Панҷуми декабри соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд.
РАИС: - Вакилони муҳтарам!
Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 62 нафар вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
РАИС: — Вакилони муҳтарам! Чанд муддат аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи саломатии мардум фикру мулоҳизаҳои ҷолиби диққат иброз менамоянд. Беҳуда нест, ки чанде пеш лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд. Дар онҳо сухан асосан дар бораи пурзӯр кардани ҷавобгарии шахсоне меравад, ки ба масъалаи ҳифзи саломатии мардум масъул мебошанд.
Вируси норасоии масунияти одам ва беҳтар кардани таркиби ғизои кӯдакон аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки ҳамаро ба ташвиш овардааст. Солҳои охир, мутаассифона, аксарияти модароне, ки кӯдак таваллуд мекунанд, барои тифлон аз ғизои сунъӣ истифода мебаранд. Ҳол он ки саломатии кӯдак дар солҳои минбаъда аз ғизое, ки дар соли аввали ҳаёташ ба ӯ дода шудааст, вобастагии калон дорад.
Масъалаи дигар воридоти дорувории пастсифат ва муҳлаташ гузашта мебошад, ки зиёд ба мушоҳида мерасад. Дар робита ба ин, масъулияти Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ боз ҳам бештар мегардад ва масъулини он вазифадоранд, ки ба ворид шудани маводи дорувории пастсифат ва муҳлаташон гузашта садд гузоранд.
Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Бо дарназардошти он ки лоиҳаи қонунҳо мазмунан ба ҳам хеле қаробат доранд, пешниҳод менамоям, ки баромади вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Олимзода Насим Ҳоҷа оид ба ҳар ду масъала якҷо пешниҳод карда шавад.
Сухан ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Ҳоҷа дода мешавад.
ОЛИМЗОДА Насим Ҳоҷа:
- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси дастуру ҳидоятҳояшон, ки зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш — 1 сентябри соли 2018 баён доштанд, таҳия гардидааст.
Дар ин суханрониашон Пешвои миллат нигаронии худро аз сатҳи пасти назорати сифати маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, воридоти дорувории пастсифат изҳор намуда, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода буданд, ки дар масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, доир ба пурзӯр намудани ҷавобгарӣ, бахусус, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои воридоту муомилоти маводи дорувории бесифат, қалбакӣ ва муҳлати истифодааш гузашта, қочоқи доруворӣ ва истеҳсолу фурӯши маводи ғайристандартӣ, чораҷӯйӣ намояд.
Илова бар ин, дар он суханронӣ масъалаи баланд бардоштани масъулияти кормандони тиб, аз ҷумла, стоматологҳо, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо барои ба бемориҳои сироятӣ гирифтор нашудани шаҳрвандон зимни табобати беморон ва хизматрасонӣ ба онҳо қайд гардида, дастур дода шуд, ки барои кормандони муассисаҳои табобати дандон, сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн, ки боиси ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани одамон мегарданд, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шавад.
Бояд зикр намуд, ки муомилоти маводи дорувории қалбакӣ ва муҳлати истифодаашон гузашта танҳо хоси давлати мо нест. Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар ҷаҳон тақрибан 12 фоизи маводи дорувории дарфурӯшбуда қалбакӣ аст.
Вобаста ба сатҳи рушди давлатҳо ин рақам кам ё зиёд буда метавонад. Аз рӯи баъзе маълумотҳо, муомилоти ғайриқонунии доруворӣ баъди фурӯши маводи мухаддир ва силоҳ фаъолияти ғайриқонунии даромаднок ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, аксари давлатҳо барои муомилоти дорувории қалбакӣ вазнинтарин ҷазо, ҳатто ҷазои қатлро, татбиқ мекунанд. Вақте ки шахс барои манфиати шахсӣ солимии дигар аъзои ҷомеаро сарфи назар мекунад, ягона чораи пешгирикунанда ин вазнин кардани ҷазо боқӣ мемонад.
Дар асоси супоришҳо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масъалаҳои зикргардидаро мавриди омӯзиши амиқ қарор дод. Бояд қайд кард, ки масъалаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ ворид намудан ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат ва қалбакӣ, ғайристандартӣ ташвиши Пешвои миллат ва мардуми Тоҷикистонро ба вуҷуд овардааст.
Мувофиқи ҳисоботи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ қариб 127 тонна маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талабот ҷавобгӯнабуда, аз муомилот гирифта, несту нобуд карда шудааст. Табиист, ки на ҳама чунин молу маҳсулот ошкор ва гирифта мешавад.
Аз ин ҳисоб қариб 95 тоннаи онро маводи доруворӣ ташкил медиҳад. Қариб 40 тонна маводи дорувории гирифташуда муҳлати истифодаашон гузашта мебошад. Тасаввур кардан мушкил нест, ки барои харидории ин миқдор дору чӣ қадар маблағи одамон хароҷот мегардид ва он чӣ андоза зиён ба саломатии инсонҳо расонида метавонист. Барои ин қонуншиканӣ беш аз панҷсад парвандаи маъмурӣ оғоз ва аз ҳуқуқвайронкунандаҳо як миллиону сад ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. Дар муқоиса бо маводи ошкоршуда, албатта, ин нишондиҳандаи ночиз аст.
Бинобар ин, тасмим гирифта шуд, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои содир намудани ин кирдор пурзӯр карда шавад. Мувофиқи тағйироти ба моддаи 121 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешниҳодшаванда, андозаи ҷаримаҳо баланд бардошта шуда, барои шахсони воқеӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (нбҳ) (ба ҷои 40-50 нбҳ), барои шахсони мансабдор аз яксаду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ба ҷои 50- 100 нбҳ) ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ба ҷои 100- 200 нбҳ) ҷарима пешбинӣ мегардад.
Инчунин, ба ин модда қисми дуюм илова карда шуда, барои такроран, яъне барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ содир намудани кирдорҳои дар боло зикргардида, ҷазои маъмурии нисбатан вазнинтар пешбинӣ гардид.
Ҳамчунин, ба моддаи 2101 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид ва ҷазоҳои ҷиноятии амалкунанда пурзӯр карда шуданд. Аз ҷумла, барои ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯнабуда, инчунин дорувории муҳлати истифодааш гузашта ба миқдори калон (қисми якуми моддаи 2101) ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз панҷоҳ то сад ҳазор сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
Ҷазои ҷаримаи дар қисми дуюми моддаи номбурда пешбинигардида низ ду баробар зиёд карда шуда, аз ду ҳазор то чор ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳоро (аз сад то дусад ҳазор сомонӣ) ташкил медиҳад. Ҳамчунин, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, ки аз ду то панҷ солро ташкил медод, баланд бардошта шуда, акнун аз панҷ то ҳашт солро дар бар мегирад. Муҳлати ҷазои иловагӣ низ баланд бардошта мешавад.
Ҳамчунин, ҷазои дар қисми сеюми моддаи болозикр муайянгардида низ тағйир дода, ба ҷои аз панҷ то ҳашт сол маҳрум сохтан аз озодӣ акнун аз ҳашт то дувоздаҳ сол маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар карда мешавад.
Масъалаи дигаре, ки дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардида буд, аз ҷониби кормандони тиб ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои касбиашон мебошад. Мутаассифона, дар баъзе аз мавридҳо вазифаҳои касбиро номатлуб иҷро намудани кормандони тиб мушоҳида мешавад, ки дар натиҷа ба саломатии одамон зарар мерасад. Дар ин росто, бахусус ба бемориҳои вазнин сироят ёфтани баъзе беморон дар натиҷаи муносибатҳои хунукназарона ва бепарвоёнаи табибон ташвишовар мебошад. Ҳолатҳои дар натиҷаи ин амалҳо ба вируси норасоии масунияти одам ё гепатитҳои В ва С ё дигар бемориҳои вазнин гирифтор шудани одамон ба чашм мерасанд. Дар ҳоле ки гирифторони ин бемориҳо дар мамлакат зиёданд, кормандони тиб бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳанд.
Бо дарназардошти ин ҳолатҳо, бо мақсади баланд бардоштани масъулияти табибон ба моддаи 129 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои аз ҷониби табибон номатлуб иҷро намудани вазифаҳои касбӣ пешбинӣ мекунад, тағйирот ворид карда мешавад. Ҷазои дар қисми дуюм пешбинигардида, ки аз се то панҷ сол маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ мекард, ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол иваз карда шуда, ҷазои дар қисми сеюм пешбинигардида (аз панҷ то ҳашт сол маҳрум сохтан аз озодӣ) аз ҳашт то дувоздаҳ сол маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ мегардад.
Дар моддаи 207 Кодекси ҷиноятӣ низ дар таҳрири нав ҷавобгарӣ барои вайрон намудани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ мушаххас ва пурзӯр карда шудааст. Зарурияти тағйирот дар ин қисм аз он сарчашма мегирад, ки вайрон намудани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ аз ҷониби кормандони баъзе соҳаҳои хизматрасонӣ (аз ҷумла, сартарошҳо, кормандони кошонаҳои ҳусн, холкӯбҳо, пирсинг ва ғайра) боиси пайдо шудани бемориҳои зиёди сироятӣ мегардад. Аз ҷониби кормандони зикргардида хавфи паҳн намудани вируси норасоии масунияти одам, гепатитҳои вирусӣ ва дигар бемориҳо баланд арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, ҷазои дар қисми якуми ин модда пешбинишаванда баланд бардошта, ба ин модда қисми дуюм илова карда мешавад. Дар он ҷавобгарӣ барои вайрон намудани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, ки боиси расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё мубталои вируси норасоии масунияти одам ё марги инсон гардида бошад, пешбинӣ мегардад. Ҷазо дар ин маврид аз панҷ то даҳ сол маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ шудааст.
Бо дарназардошти муҳимияти масъалаҳои гузошташуда, аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамоям лоиҳаи пешниҳодшудаи қонунҳоро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.
САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1990 аз 27 ноябри соли 2018 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.
Он бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва ба муомилот баровардани доруворӣ ва хӯроквории бесифат, қалбакӣ, ғайристандартӣ ва ё муҳлати истифодаашон гузашта ё истеҳсол кардани онҳо, ҳамчунин баҳри ҳимояи ҳаёту саломатии инсон, пешниҳод гардидааст.
Бояд гуфт, ки оид ба масъалаи паст будани сифати доруворӣ ва хӯроквории бесифат, қалбакӣ, ғайристандартӣ ё муҳлати истифодаашон гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид ва оид ба мубориза бар зидди онҳо супоришҳои қатъӣ дода буданд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 таъкид шуда буд, ки: «Назорати қатъии сифати доруворӣ яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Зеро то ба ҳол доруворӣ асосан аз хориҷи кишвар ворид шуда, сифати он дуруст муайян карда намешавад. Имрӯзҳо масъалаи маводи дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгӯй набудани он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёре аз кишварҳои дунё мавриди нигаронӣ қарор дорад. Ба табобати беморон ҳамон вақт кафолат дода мешавад, ки агар сифати доруворӣ таъмин карда шавад. Аз ин рӯ, вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки барои кам кардани муомилоти дорувории қалбакӣ ва пастсифат дар мамлакат чораҳои зарурӣ андешанд».
Вакилони муҳтарам, қабули лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда чораҷӯие аст ба хотири амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд.
Мувофиқи лоиҳаи қонуни мазкур, матни моддаи 121 қисми 1 ҳисобида ва санксияи он дар таҳрири нав ифода карда мешавад. Яъне, мувофиқи тағйироти пешниҳодгардида, акнун барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани доруворӣ ва иловаҳои хӯрокворӣ, истеҳсол кардан, ба муомилот баровардани онҳо, истифода бурдани доруворӣ ва иловаҳои хӯроквории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ё ба талаботи стандартҳои муқарраршуда номувофиқ, инчунин муҳлати истифодаашон гузашта ҳангоми набудани аломати ҷиноят, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷоҳ то сад, ба шахсони мансабдор аз яксаду панҷоҳ то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад.
Ҳамчунин, ба моддаи мазкур қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда мешавад:
«2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сад то дусад, ба шахсони мансабдор аз сесад то панҷсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад.».
Аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастгирӣ ёфта, ҷиҳати такмил як пешниҳод манзур гардид, ки он ба инобат гирифта шуд.
Кумитаи масъул 29 ноябри соли 2018 лоиҳаи қонуни мазкурро бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Азизӣ Абдуҷаббор, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи васеъ баррасӣ намуда, такмил доданд.
Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Вакилони муҳтарам! Дар ҷаласа муовини сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Давлатов иштирок дорад. Ҳоло сухан ба ӯ дода мешавад.
Маҳмадалӣ ДАВЛАТОВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Хадамот дар маркази вилоятҳо сарраёсат ва раёсатҳо дорад. Онҳо корхонаи воҳиди давлатӣ таъсис намудаанд, ки бо бинову таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошанд. Ин имкон медиҳад, ки маводи доруворие, ки ба ҷумҳурӣ ворид мегардад, аз ташхис гузаронида шавад. Дар соли 2017 беш аз 300 номгӯй маводи дорувориро ошкор намудем, ки ҷавобгӯи стандартҳо набуданд. Дар соли 2018 ин номгӯй ба 504 расид. Бояд зикр намуд, ки беш аз 300 номгӯи он то ворид шудан ба бозор ошкор карда шуд. Мо ният дорем, ки бо харидории таҷҳизоти навтарин корро дар ин самт вусъат бахшида, санҷиши сифати дорувориро беҳтар намоем. Илова бар ин, саъй дорем, ки ҳиссаи хариди расмии маводи дорувориро афзоиш диҳем.
Бовар дорам, ки баъди қабули лоиҳаи қонунҳои мавриди баррасӣ назорат дар самти таъмини дорувории босифат ва маводи ғизоии барои кӯдакон пешбинишуда боз ҳам ҷиддӣ мешавад. Соҳибкороне, ки бо воридоти маводи доруворӣ машғул мебошанд, дарк менамоянд, ки ҷазо барои вайрон кардани қонун сангин мешавад.
РАИС: — Дар ин маврид корҳои фаҳмонидадиҳӣ бисёр муҳим хоҳад буд. Барои фаҳмонидани моҳияти тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷорӣ аз матбуот, радио ва телевизион васеъ истифода кардан лозим меояд. Санҷишҳое, ки Хадамот ва сарраёсату раёсатҳои он дар ҷумҳурӣ мегузаронанд, дорувории воридшударо фаро гирифта наметавонад. Ҳамон 127 тонна дорувории ба стандартҳо ҷавобгӯнабуда низ аз миёни маводи дорувории воридшуда ошкор нашудааст. Шояд он аз даҳ як ҳиссаи маҷмӯи дорувории воридшударо ташкил намояд. Аз ин бармеояд, ки агар ҷавобгарии ашхосе, ки ба воридоти маводи пастсифату қалбакии доруворӣ машғул мебошанд, сахт карда нашавад, ба беҳбудии вазъ дар ин самт умед бастан мушкил аст. Онҳо бояд дарк кунанд, ки як кори хато анҷомдодаашон боиси қатъи фаъолияташон мегардад, зеро барои ин амалашон на танҳо ҷаримаи калон месупоранд, балки аз озодӣ маҳрум карда мешаванд. Нисбат ба онҳо ҳамчунин парванда боз шуда, таҳқиқ бурда мешавад, ки кадом шахсон аз дорувории пастсифат истифода бурда, зарар ба саломатиашон расидааст ё фавтидаанд. Зарур аст, ки баъди қабули қонунҳои мавриди баррасӣ онҳоеро, ки ба ворид намудани доруворӣ машғуланд, ҷамъ карда, барояшон оқибати аъмоли ғайриқонунӣ фаҳмонида шавад.
Оид ба ин масъала кӣ савол дорад? Сухан ба вакил Абдуалимов Баҳром дода мешавад.
Баҳром АБДУАЛИМОВ: — Фурӯши доруворӣ дар дорухонаҳо чӣ гуна назорат карда мешавад? Зеро ба дилхоҳ дорухона ворид шавед, касе аз шумо дорухат талаб намекунад.
Маҳмадалӣ ДАВЛАТОВ: - Мувофиқи қоида, доруворӣ ба ду тартиб: як қисмаш бо дорухат ва қисмати дигараш бе дорухат фурӯхта мешавад. Мо ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонданӣ ҳастем, ки дар сурати пайдо шудани саволҳо ба хадамоти мо муроҷиат намоянд. Дар муассисаҳои табобатӣ бошад, мо иҷрои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро талаб мекунем, ки ҳангоми тавсияи табобат ба беморон ҳатман аз дорухат истифода намоянд.
РАИС: — Агар мушоҳида карда бошед, дар дигар кишварҳо дар дасти шахс дорухат набошад, мансубини дорухонаҳо бо ӯ умуман гап намезананд. Ба ибораи дигар, дорухате, ки аз ҷониби духтур навишта, ба бемор дода мешавад, бояд ҳисоби он бурда шавад, то ин ки маълум гардад, ки дар куҷо чӣ қадар дору фурӯхта шудааст.
Сухан ба вакил Тағоймуродов Анвар дода мешавад.
Анвар ТАҒОЙМУРОДОВ: - Ман оид ба ин масъала як пешниҳод дорам. Бо мақсади пешгирии ворид намудани дорувории ғайристандартӣ ва муҳлати истифодааш гузашта хуб мебуд ворид намудани доруворӣ ва дигар маводи фармасевтӣ аз ҷониби сектори хусусӣ манъ карда, ба зиммаи мақомоти салоҳиятдори давлатӣ гузошта шавад. Баъд дар дохили ҷумҳурӣ маводи доруворӣ ба сектори хусусӣ пешниҳод ва тақсим карда шавад.
РАИС: — Дар идомаи ин пешниҳод ман мехоҳам аз вазир савол кунам. Онҳое, ки ба воридоти доруворӣ машғуланд, оё иҷозатнома доранд?
Насим ОЛИМЗОДА: — Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 265 ширкат ба воридоти доруворӣ ва дигар маводи фармасевтӣ машғул мебошанд. Аз ҷумла, дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 106 ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, тибқи иҷозатнома, маводи доруворӣ ворид намудааст.
РАИС: — Агар ба масъала ба тарзе ки вакили муҳтарам пешниҳод мекунанд, нигарем, бояд як вазорати дигар таъсис диҳем, то ин ки ба воридоту тақсими доруворӣ машғул шавад. Ширкате, ки соҳиби иҷозатнома аст, бояд тамоми масъулият ба зиммаи он гузошта шавад.
Сухан ба вакил Латифзода Рустам дода мешавад.
Рустам ЛАТИФЗОДА: - Дар қисми якуми моддаи 121 якчанд амал номбар шудааст, ки барои онҳо ҷавобгарӣ пурзӯр карда мешавад, аз ҷумла, барои истифодаи дорувории пастсифату қалбакӣ. Аз масъулони соҳа пурсиданиам, ки барои фаҳмидани он ки маводи дорувории дар дорухона фурӯхташаванда пастсифату қалбакист, шароит муҳайё ҳаст ё не?
Маҳмадалӣ ДАВЛАТОВ: - Дар хадамот барои ҳар як дору сертификат таҳия шудааст ва ҳар як харидори дору метавонад ба мо занг зада, ҷавоб гирад, ки дорувории мавриди назараш аз ташхис гузаштааст ё не?
Дар бораи ҳама анвои доруворие, ки дар давоми панҷ соли охир ворид карда шудаанд, мо маълумот дорем. Аз ҳамаи дорухонаҳо тариқи электронӣ дар бораи дорувории аз сертификатсия гузашта маълумот пайдо кардан мумкин аст.
РАИС: — Сухан ба вакил Раҷабзода Равшан дода мешавад.
Равшан РАҶАБЗОДА: — Шахсоне, ки дар дорухонаҳо кор мекунанд, чӣ гуна ихтисос доранд? Оё масъулин санҷиш гузаронида муайян мекунанд, ки ашхоси дар дорухонаҳо ба фурӯши дору машғул мутахассис ҳастанд ё не?
Маҳмадалӣ ДАВЛАТОВ: — Тибқи қонун, танҳо он шахсоне дар дорухонаҳо барои фаъолият роҳ дода мешаванд, ки дорои маълумоти зарурии тиббӣ бошанд.
РАИС: — Мисолҳои зиёде овардан мумкин аст, ки фурӯшандаҳо баъзан дорухонаро ба духтар ё шахси наздики дигарашон монда, барои овардани дору ё анҷоми ягон кори дигар мераванд. Биноан, зарур аст, ки чунин амалҳо аз байн бурда шаванд, то ин ки хатоии ислоҳнопазир рух надиҳад.
Сухан ба вакил Қобилов Аҳматҷон дода мешавад.
Аҳматҷон ҚОБИЛОВ: — Мушоҳида мешавад, ки дар дохили беморхонаҳо нуқтаҳои доруфурӯшии зиёд амал мекунанд. Ин, албатта, ба нафъи кор аст, зеро дар шароити мавҷудияти рақобат нархҳо арзон мешаванд. Оё ягон меъёре мавҷуд аст, ки теъдоди дорухонаҳоро дар дохили беморхонаҳо ба танзим дарорад? Барои мисол шаҳраки «Шифобахш»-ро намуна овардан мумкин аст.
Насим ОЛИМЗОДА: — Имрӯз дар кишвар 2450 дорухона мавҷуд аст. Дорухонаҳое, ки дар шаҳраки «Шифобахш» (собиқ Қарияи Боло) фаъолият мекунанд, қариб ҳама дар таҳхонаҳо ҷой карда шудаанд. Бозори дору озод аст ва чӣ қадар дорухона вуҷуд доштанаш низ ба ҳамин чиз рабт мегирад.
РАИС: — Сухан ба вакил Салимзода Олим дода мешавад.
Олим САЛИМЗОДА: — Намуди зоҳирии қисмати бештари дорухонаҳо ба талабот ҷавобгӯй нест. Дар дигар кишварҳо дорухонаҳо нишонаи махсус доранд ва аз рӯи он мардум мефаҳманд, ки он ҷо дорухона аст…
Насим Олимзода: — Эроди муҳтарам вакил қобили қабул аст. Мо барои ислоҳи ин ҳолат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол кардем ва дар сурати пазируфта шудан камбудиро ислоҳ хоҳем кард.
РАИС: — Сухан ба вакил Ахмедов Ҷаббор дода мешавад.
Ҷаббор АХМЕДОВ: — Масъалаи вируси норасоии масунияти одам, воқеан ҳам, ташвишовар боқӣ мемонад. Мувофиқи маълумот, агар соли 2001 дар ҷумҳурӣ 33 гирифтори ин беморӣ ба қайд гирифта шуда бошад, ҳоло, тибқи маълумоти сохторҳои СММ, 14 ҳазор ва тибқи маълумоти маркази ҷумҳуриявӣ 10842 нафар мубталои ин беморӣ дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд. Фаъолияти шумо, муҳтарам вазир, аз мақомоти дигар соҳаҳо низ вобастагии калон дорад. Дар ин бобат оё нақшаи мушаххаси ҳамкорӣ мавҷуд ҳаст?
Саволи дуюм: Ҳоло ба соҳаи тандурустӣ маблағи зиёд ҷудо карда мешавад. Аммо вақте ки бемор қадам ба беморхона мегузорад, маводи ниёзи аввала — бинт, пахта, сӯзандору ва ғайраро бояд харида орад. Оё намешавад, ки бо фармоиши шумо — муҳтарам вазир ин кор қатъиян манъ карда шавад?
Насим ОЛИМЗОДА: — Дар ҳақиқат, масъалаи вируси норасоии масъунияти одам ҳалталаб боқӣ монда, аз 10842 нафар мубталои ин беморӣ 65 фоизро мардон ва 35 фоизро занон ташкил менамоянд. Мо бо Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомот нақшаи якҷоя тартиб дода, тибқи он амал мекунем.
Яке аз сабабҳои асосии зиёд шудани сафи беморони вируси норасоии масунияти одам дар он аст, ки аз аввали сироятшавӣ то пайдоиши он дар организми инсон аз панҷ то даҳ сол мегузарад. Аксари онҳое, ки гирифтори ин вирус шудаанд, давоми панҷ — даҳ сол мисли одами солим ҳаёт ба сар мебаранд ва дар ин муддат чандин нафарро сироят менамоянд, дар ҳоле ки агар одам дучори гепатит шавад, дар давоми ҳафт рӯз он аён мегардад.
Дар ҷумҳурӣ 342 муассисаи табобатӣ ба хизматрасонии пулакӣ гузаштаанд. Тибқи Кодекси тандурустӣ, кумаки аввалияи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз шакли моликият бепул мебошад. Мутаассифона, масъалае, ки шумо ба миён гузоштед, зиёд ба мушоҳида мерасад.
РАИС: — Воқеан, ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ мебояд, зеро дар шумори онҳое, ки барои кумаки тиббӣ муроҷиат менамоянд, шахсони камбизоат кам нестанд ва хуб намешавад, агар онҳо бидуни гирифтани кумаки аввалияи тиббӣ муассисаи табобатиро тарк намоянд.
Боз ягон нафар савол дорад? Нест? Кӣ оид ба ин масъалаҳо сухан гуфтан мехоҳад? Сухан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешава.
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Вақте ки мо ба умқи таърих бо чашми хирад нигоҳ карда, онро бо мизони ақл андоза мекунем, мебинем, ки ҳамон миллатҳое такомул ёфтанду дар тамаддуни олам по бар ҷо истодаанд, ки дорои модари солиманд. Модари солим ин, пеш аз ҳама, миллати солим ва бавуҷудоварандаи фарзанди солим мебошад. Фарзандони солиму барӯманди миллат интеллекти миллат ба шумор мераванд. Чунки рӯҳи солим дар тани солим аст. Ҳар касе, ки чунин принсипро доғдор мекунаду ба миллату давлат зарари ҷиддӣ мерасонад, ҷойи ӯ дар байни мардуми шарафманди тоҷик нест.
Қабули тағйироту илова ба ҳар ду кодекс пеши роҳи ҳаннотию бетарафӣ ва манфиатхоҳиро мебандад. Дар ҳамин асос ҷавобгарии табибон, аз ҷумла, дандонпизишкон, кормандони кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, ки барои сироят кардани шаҳрвандон ба бемориҳои сироятӣ сабаб мешаванд, пурзӯр карда шуда, онҳо ба андозаи аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд ё ба корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешаванд.
Агар ин амалашон такрор шаваду боиси марги инсон гардад, аз панҷ то даҳ сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд. Шахсони масъул доруҳои муҳлаташ гузашта ё қалбакиро фурӯшанд ё бо таври қоҷоқ дору оварда, онро ба фурӯш бароранд, аз иҷозатнома маҳрум карда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Имрӯз дар кишвар 32 корхонаи хурду калони истеҳсоли доруворӣ фаъолият менамояд. Беш аз 2450 дорухона дар хизмати мардум қарор дорад. Дар корхонаву коргоҳҳои соҳа 242 номгӯйи маводи тиббӣ, доруворӣ истеҳсол карда мешавад, ки ҳамагӣ 8 фоизи талаботи аҳолиро қонеъ менамояду халос. Боқӣ 92 фоизи доруворӣ аз хориҷи кишвар ворид мешавад. Дар дорусозӣ кишварҳои Россия, Германия, Полша, Ҳиндустон таҷрибаи бой доранд. Хуб мешуд, ин кишварҳо барои бунёди муассисаҳои фармасевтӣ дар ҷумҳурӣ ҷалб карда шаванд.
Эҳтиромона хоҳиш менамоям лоиҳаи қонунҳоро ҷонибдорӣ кунед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба вакил Мансурӣ Дилрабо дода мешавад.
МАНСУРӢ Дилрабо Сайдулло:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» моро ҷиддан ба андеша кардан водор менамояд.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 3,5 ҳазор навъи гиёҳҳои шифобахш мавҷуданд, ки мо танҳо 8 фоизи онро истифода мебарему халос. Дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки кишвари мо бояд аз давлати аграрӣ — саноатӣ ба ҷумҳурии саноатӣ — аграрӣ табдил ёбад. Яке аз чунин роҳҳо бунёд кардани муассисаҳои фармасевтӣ мебошад, ки ба ин восита ҳам истеҳсоли дору қатъӣ назорат ва ҳам ҳазорон ҷойи кор барои ҷавонон омода мегардад. Арзиши доруҳое, ки ба кишвар ворид мешаванд, хеле гарон буда, на ҳама мардум онро харидорӣ карда метавонанд.
Бинобар ин, тағйироту илова ба кодексҳо саривақтӣ мебошад. Хоҳиш менамоям, лоиҳаи қонунҳои пешниҳодшударо ҷонибдорӣ кунед.
РАИС:- Сухан ба вакил Усмонзода Саидҷаъфар дода мешавад.
УСМОНЗОДА Саидҷаъфар Усмон:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаҳои пешниҳодшудаи қонунҳои мавриди баррасӣ тақозои ҷомеаи имрӯза мебошад. Ворид кардани доруворӣ, маводи дигари фармасевтӣ ва ғизои кӯдакон аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки аз ҷониби сохторҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ амиқан омӯхта шудааст. Муайян шудааст, ки мардум бар асари харидории доруҳои қалбакӣ зарари зиёд дида, ба саломатиашон зиён расидааст.
Мувофиқи тартиби пештара, дорувории пастсифату тариқи қочоқ воридшуда, аз тариқи сӯзонидан нобуд карда мешуд. Акнун бо қабули қонун бояд нисбат ба онҳое, ки чунин дорувориро ворид менамоянд, бояд чораҳои қатъии интизомӣ андешида шаванд. Тибқи тағйироту иловаи пешбинишуда, на танҳо шахсе, ки доруи қалбакиро ворид намудааст, балки шахсе, ки онро мефурӯшад, низ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Ҳамчунин, агар ин амал дар доираи парванда мавриди таҳқиқ қарор гирад, корманди Хадамот, ки ҳуҷҷатҳои воридоти маводи дорувориро ба танзим даровардааст, беҷазо нахоҳад монд. Яқин аст, ки ягон намуди дору бе мусоидати намояндаи Хадамот ворид карда намешавад.
Дар баъзе кошонаҳои ҳусн низ бар асари истифода аз маводи ғайристандартӣ ба саломатии шаҳрвандон зиён мерасад. Маъмул аст, ки онҳое, ки омӯзишгоҳи тиббиро дар давоми чор сол хатм карда, маълумоти миёнаи тиббӣ гирифтаанд, ба табобати дандон машғул мешаванду онҳое, ки баъди хатми Донишгоҳи тиббӣ, ки таҳсил дар он шаш сол идома меёбаду боз як сол интернатура мегузаранд, низ ба табобат мепардозанд. Бинобар ин, санҷидан зарур аст, ки савияи дониши онҳое, ки омӯзишгоҳро хатм намудаанд, чӣ гуна аст? Оё онҳо метавонанд мустақилона ба табобат машғул шаванд? Бигузор онҳо аввал ёрдамчии духтур шаванд, корро ёд гиранд ва баъд барояшон иҷозати мустақилона фаъолият кардан дода шавад.
Дарки ин ҳама мушкилот аз сиёсати мардумсолории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Бинобар ин, хоҳишмандам лоиҳаи қонунҳои пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба вакил Ашурзода Гулбаҳор дода мешавад.
Гулбаҳор Ашурзода:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Муомилоти ғайриқонунии маводи доруворӣ дар ҷаҳон сол аз сол меафзояд ва мубориза бар зидди он аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим мебошад. Айни ҳол дарёфт намудани кишваре, ки гардиши доруворӣ дар он танҳо бо тартиби ҳуқуқӣ сурат мегирад, душвор аст ва Тоҷикистон низ аз ин истисно нест.
Таъмини аҳолии Тоҷикистон бо дорувории босифат, инчунин таъмини амнияти санитарӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар таъмини амнияти миллӣ мебошад. Мавҷуд будани маводи пастсифат ва камсамари доруворӣ, ҳамчунин пайдоиши маҳсулоти шубҳанок дар бозорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, водор сохт, ки ба масъалаҳои истеҳсол, назорати сифат ва фурӯши маводи доруворӣ таваҷҷуҳ ҷиддитар шавад. Тибқи омори расмии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, бемории вируси гепатит яке аз ҳаштум сабабҳои асосии марг дар ҷаҳон мебошад ва ҳар сол аз он 1,4 миллион нафар мефавтанд. Инчунин мувофиқи маълумот, беморони дучори Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) то охири соли 2017 дар ҷаҳон тақрибан 36,9 миллион нафарро ташкил медоданд. Аз ин шумора соли 2017 — 1,8 миллион нафарашон ба қайд гирифта шудаанд.
Дар асоси гуфтаҳои боло, бовар дорам, ки мавриди амал қарор гирифтани тағйироту иловаи пешниҳодгардида ба кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ ба пешгирии ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯнабуда, инчунин дорувории муҳлаташон гузашта, ба баланд бардоштани масъулияти кормандоне, ки ба хизматрасонии аҳолӣ машғуланд, мусоидат хоҳад намуд.
Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонунҳои пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба вакил Холиқзода Абдураҳим дода мешавад.
Абдураҳим ХОЛИҚЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Ман, қабл аз ҳама, ҳамчун падар, шаҳрванд ва вакили мардумӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ менамоям, ки лоиҳаҳои бениҳоят муҳимро ҷиҳати ҳимояи саломатии фарзандони миллат пешниҳод кардаанд. Аъзои Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ лоиҳаҳои пешниҳодшударо сидқан дастгирӣ менамоянд. Ҳамчунин, таъкид мекунам, ки дар пасманзари он манфиати халқ, сиҳатии фарзандон ва насли оянда гузошта шудааст. Қабл аз ҳама, бояд мазмуну муҳтавои қонунро дуруст ба мардум фаҳмонем. Фаҳмонем, ки он ба муқобили ҳеҷ гурӯҳ ва иддаи мардуми ба ВМНО гирифтор ва ё масъулини нисбат ба онҳо ҷавобгарии вазнин муқарраршуда не, балки ба ҳимояи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ва сиҳатии ҷомеа нигаронида шудааст.
Ин қонун аз масъулин иҷрои вазифаашонро талаб мекунаду аз онҳое, ки имконияти паҳн намудани бемориро доранд, худдорӣ аз амалҳои ноҷоро тақозо. Мо аз ёд набарорем, ки шаҳрвандони ба ин дард мубтало низ ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа буда, муносибат бо онҳо бояд дар доираи талаботи қонунҳо, бо риояи ҳуқуқу озодиҳо ва эҳтироми қадру манзалати эшон, сурат гирад. Ин талаботи Конститутсия ва таъкидоти Пешвои миллат аст. Бинобар ин, мо — вакилонро зарур аст, ки баъд аз қабули қонунҳо зимни вохӯриҳо дар шаҳру ноҳияҳо бо интихобкунандагон ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳ намоем, корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок кунем. Муҳимтар аз ҳама, дарк намоем, ки мо — аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ якҷо бояд ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемориҳо мубориза барем. Ниҳоят, сохторҳои масъули тандурустӣ бояд оид ба роҳҳои ба муносибатҳои солими иҷтимоӣ ворид гардонидан ва бехатар намудани робитаи иҷтимоию фардии беморон чораҳо андешанд. Зеро мақсади тағйироту илова, дар баробари ҳифзи сиҳатии ҷомеа, аз назари ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ ҳимоя намудани манфиати беморон низ маҳсуб мегардад. Шуморо — муҳтарам вакилон ба ҷонибдории лоиҳаҳои қонунҳои пешниҳодшуда даъват менамоям.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба вакил Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад дода мешавад.
Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Огоҳ ҳастем, ки вақтҳои охир муносибат дар масъалаи ворид кардани дорувории пастсифату қалбакӣ ва бо онҳое, ки мӯҷиби ин ҳуқуқвайронкуниҳо шуда буданд, духӯра буд. Бинобар ин, Пешвои миллат зарур донистанд, ки ба қонунгузории ҷории мамлакат, аз ҷумла ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйироту иловаҳо ворид карда шавад.
Бо дарназардошти ин, аз шумо хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонунҳои пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.
Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ