автоматикунонии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва равандҳои тиҷорат, такмили технологияи иттилоотию коммуникатсионии соҳавӣ ва идоракунии лоиҳа иборат мебошад. Амалинамоии лоиҳа аз соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он дар соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.

Бо пешниҳоди маълумоти мазкур аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Азиз Гиёзода дода мешавад. Марҳамат.

Азиз ГИЁЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Бояд қайд кард, ки амалиёти мазкур сода намудани низоми андоз, баланд бардоштани сифати хизматрасонии андозсупорандагон ва беҳтар намудани риояи ихтиёрии қонунгузорӣ дар соҳаи андоз мебошад.

Созишномаро кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ намуда, ҳама расмиёти дохилиро дар Маҷлиси намояндагон гузаштааст.

Он ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки тасдиқи созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи навкунии низоми миллии омор) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» мегузарем.

Аз рӯи он сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин Қаҳҳорзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи навкунии низоми миллии омор) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд  25 июни соли 2021 ба имзо расидааст.

Ҳаҷми маблағи умумии созишнома 10,0 млн. доллари амрикоии грантиро ташкил медиҳад, ки он аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ҷудо карда мешавад.

Лоиҳаи навкунии низоми миллии омор аз се қисмат иборат буда, ҳадафи асосии он мусоидат ба навкунии низоми омори давлатӣ тавассути роҳандозии чорабиниҳо дар самти фарогирӣ ва пешниҳоди маълумоти боэътимоду саҳеҳ, инчунин, дастрасӣ ба маҷмӯи маълумоти оморӣ мебошад.

Дар лоиҳа татбиқи нақшаи чорабиниҳои марҳилаи якуми «Стратегияи миллии рушди омори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳамчун асос шудааст.

Барои татбиқи қисмати аввали лоиҳа 4,2 млн. доллари амрикоӣ пешбинӣ гардида, дар доираи он амалӣ намудани тадбирҳо дар самти мустаҳкам намудани иқтидори институтсионалии Агентии омор ва беҳтар намудани инфрасохтори технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионии он, аз ҷумла такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва низоми идоракунии захираҳои инсонӣ, ҳифзи маълумоти инфиродӣ ва махфӣ нигоҳ доштани он, навкунии инфрасохтори технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва марказӣ, заминагузорӣ барои таъсиси реестри аҳолӣ, таъсиси низоми миллии маълумоти маҷмӯӣ ва дигар чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.

Татбиқи қисмати дуюми лоиҳа 5,34 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, он асосан, барои тақвияти низоми ташаккул, паҳнкунӣ ва истифодаи маълумоти оморӣ, аз ҷумла, баланд бардоштани сифати таҳқиқоти оморӣ, ҷамъоварии электронии маълумот ва истифодаи он, бахусус ташаккули низоми маълумоти миллии омориро дар бар мегирад.

Қисмати сеюми лоиҳа ба идоракунии худи лоиҳа тааллуқ дошта, бо ин мақсад аз ҳаҷми умумии маблағгузории лоиҳа 500 ҳазор доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.

Татбиқи лоиҳа аз соли 2021 оғоз гардида, анҷоми он соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.

Бо дарназардошти маълумоти пешниҳодшуда ва муҳимияти коркарди маълумоти дақиқу боэътимоди оморӣ дар раванди таҳияи дурнамоҳои давлатӣ ва таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи грантии пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ғиёсиддин Ашӯрзода дода мешавад. Марҳамат.

Ғиёсиддин АШӮРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи навкунии низоми миллии омор) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Ҳадафи асосии он мусоидат ба навкунии низоми омори давлатӣ ҷиҳати дастгирии самараноки сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Созишномаи зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ намуданд. Он тибқи Дастури Маҷлиси намояндагон расмиёти дохилиро гузаштааст.

Созишнома ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи навкунии низоми миллии омор) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ аз ҳисоби Фонди иқлими сабз (маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи «Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии  иқлим ва кам кардани таъсири он  дар ҳавзаи баҳри Арал») байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин Қаҳҳорзода:

- Муҳтарам  Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ аз ҳисоби Фонди иқлими сабз (маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи «Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал») байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 25 июни соли 2021 ба имзо расидааст.

Маблағи иловагии ҷалбшуда 9,0 млн. доллари амрикоии грантиро ташкил медиҳад ва он аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ҷудо карда мешавад.

Лоиҳаи «Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал»  минтақавӣ буда, маблағгузории маҷмӯии он аз ҳисоби Фонди иқлими сабз дар ҳаҷми умумии 19,0 млн. доллари амрикоӣ амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон 9,0 млн. доллар, барои Ҷумҳурии Ӯзбекистон 9,0 млн. доллар ва барои Фонди байналмилалии наҷоти Арал 1,0 млн. доллар ҷудо мегардад.

Мақсади асосии лоиҳа тақвияти дастрасии минтақавии ҳамоҳангшуда ба хизматрасониҳои илмӣ оид ба тағйирёбии иқлим, коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба аҳолии деҳот тавассути пешгирӣ намудани таназзулёбии чарогоҳҳо, беҳтар кардани идоракунии об барои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар чорабиниҳо вобаста ба коҳишдиҳии тағйирёбии иқлим мебошад.

Лоиҳа дар ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим, Данғара, Восеъ, Деваштич, Конибодом, Лахш ва Нуробод татбиқ мегардад.

Аз ҳаҷми умумии маблағи ҷудошуда 8,5 млн. доллари амрикоӣ барои таъмини хоҷагиҳо бо техникаи кишоварзӣ, таъмири шабакаҳои ирригатсионии дохили хоҷагиҳо, барқарорсозии чарогоҳҳо, тақвияти иқтидор, дастгирии ҷомеа ва самтҳои дигар равона карда мешавад.

Татбиқи лоиҳа аз соли 2021 оғоз гардида, анҷоми он соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.

Бо пешниҳоди маълумоти мазкур аз шумо, вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Мирзоанвар Ахмедов дода мешавад. Марҳамат.

Мирзоанвар АХМЕДОВ:

- Муҳтарам  Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ аз ҳисоби Фонди иқлими сабз (маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи «Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал») байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз он тақвияти дастрасии минтақавии  ҳамоҳангшуда ба хизматрасониҳои беҳтаршудаи илмӣ оид ба тағйирёбии иқлим барои ҷонибҳои манфиатдор, афзоиши сармоягузорӣ – маблағгузории бенефитсиарҳои зергрантӣ ва таҳкими иқтидори соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Созишнома бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2021 барои  хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Мутобиқ ба Дастури Маҷлиси намояндагон нисбат ба созишнома расмиёти дахлдор татбиқ гардида, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкарда онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул созишномаи мазкурро 26 июни соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон  Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд. Он ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 11, 12, 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Бинобар ин, аз шумо — вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқи Созишнома оид ба маблағгузорӣ аз ҳисоби Фонди иқлими сабз (маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи «Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал») байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушдро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ аз ҳисоби Фонди иқлими сабз (маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи «Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» ба овоз монда  шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи баланд бардоштани устувории кишоварзӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи баланд бардоштани устувории кишоварзӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 21 июни соли 2021 ба имзо расидааст.

Маблағи умумии лоиҳа 58,0 млн. доллари амрикоии грантиро ташкил медиҳад ва он пурра аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи байналмилалии рушд амалӣ карда мешавад.

Лоиҳа бо мақсади мустаҳкам намудани заминаҳои рушди соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ тавассути тақвияти идоракунии институтҳои давлатӣ, воридоти тухмии хушсифат ва ниҳолҳои ба иқлим тобовар, инчунин, таъмини дастрасии васеи онҳо ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, таъсиси шабакаҳои агрологистикӣ ва ташкили хизматрасониҳо дар ин самт ба деҳқонон ва корхонаҳои кишоварзӣ, татбиқ карда мешавад.

Лоиҳа аз чор қисмат иборат буда, қисмати якуми он, ки 27,7 млн. доллари амрикоиро дар бар мегирад, ба такмили системаҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ марбут ба истеҳсоли тухмӣ, парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳо равона шудааст. Бояд қайд намуд, ки ин иқдоми муҳим дар самти дастгирии тақвияти иқтидори илмии соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва ҳамчунин, дастгирии давлатии хоҷагиҳои тухмипарварии давлатӣ ва хусусӣ маҳсуб меёбад.

Маблағи қисмати дуюми лоиҳа 14,0 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, он барои маблағгузории таъсис ва сохтмони марказҳои агрологистикӣ ҷиҳати беҳтар намудани занҷираҳои арзишии меваю сабзавот равона мегардад. Қисмати сеюми лоиҳа 13,3 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, он барои тақвияти иқтидори муассисаҳои давлатӣ ҷиҳати пешгирӣ ва идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ пешбинӣ шудааст. Қисмати чорум ба таври умум, ин идоракунии лоиҳа буда, маблағгузории он дар ҳаҷми 3,0 млн. доллари ИМА пешбинӣ шудааст. Татбиқи лоиҳа соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.

Бо дарназардошти саҳми соҳаи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, бахусус афзалияти он дар шароити кунунии вазъи эпидемиологии ҷаҳонӣ аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Мавзуна Шамсиддинзода дода мешавад. Марҳамат.

Мавзуна ШАМСИДДИНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи баланд бардоштани устувории кишоварзӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд дар шаҳри Душанбе  ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Ҳадафи асосии лоиҳа мустаҳкам намудани заминаи бахши устувори соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон тавассути зиёд кардани дастрасии тухмии хушсифат, ниҳолҳои ба иқлим тобовар, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонии агрологистикии деҳқонон ва корхонаҳои кишоварзӣ, тақвияти идоракунии институтҳои давлатӣ  барои сатҳи омодагӣ ва вокуниш мебошад.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2021  барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Нисбати созишнома  дар асоси қарори Шӯро ва мутобиқи Дастури Маҷлиси намояндагон тамоми расмиёти дахлдор татбиқ карда шудааст, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкарда онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 26 июни соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Созишнома ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 11 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз шумо — вакилон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки тасдиқи созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи баланд бардоштани устувории кишоварзӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмиалии рушд» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Дастгирии ғизои мактабӣ» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Дастгирии ғизои мактабӣ» 25 июни соли 2021 ба имзо расидааст.

Барои татбиқи он зиёда аз 1,3 млн. доллари амрикоии грантӣ аз ҳисоби маблағҳои гранти Федератсияи Россия тавассути Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ҷалб карда мешавад. Муҳлати амали лоиҳа солҳои 2021-2024-ро дар бар мегирад.

Лоиҳаи «Дастгирии ғизои мактабӣ» 28 мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла Балҷувон, Данғара, Фархор, Дӯстӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг, Кӯлоб, Мӯъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Темурмалик, Вахш ва ноҳияи Восеъ, фаро мегирад. Тақрибан 3000 нафар мактаб­бачагони синфҳои аз 1 то 4-уми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои зикршуда аз татбиқи он бархӯрдор мегарданд.

Лоиҳаи мазкур аз се қисмат, аз ҷумла cафарбаркунӣ, таҳкими иқтидор ва идоракунии дониш, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти озуқаворӣ дар мактаб, истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ берун аз мактаб ва аз қисмати идоракунии лоиҳа иборат мебошад.

Маҷмӯан, дар доираи татбиқи лоиҳа анҷом додани тадбирҳо дар самти харидории таҷҳизот, тухмиҳои зарурӣ барои боғҳои мактабӣ, таъмири мактабҳо, таъминоти оби нӯшокӣ,  сохтмони анбор ва гармхонаҳо, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои ғизои мактабӣ, нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар мактабҳо, пешниҳоди грантҳо ба хоҷагиҳои хурд барои бунёди гармхонаҳо ва харидории таҷҳизоти дахлдори истеҳсолӣ ва таҷҳизоти кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, дар лоиҳа 200,0 ҳазор доллари амрикоӣ барои дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятӣ, агрономҳо, таҳия ва чопи матолиби  иттилоотӣ, гузаронидани омӯзишҳо бо мақсади  баланд бардоштани иқтидори мактабҳо ва муассисаҳои дахлдор барои идоракунии инфрасохтори истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ ҷудо карда шудааст.

Бо дарназардошти маълумоти пешниҳодшуда, аз шумо — вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сурайё Дӯстмуродзода дода мешавад. Марҳамат.

 Сурайё ДӮСТМУРОДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Дастгирии ғизои мактабӣ» дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ  ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз он  мусоидат намудан  ба беҳтар намудани ғизои хонандагони мактабҳои ноҳияҳои вилояти Хатлон мебошад. Арзиши умумии лоиҳа 1,57  млн. доллари амрикоиро  ташкил дода, аз он 1,32 млн. доллар гранти Федератсияи  Россия тавассути Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ва 0,25 млн. доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври озодкунӣ аз андозҳо пешбинӣ гардидааст.

Созишнома бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2021 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Мутобиқ ба Дастури Маҷлиси намояндагон тамоми расмиёти дахлдор татбиқ гардида, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳо созишномаро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 26 июни соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои ҳуқуқӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Созишнома ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 11, 12, 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз шумо — вакилон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки тасдиқи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Дастгирии ғизои мактабӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Дастгирии ғизои мактабӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (Лоиҳаи кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе) мегузарем. Аз рӯи он сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:

 - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (Лоиҳаи кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе) 22 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст.

Дар иртибот ба он бояд қайд намуд, ки 25 июни соли 2021 байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаи мазкур ба маблағи 25,0 млн. доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расонида шудааст. Маблағи он ба муҳлати 15 сол, ки аз он се соли имтиёзнок мебошад, бо меъёри Либор+1 фоиз ҷалб карда шуд.

Дар доираи лоиҳа насби ҳисобкунакҳои электронии барқӣ, ноқилҳои гуногуншиддати барқӣ, трансформаторҳои гуногуншиддат, ҷорӣ намудани низоми назорат ва ҳисоби неруи барқ ба нақша гирифта шудааст.

Созишнома ҳамчун ҳамммаблағгузории Барномаи рушди соҳаи энергетика, дар ҳамкории Бонки осиёии рушд (85,5 млн.) ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (25,0 млн.) ба маблағи умумии 110,0 млн. доллар дар шаҳрҳои Душанбе, Бӯс­тон, Панҷакент, Исфара, Истаравшан, Конибодом ва ноҳияи Данғара татбиқ мешавад.

Бо амалишавии лоиҳа талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ кам гардида, системаи баҳисобгирии биллингӣ ва насбу васли таҷҳизоти баҳисобгирандаи электронии интеллектуалӣ ҷорӣ гардида, идоракунии устувор ва корпоративӣ дар соҳаи барқ таъмин мегардад. Татбиқи он солҳои 2021-2026 ба нақша гирифта шудааст.

Бо пешниҳоди маълумоти мазкур ва иҷрои уҳдадориҳои давлатӣ дар назди ташкилоти маблағгузор, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва  коммуникатсия Музаффар Маҳмудзода дода мешавад. Марҳамат.

Музаффар МАҲМУДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (Лоиҳаи кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе) аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Баъди натиҷаҳои  мусбати татбиқи лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд» бо дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки аврупоии таҷдид ва рушд тасмим гирифтааст, ки маблағгузории чунин лоиҳаҳоро дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монад.

Татбиқи лоиҳа дар шаҳри Душанбе амалӣ гардида, маблағи умумии он 25,0 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷудо карда мешавад. Лоиҳаи мазкур насби зиёда аз 396 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқӣ ва 1692 км ноқилҳои гуногуншиддати барқиро ба нақша гирифтааст.

Кумитаи масъул 26 июни соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.

Он ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои  байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқ намудани онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (Лоиҳаи кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе)» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба маб­лағгузорӣ (маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи электрификатсияи деҳот) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъала сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи электрификатсияи деҳот) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 25 июни соли 2021 ба имзо расидааст.

Маблағи иловатан ҷалбшуда 10,0 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва он пурра аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд маблағгузорӣ карда мешавад.

Эҳтиромона ёдрас менамоям, ки тибқи Созишномаи грантии асосии лоиҳа, ки соли 2019-ум ба имзо расонида шуда буд, татбиқи лоиҳа ба маблағи   31,7 млн. доллари амрикоӣ дар 74 деҳаи ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ва 61 деҳа дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Ишкошим, Шуғнон ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон барои беҳтар намудани дастрасии аҳолии деҳот ба барқ, амалӣ шуда истодааст.

Аз ҳаҷми умумии маблағҳои иловатан ҷалбшуда 9,9 миллион доллари амрикоӣ барои бунёди хати интиқоли барқи 110 кВ аз шаҳри Хоруғ то ноҳияи Ишкошим ба масофаи 63 км ва 100 ҳазор доллари амрикоӣ барои идоракунӣ ва назорати татбиқи лоиҳа равона карда мешавад.

Ҳадафи маҷмӯии лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» таъмини устувории шабакаҳои барқии шиддати баланди низоми энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дастрасӣ ба неруи барқ ва афзун намудани иқтидори содиротии кишвар ба ҳисоб меравад.

Азхудкунии маблағҳои иловагӣ дар доираи лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот» аз соли 2021 оғоз гардида, анҷоми маҷмӯии лоиҳа соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.

Бо таваҷҷуҳ ба маълумоти манзуршуда аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Комрон Исмоилиён дода мешавад. Марҳамат.

Комрон Исмоилиён:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи электрификатсияи деҳот) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуда, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа таъмини дастрасӣ ба неруи барқ дар маҳалҳои аҳолинишини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, баланд бардоштани сатҳи эътимоднокии таъминоти барқ ба истеъмолгарони ба шабакаҳои дар Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон пайвастгардида мебошад.

Лоиҳаи электрификатсияи деҳот лоиҳаи амалкунанда ба шумор рафта,  он ба «Стратегияи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Умумиҷаҳонӣ барои солҳои 2019-2023» ворид карда шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳо тасдиқ намудани онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 26 июни соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳо, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия созишномаро мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқ намудани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Созишнома ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқ намудани созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи электрификатсияи деҳот) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» ба овоз монда шуда қарор қабул гардид.

Маҳмадалӣ ВАТАНЗОДА:

- Вакилони муҳтарам, ҷаласаро идома медиҳем.

Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» шурӯъ менамоем.

Ҳоло аз рӯи ин масъала бо камоли эҳтиром сухан ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоир Зоир дода мешавад. Марҳамат.

(Гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар шумораи №87 — 88 (4349 — 4350)-и рӯзнома муфассал нашр гардид).

Маҳмадалӣ ВАТАНЗОДА:

- Вакилони гиромӣ!

Гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба охир расид.

Лозим аст, ки оид ба ­масъалаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намоем.

Лоиҳаи қарор дар дасти шумо ҳаст. Хоҳиш мекунам, нисбати он мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Вакилони арҷманд!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд.

Доир ба рафти ҷаласа ягон эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Бо ҳамин ҷаласаи хотимавии ­Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон садо медиҳад).

РАИС: - Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона миннатдорӣ баён мекунам.

Саломату сарбаланд бошед!

Самариддин АСОЕВ,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ